ҲИКОЯИ 106
Озодӣ аз зиндон
НИГОҲ КУН, фариштае дари маҳбасро мекушояд. Мардоне, ки ӯ аз маҳбас озод мекунад, расулони Исо мебошанд. Биё бифаҳмем, ки чаро онҳо дар маҳбасанд.
Ҳанӯз аз воқеаи бар шогирдони Исо рехта шудани рӯҳулқудс дере нагузашта, ин ҳодиса рӯй медиҳад: рӯзе Петрусу Юҳанно ба маъбади дар Ерусалим буда мераванд. Дар он ҷо, назди дарвоза шахсеро нишаста мебинанд, ки ланги модарзод буд. Ӯро ҳар рӯз ба ин ҷо меоварданд, то ки аз мардуми ба маъбадоянда садақа биталбад. Петрусу Юҳанноро дида, ӯ аз онҳо низ илтиҷо мекунад, ки чизе барояш бидиҳанд. Расулон чӣ кор хоҳанд кард?
Онҳо бозистода, ба марди бенаво нигоҳ мекунанд. «Ман пул надорам,— мегӯяд Петрус,— аммо он чи дорам, ба ту медиҳам: ба номи Исо бархезу роҳ рав!». Сипас Петрус мардро аз дасти росташ мегирад ва мард ҳамон лаҳза ҷаҳида мехезад ва ба роҳравӣ медарояд. Мардум аз дидани ин мӯъҷиза хурсанду ҳайратзада мегарданд.
«Ин мӯъҷизаро ба воситаи қудрати Худое, ки Исоро аз мурдагон эҳё кард, ба амал овардем»,— мефаҳмонад Петрус. Ҳангоме ки ӯву Юҳанно сӯҳбат мекарданд, чанде аз сарварони дин наздик меоянд. Онҳо хеле ба ғазаб омада буданд, зеро Петрусу Юҳанно ба мардум дар бораи аз марг эҳё шудани Исо нақл мекарданд. Бинобар ин, онҳо Петрусу Юҳанноро дастгир карда, ба зиндон меандозанд.
Рӯзи дигар, сарварони дин ҷамъомади калоне барпо мекунанд. Петрусу Юҳанно ва марди шифододаи онҳоро низ ба он меоранд. «Бо қудрати кӣ ин мӯъҷизаро ба амал овардед?» — мепурсанд сарварони дин.
«Бо қудрати Худое, ки Исоро аз марг эҳё кард» — ҷавоб медиҳад Петрус. Коҳинон намедонистанд, ки чӣ кор кунанд, охир онҳо дар ҳақиқат рӯй додани мӯъҷизаро инкор карда наметавонистанд. Аз ин рӯ, ба расулон дар бораи Исо сухан гуфтанро манъ карда, онҳоро ҷавоб медиҳанд.
Рӯзҳо мегузаштанд, расулон ҳам ба мавъиза дар бораи Исову шифои беморон давом медоданд. Овозаи он мӯъҷизаҳо дар байни мардум паҳн мешавад. Бинобар ин, ҳатто аз шаҳрҳои атрофи Ерусалим тӯдаҳои мардум беморони худро гирифта, барои шифо ба назди расулон меоварданд. Сарварони дин ба расулон ҳасад бурда, онҳоро дастгир мекунанд ва ба зиндон меандозанд. Вале онҳо дар зиндон муддати зиёд намемонанд.
Шабҳангом, фариштаи Худо чуноне ки дар ин ҷо мебинӣ, дари зиндонро мекушояд. Ӯ ба расулон мегӯяд: «Биравед ва дар маъбад истода, ба мардум суханони ҳаётро гуфтан гиред». Субҳи рӯзи дигар, касоне ки сарварони дин барои аз зиндон овардани расулон фиристоданд, омада мебинанд ки онҳо дар маҳбас нестанд. Дертар, расулонро дар маъбад, дар ҳоли таълим додан ба мардум меёбанд ва онҳоро аз он ҷо ба шӯрои пирон меоранд.
«Мо ба шумо дар бораи Исо таълим доданро ҷиддан манъ кардем, шумо бошед аз таълимоти худ Ерусалимро пур кардед»,— мегӯянд сарварони дин. Расулон ҷавоб медиҳанд: «Мо бояд итоат ба Худоро аз итоат ба инсон авло донем». Ва ба мавъизаи хушхабар давом медиҳанд. Магар ин намунаи хубе барои пайравии мо нест?