БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Ба омӯзандагон тайёрӣ диданро ёд диҳед
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Вақте омӯзандагон тайёрӣ мебинанд, онҳо метавонанд чизҳоеро, ки мо ҳамроҳашон меомӯзем нағзтар фаҳманд ва дар хотир нигоҳ доранд. Чӣ қадаре, ки онҳо бисёртар фаҳманду дар хотирашон нигоҳ доранд, ҳамон қадар тезтар пешравӣ мекунанд. Ҳатто баъди таъмид гирифтан низ ба омӯзандагон лозим аст, ки ба вохӯриҳо ва хизмат тайёрӣ бинанд, то ки ҳушёру бедор монанд (Мт 25:13). Аз ин рӯ, агар омӯзандагон нағз омӯзиш карданро ёд гиранд ва реҷаи хуби рӯҳонӣ дошта бошанд, ин ба тамоми ҳаёташон манфиат оварда метавонад. Аз аввал мо бояд ба омӯзандагон кӯмак кунем, ки одати ба омӯзиши Китоби Муқаддас тайёрӣ диданро инкишоф диҳанд.
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
Худатон намуна бошед (Рм 2:21). Ҳар боре ки ба омӯзиш тайёрӣ мебинед, дар бораи омӯзандаатон фикр кунед (km 11.15 саҳ. 3). Баъд ҳангоми омӯзиш ба ӯ адабиётеро, ки дар он тайёрӣ дидед, нишон диҳед
Ӯро барангезед, ки тайёрӣ бинад. Вақте ки омӯзиш доимо мегузаштагӣ мешавад, ба омӯзанда фаҳмонед, ки пешакӣ тайёрӣ дидан, қисми омӯзиши Китоби Муқаддас мебошад ва он манфиатовар аст. Маслиҳат диҳед, ки барои ба омӯзиш тайёрӣ дидан, чӣ хел вақт ҷудо кардан мумкин аст. Баъзеҳо дар вақти омӯзиш ба омӯзанда адабиёти хаткашидаашонро медиҳанд, то омӯзанда бинад, ки то чӣ андоза ин манфиатовар аст. Вақте ӯ тайёрӣ мебинад, ӯро таъриф кунед
Ба ӯ тарзи тайёрӣ диданро нишон диҳед. Баъзеҳо ҳамин ки омӯзишро сар карданд, як дарсро ҷудо карда ба омӯзанда тарзи ба омӯзиш тайёрӣ диданро ёд медиҳанд