6. ОЁ ДУО БА МО КУМАК КАРДА МЕТАВОНАД?
ОЁ АЗ дуо ягон фоида ҳаст? Бале. Аз Китоби Муқаддас дидан мумкин аст, ки дуо дар ҳақиқат ба хизматгорони содиқи Худо кумак мекард (Луқо 22:40; Яъқуб 5:13). Дуо метавонад муносибати моро бо Худо қавӣ гардонад, ба диламон оромӣ бахшад ва ҳатто ба саломатиамон фоида орад. Чӣ тавр?
Фарз мекунем, ки касе ба фарзанди шумо туҳфа медиҳад. Оё шумо ба ӯ мегуфтед, ки ҳисси миннатдорӣ кифоя аст? Ё ӯро ёд медодед, ки миннатдориашро бо сухан баён кунад? Вақте мо ҳиссиётамонро бо сухан баён мекунем, миннатдориамон зиёд мешавад. Дар мавриди Худо низ чунин аст. Биёед якчанд мисолро дида бароем.
Дуои шукру миннатдорӣ. Вақте мо Падари осмониамонро барои некиҳояш шукр мегӯем, диққатамон ба баракатҳо равона мешавад. Дар натиҷа ҳисси миннатдорӣ ва хурсандиамон зиёд гардида, бештар некбин мешавем (Филиппиён 4:6).
Мисол: Вақте Исо медид, ки Яҳува ба дуоҳояш ҷавоб медод, ӯ миннатдориашро баён мекард (Юҳанно 11:41).
Дуои тавбаву пушаймонӣ. Вақте дар дуо аз Худо бахшиш мепурсем, виҷдонамон тарбия меёбад, инчунин маълум мешавад, ки пушаймониамон самимӣ аст ва ҷиддӣ будани гуноҳи худро хубтар дарк мекунем. Ҳамчунин мо дигар аз ҳисси гунаҳгорӣ азоб намекашем.
Мисол: Довуд пушаймонӣ ва ғаму андуҳашро дар дуо баён кард (Забур 51).
Дуо барои ба даст овардани роҳнамоӣ ва хирад. Вақте барои қарори дуруст баровардан аз Худо роҳнамоиву хирад мепурсем, фурӯтаниро ёд мегирем. Ҳамчунин мо тан мегирем, ки имкониятамон маҳдуд аст ва ба Падари осмониямон таваккал кардан мехоҳем (Панднома 3:5, 6).
Мисол: Шоҳ Сулаймон фурӯтанона аз Худо роҳнамоӣ ва хирад мепурсид (3 Подшоҳон 3:5–12).
Дуои дарду ҳасрат. Дар вақти ғаму андуҳ, агар ба Яҳува диламонро холӣ кунем, тасаллӣ меёбем ва ба худамон неву ба ӯ таваккал мекунем (Забур 62:8).
Мисол: Вақте шоҳ Осо бо душмани пурқувват рӯ ба рӯ шуд, ба Худо дуо гуфт (2 Воқеанома 14:11).
Дуо дар ҳаққи муҳтоҷон. Чунин дуоҳо кумак мекунанд, ки худбиниро аз худ дур карда, дилсӯзу ҳамдард бошем.
Мисол: Ҳазрати Исо дар ҳаққи пайравонаш дуо мегуфт (Юҳанно 17:9–17).
Дуои ҳамду сано. Вақте мо дар дуо Яҳуваро барои хислатҳову корҳои бузургаш ҳамду сано мегӯем, эҳтиром ва миннатдориамон нисбати ӯ зиёд мешавад. Ба воситаи чунин дуоҳо мо ба Парвардигорамон наздиктар мешавем.
Мисол: Довуд Худоро барои офаридаҳояш аз таҳти дил ҳамду сано мегуфт (Забур 8).
Бояд гуфт, ки ба воситаи дуо мо соҳиби «осоиштагии Худо» мегардем, ки «аз ҳар фикр болотар аст» (Филиппиён 4:7). Дар ин дунёи ноором оромӣ ёфтан воқеан ҳам баракат аст. Дуо ҳатто ба саломатии мо фоида дорад (Панднома 14:30). Оё ин баракатҳо танҳо ба кӯшишу ғайрати мо вобастаанд?
Дуо манфиати зиёд дорад. Он ба диламон оромӣ мебахшад, ба саломатиамон фоида меорад ва аз ҳама муҳимаш муносибатамонро бо Худо қавӣ мегардонад