ЗАМИМА
Нуқтаи назари Китоби Муқаддас ба талоқ ва зиндагии ҷудогона
Яҳува аз шахсоне ки дар издивоҷанд, интизор аст, ки онҳо ба аҳди издивоҷ содиқиро нигоҳ медоранд. Вақте ки Яҳува якум марду занро дар издивоҷ пайваст намуд, Ӯ чунин гуфт: «Мард... бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд». Баъдтар Исо ин гуфтаҳоро такрор карда, илова намуд: «Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Ҳастӣ 2:24; Матто 19:3–6). Чуноне ки маълум мешавад, Яҳува ва Исо издивоҷро пайванди якумрие меҳисобанд, ки он то марги яке аз ҳамсарон давом меёбад (1 Қӯринтиён 7:39). Азбаски издивоҷ сохтори муқаддас мебошад, ба талоқ набояд сабукфикрона муносибат кард. Яҳува ба талоқҳое, ки дар асоси Китоби Муқаддас нестанд, нафрат дорад (Малокӣ 2:15, 16).
Барои талоқ дар Китоби Муқаддас кадом асос вуҷуд дорад? Яҳува ба зино ва хиёнати ҳамсарӣ нафрат дорад (Ҳастӣ 39:9; 2 Подшоҳон 11:26, 27; Забур 50:6). Худо аз зино чунон нафрат дорад, ки Ӯ иҷозат медиҳад, ки он барои талоқ асос бошад. (Зино чист ва он чиро дар бар мегирад, дар боби 9 сархати 7 муҳокима карда мешавад.) Яҳува ба ҳамсари беайб ҳуқуқ медиҳад, ки барои бо ҳамсари гуноҳкардааш зиндагӣ кардан ё расман талоқ гирифтан, худ қарор кунад (Матто 19:9). Барои ҳамин, агар ҳамсари беайб қарор кунад, ки ҷудо мешавад, ӯ дар назари Яҳува кори нодуруст намекунад. Ҳамзамон дар ҷамъомади масеҳӣ ҳеҷ кас ягон шахсро ба талоқ додан ё талоқ гирифтан барнамеангезад. Баъзе вазъиятҳо ҳамсари беайбро метавонад барангезад, ки бо ҳамсари гуноҳкардааш зиндагӣ кунад, махсусан вақте ки ӯ аз таҳти дил пушаймон мешавад. Чӣ тавре ки набошад, онҳое ки барои талоқ гирифтан аз Китоби Муқаддас асос доранд, бояд худашон шахсан қарор қабул кунанд ва ба оқибати ин қарор тайёр бошанд (Ғалотиён 6:5).
Дар вазъиятҳои ғайриоддӣ, баъзе масеҳиён қарор карданд, ки аз ҳамсарашон ҷудогона зиндагӣ мекунанд ё расман талоқ мегиранд, ҳатто агар ӯ хиёнат накарда бошад ҳам. Дар ин маврид дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки масеҳӣ бояд аз нав издивоҷ накунад ё ки рафта бо ҳамсараш оштӣ шавад (1 Қӯринтиён 7:11). Чунин масеҳӣ наметавонад бо каси дигар аз нав издивоҷ кунад (Матто 5:32). Биёед баъзе вазъиятҳои ғайриоддиеро, ки шахс барои зиндагии ҷудогона асос ҳисоб мекунад, дида бароем.
Дидаву дониста рад кардани таъмини оила. Аз сабаби он ки шавҳар нисбати оилааш ғамхорӣ намекунад, гарчанд ин аз дасташ меояд, оила метавонад камбағал шавад ва ба чизҳои зарурӣ мӯҳтоҷ гардад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Агар касе ба... аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст» (1 Тимотиюс 5:8). Агар шавҳар ислоҳ шудан нахоҳад, зан шояд ба қароре ояд, ки ҷудогона зиндагӣ мекунад ё расман талоқ мегирад (гарчанд дар асоси Китоби Муқаддас нест), то ки баҳри беҳбудии худ ва фарзандонаш ғамхорӣ намояд. Албатта пирони ҷамъомад бояд бодиққат дида бароянд: оё шавҳар дар ҳақиқат аз таъмин кардани оила даст мекашад? Масеҳие, ки таъмини оиларо рад мекунад, метавонад аз ҷамъомад хориҷ карда шавад.
Муносибати бераҳмона. Яке аз ҳамсарон метавонад то дараҷае бераҳмона рафтор кунад, ки аз ин саломатӣ ва ҳатто ҳаёти ҳамсараш зери хатар гузошта мешавад. Агар ҳамсари бадҷаҳл масеҳӣ бошад, пирони ҷамъомад ин айбдоркуниро бояд тафтиш кунанд. Хашму ғазаб ва муносибати бераҳмона метавонад барои аз ҷамъомад хориҷ кардан асос гардад (Ғалотиён 5:19–21).
Хатари ҷиддӣ ба беҳбудии рӯҳонӣ. Яке аз ҳамсарон метавонад ҳама вақт ба ҳамсараш барои ба Худо ибодат кардан, муқобилат намояд ё ҳатто ӯро маҷбур кунад, ки бо ягон роҳ қонуни Худоро вайрон созад. Дар чунин маврид ҳамсаре, ки ибодати ӯ ба Худо зери хатар гузошта мешавад, шояд қарор кунад, ки ягона роҳе, ки «ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод», ин ҷудогона зиндагӣ кардан ё расман талоқ гирифтан аст, (гарчанд дар асоси Китоби Муқаддас нест) (Аъмол 5:29).
Дар ҳамаи ин вазъиятҳои фавқуллодае, ки дар боло дида баромадем, ҳеҷ кас наметавонад бародар ё хоҳари беайбро маҷбур кунад, ки аз ҳамсари худ ҷудо шавад ё бо ӯ зиндагӣ кунад. Гарчанд дӯстони рӯҳан баркамол ва пирони ҷамъомад метавонанд ҳамсарро дастгирӣ кунанд ва дар асоси Китоби Муқаддас маслиҳат диҳанд, лекин онҳо ба пуррагӣ он чизеро ки дар байни зану шавҳар мешавад, намедонанд. Инро танҳо Яҳува дида метавонад. Агар масеҳизан танҳо барои аз шавҳараш алоҳида зиндагӣ кардан, проблемаи оилавиро аз будаш зиёд нақл кунад, вай ба Худо ва сохтори издивоҷ беҳурматӣ зоҳир менамояд. Дар мавриди шавҳар низ чунин аст. Чӣ қадаре ки одамон сабаби зиндагии ҷудогона ва талоқро пинҳон накунанд, ба Яҳува ҳама чиз маълум аст. Дар ҳақиқат «ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод» (Ибриён 4:13). Аммо агар чун пештара дар хона зистан хатарнок бошад ва масеҳӣ қарор намояд, ки ҷудогона зиндагӣ мекунад ё талоқ мегирад ё медиҳад, ҳеҷ кас бояд ӯро танқид накунад. Дар охир «ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд» (Румиён 14:10–12).