ДАРСИ 22
Чӣ тавр шумо хушхабарро расонда метавонед?
Ҳақиқати Каломро фаҳмида, шумо, шояд, гӯед: «Дигарон низ бояд инро фаҳманд». Бале, ҳар як шахс бояд ин хабарро шунавад! Вале, эҳтимол, ба шумо осон нест, ки ба дигарон дар бораи чизи омӯхтаатон нақл кунед. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр шумо бар тарсу ҳаяҷон ғолиб омада, бо хурсандӣ хабари хушро расонда метавонед.
1. Чӣ тавр шумо чизҳои фаҳмидаатонро ба дигарон нақл карда метавонед?
Шогирдони Исо гуфта буданд: «Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем» (Корнома 4:20). Он шогирдон дониши ростиро чунон қадр мекарданд, ки мехостанд онро ба шумораи ҳар чӣ бештари одамон расонанд. Оё шумо низ чунин хоҳиш доред? Агар ҳа, пас, имконият ҷуста чизҳои фаҳмидаатонро ба аҳли хонавода ва дӯстонатон бо эҳтиром нақл кунед. (Қӯлассиён 4:6-ро хонед.)
Роҳҳои сар кардани суҳбат
Вақте ба ягон хешатон дар бораи ҳақиқати Каломи Худо нақл карданӣ мешавед, гапро ин тавр сар карда метавонед: «Ман як чизи аҷоибро фаҳмидам».
Ба дӯстатон, ки бемор аст ё ягон хавотирӣ дорад, ояти тасаллибахшеро хонед.
Вақте ҳамкоратон мепурсад, ки дар рӯзҳои истироҳат чӣ хел дам гирифтед, ягон фикрро аз омӯзиши Китоби Муқаддас ё вохӯрии ҷамоат нақл кунед.
Ба дӯстонатон сомонаи jw.org-ро нишон диҳед.
Ягон шиносатонро ба омӯзиши худ даъват кунед ё нишон диҳед, ки чӣ тавр ӯ дар сомонаи jw.org омӯзиш дархост карда метавонад.
2. Чаро бо аҳли ҷамоат паёми Худоро паҳн кардан муҳим аст?
Шогирдони Исо на танҳо ба шиносони худ хабари хушро мерасонданд. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки Исо «онҳоро дунафарӣ пешопеши худ ба ҳар шаҳр... фиристод» (Луқо 10:1). Бо ин кори дастҷамъона одамони бисёр хушхабарро шуниданд. Ғайр аз ин, якҷоя хизмат кардан ба шогирдон хурсандии зиёд овард (Луқо 10:17). Оё шумо низ метавонед мақсад монед, ки бо бародару хоҳарон ҳамкорӣ кунед?
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр тарсу ҳаяҷонро бартараф карда, аз хизмат хурсандӣ гирифта метавонед.
3. Яҳува ба шумо кумак мекунад
Баъзеҳо хушхабарро расондан мехоҳанд, лекин хавотиранд, ки дар хизмат ба хато роҳ медиҳанд, ё аз муносибати бади одамон метарсанд.
Оё шумо аз нақл кардани хушхабар метарсед? Сабабашро фаҳмонед.
ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.
Чӣ тавр ин воизони ҷавон бар тарсашон ғолиб омаданд?
Ишаъё 41:10-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Вақте дар хизмат шуморо тарс фаро мегирад, чаро дуо гуфтан даркор аст?
Оё шумо медонистед?
Бисёр Шоҳидони Яҳува пеш фикр мекарданд, ки ҳеҷ гоҳ ба дигарон хушхабарро гап зада наметавонанд. Бародар Сергей яке аз онҳост. Ӯ шармгину одамгурез буд, барои ҳамин бо дигарон гап задан барояш осон набуд. Вақте ӯ омӯзишро сар кард, баъди якчанд вақт гуфт: «Ба тарсам нигоҳ накарда ман ба дигарон дар бораи чизҳои фаҳмидаам нақл кардан гирифтам. Ман ҳайрон шудам, ки чӣ тавр дилпурона гап мезанам. Ҳамчунин пай бурдам, ки ба дигарон дар бораи эътиқодам нақл кардан имони худамро қавитар мегардонд».
4. Бо эҳтиром гап занед
Дар хизмат на танҳо чӣ гуфтан, балки чӣ хел гап заданатонро низ фикр кунед. 2 Тимотиюс 2:24 ва 1 Петрус 3:15-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Чӣ тавр ҳангоми хушхабарро расондан маслиҳати ин оятҳоро ба кор бурда метавонед?
Шояд, баъзе дӯстон ё наздиконатон бо эътиқоди шумо розӣ нашаванд. Дар ин ҳол шумо чӣ кор мекунед ва чӣ кор набояд кунед?
Чаро ба ҷойи бо онҳо баҳсу мунозира кардан беҳтар аст, ки бо эҳтиром гап занед?
5. Паҳн кардани хушхабар хурсандӣ меорад
Яҳува ба Исо супориш дод, ки хушхабарро паҳн кунад. Исо ба ин супориш чӣ гуна назар дошт? Юҳанно 4:34-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Хӯроки фоиданок барои ҳаёти инсон ва хушбахтии ӯ муҳим аст. Чаро Исо иҷро кардани хости Худо, аз ҷумла паҳн кардани хушхабарро, ба хӯрдани хӯрок монанд кард?
Расондани хушхабар чӣ гуна хурсандиҳо меорад?
Маслиҳатҳо
Дар вохӯрии миёнаи ҳафта аҳамият диҳед, ки бо кадом роҳҳо суҳбатро сар кардан мумкин аст.
Аз омӯзгоратон пурсед, ки чӣ тавр шумо дар вохӯрии миёнаи ҳафта бо супоришҳо баромад карда метавонед. Ин супоришҳо ба шумо ёрдам мекунанд, ки роҳу равиши расондани хушхабарро ёд гиред.
Бахши «Баъзеҳо мегӯянд» ё «Баъзеҳо мепурсанд»-и ин китобро истифода бурда, фикр кунед, ки чӣ тавр шумо ба саволу норозигиҳои одамон ҷавоб дода метавонед.
БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Чӣ кор карда гаштӣ? Чӣ навигариҳо?»
Чӣ тавр шумо аз фурсат истифода бурда, ба шиносатон чизҳои аз Калом фаҳмидаатонро нақл карда метавонед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Дар бораи хушхабар ба дигарон гап задан хурсандӣ меорад. Вақте шумо суҳбатро сар мекунед, мефаҳмед, ки ин кор назар ба оне, ки гумон мекардед, осонтар аст.
Такрор
Чаро ба дигарон хушхабарро расондан муҳим аст?
Чӣ тавр шумо бо эҳтиром суҳбат карда метавонед?
Чӣ тавр шумо барои расондани паёми Худо тарсу ҳаяҷонро аз худ дур карда метавонед?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр корти jw.org-ро истифода бурда, бо чор роҳи осон ба дигарон дар бораи хушхабар гап задан мумкин аст.
Аҳамият диҳед, ки кадом чор хислат ба шумо кумак карда метавонад, ки хушхабарро расонед.
«Оё шумо барои “сайёди одамон” шудан тайёред?» («Бурҷи дидбонӣ», сентябри с. 2020)
Бинед, ки чӣ тавр намунаи духтарчае аз Китоби Муқаддас ба хурду калон далерӣ мебахшад, ки хушхабарро гап зананд.
Фаҳмед, ки чӣ тавр шумо ба аҳли оилаатон аз Каломи Худо гап зада метавонед.
«Ба ҳақиқат ҷалб намудани хешовандони ҳамимоннабуда» («Бурҷи дидбонӣ», 15 марти с. 2014)