Яҳува ошкор мекунад, ки «ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд»
«Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд» (ВАҲЙ 1:1).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Кадом қисмҳои ҳайкали бузург давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрикоро тасвир мекунанд?
Чӣ тавр Юҳанно муносибат байни давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрико ва Созмони Миллали Муттаҳидро тасвир мекунад?
Чӣ тавр Дониёл ва Юҳанно хотима ёфтани ҳокимияти инсониро тасвир намуданд?
1, 2. а) Пешгӯиҳои Дониёл ва Юҳанно ба мо чӣ имконият медиҳанд? б) Шаш сари аввали ҳайвони ваҳшӣ чиро тасвир мекунад?
ПЕШГӮИҲОИ Дониёл ва Юҳанно бо ҳам мувофиқ буда, ба мо имкон медиҳанд, ки маънои бисёр воқеаҳои ҷаҳонии имрӯза ва ояндаро бифаҳмем. Рӯъёи Юҳанноро оиди ҳайвони ваҳшии ҳафткалла ва рӯъёи Дониёлро оиди ҳайвони даҳшатангези даҳшоха ва ҳамчунин рӯъё оиди ҳайкали бузургро бо ҳам муқоиса карда, мо чиро меомӯзем? Ва ин пешгӯиҳо моро бояд ба чӣ барангезанд?
2 Биёед ба рӯъёе, ки Юҳанно оиди ҳайвони ваҳшӣ дид, диққат диҳем (Ваҳй, боби 13). Чӣ хеле ки мо аз мақолаи гузашта фаҳмидем, шаш сари аввали ҳайвон — Миср, Ашшур, Бобил, Модаю Форс, Юнон ва Румро тасвир мекунад. Ҳамаи онҳо ба насли зан нафрат доштанд (Ҳас. 3:15). Баъди навишта шудани рӯъёи Юҳанно сари шашум — империяи Рум, дар тӯли асрҳо чун қувваи сиёсии пурқудрат амал мекард. Оқибат сари ҳафтум ҷои Румро мегирад. Сари ҳафтум кадом давлати абарқудрати ҷаҳониро тасвир мекунад ва ин давлат ба насли зан чӣ тавр муносибат хоҳад кард?
БРИТОНИЁ ВА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДДАИ АМРИКО ҚУДРАТ ПАЙДО МЕКУНАНД
3. Ҳайвони даҳшатангези даҳшоха чиро тасвир мекунад ва даҳ шохи он чиро дар бар мегирад?
3 Агар мо рӯъёи Юҳанноро оиди ҳайвони ваҳшӣ, ки дар Ваҳй боби 13 омадааст бо рӯъёи Дониёл оиди ҳайвони даҳшатангези даҳшоха муқоиса кунем, мо сари ҳафтуми ҳайвони ваҳширо муайян карда метавонемa. (Дониёл 7:7, 8, 23, 24–ро бихонед.) Ҳайвонеро, ки Дониёл дар хоб дид, давлати абарқудрати ҷаҳонии Румро тасвир мекунад. (Ба ҷадвали саҳ. 8, 9 нигаред.) Дар асри V эраи мо империяи Рум ба давлатҳои майда тақсим шудан гирифт. Даҳ шохе, ки аз ин сари ҳайвони даҳшатангез баромад ҳокимиятҳоеро тасвир мекунад, ки аз ин империя пайдо шуданд.
4, 5. а) Шохи майда чӣ кор кард? б) Сари ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ чиро тасвир мекунад?
4 Аз ин шохҳо ё ҳокимиятҳо, ки аз сари ҳайвони даҳшатангез мебароянд, чортояш махсусан қайд карда шудааст. «Шохи... майда» се шохро решакан кард. Ин дар замоне рӯй дод, ки Бритониё (Англия), ки қисми майдаи империяи Рум буд, бузург гашт. То асри 17 Бритониё на он қадар пурқудрат буд. Се минтақаи собиқи империяи Рум — Испания, Нидерландия ва Фаронса — назар ба Бритониё бузургтар буданд. Аммо Бритониё ин давлатҳоро паи ҳам мағлуб кард ва онҳоро аз шӯҳраташон маҳрум сохт. Дар нимаи асри 18, Бритониё барои дар арсаи ҷаҳон давлати абарқудрат гаштан, шурӯъ намуд. Аммо Бритониё ҳанӯз сари ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ нагашта буд.
