ДАРСИ 8
Йӯшиёҳу дӯстони нағз дошт
Ба фикри ту оё кардани кори дуруст осон аст? ~ Бисёр одамон фикр мекунанд, ки осон нест. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки хусусан барои писарчае бо номи Йӯшиёҳу кардани кори дуруст душвор буд. Лекин ӯ дӯстони хубе дошт, ки барояш ёрдам мекарданд. Биё, дар бораи Йӯшиёҳу ва дӯстони вай мефаҳмем.
Дадаи Йӯшиёҳу номаш Омӯн буд ва дар Яҳудо подшоҳӣ мекард. Омӯн мардаки сахт ганда буд ва ба ҳайкалҳо саҷда мекард. Вақте ки дадааш мурд, Йӯшиёҳу дар Яҳудо подшоҳ шуд. Дар он вақт ӯ ҳамагӣ ҳаштсола буд. Ба фикрат ӯ ранги падараш одами ганда буд? ~ Не, ӯ ганда набуд.
Ҳатто дар кӯдакиаш Йӯшиёҳу мехост, ки ба гапи Яҳува гӯш кунад. Барои ҳамин вай танҳо бо он касоне дӯст мешуд, ки Яҳуваро нағз медиданд. Ва дӯстонаш бошанд, ба ӯ ёрдам мекарданд, ки кори дуруст кунад. Баъзе аз дӯстони Йӯшиёҳу киҳо буданд?
Яке аз дӯстони ӯ Сафанё ном дошт. Вай пайғамбар буд ва ба одамони Яҳудо хабар дода мегуфт, ки агар ба ҳайкалҳо саҷда карданро бас накунанд, бисёр бадиҳо ба сари онҳо меоянд. Йӯшиёҳу ба гапҳои Сафанё гӯш карда ба Яҳува хизмат мекард, на ба бутҳо.
Номи дӯсти дигараш Ирмиё буд. Ӯ бо Йӯшиёҳу ҳамсол буд ва онҳо дар наздикии якдигар зиндагӣ карда, калон мешуданд. Онҳо дӯстони ҷонӣ буданд. Барои ҳамин, вақте ки Йӯшиёҳу мурд, Ирмиё дар бораи сахт ёд кардани дӯсташ суруди махсусе навишт. Ирмиё ва Йӯшиёҳу барои кори дуруст ва гӯш кардани Яҳува ба якдигар ёрдам медоданд.
Йӯшиёҳу ва Ирмиё ба якдигар барои кардани кори дуруст ёрдам медоданд
Ту аз мисоли Йӯшиёҳу чӣ дарс гирифта метавонӣ? ~ Йӯшиёҳу ҳатто вақте ки майда буд, фақат кори дуруст кардан мехост. Вай медонист, ки бояд бо одамоне, ки Яҳуваро нағз медиданд, дӯстӣ кунад. Ту метавонӣ санҷида бинӣ, ки дӯстони интихобкардаи ту Яҳуваро нағз мебинанд ва ба ту барои кардани кори хуб ёрдам мекунанд.