БОБИ 103
Исо бори дуюм маъбадро тоза мекунад
МАТТО 21:12, 13, 18, 19 МАРҚӮС 11:12–18 ЛУҚО 19:45–48 ЮҲАННО 12:20–27
ИСО ДАРАХТИ АНҶИРРО ЛАЪНАТ МЕХОНАД ВА МАЪБАДРО ТОЗА МЕКУНАД
ИСО БОЯД БИМИРАД, ТО БА БИСЁРИҲО ҲАЁТ БАХШАД
Исо ва шогирдонаш аз Ериҳӯ ба Байт-Ҳинӣ омада, се шаб дар он ҷо меистанд. Ҳоло саҳарии рӯзи душанбе, 10-и нисон аст, ва Исо ҳамроҳи шогирдонаш сӯйи Ерусалим равона аст. Исо гурусна аст, аз ин рӯ, вақте дар роҳ дарахти анҷирро мебинад, ба наздаш меравад, то бинад, ки оё он мева дорад ё не.
Асосан анҷир бояд моҳи июн пазад, ҳоло бошад, охирҳои моҳи март аст. Лекин ин дарахти анҷир пеш аз вақт барг баровардааст. Барои ҳамин Исо баргҳои онро дида фикр мекунад, ки дарахт мева ҳам дорад. Лекин, вақте ӯ ба назди дарахт меравад, мебинад, ки фиреб хӯрдааст. Он гоҳ Исо мегӯяд: «Бигзор ҳеҷ гоҳ касе аз меваи ту нахӯрад» (Марқӯс 11:14). Ҳамон лаҳза дарахт хушк шудан мегирад ва шогирдон инро танҳо саҳари рӯзи дигар мефаҳманд.
Чанде пас Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба Ерусалим меояд ва ба маъбад медарояд. Дирӯз Исо маъбадро бодиққат аз назар гузаронда буд, имрӯз бошад, ӯ кореро мекунад, ки се сол пеш дар иди Раҳоии соли 30-и милодӣ карда буд (Юҳанно 2:14–16). Ин дафъа Исо «онҳоеро, ки машғули харидуфурӯш»-анд, аз маъбад пеш мекунад ва «мизҳои пуливазкунандагону курсиҳои кафтарфурӯшонро» чаппа мекунад (Марқӯс 11:15). Ӯ ҳатто ба касоне, ки роҳро миёнабур мекунанд ва аз саҳни маъбад гузашта, ба тарафи дигари шаҳр чиз мебаранд, иҷозат намедиҳад, ки гузаранд.
Барои чӣ Исо бо касоне, ки пул иваз мекунанд ва дар маъбад ҳайвонҳоро мефурӯшанд, ин тавр амал мекунад? Ӯ мегӯяд: «Магар навишта нашудааст: “Хонаи Ман ҷойи дуогӯйии тамоми халқҳо номида хоҳад шуд”? Шумо бошед, онро ба хонаи ғоратгарон табдил додаед» (Марқӯс 11:17). Барои чӣ Исо онҳоро ғоратгар меномад? Сабаб дар он аст, ки одамон маҷбуранд барои қурбонӣ аз маъбад ҳайвон харанд. Ин савдогарони бешарму беҳаё бошанд, ҳайвонҳоро бо нархи хеле баланд мефурӯшанд ва ҳамин тавр мардумро ғорат мекунанд.
Коҳинони калон, шариатдонон ва дигар шахсони соҳибмартаба аз кори Исо хабардор мешаванд ва боз қасди куштани ӯро мекунанд. Лекин ба мақсад расидани онҳо душвор аст, чунки мардуми зиёде барои гӯш кардани Исо дар наздаш ҷамъ мешаванд.
Барои ҷашн гирифтани иди Раҳоӣ на танҳо яҳудиён, балки ҳамчунин ғайрияҳудиёне меоянд, ки дини яҳудиро қабул кардаанд. Дар байни онҳо юнониҳое ҳастанд, ки барои ибодат ба Ерусалим омадаанд. Онҳо ба назди Филиппус меоянд (шояд, барои он ки ӯ номи юнонӣ дорад) ва мегӯянд, ки мехоҳанд Исоро бинанд. Филиппус намедонад, ки ба онҳо чӣ ҷавоб диҳад, барои ҳамин рафта, бо Андриёс маслиҳат мекунад. Он гоҳ ин ду расул ба назди Устодашон, ки, аз афташ, то ҳол дар маъбад аст, мераванд ва масъаларо ба вай мефаҳмонанд.
Исо медонад, ки баъди чанд рӯз кушта мешавад, барои ҳамин фикр мекунад, ки ҳоло вақти қонеъ кардани кунҷкобии одамон ё шӯҳрат ёфтан нест. Ӯ дар ҷавоб ба ин ду шогирдаш чунин мисоле меорад: «Вақти он расидааст, ки Писари одам ҷалол ёбад. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар донаи гандум ба замин афтода намирад, танҳо худаш мемонад, вале, агар бимирад, ҳосили фаровон меорад» (Юҳанно 12:23, 24).
Як донаи гандум ба назар ночиз метобад. Лекин, вақте он дар замин кошта мешавад ва гӯё мемирад, метавонад сабзад ва хӯша баста гандуми бисёр ба бор орад. Ба ин монанд, Исо низ ягона шахси комил аст. Лекин то дами марг ба Худо содиқ монда ӯ барои бисёр касоне, ки мисли худаш фидокоранд, ба сӯйи ҳаёти ҷовидона роҳ мекушояд. Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ ҷони худро азиз дорад, онро барбод медиҳад, вале ҳар кӣ дар ин ҷаҳон аз ҷони худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти ҷовидонӣ нигоҳ медорад» (Юҳанно 12:25).
Баъд ӯ давом медиҳад: «Ҳар касе, ки ба ман хизмат кардан хоҳад, бигзор маро пайравӣ намояд ва ҳар ҷое, ки ман бошам, хизматгори ман низ ҳамон ҷо хоҳад буд. Ҳар касе, ки ба ман хизмат кунад, Падар ӯро иззат хоҳад кард» (Юҳанно 12:26). Касоне, ки Падар онҳоро иззат мекунад, дар Подшоҳии осмон ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ мекунанд. Чӣ мукофоти пурарзише!
Исо медонад, ки бояд бисёр азоб кашад ва бо марги пурдард бимирад. Барои ҳамин ӯ мегӯяд: «Ҳоло ман дар изтироб ҳастам. Чӣ гӯям? Эй Падар, маро аз он чӣ дар пеш аст, наҷот деҳ». Лекин Исо ҳаргиз намехоҳад аз иҷрои хости Худо сар печад. Аз ин рӯ ӯ илова мекунад: «Аммо ман маҳз барои ҳамин омадаам» (Юҳанно 12:27). Бале, Исо тайёр аст нияти Худоро ба пуррагӣ иҷро кунад ва ҳатто марги пуразобро қабул дорад.