5 Гарчанд Бритониё назар ба дигар давлатҳо бузургтар буд, лекин минтақаҳои забткардааш, ки дар Амрикои Шимолӣ воқеъ буданд аз он ҷудо шуданд. Ин минтақаҳо худро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон карданд. Бритониё барои қавитар гаштани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико монеа намешуд, баръакс онро аз тарафи қувваҳои баҳрӣ муҳофизат мекард. Вақте ки рӯзи Худованд соли 1914 оғоз шуд, Бритониё аллакай дар таърихи инсоният империяи бузургтарин гашта буд ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам, дар ҷаҳон давлати бузурги саноатӣ гаштb. Дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Бритониёи Кабир ҳамкории зичро сар кард. Ин ҳамкории зич ба он оварда расонд, ки ин ду давлат чун як давлати абарқудрати ҷаҳонӣ — Англо–Амрико гашт. Маҳз дар ҳамон вақт ин давлати абарқудрати ҷаҳонӣ сари ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ гашт. Ин сари ҳафтум нисбати насли зан чӣ тавр муносибат мекард?
6. Сари ҳафтум ба халқи Худо чӣ тавр муносибат карда буд?
6 Чанде пас аз оғози рӯзи Худованд, сари ҳафтум ба халқи Худо, яъне боқимондаи бародарони Масеҳ, ки дар замин буданд, ҳуҷум кард (Мат. 25:40). Исо нишон дод, ки дар вақти ҳузур доштанаш боқимондаи насли зан дар замин фаъолона хизмат хоҳад кард (Мат. 24:45–47; Ғал. 3:26–29). Давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрико ба ин муқаддасон ҳуҷум намуд (Ваҳй 13:3, 7). Дар айёми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ин давлати абарқудрат халқи Худоро ба танг оварда буд, ба баъзе адабиётҳояшон қарори манъ баровард ва намояндагони ғуломи мӯътамадро ҳабс кард. Сари ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ қариб буд, ки кори мавъизаро нобуд созад. Яҳува оиди ин ҳодиса пешакӣ медонист ва онро ба Юҳанно ошкор намуд. Лекин Худо ҳамчунин ба Юҳанно гуфт, ки қисми дуюмдараҷаи насл аз нав кори рӯҳониро сар хоҳад кард, гӯё аз нав зинда хоҳад шуд (Ваҳй 11:3, 7–11). Таърихи имрӯзаи ходимони Яҳува иҷро шудани ин воқеаҳоро тасдиқ мекунад.
ДАВЛАТИ АБАРҚУДРАТИ ҶАҲОНИИ АНГЛО–АМРИКО ВА ПОЙҲОИ ОҲАНИН ВА ГИЛИН
7. Байни сари ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали бузург чӣ алоқамандие вуҷуд дорад?
7 Байни сари ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали бузург чӣ алоқамндие вуҷуд дорад? Бритониё аз империяи Рум пайдо шуд ва гуфтан мумкин аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ба шарофати Бритониё аз империяи Рум пайдо шуд. Аммо дар бораи қисми поёнии пой, яъне аз буҷулак то ангуштони пои ҳайкал чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо чун омехтаи оҳан ва гил тасвир шудаанд. (Дониёл 2:41–43-ро бихонед.) Тасвири буҷулак ва ангуштони пои ҳайкал ба вақти абарқудрат гаштани сари ҳафтум, яъне давлати ҷаҳонии Англо–Амрико ишора мекунад. Чӣ тавре ки омехтаи оҳану гил аз оҳани холис заифтар аст, ҳамин тавр давлати ҷаҳонии Англо–Амрико назар ба империяи Рум заифтар мебошад. Ин чӣ тавр рӯй дод?
