БОБИ ЁЗДАҲ
Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
Оё Худо ба ранҷу азобҳои одамон айбдор аст?
Кадом саволи баҳсталаб дар боғи Адан бардошта шуд?
Чӣ тавр Худо оқибати шароратро нест хоҳад кард?
1, 2. Рӯйдоди кадом бадбахтиҳо одамонро имрӯз азият медиҳанд ва чӣ саволҳое дар чунин ҳолатҳо бармехезад?
ПАС АЗ ҷанги навбатии мудҳиш дар кишвари аз ҷангҳои бардавом хароб, ҷасади ҳазорон занону кӯдакони кушташуда дар як қабри умумие гӯронида шуданд. Гирдогирди он қабр пур аз лавҳачаҳое буд, ки ҳар яки онҳо чунин навиштаҷотро дошт: «Барои чӣ?» Ин аст саволе, ки дарду алами одамони бо фоҷиаҳо рӯбарӯшударо инъикос менамояд. Ин саволи дарднок одамонро азият медиҳад, хусусан ҳангоми ҷангҳо, бадбахтиҳо, бемориҳо ё ҷиноятҳои содиршудае, ки наздикони бегуноҳашонро аз ҳаёт маҳрум мекунанд, ё хонаҳояшонро вайрон менамоянд ё ба тарзи дигаре азобу уқубатҳои ногуфтаниеро ба сарашон меоваранд. Ва одамон мехоҳанд бидонанд, ки барои чӣ ин бадбахтиҳо бо онҳо рӯй медиҳанд.
2 Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад? Агар Яҳува Худои абарқудрат, дӯстдор, хирадманд ва одил бошад, чаро ҷаҳон пур аз нафрату беадолатист? Ягон бор ин саволҳоро ба худ додаед?
3, 4. a) Аз чӣ бармеояд, ки сабаби ба шарорат роҳ додани Худоро пурсидан нодуруст нест? б) Эҳсосоти Яҳува нисбати бадиҳо ва ранҷу азобҳои инсонӣ чӣ гуна аст?
3 Оё сабаби ба ранҷу азобҳо роҳ додани Худоро пурсидан нодуруст нест? Баъзеҳо хавотиранд, ки пурсиши чунин савол маънои норасоии имони онҳоро дорад, ё ин нишонаи беҳурматӣ нисбати Худост. Вале ҳангоми мутолиаи Китоби Муқаддас шумо хоҳед дид, ки одамони худотарс ҳам чунин саволҳоро медоданд. Масалан, Ҳабаққуқ–пайғамбар аз Яҳува пурсида буд: «То ба кай бояд нозири ин беадолатие ки атрофи маро гирифтааст бошам? Чаро коре намекунӣ? Ба ҳар ҷо ки нигоҳ мекунам харобиву зулм мебинам, ҳама ҷоро ҷангу душманӣ фаро гирифтааст» (Ҳабаққуқ 1:3, ТТФ).
4 Оё Яҳува ба Ҳабаққуқи пайғамбар барои чунин саволҳои додааш изҳори норозигӣ кард? Не. Баръакс, Худо ин гуфтаҳои самимии Ҳабаққуқро дар Каломи илҳомбахшидааш — Китоби Муқаддас ҷой дод. Ҳамчунин, Худо ба ин пайғамбар кӯмак намуд, ки дар ин бора тасаввуроти равшантаре бигирад ва имонашро қавӣ гардонад. Яҳува мехоҳад ба шумо низ ёрӣ диҳад. Гуфтаҳои зерини Китоби Муқаддасро дар бораи Худо ба хотир гиред: «Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7). Худо ба бадӣ нафрат дорад ва эҳсосоти Ӯ нисбати ранҷуриҳое, ки шарорат меоварад, назар ба мо хеле амиқтар аст (Ишаъё 55:8, 9). Пас барои чӣ дунё лабрез аз азобу уқубатҳои инсонист?
ЧАРО ИН ҚАДАР РАНҶУ АЗОБҲОИ ЗИЁД МАВҶУДАНД?
