Сарсухан
Оё шумо боре ҳис карда будед, ки Парвардигор ба дуоҳоятон ҷавоб намедиҳад? Агар ҳа, пас шумо танҳо нестед. Бисёриҳо аз Худо мадад мепурсанд, вале душвориҳояшон ҳал намешавад. Аз силсилаи мақолаҳое, ки дар ин маҷалла оварда шудаанд, мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Чаро боварӣ дошта метавонем, ки Худо дуоҳои моро мешунавад? Барои чӣ баъзе дуоҳо беҷавоб мемонанд? Чӣ тавр дуо гӯем, то ки Худо моро шунавад?