8, 9. а) Чӣ тавр давлати абарқудрати ҷаҳонии ҳафтум хусусиятҳои оҳанмонандро нишон дод? б) Гил чиро тасвир мекунад?
8 Баъзан сари ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ хусусиятҳои оҳанмонандро нишон медод. Масалан, он дар вақти Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ғолиб баромад. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ низ қудрати оҳанмонанди сари ҳафтум аён шудc. Баъди ин ҷанг ҳам, сари ҳафтум хусусиятҳои ба оҳан хосро зоҳир менамуд. Аммо ин оҳан аз аввал бо гил омехта буд.
9 Муддати дароз аст, ки ходимони Яҳува маънои ангуштону буҷулаки пои ҳайкалро фаҳмидан мехостанд. Омехтаи оҳану гил, ки дар Дониёл 2:41 омадааст, на мамлакатҳои зиёдро дар назар дорад, балки танҳо як «мамлакат»–ро. Барои ҳамин, гил элементҳоеро тасвир мекунад, ки дар давлати ҷаҳонии Англо–Амрико вуҷуд дошта, онро суст мегардонад. Аз ин сабаб, ин давлати ҷаҳонӣ назар ба империяи Рум, ки чун соқҳои оҳанин тасвир шудааст, сустар мебошад. Дар пешгӯии Дониёл гил «насли одам» ё одамони оддиро тасвир мекунад (Дон. 2:43). Дар давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрико одамон барои ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, истиқлолият ва барои дар ҷои кор ҳуқуқҳои зиёдтар доштан мубориза мебаранд. Одамони оддӣ намегузоранд, ки давлати ҷаҳонии Англо–Амрико мисли оҳан қудрат дошта бошад. Ҳамчунин одамон оиди сиёсат ақидаҳои гуногун доранд ва ҳатто агар ягон роҳбар дар интихобот назар ба рақибонаш бо фоизи зиёдтар ғолиб барояд ҳам, барои иҷрои ваъдаҳояш ӯро тамоми ҷомеа дастгирӣ намекунад. Дониёл пешгӯӣ кард: «Ин салтанат қисман қавӣ ва қисман зудшикан хоҳад буд» (Дон. 2:42; 2 Тим. 3:1–3).
10, 11. а) Бо буҷулаку ангуштони пои ҳайкал чӣ мешавад? б) Мо дар бораи шумораи ангуштони пой ба чӣ хулоса омада метавонем?
10 Дар асри 21 Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам ҳамкории махсусро давом доданд ва бисёр вақт дар корҳои ҷаҳонӣ якҷоя амал мекунанд. Пешгӯиҳо оиди ҳайкали бузург ва ҳайвони ваҳшӣ тасдиқ мекунанд, ки давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрикоро ягон давлати ҷаҳонии дигар иваз намекунад. Гарчанд ин охирин давлати абарқудрати ҷаҳонӣ аз он давлате, ки чун оҳан тасвир шудааст заифтар бошад ҳам, лекин он худ аз худ нест намешавад.
11 Оё шумораи ангуштони ҳайкали бузург ягон маъно дорад? Биёед инро дида бароем. Дар дигар рӯъёҳо Дониёл ба шумораи шохҳои ҳайвонҳои гуногун диққати махсус медиҳад. Дар ин рӯъёҳо қайд кардани шумораи аниқ муҳим буд. Аммо ҳангоми тасвир кардани ҳайкали бузург Дониёл оиди шумораи ангуштони пои ҳайкал ягон маълумот намедиҳад. Аз ин бармеояд, ки шумораи ангуштони пой мисли шумораи дастону чилики дастон ва шумораи пойҳо ягон чизро тасвир намекунад. Аммо Дониёл ба як чиз диққати махсус дод, яъне ба он ки ангуштони пой аз оҳану гил сохта шудаанд. Аз ин мо ба хулоса омада метавонем, ки вақте «санг», яъне Салтанати Худо бар буҷулак ва ангуштони пои ҳайкали бузург зарба мезанад, он вақт Англо–Амрико ягона давлати абарқудрати ҷаҳонӣ хоҳад буд (Дон. 2:45).