5. Одамон сабаби азобу уқубатҳои инсониро одатан чӣ гуна шарҳ медиҳанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
5 Намояндагони динҳои гуногун ба назди сарварони динашон рафта, сабаби зиёд будани ранҷу азобҳоро пурсон мешаванд. Аксаран ҷавоб чунин аст: «Ин аст хости Худо ва Ӯ кайҳо рӯйдоди воқеаҳоро пешакӣ муайян кардааст, аз он ҷумла фоҷиаҳоро низ». Бисёриҳо мегӯянд, ки амалҳои Худо таҳқиқнопазиранд ва ба сари одамон ва ҳатто кӯдакон маргро Ӯ меорад, то ки онҳоро ба осмон, ба назди худ бигирад. Вале ҳамон тавре ки омӯхтед, Яҳува Худо ҳеҷ гоҳ сабабгори бадӣ намегардад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Калло ва ҳошо, ки аз Худо шарорате сар барзанад, ва аз Қодир ноинсофие» (Айюб 34:10).
6. Чаро аксари одамон дар рӯйдоди бадбахтиву фоҷиаҳо Худоро гунаҳкор мекунанд?
6 Медонед, ки чаро одамон дар рӯйдоди бадбахтиву фоҷиаҳо Худоро гунаҳкор менамоянд? Онҳо фикр мекунанд, ки ҳукмрони ин ҷаҳон Худо аст ва аз ҳақиқати оддӣ, аммо муҳиме, ки Китоби Муқаддас таълим медиҳад, бехабаранд. Ин ҳақиқатро мо аз боби 3–юми ин китоб омӯхта будем. Ҳокими воқеии ин ҷаҳон Шайтон Иблис мебошад.
7, 8. a) Чӣ тавр ин ҷаҳон шахсияти ҳокимашро инъикос менамояд? б) Чӣ гуна нокомилии инсону «вақти номусоид ва тасодуф» ба дарду азобҳои одамон мусоидат мекунад?
7 Китоби Муқаддас ба таври равшан мегӯяд: «Тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳанно 5:19). Аз мулоҳиза дар ин бора ҳама чиз фаҳмо мегардад, ҳамин тавр–не? Ин ҷаҳон шахсияти махлуқи рӯҳии ноаёнеро, ки «тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад», инъикос менамояд (Ваҳй 12:9). Шайтон бадхашм, пур аз макру фиреб ва бераҳм аст. Ва ҷаҳон, ки зери таъсири ӯ қарор дорад, ҳамчунин пур аз нафрату дурӯғу бераҳмист. Ин аст яке аз сабабҳои мавҷудияти ин қадар азобҳо.
8 Сабаби дигари зиёд будани уқубатҳо, мувофиқи сӯҳбати дар боби 3 кардаамон, дар он аст, ки инсоният баъд аз исёни дар боғи Адан бардоштааш нокомилу гунаҳкор гашт. Одамони гунаҳкор барои ҷоҳу мансаб талош мекунанд, ки ин зулму ситам, ҷангҳо ва азобҳоро ба бор меоварад (Воиз 4:1; 8:9). Сабаби сеюми ранҷуриҳо «вақти номусоид ва нокомӣ [тасодуф, ТДН]» аст. (Воиз 9:11-ро хонед.) Дар чаҳон, ки ҳокими ҳимоягаре мисли Яҳува надорад, одамон метавонанд аз сабаби он ки дар вақти номусоид дар ҷои нобобе қарор гирифтанд, дучор ба нохушиҳо гарданд.
9. Чаро итминон метавон дошт, ки Яҳува сабаби ҷиддие бар роҳ додани ранҷу азобҳо дорад?
9 Донистани он ки Худо сабабгори ранҷу азобҳо нест, албатта тасаллибахши мост. Рӯйдоди ҷангу ҷиноятҳо, зулму ситам ва ё ҳатто офатҳои табиӣ, ки ба одамон ғаму андӯҳ меоранд, ба Худо ҳеҷ гуна дахолат надоранд. Ба ҳар ҳол, бояд бидонем, ки чаро Яҳува ба ин ҳама ранҷу азобҳо роҳ медиҳад. Охир агар Ӯ Худои Абарқудрат бошад, ба хотима додани шарорат қодир аст. Пас чӣ Ӯро аз ин амал бозмедорад? Бале, Худои пурмуҳаббат бояд сабаби ҷиддие барои роҳ додани ранҷу азобҳо дошта бошад (1 Юҳанно 4:8).
САВОЛИ МУҲИМИ БАҲСТАЛАБ
10. Чиро Шайтон мавриди баҳс қарор дод ва ба чӣ тарз?
