ДАРСИ 16
Хизматгузорони ҷамъомад кадом нақшро иҷро мекунанд?
Китоби Муқаддас ду гурӯҳи мардони масеҳиро тасвир мекунад, ки дар ҷамъомад вазифаҳои муайянеро ба ӯҳда доранд. Шоҳидони Яҳува онҳоро «нозирон» ва «ходимони ёвар» меноманд (Филиппиён 1:1, ТДН). Одатан дар ҳар як ҷамъомад якчанд пирону хизматгузорони ҷамъомад хизмат мекунанд. Хизматгузорони ҷамъомад барои манфиати мо кадом корҳоро ба иҷро мерасонанд?
Онҳо ба ҳайати пирон ёрӣ медиҳанд. Хизматгузорони ҷамъомад бо Яҳува муносибати наздик доранд ва шахсони бовариноку меҳнатдӯст мебошанд. Баъзеи онҳо ҷавонтар ва баъзеашон калонсолтаранд. Онҳо вазифаҳои муҳим, лекин бисёр вақт муқаррариро иҷро мекунанд, масалан корҳоеро, ки бо гузарондани вохӯриҳо ва ҷойҳои ибодат алоқаманданд. Азбаски ин корҳоро хизматгузорони ҷамъомад ба ҷо меоранд, пирон метавонанд диққаташонро ба кори таълимдиҳӣ ва ғамхорӣ кардани аъзоёни ҷамъомад равона созанд.
Онҳо корҳои фоиданокро иҷро мекунанд. Баъзе хизматгузорони ҷамъомад барои пешвоз гирифтану ба ҷойҳо шинондани шахсони баҷамъомадомада таъин карда мешаванд. Дигарон шояд барои назорати воситаҳои техникӣ, тақсимоти адабиёт, ҳисоби хайрияҳо ва тақсим кардани минтақаҳо барои мавъиза хизмат мекунанд. Онҳо ҳамчунин ба рӯбучин ва нигоҳубини ҷои ҷамъомад ёрӣ медиҳанд. Баъзан пирон метавонанд аз онҳо хоҳиш кунанд, ки ба ягон бародар ё хоҳари пиронсол кӯмак расонанд. Кадом коре, ки ба хизматгузорони ҷамъомад супорида нашавад, онҳо онро бо омодагӣ иҷро мекунанд. Барои ҳамин онҳо сазовори иззату ҳурмати ҳамаи моянд (1 Тимотиюс 3:13).
Онҳо барои мо намунаи хубанд. Чун хизматгузорони ҷамъомад он бародароне интихоб карда мешаванд, ки хислатҳои хуби рӯҳонӣ доранд. Вақте ки онҳо бо ягон нутқ ё супориш баромад мекунанд, ин имони моро қавӣ мегардонад. Дар кори мавъиза роҳбариро ба ӯҳда гирифта онҳо ғайрати моро зиёдтар мекунанд. Онҳо бо ҳайати пирон ҳамкорӣ карда дар шодиву ягонагии ҷамъомад саҳм мегузоранд (Эфсӯсиён 4:16). Бо гузашти вақт онҳо низ метавонанд барои чун пирон хизмат кардан мувофиқат кунанд.
Хизматгузорони ҷамъомад чӣ гуна шахсонанд?
Чӣ тавр онҳо барои бомуваффақият амал кардани ҷамъомад ёрӣ медиҳанд?