БОБИ 117
Хӯроки шоми Ҳазрат
МАТТО 26:21–29 МАРҚӮС 14:18–25 ЛУҚО 22:19–23 ЮҲАННО 13:18–30
ИСО ДАР БОРАИ ХИЁНАТКОР ГАП МЕЗАНАД
ИСО ШОМИ ЁДБУДАШРО ҶОРӢ МЕКУНАД
Ин бегоҳ каме пеш Исо пойҳои расулонро шуста ба онҳо дарси фурӯтаниро таълим дода буд. Акнун бошад, аз афташ, баъди хӯроки иди Раҳоӣ, ӯ пешгӯйии Довуд-пайғамбарро иқтибос меорад: «Ҳатто касе ки бо ман дӯст буд, ва аз ӯ дилпур будам, ва ӯ нони маро мехӯрд, пошнаи худро бар ман баланд кардааст». Баъд ӯ илова мекунад: «Яке аз шумо ба ман хиёнат мекунад» (Забур 40:10; Юҳанно 13:18, 21).
Инро шунида расулон ба якдигар менигаранд ва аз Исо мепурсанд: «Ҳазрат, ин ман нестам-а?» Ҳатто Яҳудои Исқарют ҳамин тавр мегӯяд. Петрус ба Юҳанно, ки назди Исо нишастааст, мегӯяд, ки аз Исо кӣ будани хоинро фаҳмад. Барои ҳамин Юҳанно рӯяшро сӯйи Исо гардонда, аз ӯ мепурсад: «Ҳазрат, ӯ кист?» (Матто 26:22; Юҳанно 13:25).
Исо дар ҷавоб мегӯяд: «Пораи нонро ба коса тар карда, ба касе, ки диҳам, ӯ ҳамон аст». Баъд ӯ нонро ба коса тар карда, ба дасти Яҳудо медиҳад ва мегӯяд: «Писари одам меравад, чи тавре ки дар борааш навишта шудааст, лекин вой бар ҳоли шахсе, ки ба ӯ хиёнат мекунад! Барои он шахс беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд» (Юҳанно 13:26; Матто 26:24). Дар ҳамин вақт Шайтон ба дили Яҳудо роҳ меёбад. Ин мард, ки дилу нияти нопок дорад, акнун худро пурра ба ихтиёри Шайтон месупорад ва хости ӯро иҷро мекунад. Ҳамин тавр, ӯ «писари ҳалокат» мешавад (Юҳанно 6:64, 70; 12:4; 17:12).
Исо ба Яҳудо мегӯяд: «Кореро, ки карданӣ ҳастӣ, тезтар кун». Аммо расулон гумон мекунанд, ки, азбаски қуттии пул дар дасти Яҳудо мебошад, Исо ба ӯ гуфтанӣ аст, ки «чизҳои барои ид лозимаро харад ё ба камбағалон чизе диҳад» (Юҳанно 13:27–30). Яҳудо бошад, аз он ҷо меравад, то Исоро ба дасти душманон супорад.
Ҳамон шабе, ки иди Раҳоӣ баргузор мешавад, Исо маросими наверо ҷорӣ месозад. Ӯ нонро гирифта, шукргузорӣ мекунаду онро пора намуда, ба шогирдонаш медиҳад ва мегӯяд: «Ин рамзи бадани ман аст, ки барои шумо қурбон карда мешавад. Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (Луқо 22:19). Расулон пораҳои нонро даст ба даст дода, ҳар яке аз он мехӯранд.
Акнун Исо пиёлаи шаробро гирифта, дуои шукргузорӣ мегӯяд ва ба шогирдон медиҳад. Ҳар яки онҳо аз шароб менӯшад. Исо бошад, дар бораи пиёлаи шароб мегӯяд: «Ин пиёла рамзи аҳди нав аст дар асоси хуни ман, ки барои шумо рехта мешавад» (Луқо 22:20).
Ҳамин тавр Исо ёдбуди марги худро барқарор мекунад, ки онро пайравонаш бояд ҳар сол рӯзи 14-уми нисон қайд кунанд. Ин ба хотири онҳо кореро меорад, ки Яҳува Худо ва Писари Ӯ барои одамонро аз банди гуноҳу марг раҳонидан кардаанд. Иди Раҳоӣ, бешак, барои яҳудиён аҳамияти калон дошт. Аммо ёдбуди марги Масеҳ барои тамоми инсоният аҳамияти аз ин ҳам зиёдтаре дорад, чунки ба воситаи марги Исо одамони имондор соҳиби озодии абадӣ мешаванд.
Исо мегӯяд, ки хуни ӯ «барои бахшида шудани гуноҳҳои бисёриҳо рехта мешавад». Дар байни касоне, ки чунин бахшоишро соҳиб мешаванд, расулони вафодори Исо ва баъзеи дигар пайравони боимони ӯ ҳастанд. Онҳо ҳамроҳи Исо дар Подшоҳии Падараш ҳукмронӣ мекунанд (Матто 26:28, 29).