ДАРСИ 1
Сарсухани хуб
Аъмол 17:22
МАҚСАДИ ДАРС: Сарсухани шумо бояд шавқи шунавандаро бедор созад, ӯро бо мавзӯъ шинос кунад ва нишон диҳад, ки он ба шахс чӣ гуна фоида меорад.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
Шавқи шахсро бедор созед. Ягон савол, воқеа, хабар, зарбулмасал ё чизи дигареро, ки ба шунаванда шавқовар буда метавонад, қайд кунед.
Бо мавзӯъ шинос кунед. Дар сарсуханатон нишон диҳед, ки дар бораи чӣ гап заданиед ва чаро ин мавзӯъро интихоб кардед.
Муҳим будани мавзӯъро нишон диҳед. Дар бораи он чизе гап занед, ки шунаванда дар амал истифода бурда тавонад. Ӯ бояд аниқ фаҳмад, ки чӣ тавр мавзӯе, ки шумо муҳокима карданиед, шахсан ба вай фоида меорад.