Мақсади ман дар кӯдакӣ
Соли 1985, вақте ки ман ҳамагӣ даҳсола будам, чанд нафар бачагон аз Камбоҷа барои хондан ба мактаби мо, ки дар шаҳри Колумбус (иёлоти Огайо, ИМА) ҷойгир буд, омаданд. Аз байни онҳо як писарак бо забони англисӣ чанд калима медонист. Бо ёрии расмҳо вай ба ман дар бораи азобҳои одамон, кушторҳо ва касоне, ки барои зинда мондан мегурехтанд, нақл мекард. Шабҳо, вақте ки ман дар бораи он бачаҳо фикр мекардам, гиряам меомад. Ман мехостам ба онҳо дар бораи Биҳишт ва эҳёшавии мурдагон нақл кунам, вале онҳо забони маро намефаҳмиданд. Гарчанд ҳанӯз писарчаи хурд будам, ман қарор додам, ки забони камбоҷагиро ёд мегирам, то ки ба ҳамсинфонам дар бораи Яҳува нақл кунам. Он вақт ман ҳатто дарк намекардам, ки ин қарор ба ояндаи ман чӣ таъсири калоне хоҳад расонд.
Дар ёд гирифтани забони камбоҷагӣ ман хеле душворӣ мекашидам. Ду бор ман омӯхтани ин забонро бас карданӣ шудам, вале Яҳува ба воситаи волидонам маро ба давом додани омӯзиш бармеангехт. Ҳангоми таҳсил дар мактаб муаллимон ва ҳамсинфонам маро водор мекарданд, ки аз паи гирифтани маълумоти олӣ ва касби сердаромад гардам. Вале ман пешрав шудан мехостам, аз ин рӯ қарор додам, ки танҳо мактаби миёнаро хатм кунам. Ин барои ёфтани кори нимрӯза ба ман кӯмак карда метавонист. Баъди дарсҳо ман бо баъзе пешравон вохӯрда, ба мавъиза мерафтам ва дар хизмат бо онҳо ҳамкорӣ мекардам. Ман ҳамчунин ба хонандагоне, ки забони англисиро чун забони дуюми худ ёд мегирифтанд, кӯмак мекардам. Баъдтар ин чиз ба ман манфиати калон овард.
Вақте ки 16-сола будам, ман шунидам, ки дар шаҳри Лонг-Бичи иёлоти Калифорния (ИМА) гурӯҳ бо забони камбоҷагӣ амал мекунад. Ман ба он ҷо ташриф овардам ва бародарону хоҳароне, ки дар он гурӯҳ буданд, бо забони камбоҷагӣ хонданро ба ман ёд доданд. Бо баробари мактабро хатм кардан, ман пешрав шудам ва ба одамони камбоҷазабон, ки дар наздикии хонаи мо мезистанд, мавъиза карданро давом медодам. Дар синни 18-солагӣ ман дар бораи ба Камбоҷа рафтан фикр мекардам. Он мамлакат ҳанӯз ҷои хатарнок буд, вале аз даҳ миллион аҳолии он ҷо аксарияташон дар бораи хушхабар ҳеҷ гоҳ нашунида буданд. Ҳамон вақт дар саросари мамлакат танҳо як ҷамъомад, ки аз 13 нафар воиз иборат буд, вуҷуд дошту халос. Ман аввалин бор дар 19-солагиам ба Камбоҷа сафар кардам. Ду сол пас ба он ҷо кӯчидам. Барои хизмат кардан ва худро таъмин намудан, ман рӯзи нопурра ҳамчун тарҷумон ва муаллими забони англисӣ кор мекардам. Чанде пас ман ба хоҳаре оиладор шудам, ки мақсадҳояш бо мақсадҳои ман монанд буд. Мо ҳамроҳ бо омодагӣ ба сокинони Камбоҷа барои Шоҳиди Яҳува гаштанашон кӯмак мекардем.
Яҳува «муроди дил»-амро ҳосил кард (Заб. 36:4). Кори шогирдсозӣ чунон қаноатмандӣ мебахшад, ки ягон касби дигар онро дода наметавонад. Дар давоми 16 соле, ки ман дар Камбоҷа мебошам, гурӯҳи хурди Шоҳидон, ки аз 13 нафар воизон иборат буд, ба 12 ҷамъомад ва 4 гурӯҳи дурдаст табдил ёфт! (Нақл кард Ҷейсон Блеквелл.)