10 Барои фаҳмидани сабаби ба шарорат роҳ додани Худо, бояд ибтидои инсониятро ба хотир оварем. Ҳангоме ки Шайтон Одаму Ҳавворо бар исёни зидди Худо барангехт, саволи муҳиму баҳсталабе ба миён омад. Шайтон тавоноии Яҳуваро мавриди баҳс қарор надод. Зеро ҳатто худи вай ҳам медонад, ки тавоноии Худо беҳудуд аст. Ӯ ҳуқуқи ҳукмронии Яҳуваро зери шубҳа гузошт. Иблис Худоро дар дурӯғгӯӣ айбдор намуд ва гуфт, ки Ӯ аз офаридаҳояш неъматҳои хуберо пинҳон медорад. Ҳамин тавр Шайтон Яҳуваро чун ҳокими бад муаррифӣ кард. (Ҳастӣ 3:2–5-ро хонед.) Иблис ишора менамуд, ки зиндагии одамон бе ҳукмронии Худо хубтар хоҳад буд. Ин ҳамлае буд бар ҳокимияти Яҳува ва ҳуқуқи ҳукмронии Ӯ.
11. Чаро Яҳува исёнгаронро ҳамон лаҳза нобуд накард?
11 Одаму Ҳавво ба муқобили Яҳува баромаданд. Моҳияти рафтори онҳо чунин буд: «Мо намехоҳем, ки Яҳува ба мо ҳукмронӣ кунад. Ва чӣ будани некию бадиро худи мо муайян карда метавонем». Яҳува ба чӣ тарз ин масъаларо ҳал карда метавонист? Ва чӣ гуна Худо метавонист ба тамоми махлуқоти соҳибақл омӯзонад, ки роҳи исён бар зидди Ӯ иштибоҳ аст ва ягона роҳи зиндагие, ки дар ҳақиқат ба хушбахт кардани инсон қодир аст, ин роҳи пешниҳодкардаи Худо мебошад? Шояд ба сари баъзеҳо чунин фикр ояд, ки бояд Худо исёнгаронро ҳамон лаҳза нобуд карда, ҷуфти нави инсонӣ меофарид. Вале охир Яҳува ният дошт, ки рӯи замин аз насли Одаму Ҳавво пур гардад ва онҳо дар биҳишти заминӣ зиндагӣ намоянд (Ҳастӣ 1:28). Яҳува мақсуди Худро ҳамеша ҷомаи амал мепӯшонад (Ишаъё 55:10, 11). Ғайр аз ин, нобуд намудани исёнгарон дар боғи Адан, саволи баҳсталаберо, ки оиди ҳуқуқи ҳукмронии Яҳува бардошта шуд, ҷавобрас намекард.
12, 13. Бо намуна шарҳ диҳед, ки чаро Яҳува ба Шайтон имконияти бар ин ҷаҳон ҳукмрониро дод ва барои чӣ Худо гузошт, ки одамизод шаклҳои гуногуни ҳокимиятҳои инсониро барпо созад?
12 Биёед ба намунае таваҷҷӯҳ кунем. Тасаввур намоед, ки устоде ба шогирдон тарзи ҳалли масъалаи душвореро мефаҳмонад. Шогирди доно, вале саркаше хитоб мекунад, ки тарзи масъаларо ҳал кардани устод нодуруст аст. Барои нишон додани бемаҳоратии устод, ин шогирди исёнгар батакрор исрор менамояд, ки ӯ роҳи ҳалли масъаларо аз муаллим хубтар медонад. Баъзе аз шогирдон низ саркашии ӯро дастгирӣ карда, тарафгираш мешаванд. Устод чӣ кор бояд кунад? Агар ин саркашонро аз синф берун кунад, ин чӣ таъсире ба шогирдони дигар хоҳад дошт? Магар синфбудагон бовар мекунанд, ки ҳамсинфи саркаш ва тарафгирони вай ноҳақ ҳастанд? Хонандагоне, ки хомӯшона ин ҳодисаро мушоҳида мекарданд, метавонистанд баъд аз ин воқеа эҳтироми ба муаллим доштаашонро гум кунанд ва ба хулоса оянд, ки ӯ аз исбот шудани хатояш тарсид. Акнун фарз мекунем, ки устод ба шогирди саркаш иҷозати дар назди ҳамсинфон аз рӯи диди худ ҳал кардани масъаларо медиҳад.