АНГЛО–АМРИКО ВА ҲАЙВОНИ ВАҲШИИ ДУШОХА
12, 13. Ҳайвони ваҳшии душоха чиро тасвир менамояд ва он чӣ кор мекунад?
12 Гарчанд давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрико омехтаи оҳану гил мебошад, рӯъёҳое, ки Исо ба Юҳанно дод, нишон медиҳанд, ки ин давлати абарқудрати ҷаҳонӣ дар рӯзҳои охир иҷро кардани нақши махсусро давом медиҳад. Чӣ тавр? Юҳанно рӯъёе мебинад, ки дар он ҳайвони ваҳшии душохае мисли аждаҳо сухан мегуфт. Ин ҳайвони ғайриоддӣ чиро тасвир мекунад? Ин ҳайвон ду шох дорад, барои ҳамин ин ду шох ду давлатеро, ки бо ҳам зич ҳамкорӣ мекунанд тасвир менамояд. Юҳанно аз нав давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрикоро мебинад, аммо дар ин маврид ин давлати абарқудрат нақши махсусро иҷро мекунад. (Ваҳй 13:11–15-ро бихонед.)
13 Ин ҳайвони душоха ба сохтани пайкари ҳайвони ваҳшӣ мусоидат мекунад. Юҳанно навишт, ки пайкари ҳайвони ваҳшӣ аввал пайдо мешавад, сипас нопадид мегардад ва боз аз нав пайдо мешавад. Ин се ҳолат маҳз бо созмоне рӯй дод, ки он аз тарафи Англо–Амрико ташкил карда шуд ва мақсадаш муттаҳид намудани давлатҳои ҷаҳонӣ ва онҳоро намояндагӣ кардан астd. Ин созмон баъди Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ташкил шуд ва чун Лигаи халқҳо шинохта шуд. Бо саршавии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ин созмон нопадид гашт. Дар давоми ин ҷанг халқи Худо эълон намуд, ки мувофиқи пешгӯии Ваҳй пайкари ҳайвони ваҳшӣ аз нав пайдо хоҳад шуд. Ва он созмон баъдтар чун Созмони Миллали Муттаҳид аз нав ташкил шуд (Ваҳй 17:8).
14. Ба кадом маъно пайкари ҳайвони ваҳшӣ подшоҳи «ҳаштум» номида шудааст?
14 Юҳанно пайкари ҳайвонро, чун подшоҳи «ҳаштум» тасвир мекунад. Ӯ ба кадом маъно пайкарро подшоҳ меномад? Ин подшоҳ чун сари ҳаштуми ҳайвони ваҳшии аввал тасвир карда нашудааст. Ин подшоҳ танҳо пайкари он ҳайвон мебошад. Ҳар қудрате ки ин подшоҳ дорад аз халқҳои аъзошудаи он меояд, махсусан аз ташкилкунандаи асосӣ, яъне давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрико (Ваҳй 17:10, 11). Юҳанно ин пайкарро аз он сабаб подшоҳ меномад, чунки ин созмон, яъне Созмони Миллали Муттаҳид қудратеро ба даст меорад, ки бо иҷрои вазифаи махсус ба тамоми ҷаҳон таъсир хоҳад кард.
ПАЙКАРИ ҲАЙВОН ФОҲИШАРО НОБУД МЕКУНАД
15, 16. Фоҳиша чиро тасвир мекунад ва бо он имрӯз чӣ рӯй дода истодааст?
15 Юҳанно дар рӯъё фоҳишаеро мебинад, ки бар болои ҳайвони ваҳшии арғувонӣ, яъне бар пайкари ҳайвони ваҳшӣ нишаста, онро роҳнамоӣ мекунад. Номи ин фоҳиша «Бобили бузург» аст (Ваҳй 17:1–6). Ин фоҳиша маънои тамоми динҳои дурӯғро дорад, ки қисми асосии он калисоҳои масеҳиро ташкил медиҳанд. Ташкилотҳои динӣ пайкари ҳайвонро ба таври оммавӣ болобардор мекунанд, баракат медиҳанд ва мекӯшанд, ки ба он таъсир расонанд.
