Фарзандони худро таълим диҳед
«Ӯ ба Худованд часпид»
ОЁ ТУ ягон бор ба коғаз расм часпондаӣ?~a Калимаи «часпондан» ё «часпидан» маънои сахт қапидан ва сар надоданро дорад. Мо ҳоло дар бораи шахсе гап мезанем, ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ ба Яҳува, Худои ҳақиқӣ, часпид. Номи он шахс Ҳизқиё аст. Биё бинем, ки аз мисоли вай мо чӣ дарс гирифта метавонем.
Ҳизқиё кӯдакии душвор дошт. Падари вай Оҳоз, подшоҳи Яҳудо, аз ибодати Яҳува рӯй гардонд. Вақте ки вай парастиши худоҳои бардурӯғро сардорӣ мекард, Ҳизқиё писарча буд. Оҳоз ба дараҷае ба бутпарастӣ дода шуд, ки ӯ як ё якчанд писари худаш — бародари Ҳизқиёро кушт ва ба худое, ки онро парастиш мекард, ба қурбонӣ овард.
Бо вуҷуди он ки Оҳоз корҳои бад мекард, Ҳизқиё доим ба Яҳува итоаткор буд. Ба фикри ту, оё ин барои вай осон буд?~ Албатта не. Вале Ҳизқиё суст намешуд! Биё фаҳмем, ки чӣ тавр ӯ тавонист ба Яҳува часпад ва чӣ тавр мо ҳам инро карда метавонем.
Ҳизқиё дар бораи дигар шахсоне, ки ба Яҳува часпида буданд, мефаҳмид. Довуд яке аз чунин шахсон буд. Ҳарчанд Довуд садсолаҳо пеш зиндагӣ карда буд, Ҳизқиё дар бораи вай аз Навиштаҳо хонда метавонист. Довуд навишт, ки агар падару модараш вайро тарк кунанд ҳам, Яҳува ӯро қабул мекунад.
Ҳоло фаҳмидӣ, ки ба Довуд барои ба Яҳува итоат кардан чӣ ёрдам медод?~ Имони вай! Довуд боварӣ дошт, ки агар вай итоаткор бошад, Яҳува ба ӯ кӯмак мекунад. Довуд ба ин шубҳа надошт! Фикр кардан дар бораи мисоли Довуд албатта ба Ҳизқиё ёрдам медод, ки ба Яҳува итоат карда ба Ӯ часпад. Ту ҳам боварӣ дошта метавонӣ, ки агар Яҳуваро гӯш куниву ба Ӯ бичаспӣ, Ӯ ба ту ёрдам мекунад.
Лекин агар падар ё модарат хизматгори Яҳува набошанд–чӣ?~ Худо мегӯяд, ки бачаҳо бояд ба волидонашон итоат кунанд. Пас, ту бояд падару модаратро гӯш кунӣ. Вале агар волидонат ба ту ягон кореро гӯянд, ки Худо накун мегӯяд, ту метавонӣ фаҳмонӣ, ки барои чӣ онро карда наметавонӣ. Ту набояд дурӯғ гӯӣ, дуздӣ кунӣ ё ягон кори бадеро, ки Худо хато мегӯяд, кунӣ, новобаста аз он ки кӣ ба ту инро мегӯяд. Дурусташ он аст, ки ту Худоро гӯш кунӣ!
Мисолҳои хуби шахсоне ҳастанд, ки мо ба онҳо пайравӣ карда метавонем. Ҳизқиё одами хуб буданро на танҳо аз намунаи Довуд ёд гирифт, балки ҳамчунин намунаи бобояш Ютом ба вай ёрдам дод. Ҳарчанд Ютом пеш аз таваллудшавии Ҳизқиё мурда буд, Ҳизқиё метавонист аз дигарон дар бораи бобояш фаҳмад, ҳамон тавре ки мо имрӯз аз Китоби Муқаддас фаҳмида метавонем. Оё ту мисоли дигар шахсони хубро медонӣ, ки мо ба онҳо пайравӣ карда метавонем?~
Рост аст, ки ту аз Китоби Муқаддас дар бораи баъзе хатоҳое, ки Ҳизқиё, Довуд, Ютом ва дигар одамони нокомил содир карданд мефаҳмӣ. Вале он одамон Яҳуваро нағз медиданд, ба хатогиҳои худ иқрор мешуданд ва ба кардани корҳои дуруст кӯшиш мекарданд. Дар хотир дор, ки танҳо Писари Худо, Исо, комил буд. Хуб мебуд, ки мо дар бораи ӯ бештар омӯзем ва ба намунаи вай пайравӣ кунем.
[Эзоҳ]
a Агар шумо инро бо кӯдаке хонда истода бошед, аломати тилда (~) хотиррасон мекунад, ки дар ин ҷо каме истода кӯдакро ба ҷавобдиҳӣ барангезед.
Ин оятҳоро хон:
4 Подшоҳон 18:6; 2 Вақоеънома 28:1–3
Забур 26:10; Эфсӯсиён 6:1; Қӯлассиён 3:20
2 Вақоеънома 27:1, 2; 1 Петрус 2:21