Далер бошед, Яҳува бо шумост!
«Қавӣ ва далер бош... Худованд Худои ту бо туст» (ЕҲ. 1:9).
1, 2. а) Кадом хислатҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ба душвориҳо тоб орем? б) Шумо имонро чӣ тавр шарҳ медиҳед? Мисол оред.
ХИЗМАТ ба Яҳува ба мо хурсандӣ меорад. Лекин, ҳамзамон мо бо душвориҳое, ки ҳамаи одамон аз сар мегузаронанд, рӯ ба рӯ мешавем ва шояд «барои адолат уқубат» мекашем (1 Пет. 3:14; 5:8, 9; 1 Қӯр. 10:13). Барои бомуваффақият паси сар кардани чунин душвориҳо, ба мо имон ва далерӣ лозим аст.
2 Имон чист? Павлуси ҳавворӣ навишт: «Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд» (Ибр. 11:1). Дар тарҷумаи дигаре ин оят чунин омадааст: «Имон ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем. Имон ин боварӣ ба чизҳоест, ки мо дида наметавонем» («The Simple English Bible»). Агар ягон ҳуҷҷат ба мо тааллуқ доштани чизеро тасдиқ кунад, мо боварии комил дорем, ки соҳиби ин молу мулк ҳастем. Азбаски мо имон дорем, ки Худо ҳамеша гуфтаҳояшро иҷро мекунад, гуфтан мумкин аст, ки мо чунин ҳуҷҷати пурарзишеро дар даст дорем. Ба туфайли имон мо ба он боварӣ дорем, ки иҷрошавии ваъдаҳои Китоби Муқаддасро ҳатман хоҳем дид. Ҳамчунин, мо ба вуҷуд доштани Худо, Салтанати Ӯ, фариштаҳо ва дигар чизҳое, ки ба чашм намоён нестанд, эътимоди қавӣ дорем.
3, 4. а) Чӣ гуна шахсро далер номидан мумкин аст? б) Яке аз роҳҳо барои қавӣ гардонидани имон ва ба даст овардани далерии бештар кадом аст?
3 Мувофиқи як луғат одами далер — шахсест, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ, эмотсионалӣ ва ахлоқӣ устувор аст ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо монеаҳо ва ҳолатҳои хатарнок нотарсона сухан меронад ва амал мекунад («The New Interpreter’s Dictionary of the Bible»). Далер будан маънои онро дорад, ки шахс нотарс ва дар ақидаи худ устувор мебошад, ӯ ҳатто тайёр аст, ки барои ақидааш азоб кашад (Марқ. 6:49, 50; 2 Тим. 1:7).
4 Албатта, имон ва далерӣ хислатҳои хеле муҳим мебошанд. Лекин агар шумо ҳис кунед, ки имонатон суст асту ба шумо далерӣ намерасад, он гоҳ-чӣ? Китоби Муқаддас оиди нафарони зиёде нақл мекунад, ки дар зоҳир кардани ин хислатҳо намунаи хуб мебошанд. Ҳамин тавр, яке аз роҳҳо барои қавӣ гардонидани имон ва ба даст овардани далерии бештар — ин мулоҳиза оиди он намунаҳо мебошад.
ЯҲУВА БО ЕҲУШАЪ БУД
5. Барои бомуваффақият иҷро кардани супоришаш ба Еҳушаъ чӣ лозим буд?
5 Биёед ба воқеаҳое, ки тахминан 35 аср пеш рӯй дода буданд, назар кунем. Инак аз он вақте ки Яҳува бо дасти пурзӯри худ исроилиёнро аз ғуломии Миср озод кард, чил сол гузаштааст. Ҳоло Мусо–пайғамбар, ки синнаш ба 120 расидааст, халқи Исроилро роҳнамоӣ мекунад. Ӯ ба болои кӯҳи Набӯ баромада аз он ҷо ба Замини ваъдашуда назар меафканаду сипас аз олам чашм мепӯшад. Шахсе, ки баъд аз ӯ исроилиёнро роҳнамоӣ мекунад, Еҳушаъ мебошад, ӯ мардест, ки «аз рӯҳи ҳикмат пур» аст (Такр. Ш. 34:1–9). Чанде пас исроилиён бояд замини Канъонро аз они худ созанд. Барои бомуваффақият роҳнамоӣ кардани халқ ба Еҳушаъ хиради илоҳӣ лозим аст. Ӯ ҳамчунин бояд ба Яҳува имон зоҳир кунад ва далеру қавӣ бошад (Такр. Ш. 31:22, 23).
6. а) Мувофиқи суханони Еҳушаъ 23:6 барои иҷро кардани кадом кор далерӣ лозим аст? б) Мо аз суханони Аъмол 4:18–20 ва Аъмол 5:29 чӣ меомӯзем?
6 Эҳтимоли зиёд аст, ки хирад, далерӣ ва имоне, ки Еҳушаъ ҳангоми забт кардани замини Канъон зоҳир менамуд, ба исроилиён қувват мебахшид. Далерӣ ба халқ на танҳо дар ҷанг лозим буд, балки ҳамчунин барои итоат кардан ба Худо. Пеш аз маргаш Еҳушаъ ба исроилиён муроҷиат намуда гуфт: «Бағоят қавӣ бошед, то ҳар он чиро, ки дар китоби шариати Мусо навишта шудааст, риоя намуда ба амал оваред, бе он ки аз он ба тарафи рост ё чап дур шавед» (Еҳ. 23:6). Ба мо низ далерӣ лозим аст, то ки ҳамеша ба Яҳува итоат кунем. Ин ҳамчунин он мавридҳоеро дар бар мегирад, ки одамон аз мо ба муқобили иродаи Худо амал карданро талаб мекунанд. (Аъмол 4:18–20; 5:29-ро бихонед.) Агар мо бо дуо ба Яҳува такя кунем, Ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки далеру устувор бимонем.
ЧӢ ТАВР МО ДАР РОҲҲОИ ХУД КОМЁБ ШУДА МЕТАВОНЕМ?
7. Еҳушаъ бояд чӣ кор мекард, то далерона амал кунад ва дар роҳҳои худ комёб гардад?
7 Барои доштани далерие, ки ҳангоми иҷро кардани иродаи Худо лозим аст, мо бояд Каломи Ӯро омӯзем ва чизҳои фаҳмидаамонро ба кор барем. Маҳз ҳаминро Яҳува ба Еҳушаъ, ки баъди Мусо халқи Исроилро роҳнамоӣ менамуд, фармуд: «Қавӣ ва далер бош, то ки бо риояти дурусти тамоми шариате ки Мусо, бандаи Ман, ба ту амр фармудааст, амал намоӣ... Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард» (Еҳ. 1:7, 8). Еҳушаъ ба ин насиҳат гӯш дод ва ӯ «дар роҳҳои худ комёб гардид». Агар мо низ чунин кунем, он гоҳ далерии бештар ба даст меорем ва дар хизмати Худо муваффақ мешавем.
Матни солона барои соли 2013 чунин аст: «Қавӣ ва далер бош... Худованд Худои ту бо туст» (Еҳушаъ 1:9).
8. Матни солона барои соли 2013 аз кадом оят гирифта шудааст ва он чӣ тавр ба шумо кӯмак карда метавонад?
8 Суханоне, ки Яҳува баъдтар ба Еҳушаъ гуфт, ба ӯ аз афташ қуввати зиёд бахшиданд: «Қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст» (Еҳ. 1:9). Мо низ боварӣ дорем, ки Яҳува бо мост. Аз ин рӯ, биёед нигоҳ накарда ба мушкилиҳоямон ба тарсу ҳарос дода нашавем. Хусусан фикри зерин диққати моро ба худ ҷалб мекунад: «Қавӣ ва далер бош... Худованд Худои ту бо туст». Ин суханон аз ояти Еҳушаъ 1:9 чун матни солона барои соли 2013 интихоб шудаанд. Бешубҳа ин суханон ва ҳамчунин намунаи шахсоне, ки имон ва далерӣ зоҳир мекарданд, моро дар давоми сол қавӣ мегардонанд.
ОНҲО ДАР ИНТИХОБИ ХУД УСТУВОР МОНДАНД
9. Чӣ тавр Роҳоб имон ва далерӣ зоҳир намуд?
9 Вақте ки Еҳушаъ ду ҷосусро ба замини Канъон фиристод, Роҳоби фоҳиша онҳоро пинҳон кард ва душманонашонро ба роҳи нодуруст равона намуд. Ба туфайли чунин рафтор, ки аз имон ва далерