БОБИ 20
Оё ту дар ҳама чиз якум будан мехоҳӣ?
ОЁ ТУ ягон касро медонӣ, ки дар ҳама чиз якум будан мехоҳад? ~ Барои якум шуда ба ягон ҷо даромадан вай метавонад дигаронро тела диҳад. Оё ту ягон бор чунин ҳолатро дида будӣ? ~ Рӯзе Устоди Бузург аҳамият дод, ки ҳатто калонсолон баъзан кӯшиш мекунанд, ки ҷойҳои якум ё беҳтаринро гиранд. Лекин ин ба вай маъқул нашуд. Биё мефаҳмем, ки он вақт чӣ рӯй дод.
2 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки як фарисӣ, яъне сардори динӣ Исоро ба зиёфати калоне ҷеғ зад. Вақте ки Исо ба хона даромад, вай дид, ки чӣ тавр дигар меҳмонон ба ҷойҳои нағз гузашта мешинанд. Барои ҳамин, вай ба онҳо як ҳикояро нақл кард. Онро фаҳмидан мехоҳӣ? ~
3 Исо гуфт: «Агар ягон кас туро ба тӯй хабар кунад, ту аз боло рафта нашин». Медонӣ барои чӣ Исо ин хел гуфт? ~ Вай фаҳмонд, ки баъдтар ба тӯй ягон одами муҳимтар омада метавонад. Ва чӣ хеле ки ту дар расм мебинӣ, он вақт соҳиби тӯй омада ба шахсе, ки дар боло нишаст, мегӯяд: «Ҷои худро ба вай деҳ». Ба фикри ту, он вақт ин шахс чӣ ҳис мекунад? ~ Албатта, вай шарм медорад, барои он ки дар пеши дигар меҳмонон вай бояд аз поён гузашта шинад.
4 Бо ин мисол Исо нишон доданӣ буд, ки дӯст доштани ҷойҳои боло ё беҳтарин нодуруст аст. Барои ҳамин ӯ гуфт: «Агар туро ба тӯй хабар карда бошанд, омада дар поёни хона шин, то касе ки туро даъват кардааст, ба пеши ту биёяду гӯяд: “Эй дӯст! Аз боло гузашта шин”; он гоҳ ту дар пеши дигарон болобардор карда мешавӣ» (Луқо 14:1, 7–11).
5 Оё ту аз ин ҳикоя барои худ дарс гирифтӣ? ~ Биё мебинем, ки чӣ хел ту дарси асосии онро дар ҳаёт ба кор бурда метавонӣ. Фарз кун, ки ту ба автобуси пур аз одам медароӣ. Оё ту ба калонсолон аҳамият надода даррав рафта ба худат ҷой мегирӣ? ~ Оё чунин рафтор ба Исо маъқул мешуд? ~
6 Мумкин баъзеҳо мегӯянд, ки ба Исо фарқ надорад, ки мо чӣ кор мекунем. Лекин, ба фикри ту, оё ин дуруст аст? ~ Ба хотир биёр, ки вақте Исо дар хонаи фарисӣ меҳмон буд, вай аҳамият дод, ки чӣ хел баъзе одамон ба ҷойҳои нағз рафта мешиштанд. Пас, оё имрӯз Исо аҳамият намедиҳад, ки мо чӣ гуна рафтор мекунем? ~ Ҳозир Исо дар осмон аст ва аз он ҷо вай, албатта, мебинад, ки мо чӣ кор карда истодаем.
7 Вақте ки ягон кас якум будан мехоҳад, ин бисёр вақт ба он оварда мерасонад, ки одамон баҳс ё ҷанҷол мекунанд ва ба қаҳр меоянд. Масалан, ин вақте рӯй дода метавонад, ки кӯдакон бо автобус ба ягон ҷой мераванд. Ҳамин ки дари автобус кушода мешавад, кӯдакон медаванд, то якум шуда ба он дароянд. Онҳо мехоҳанд, ки дар ҷойҳои аз ҳама нағз, масалан, дар пеши тиреза шинанд. Ва он вақт одатан чӣ рӯй медиҳад? ~ Ҳа, кӯдакон барои ҷой ҷанҷол мекунанд ва аз якдигарашон хафа мешаванд.
