Дарси 5
Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
Заминро Яҳува барои чӣ офарид? (1, 2)
Чаро Замин ҳоло биҳишт нест? (3)
Бо одамони шарир чӣ рӯй хоҳад дод? (4)
Исо дар оянда барои беморон, пирон ва мурдагон чӣ кор хоҳад кард? (5, 6)
Барои соҳиби баракатҳои оянда шудан, чӣ кор бояд кард? (7)
1. Яҳува ин заминро барои он офарид, ки одамон дар он ҷовидона хушбахт зиндагӣ кунанд. Ӯ мехост, ки рӯи замин ҳамеша бо одамони одилу хушбахт маскун бошад (Забур 113:24; Ишаъё 45:18). Замин ҳеҷ гоҳ нобуд нахоҳад шуд; он ҷовидона хоҳад буд (Забур 103:5; Воиз 1:4).
2. Пеш аз он ки Худо инсонро офарад, Ӯ як гӯшаи заминро интихоб карда, онро ба биҳишти зебо мубаддал намуд. Ӯ онро боғи Адан номид. Ва марду зани нахустин — Одам ва Ҳавворо дар он ҷо сокин кард. Худо мехост, ки онҳо соҳиби фарзанд шаванд ва дар тамоми рӯи замин паҳн шуда, тадриҷан онро ба биҳишт мубаддал кунанд (Ҳастӣ 1:28; 2:8, 15).
3. Одам ва Ҳавво дидаву дониста қонуни Худоро шикастанд ва бо ин гуноҳ карданд. Барои ҳамин, Яҳува онҳоро аз боғи Адан ронд. Биҳишт гум шуд (Ҳастӣ 3:1-6, 23). Лекин Яҳува нияти нисбати замин доштаи худро фаромӯш накард. Ӯ ваъда медиҳад, ки заминро ба биҳишт мубаддал мекунад ва дар он одамон ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард. Худо ин мақсади худро чӣ гуна амалӣ карданист? (Забур 36:29).
4. Пеш аз мубаддал гаштани замин ба биҳишт, бояд одамони бад нест шаванд (Забур 36:38). Ва ин дар Ҳармиҷидӯн — ҷанги Худо барои хотима додани бадӣ, рӯй хоҳад дод. Баъд, Шайтон ба муддати 1 000 сол занҷирбанд хоҳад шуд. Ин маънои онро дорад, ки ягон зараррасони замин вуҷуд нахоҳад дошт. Танҳо халқи Худо наҷот хоҳад ёфт (Ваҳй 16:14, 16; 20:1-3).
5. Баъд, бар рӯи ин замин Исои Масеҳ дар муддати 1 000 сол ҳукмронӣ хоҳад намуд (Ваҳй 20:6). Ӯ тадриҷан гуноҳро аз ақлу ҷисми мо нест хоҳад кард. Мо одамони комил хоҳем шуд, ба мисли оне ки Одаму Ҳавво пеш аз гуноҳ кардан буданд. Дар он вақт бемориву пирӣ ва марг дигар вуҷуд нахоҳанд дошт. Беморон шифо меёбанд, пирон аз нав ҷавон мешаванд (Айюб 33:25; Ишаъё 33:24; Ваҳй 21:3, 4).
6. Дар давоми ҳукмронии Ҳазорсолаи Исо, одамони боимон тамоми заминро ба биҳишт мубаддал хоҳанд кард (Луқо 23:43). Ҳамчунин, миллионҳо мурдагонро Худо эҳё хоҳад кард (Аъмол 24:15). Агар онҳо талаботи Худоро иҷро кунанд, ҷовидона дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард. Ва агар не, онҳо абадан нобуд хоҳанд шуд (Юҳанно 5:28, 29; Ваҳй 20:11-15).
7. Нияти аввалаи Худо нисбати замин ҳамин тавр, бомуваффақият ба амал хоҳад омад. Шумо мехоҳед, ки чунин баракатҳои ояндаро соҳиб шавед? Агар ҳа, ба омӯзиш дар бораи Яҳува идома диҳед ва талабҳои Ӯро ба ҷо оваред. Ташрифи шумо ба “Толори Салтанат”-и маҳаллии Шоҳидони Яҳува бароятон дар ин кор кӯмак хоҳад кард (Ишаъё 11:9; Ибриён 10:24, 25).
[Тасвири саҳифаи 10]
Биҳишт гум шуд
[Тасвири саҳифаи 11]
Баъд аз Ҳармиҷидӯн, замин ба биҳишт мубаддал хоҳад шуд