Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза»–е, ки дар ҳафтаи аз 29–уми октябри с. 2007 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Нозири мактаб муҳокимаи 30–дақиқаинаро, ки дар маълумоти барои ҳафтаҳои аз 3–юми сентябр то 29–уми октябри с. 2007 таъиншуда асос ёфтааст, мегузаронад.
ДАРСИ ХУСУСИЯТҲОИ НУТҚ
1. Чаро такрор яке аз усулҳои муҳими таълим мебошад? [be–U саҳ. 206, сархатҳои 1, 2, замима].
2. Бо кадом роҳҳо мавзӯи нутқро рӯшан кардан мумкин аст? [be–U саҳ. 210, замима].
3. Фикрҳои асосии нутқ чистанд ва ҳангоми интихоби онҳо нотиқ бо назардошт чӣ амал мекунад? [be–U саҳ. 212, сархатҳои 1–3].
4. Чаро фикрҳои асосии нутқ бояд аз ҳад зиёд набошанд? [окт., be–U саҳ. 213, сархатҳои 2–4].
5. Чаро муҳим аст, ки сарсуханҳоямон рағбатовар бошанд ва ин корро чӣ гуна метавон кард? [be–U саҳ. 215, сархати 1; саҳ. 216, сархатҳои 1–3, замима].
СУПОРИШИ №1
6. Чӣ гуна Забур 118:89, 90 ба мо дар фаҳмидани он ки ба Каломи Худо эътимод дошта метавонем, кӯмак менамояд? [w05–U 15. 4. саҳ. 15, сархати 3].
7. Китоби Ҳизқиёл чиро таъкид мекунад ва онҳоеро, ки ҳоло тарзи ҳаёту ибодаташон номи Яҳуваро муқаддас мегардонад, чӣ интизор аст? [bsi07–U саҳ. 8, сархати 33].
8. «Сухани Худованд» дили моро чӣ гуна ҳифз карда метавонад? (Заб. 17:31) [w05–U 1. 9. саҳ. 30, сархати 2].
9. Умед бар Салтанати Худо чӣ тавр дар тамоми китоби Дониёл таъкид мегардад? [bsi07–U саҳ. 10, сархати 23].
10. Чӣ гуна китоби Ҳушаъ имони моро бар пешгӯиҳои илҳомбахшидаи Яҳува қавӣ мегардонад? [bsi07–U саҳ. 12, сархати 14].
ХОНИШИ ҲАРҲАФТАИНАИ КИТОБИ МУҚАДДАС
11. Андозакунии маъбад дар рӯъёи Ҳизқиёл чӣ маъно дошт ва ин чӣ итминоне имрӯз ба мо медиҳад? (Ҳиз. 40:2–5) [w99–U 1. 3. саҳ. 9, сархати 6; саҳ. 14, сархати 7].
12. Дар иҷроиши ниҳоии рӯъёи Ҳизқиёл «раис» рамзи кист? (Ҳиз. 48:21) [w99–U 1. 3. саҳ. 15, 16, сархатҳои 13–15; саҳ. 22, 23, сархатҳои 19, 20].
13. Маънои ояти Дониёл 2:21 чист? [w98–U 15. 9. саҳ. 12, сархати 9].
14. Чӣ Дониёлро дар назари Яҳува шахси «дилхоҳ» мекард? (Дон. 9:23) [dp–U саҳ. 185 сархати 12; w04–U 1. 8. саҳ. 12, сархати 17].
15. Ба кадом маъно дар замини Исроил «худошиносӣ» набуд ва ин суханон шахсан ба мо бояд чӣ гуна таъсир кунанд? (Ҳуш. 4:1, 2, 6) [w05–U 15. 11. саҳ. 21, сархати 21].