8 Хоҳиши якум будан душвориҳои бисёр оварда метавонад. Ҳатто дар байни ҳаввориёни Исо ин сабаби қаҳру хафагиҳо шуда буд. Масалан, чӣ хеле ки мо аз боби 6-уми ин китоб фаҳмидем, онҳо дар байни худ баҳс ё ҷанҷол карданд, ки кадомашон шахси аз ҳама муҳим аст. Он вақт Исо чӣ кор кард? ~ Дуруст гуфтӣ, Исо онҳоро ислоҳ кард. Лекин баъдтар онҳо барои чизи дигар баҳсу ҷанҷол карданд. Биё мефаҳмем, ки дар бораи чӣ.
9 Рӯзе, вақте ки ҳаввориён ва дигар одамон охирон бор ҳамроҳи Исо ба Ерусалим мерафтанд, ӯ ба онҳо дар бораи Салтанати Худо чизҳои бисёрро нақл кард. Барои ҳамин, Яъқубу Юҳанно дар бораи он фикр мекарданд, ки чӣ хел дар Салтанати Худо ҷои баландро гиранд. Онҳо дар бораи ин ҳатто бо модарашон — Салӯмит гап зада буданд (Матто 27:56; Марқӯс 15:40). Ва Салӯмит ба пеши Исо омад ва ба зону шишта аз вай як чизро хоҳиш карданӣ шуд.
10 Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ хоҳиш дорӣ?» Салӯмит аз Исо илтимос кард, ки писаронаш дар Салтанати Худо аз тарафи рост ва аз тарафи чапаш шинанд. Ба фикри ту, вақте даҳ ҳаввории дигар фаҳмиданд, ки Яъқубу Юҳанно бо ин мақсад модарашонро пеши Исо фирсонданд, онҳо чӣ ҳис карданд? ~
11 Ҳа, онҳо аз ин сахт ба ғазаб омаданд. Барои ҳамин, Исо ба ҳамаи ҳаввориёнаш як маслиҳати хуб дод. Ӯ гуфт, ки подшоҳони ин ҷаҳон мехоҳанд, ки шахси аз ҳама муҳим бошанд ва дигарон гапашонро гӯш кунанд. Лекин шогирдони ӯ набояд ин хел кунанд. Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ дар байни шумо муҳим будан хоҳад, бояд хизматгори шумо шавад». Чӣ хел фикри аҷоиб! (Матто 20:20–28).
12 Ту медонӣ, ки хизматгор чӣ кор мекунад? ~ Вай ба дигарон хизмат мекунад ва интизор намешавад, ки дигарон ба вай хизмат кунанд. Ӯ ҷои аз ҳама пастро мегирад, на ҷои якумро. Хизматгор худашро ҳеҷ вақт аз дигарон баланд намегирад. Ба хотир ор: Исо гуфта буд, ки агар шахс муҳим будан хоҳад, ӯ бояд ба дигарон хизмат кунад.
13 Оё ту маънои ин суханони Исоро мефаҳмӣ? ~ Ба фикри ту, оё хизматгор бо соҳибаш дар бораи он ки кӣ бояд дар ҷои аз ҳама нағз шинад, ҷанҷол мекунад? Ё бо соҳибаш ҷанг мекунад, ки кӣ бояд якум хӯрок хӯрад? ~ Исо гуфт, ки хизматгор ҳама вақт соҳибашро аз худаш боло мегузорад (Луқо 17:7–10).
14 Пас, ба ҷои он ки дар ҳама чиз якум бошем, мо бояд чӣ кор кунем? ~ Дуруст гуфтӣ, мо бояд ба дигарон хизмат кунем. Ва ин маънои онро дорад, ки мо дигаронро аз худамон боло мегузорем. Яъне мо дигаронро аз худамон муҳимтар ҳисоб мекунем. Худи ту, ин корро чӣ хел карда метавонӣ? ~ Биё ба саҳифаи 40 ва 41 нигоҳ мекунем ва ба ёд меорем, ки бо кадом роҳҳо мо ба дигарон хизмат карда метавонем. Бо кардани ин корҳо мо нишон медиҳем, ки дигаронро аз худамон боло мемонем.
15 Мумкин дар ёдат ҳаст, ки Устоди Бузург дигаронро аз худаш боло мегузошт ва ба онҳо хизмат мекард. Рӯзи охироне, ки Исо бо шогирдонаш буд, ӯ ҳатто хам шуда пойҳои онҳоро шушт. Агар мо низ ба дигарон хизмат кунем, ин ҳам ба Устоди Бузург ва ҳам ба Падари ӯ — Яҳува маъқул мешавад.
Ин оятҳои Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунанд, ки дигаронро аз худамон боло гузорем: Луқо 9:48; Румиён 12:3 ва Филиппиён 2:3, 4.