БОБИ 17
Исо шабона Ниқӯдимусро таълим медиҳад
ИСО БО НИҚӮДИМУС СӮҲБАТ МЕКУНАД
«ДУБОРА ТАВАЛЛУД» ШУДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
Дар иди Раҳоӣ, ки соли 30-и милодӣ мегузарад, Исо бисёр аломату мӯъҷизаҳо нишон медиҳад. Одамони зиёде ба ӯ имон меоранд. Як фарисӣ, ки номаш Ниқӯдимус аст ва аъзои суди олии яҳудиён мебошад, аз корҳои аҷоиби Исо ба ҳайрат меояд. Акнун ӯ мехоҳад назди Исо рафта, аз ӯ бисёртар фаҳмад, лекин, шояд, аз тарси он ки обрӯяш дар назди яҳудиёни соҳибэҳтиром нарезад, ин корро шабона мекунад.
Ниқӯдимус назди Исо рафта, мегӯяд: «Устод, мо медонем, ки ту муаллими аз ҷониби Худо фиристодашуда мебошӣ, зеро мӯъҷизаҳоеро, ки ту нишон медиҳӣ, танҳо касе ба амал оварда метавонад, ки Худо бо ӯст». Исо бошад, дар ҷавоб мегӯяд, ки барои ба Подшоҳии Худо даромадан шахс бояд «дубора таваллуд» шавад (Юҳанно 3:2, 3).
Аз ин гап Ниқӯдимус ҳайрон шуда мепурсад: «Охир, [одам] бори дуюм ба батни модар даромада, аз нав таваллуд ёфта наметавонад-ку?!» (Юҳанно 3:4).
Не, дубора таваллуд шудан маънои дигаре дорад. Исо мефаҳмонад: «То одам аз об ва рӯҳ таваллуд нашавад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад» (Юҳанно 3:5). Аз об ва рӯҳ таваллуд шудан чӣ маъно дорад? Масалан, вақте Исо бо об таъмид гирифту рӯҳи муқаддаси Худо бар ӯ фуруд омад, ӯ гӯё «аз об ва рӯҳ» таваллуд шуд. Он гоҳ аз осмон овозе шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям» (Матто 3:16, 17). Бо ин суханонаш Худо гӯё эълон кард, ки Исо чун писари рӯҳии Ӯ аз нав таваллуд шудааст ва ба ӯ имконияти ба Подшоҳии осмон даромаданро додааст. Баъдтар, дар иди Ҳафтаҳо, соли 33-и милодӣ Худо бар касоне, ки бо об таъмид гирифтаанд, рӯҳи муқаддас мерезад. Ҳамин тавр онҳо ҳам гӯё дубора таваллуд мешаванд ва фарзандони тадҳиншудаи Худо ҳисоб меёбанд (Аъмол 2:1–4).
Барои Ниқӯдимус фаҳмидани чизҳое, ки Исо дар бораи Подшоҳии Худо мегӯяд, душвор аст. Барои ҳамин Исо мефаҳмонад, ки Худо ба ӯ чӣ вазифаи махсусе додааст: «Чуноне ки Мӯсо-пайғамбар дар биёбон мори мисинро боло бардошт, Писари одам низ бояд боло бардошта шавад, то ҳар кӣ ба ӯ имон меорад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳанно 3:14, 15).
Дар замонҳои қадим боре, исроилиёнро морҳо газида буданд ва онҳо барои зинда мондан бояд ба мори мисине нигоҳ мекарданд, ки онро Мӯсо-пайғамбар овехта буд (Ададҳо 21:9). Мисли ин, ҳама одамон барои аз марг наҷот ёфтан ва соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан бояд ба Писари Худо имон оранд. Ин имкониятро Яҳува аз рӯйи муҳаббаташ додааст. Барои ҳамин Исо ба Ниқӯдимус мегӯяд: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳанно 3:16). Ҳамин тавр, шаш моҳ пас аз сар кардани хизмати худ Исо якумин бор мегӯяд, ки ӯ барои одамон роҳи наҷот аст.
Исо ба Ниқӯдимус мегӯяд: «Худо Писари Худро на барои он ба ҷаҳон фиристод, ки ӯ ҷаҳонро доварӣ кунад, балки, барои он ки ҷаҳон ба воситаи ӯ наҷот ёбад». Дар ҳақиқат, мақсади Худо аз фиристодани Исо ба марг маҳкум кардани одамон неву аз марг наҷот додани онҳост (Юҳанно 3:17).
Ниқӯдимус аз тарс назди Исо дар торикии шаб омадааст. Барои ҳамин ҷолиби диққат аст, ки Исо сӯҳбатро бо ин суханон тамом мекунад: «Чунин аст асос барои доварӣ: нур ба ҷаҳон омад [нур худи Исо мебошад, ки ин аз ҳаёту таълимаш маълум аст], вале одамон ба ҷойи нур торикиро дӯст доштанд, зеро корҳояшон бад буд. Ҳар кӣ корҳои бад мекунад, аз нур нафрат дорад ва сӯйи он намеояд, то ки корҳояш фош нашаванд. Вале ҳар кӣ дуруст рафтор мекунад, сӯйи нур меояд, то маълум шавад, ки корҳои ӯ мувофиқи хости Худоянд» (Юҳанно 3:19–21).
Ниқӯдимус шунид, ки Исо дар иҷрошавии нияти Худо чӣ вазифа дорад. Акнун ин муаллими халқи Исроил ва фарисӣ бояд дар ин бора мулоҳиза карда, хулосаи худро барорад.