ДАРСИ 6
Ҳаёт чӣ тавр пайдо шуд?
«Худои мо, Яҳува... ту ҳама чизро офаридаӣ» (Ошкорсозӣ 4:11). Шумо ба ин бовар доред? Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳаёт худ аз худ пайдо шудааст. Агар ин хел бошад, пас, ҳамаи мо низ худ аз худ пайдо шудаем. Лекин, агар ҳама чизро Худо офарида бошад, пас, ӯ инро бо мақсади муайян кардааст, ҳамин хел не?a Биёед фаҳмем, ки Китоби Муқаддас дар бораи пайдоиши ҳаёт чӣ мегӯяд ва чаро ин гуфтаҳо аз рӯйи мантиқанд.
1. Замин ва ситораҳо чӣ тавр пайдо шуданд?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дар аввал Худо осмон ва заминро офарид» (1 Мӯсо 1:1). Аксари олимон эътироф мекунанд, ки коинот аввал дошт. Худо коинотро чӣ тавр офарид? Ӯ ҳама чизро, аз ҷумла ситораҳову сайёраҳоро, бо «рӯҳи» худ, яъне қуввааш, ба вуҷуд овард (1 Мӯсо 1:2).
2. Худо заминро бо кадом мақсад офарид?
«Офарандаи замин... онро на беҳуда, балки барои зист офаридааст» (Ишаъё 45:18). Худо дар замин ҳама шароитро муҳайё кард, то одамизод абадан бароҳат зиндагӣ кунад. (Ишаъё 40:28; 42:5-ро хонед.) Олимон фаҳмиданд, ки замин аз дигар сайёраҳо бакуллӣ фарқ мекунад. Онҳо ба хулоса омаданд, ки ғайр аз замин дигар дар ягон сайёра барои зисту зиндагонии инсон шароити мувофиқ нест.
3. Одамон аз ҳайвонот чӣ фарқ доранд?
Баъди офаридани замин Яҳува мавҷудоти зиндаро офарид. Аввал ӯ наботот ва ҳайвонотро офарид. Сипас «Худо одамро ба сурати худ офарид». (1 Мӯсо 1:27-ро хонед.) Одамизод аз дигар офаридаҳо чӣ фарқ дорад? Азбаски мо ба сурати Худо офарида шудаем, хислатҳои ӯро, масалан, муҳаббату адолатро, дороем. Инчунин Худо ба мо қобилият додааст, ки забон омӯзем ва аз мусиқиву чизҳои зебо ҳаловат барем. Илова бар ин, мо, одамон, Офаридгори худро ибодат карда метавонем.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Далелу исботи онро дида бароед, ки ҳаёт офарида шудааст ва чаро ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи офариниш бовар кардан мумкин аст. Инчунин фаҳмед, ки хислатҳои инсон дар бораи Худо чиро ошкор мекунанд.
4. Ҳаёт офарида шудааст
Одамон табиатро мушоҳида карда, аз рӯйи он чизеро ихтироъ мекунанду машҳур мешаванд. Лекин барои офаридани табиат кӣ сазовори ситоиш аст? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Одамон табиатро мушоҳида карда, чиро ихтироъ кардаанд?
Ҳар хона созандае дорад. Вале табиати гирду атрофро кӣ сохтааст? Ибриён 3:4-ро хонед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:
Дар табиати гирду атроф шуморо чӣ ба ҳайрат меорад?
Оё ба офарида шудани замину осмон бовар кардан аз рӯйи ақлу хирад аст? Фаҳмонед.
Оё шумо медонистед?
Дар ин мавзуъ шумо аз jw.org, аз бахшҳои «Оё ин худ аз худ пайдо шудааст?» ва «Ақидаи одамон дар бораи пайдоиши ҳаёт», мақолаву видеоҳоро ёфта метавонед.
«Бешубҳа, ҳар хона созандае дорад, созандаи ҳама чиз бошад, Худост»
5. Гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи офариниш ҳаққанд
Дар боби яки китоби якуми Мӯсо дар бораи чӣ тавр офарида шудани замин ва ҳаёт гуфта шудааст. Шумо ба ин гуфтаҳо бовар доред ё, ба фикратон, он танҳо афсона аст? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Оё Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки замин ва ҳаёт ба маънои аслӣ дар шаш шабонарӯз офарида шудаанд?
Ба фикратон, гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи офариниш аз рӯйи мантиқанд? Фаҳмонед.
1 Мӯсо 1:1-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Олимон мегӯянд, ки коинот ҳамеша вуҷуд надошт, балки оғоз дошт. Оё ин ақида бо суханони ояти боло мувофиқ аст?
Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки Худо ҳаётро ба воситаи эволютсия офаридааст. Ба ақидаи онҳо, Худо як ҳуҷайраи одиро сохтааст, ки баъдтар аз он дигар мавҷудоти зинда пайдо шуд. 1 Мӯсо 1:21, 25, 27-ро хонед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:
Оё дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо як ҳуҷайраи одиро сохтааст ва аз он баъдтар тамоми мавҷудоти зинда ба вуҷуд омадаанд? Ё ин ки Худо ҳама чизро мувофиқи «ҷинсашон» офаридааст?b
6. Худо одамизодро ба таври аҷоиб офаридааст
Мо, одамон, аз ҳайвонот фарқ мекунем. 1 Мӯсо 1:26-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Ба сурати Худо офарида шудан ва меҳрубону раҳмдил буданамон дар бораи Худо чиро ошкор месозад?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи офариниш ақидаи куҳна аст».
Шумо дар ин бора чӣ фикр доред ва чаро?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Замину осмон ва ҳаётро Яҳува офаридааст.
Такрор
Китоби Муқаддас дар бораи пайдоиши коинот чӣ мегӯяд?
Оё ҳар гуна мавҷудоти зинда аз як ҳуҷайраи одӣ ба вуҷуд омадааст ё ҳама чизро Худо офаридааст?
Инсон аз дигар мавҷудоти зинда чӣ фарқ дорад?
ДИДА БАРОЕД
Офаридаҳоро, ки аз вуҷуд доштани Офаридгор дарак медиҳанд, мушоҳида кунед.
«Мо аз табиат чӣ меомӯзем?» («Бедор шавед!», сентябри с. 2006)
Падар ба писараш назари Китоби Муқаддасро ба офариниш мефаҳмонад.
Фаҳмед, ки оё назарияи эволютсия ба Китоби Муқаддас мувофиқ меояд.
«Оё Худо барои офаридани мавҷудоти зинда эволютсияро ба кор бурд?» (Мақола аз сомона)
Устухонҳои бозёфтшуда ва санҷишҳои илмӣ аз чӣ шаҳодат медиҳанд: аз он ки ҳаёт офарида шудааст ё худ аз худ пайдо шудааст? Ҷавоби ин саволро аз ин китобча фаҳмед.
b Калимаи «ҷинс» дар Китоби Муқаддас ба маънои васеъ истифода шудааст.