13 Яҳува маҳз ҳамин тавр кард. Ба ёд оваред; исёни боғи Адан на танҳо ба исёнбардоштагон дахолат дошт. Миллионҳо фариштагон мушоҳидагари ин воқеаҳо буданд (Айюб 38:7; Дониёл 7:10). Тарзи ҳалли ин масъала аз ҷониби Яҳува, бояд таъсири бузурге ба фариштагони мушоҳидакунанда ва кулли офаридаҳои соҳибақл мегузошт. Хуб, Яҳува чӣ гуна рафтор кард? Ӯ ба Шайтон имконият дод, ки бар инсоният ҳукм биронад ва роҳ дод, ки одамон зери роҳнамоии вай [Шайтон] ҳокимиятҳои худро барпо намоянд.
14. Чӣ судест дар он ки Яҳува ба вуҷудияти ҳокимиятҳои инсонӣ роҳ дод?
14 Устоди дар намуна овардашуда медонист, ки шогирди саркаш ва тарафгирони вай ноҳақ ҳастанд. Вале ӯ ҳамчунин хуб мефаҳмид, ки имконияте, ки ба саркашон барои исботи дурустии ақидаашон дода мешавад, барои тамоми синфбудагон судманд хоҳад буд. Ҳамин ки саркашон дармонданд, шогирдони дурусткор хоҳанд дид, ки муаллим ягона шахси салоҳиятдор бар ҳидояти онҳо мебошад. Он гоҳ онҳо хоҳанд фаҳмид, ки барои чӣ муаллим саркашонро аз синф берун мекунад. Монанди ин, Яҳува ҳам медонад, ки барои одамону фариштагони ростдил дидани дармондагии Шайтону ҳамроҳонаш ва бемуваффақиятии ҳокимиятҳои инсонӣ судманд аст. Мисли Ирмиёи пайғамбар онҳо ҳақиқати муҳими зеринро хоҳанд омӯхт: «Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе, ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирмиё 10:23).
ЧАРО ИН ҚАДАР ДУРУ ДАРОЗ?
15, 16. a) Чаро Яҳува роҳ медиҳад, ки азобу уқубатҳо дурудароз давом кунанд? б) Чаро Яҳува ба рӯйдоди ҷиноятҳои мудҳиш халал намерасонад?
15 Чаро Яҳува роҳ медиҳад, ки азобу уқубатҳо то ин қадар вақти дурудароз идома ёбанд? Ва барои чӣ Ӯ ба рӯйдоди фалокату бадбахтиҳо монеъ намешавад? Ҳамон тавре ки дар намунаи боло дидем, устод шогирди саркашро аз исботкунии ҳаққонияташ бознадошт. Сониян, устод ба исёнгар барои ҳалли масъала набояд ёрӣ диҳад. Яҳува низ айнан ба ҳамин тарз рафтор намуд. Аввалан, Ӯ Шайтон ва тарафдорони вайро аз кӯшиши исботи ҳаққонияташон бознадошт. Баръакс, Ӯ барои ин кор ба онҳо вақт дод. Дар тӯли ҳазорҳо соли таърих, инсоният шаклҳои гуногуни ҳокимиятҳои одамиро санҷида дид. Одамизод дар илму соҳаҳои гуногуни дигар пешрафт намуд, аммо беадолатӣ, бенавоӣ, ҷинояткорӣ ва ҷангҳо бештар аз ҳарвақта шиддат мегиранд. Равшан гашт, ки ҳокимиятҳои инсонӣ оҷизу бемуваффақиятанд.
16 Сониян, Яҳува ба Шайтон дар ҳукмронӣ бар ин ҷаҳон кӯмак накард. Охир, агар Худо ба рӯйдоди ҷиноятҳои мудҳиш халал мерасонд, ин амали Ӯ маънои дастгирии исёнгаронро медошт, ҳамин тавр–не? Ҳамчунин, дар ин сурат Худо одамонро ба хулосае меовард, ки онҳо худ низ ба ҳукмронӣ дар рӯи замин қодиранд ва инсоният ҳеҷ гоҳ натиҷаҳои офатбори ҳукмрониашро намедид. Бар замми ин, магар чунин амали Худо маънои дастгирии дурӯғи исёнбардоштагонро намедошт? Вале «дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест» (Ибриён 6:18).
17, 18. Яҳува чӣ тавр он ҳама зиёнеро, ки натиҷаи ҳукмронии инсонӣ ва таъсири Шайтон мебошад, бартараф мекунад?
17 Лекин дар бобати он зараре, ки ҳазорсолаҳои исён ба муқобили Худо бо худ овард, чӣ метавон гуфт? Дар хотир бояд дошт, ки Яҳува — Худои абарқудрат мебошад. Аз ин рӯ, Ӯ барои бартараф намудани зиёни ба инсоният расонидашуда қодир аст ва ҳамин тавр ҳам хоҳад кард. Чӣ тавре ки аллакай омӯхтем, харобшавии сайёраи мо қатъ хоҳад гашт ва он боз ба биҳишт табдил мегардад. Ҳама оқибатҳои гуноҳ ба туфайли имон ба қурбонии фидяи Исо бартараф мешаванд ва эҳё зафаре хоҳад буд бар марг. Худо ба Исо таъинот додааст, ки «аъмоли иблисро вайрон кунад» (1 Юҳанно 3:8). Ҳамаи инро Яҳува дар вақти аниқу муайян ба иҷро мерасонад. Чӣ хуб аст, ки Яҳува барвақттар ин корҳоро амалӣ накард, зеро маҳз пурсабрии Ӯ ба мо имконияти аз ҳақиқат бохабар шудан ва ба Ӯ хидмат намуданро фароҳам овард! (2 Петрус 3:9, 10-ро хонед.) Ҳоло Яҳува инсонҳои самимиеро, ки хоҳиши писанди Ӯ гаштанро доранд, ғамхорона ҷустуҷӯ дорад ва ба онҳо барои аз сар гузаронидани душвориҳо ва тирарӯзиҳое, ки дар ин дунёи ноором ба сарашон меоянд, кӯмак мерасонад (Юҳанно 4:23; 1 Қӯринтиён 10:13).
18 Баъзеҳо ба ҳайрат меоянд; чаро Яҳува Одаму Ҳавворо тавре наофарид, ки онҳо ҳамеша дуруст рафтор намоянд, охир дар ин сурат ҳеҷ гуна ранҷу азиятҳо пайдо намешуданд? Барои посух ба ин савол, ба хотир бояд овард, ки чӣ ҳадяи бебаҳоеро Яҳува бароямон ато кардааст.
ИНЪОМИ ХУДОДОДРО ЧӢ ТАВР БА КОР ХОҲЕД БУРД?
19. Кадом инъоми гаронбаҳоро Яҳува бароямон ато намудааст ва чаро онро қадр бояд кард?
19 Тавре ки дар боби панҷум сухан рафт, инсон бо озодии ирода офарида шуд. Оё дарк мекунед, ки то чӣ андоза он гаронбаҳост? Худо ҳайвоноти бешумореро офарид, ки асосан аз рӯи майли табиӣ (инстинкт) рафтор менамоянд. Инсон роботҳое офарид, ки мувофиқи барномаҳо ҳар гуна амрҳоро иҷро мекунанд. Агар Худо моро низ бо ин роҳ меофарид, магар мо хушбахт буда метавонистем? Албатта не. Магар аз дороии имконияти интихоб хурсанд нестед? Масалан, оё доштани озодии ирода дар бобати чӣ гуна инсон буданамон, ё оиди тарзи зиндагонӣ, ё интихоби дӯстон ва ғайраву ҳоказо мақбули мо нест? Бале, чунин озодӣ моро хуш меояд ва Худо низ мехоҳад, ки мо аз он баҳраманд бошем.
20, 21. Чӣ тавр мо метавонем атои озодии иродаро бо тарзи беҳтарин ба кор барем ва чаро ин амал муҳим аст?
20 Яҳува намехоҳад, ки мо ба Ӯ маҷбуран хидмат намоем (2 Қӯринтиён 9:7). Мулоҳиза намоед, ки барои волидон чӣ хуштар аст, агар фарзанд маҷбуран «ман шуморо дӯст медорам» гӯяд, ё аз рӯи меҳр? Шумо озодии иродаатонро, ки атои худовандист, ба чӣ тарз истифода хоҳед бурд? Шайтон ва Одаму Ҳавво аз озодии иродаашон ба таври бадтарин истифода карданд. Онҳо Яҳува Худоро рад намуданд. Шумо чӣ кор хоҳед кард?
21 Шумо имконият доред, ки ин атои худододро бо тарзи беҳтарин ба кор баред. Ва метавонед ба миллионҳо нафароне бипайвандед, ки дар ҷониби Яҳува истодаанд. Онҳо дурӯғгӯй будани Шайтон ва оҷизии ҳокимияти ӯро собит карда, бо ин Худоро хурсанд мегардонанд (Масалҳо 27:11). Шумо низ бо интихоби роҳи дурусти зиндагӣ дили Худоро шод карда метавонед. Ҳангоми таҳлили боби оянда сухан дар ин бора хоҳад рафт.