Номаи Ҳайати роҳбарикунанда
Дӯстдорони Яҳува!
«Ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» — гуфта буд Исо (Юҳанно 8:32). Чӣ суханони дилгармкунандае! Бале, ҳатто дар ин «рӯзҳои охир», ки фиребкуниву дурӯғгӯӣ хеле паҳн гаштааст, фаҳмидани ҳақиқат имконпазир аст (2 Тимотиюс 3:1). Вақте ки шумо бори аввал ҳақиқатро аз Каломи Худо фаҳмидед, оё он лаҳзаро дар хотир доред? Чӣ лаҳзаи фаромӯшнашавандае!
Гарчанд дар бораи ҳақиқат дониши дақиқ доштан ва доимо дар бораи он ба дигарон нақл кардан хеле муҳим аст, мо ҳамчунин бояд аз рӯи ҳақиқат амал кунем. Барои ин мо бояд худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем. Ин чӣ маъно дорад? Ба ин савол суханони Исо, ки дар шоми пеш аз маргаш гуфта буд, ҷавоб медиҳанд. Ӯ ба расулони содиқаш гуфт: «Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам ва дар муҳаббати Ӯ мемонам» (Юҳанно 15:10).
Диққат диҳед, ки Исо бо иҷро кардани аҳкоми Худо худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дошта буд. Мо низ бояд имрӯз чунин амал кунем. Барои дар муҳаббати Худо мондан, ба мо зарур аст, ки ҳақиқатро дар ҳаёти ҳаррӯза ба кор барем. Боз Исо худи ҳамон шом гуфт: «Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред» (Юҳанно 13:17).
Самимона умедворем, ки ин китоб ба шумо барои аз рӯи ҳақиқат зиндагӣ кардан кӯмак мерасонад ва бо ин шумо худро дар муҳаббати Худо, ки ҳаёти ҷовидонӣ меорад, нигоҳ хоҳед дошт (Яҳудо 21).
Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува