Саволҳои хонандагон
Оё суханони дар Матто 19:10–12 омадаи Исо маънои онро доранд, ки онҳое, ки муҷаррад мондан мехоҳанд, ин аторо ба таври мӯъҷиза соҳиб шудаанд
▪ Биёед дида бароем, ки барои чӣ Исо ин суханонро оиди муҷаррадӣ гуфта буд. Вақте ки фарисиён пеши Исо омада мавзӯи талоқро бардоштанд, ӯ меъёрҳои Яҳуваро оиди издивоҷ аниқу равшан ба онҳо фаҳмонд. Қонуни Мусо иҷозат медод, ки агар мард дар занаш «чизи нафратоваре» пайдо кунад, вай ба занаш талоқнома дода метавонад. Лекин Исо фаҳмонд, ки аз аввал чунин набуд (Такрори Шариат 24:1, 2). Ӯ илова кард: «Ҳар кӣ зани худро, ба ҷуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад» (Матто 19:3–9).
Инро шунида шогирдонаш гуфтанд: «Агар аҳволи мард бо занаш чунин бошад, зан нагирифтан беҳтар аст». Исо дар ҷавоб гуфт: «На ҳама метавонанд ин каломро қабул кунанд, балки танҳо касоне ки ба онҳо ато шудааст; зеро ахтаҳое ҳастанд, ки аз шиками модар чунин таваллуд шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки аз дасти одамон ахта шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки ба хотири Малакути Осмон худро ахта кардаанд. Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад» (Матто 19:10–12).
«Ахтаҳо»-и аслӣ шахсоне мебошанд, ки аз модар бо нуқсон таваллуд шудаанд, ё ин ки дар натиҷаи садама ва ё аз муносибати бераҳмонаи одамон ахта шудаанд. Лекин шахсоне ҳастанд, ки ба маънои рамзӣ худро «ахта» мекунанд. Ҳарчанд чунин шахсон издивоҷ карда тавонанд ҳам, лекин онҳо «ба хотири Малакути Осмон» худдорӣ карда, муҷаррад мемонанд. Онҳо низ мисли Исо муҷаррад мемонанд, то ки дар кори Салтанат бештар иштирок кунанд. Чунин шахсон бо ин ато таваллуд нашудаанд ва он аз тарафи Худо ба онҳо дода нашудааст. Онҳо ин аторо худашон қабул мекунанд, яъне дидаву дониста муҷаррад мемонанд.
Павлуси ҳавворӣ суханони Исоро васеътар фаҳмонда, қайд кард, ки гарчанд ҳамаи масеҳиён метавонанд ба Худо ба таври ба Ӯ мақбул хизмат кунанд — хоҳ муҷаррад бошанд, хоҳ оиладор — шахси муҷарраде, ки «дар дили худ бағоят матин аст... кори хубтар мекунад». Аз кадом ҷиҳат? Ба шахси оиладор лозим аст, ки вақту қуввати худро на танҳо ба Яҳува, балки ҳамчунин барои ҳамсараш сарф кунад, то ба ӯ ғамхорӣ намояд ва писандаш гардад. Масеҳиёни муҷаррад бошанд, чунин масъулият надоранд, барои ҳамин худро пурра ба хизмати Худо бахшида метавонанд. Онҳо ба вазъияти худ чун ба «лаёқат»-и аз Худо атошуда менигаранд (1 Қӯринтиён 7:7, 32–38).
Ҳамин тавр, Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки ягон масеҳӣ атои муҷаррадиро ба таври мӯъҷиза соҳиб намешавад. Баръакс, вай кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки муҷаррад монад, то ки барои пешравии кори Салтанат саҳми бештар гузорад. Бисёриҳо имрӯз маҳз аз ҳамин сабаб дар дили худ азм карданд, ки муҷаррад монанд ва хуб мебуд, ки дигарон онҳоро дар ин қарорашон дастгирӣ кунанд.