16 Бобили бузург тавре тасвир шудааст, ки бар рӯи «обҳо» нишаста аст. Обҳо одамонеро тасвир мекунанд, ки Бобили бузургро дастгирӣ менамоянд. Аммо дар давоми рӯзи Худованд одамон ин фоҳишаро дигар мисли пештара дастгирӣ намекунанд. Ин ба хушк шудани об монандӣ дорад (Ваҳй 16:12; 17:15). Масалан, вақте ки пайкари ҳайвон якум бор пайдо шуд калисоҳои масеҳӣ, ки қисми асосии Бобили бузург мебошанд, дар давлатҳои Ғарб таъсири хеле зиёд доштанд. Имрӯз калисоҳо ва хизматгорони онҳо ҳурмату дастгирии мардуми зиёдро аз даст дода истодаанд. Дар асл, бисёриҳо боварӣ доранд, ки дин ба ихтилофот мусоидат мекунад ё сабабгори он аст. Ҳатто баъзеҳо ба таври оммавӣ мегӯянд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тамоми динҳоро решакан кунад.
17. Бо дини дурӯғин чӣ рӯй медиҳад ва чаро?
17 Оқибати динҳои дурӯғин назар ба вазъияти пажмурдашудаистодаи имрӯза бадтар хоҳад шуд. Фоҳиша боз муддате пурзӯр монда ба он мекӯшад, ки подшоҳон ҳар хоҳиши вайро иҷро кунанд. Аммо ба қарибӣ Худо дар дили подшоҳон фикреро меандозад то иродаи Ӯро иҷро намоянд. (Ваҳй 17:16, 17–ро бихонед.) Яҳува қувваҳои сиёсии шайтониро, ки намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид мебошанд, бармеангезад, ки бар динҳои дурӯғин ҳамла оранд. Ин фоҳиша қувваҳои сиёсӣ, яъне давлатҳоро дигар идора карда наметавонад ва онҳо ҳамаи боигариашро толону тороҷ мекунанд. Аксари одамон бист–сӣ сол пеш гумон мекарданд, ки дин сазовори ҳурмат хоҳад монд ва таъсири худро гум намекунад. Имрӯз бошад вазъият тағйир ёфта истодааст. Ин фоҳиша таъсири худро оҳиста–оҳиста гум карда истодааст, лекин вайро оқибати аз ин ҳам бадтар интизор аст. Он ногаҳон несту нобуд карда мешавад (Ваҳй 18:7, 8, 15–19).
ҲАЙВОНҲО НОБУД КАРДА МЕШАВАНД
18. а) Ҳайвони ваҳшӣ чӣ кор хоҳад кард ва дар натиҷа чӣ рӯй хоҳад дод? б) Мувофиқи Дониёл 2:44 Салтанати Худо кадом ҳукуматҳои инсониро несту нобуд мекунад? (Ба чорчӯбаи саҳ. 13 нигаред.)
18 Баъд аз нобудшавии дини дурӯғин, ҳайвони ваҳшӣ, ки қувваи заминии сиёсии Шайтон аст водор карда мешавад, то ба халқи Худо ҳамла орад. Азбаски подшоҳон ба макони Салтанати Худо расида наметавонанд, хашми худро бар тарафдорони заминии Салтанати Худо мерезанд. Бо ин ҷанги охирини Худо сар мешавад (Ваҳй 16:13–16; 17:12–14). Дониёл оиди ин ҷанги охирин як чизро ошкор намуд. (Дониёл 2:44–ро бихонед.) Ҳайвони ваҳшии ҳафткалла, ки дар Ваҳй 13:1 омадааст, пайкари он ва ҳам ҳайвони душоха несту нобуд карда мешаванд.
19. Мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем ва айнан ҳозир бояд чӣ кор кунем?
19 Мо дар рӯзҳои ҳукмронии сари ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ зиндагӣ дорем. То нобудшавии ҳайвони ҳафткалла аз вай ягон сари нави дигаре пайдо нахоҳад шуд. Ҳангоми нобуд кардани дини дурӯғин Англо–Амрико чун давлати абарқудрати ҷаҳонӣ хоҳад монд. Пешгӯиҳои Дониёл ва Юҳанно бо тамоми ҷузъиёташон иҷро шуданд. Мо боварӣ дошта метавонем, ки нобудшавии дини дурӯғин ва ҷанги Ҳармиҷидӯн наздик аст. Худо ин маълумотро ба мо пешакӣ ошкор намуд. Оё мо ба огоҳиҳое, ки дар ин пешгӯиҳо омадаанд диққат медиҳем? (2 Пет. 1:19). Ҳозир айнан вақти он аст, ки мо тарафдори Яҳува бошем ва Салтанати Ӯро дастгирӣ намоем (Ваҳй 14:6, 7).
[Эзоҳҳо]
a Дар Китоби Муқаддас рақами даҳ бисёр вақт ба гурӯҳи бутун ишора мекунад. Дар ин маврид даҳ шох ҳамаи ҳокимиятҳоеро дар назар дорад, ки аз империяи Рум баромаданд.
b Нигоҳ накарда ба он ки Англия ва Амрико дар асри 18 вуҷуд доштанд онҳо ҳоло сари ҳафтуми ҳайвони ваҳширо ташкил намекарданд. Лекин рӯъёе, ки Юҳанно дид, нишон медиҳад, ки дар оғози рӯзи Худованд ин ду давлат чун давлати абарқудрати ҷаҳонӣ амал мекунанд. Дар асл, рӯъёҳои китоби Ваҳй дар айёми «рӯзи Худованд» иҷро мешаванд (Ваҳй 1:10). Аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ сар карда Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо якҷоягӣ чун як давлати абарқудрати ҷаҳонии Англо–Амрико амал мекунанд.
c Дониёл пешгӯӣ намуд, ки ин подшоҳ дар давоми ин ҷанг харобиҳои сахтро хоҳад овард. Ӯ навишт: «Харобиҳои аҷибе [даҳшатангезро] ба амал хоҳад овард» (Дон. 8:24). Масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду бомбаи атомиро бар зидди душмани Англо–Амрико истифода бурда, харобиҳои даҳшатангез ба вуҷуд овард, ки то он вақт дар таърих чунин рӯй надода буд.
d Ба китоби «Ваҳй — авҷи азими он наздик аст!» (рус.), саҳ. 240, 241, 253 нигаред.
[Чорчӯба дар саҳифаи 13]
ЗЕРИ ИБОРАИ «ҲАМАИ ИН САЛТАНАТҲО» КАДОМ САЛТАНАТҲО ДАР НАЗАР ДОШТА ШУДААНД?
Дар пешгӯии Дониёл 2:44 қайд карда мешавад, ки Салтанати Худо «ҳамаи ин салтанатҳоро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард». Ин пешгӯӣ танҳо ба он салтанатҳо ишора мекунад, ки бо қисмҳои гуногуни ҳайкали бузург тасвир карда шудаанд.
Дар бораи ҳамаи дигар ҳокимиятҳои инсонӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Пешгӯии китоби Ваҳй бо пешгӯии китоби Дониёл 2:44 мувофиқ буда, оиди ин савол маълумоти пурра медиҳад. Дар китоби Ваҳй гуфта шудааст, ки «подшоҳони тамоми ҷаҳон» дар «рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ» мешаванд, то бар зидди Яҳува бароянд (Ваҳй 16:14; 19:19–21). Ҳамин тавр, на танҳо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонии ҳайкали бузург, балки ҳамчунин ҳамаи дигар ҳокимиятҳои инсонӣ низ дар Ҳармиҷидӯн нобуд карда мешаванд.