Суруди 28
Суруди нав
(Забур 97)
1. Хон суруди нав, суруд дар шаъни Худованд.
Гӯй аз бузургиаш, корҳояш намо ҳамд.
Ӯ ҳаст тавоно, ҳаст Ӯ Худои ғалаба.
Бошад довариаш бешакк одилона.
(НАҚАРОТ)
Бисаро!
Суруд диҳад садо!
Бисаро!
Худо — Подшоҳи мо!
2. Саро аз шодӣ, ки Яҳува Подшоҳи мост!
Васфи номи покаш дар дилу дар лабҳост.
Дар сароидан ба халқаш бишав ҳамовоз.
Навозед дар васфаш барбат, карнаю шох.
(НАҚАРОТ)
Бисаро!
Суруд диҳад садо!
Бисаро!
Худо — Подшоҳи мо!
3. Бигзор кунад ҳамд замину ҳар чӣ ҳаст дар он,
Каф занад дарёву баҳр гардад хурӯшон,
Шаванд ҷилвагар кӯҳҳо ва дашту водиҳо,—
Ҳамди Яҳуваро гӯй ту низ бо онҳо.
(НАҚАРОТ)
Бисаро!
Суруд диҳад садо!
Бисаро!
Худо — Подшоҳи мо!
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 95:1; 149:1; Иш. 42:10.)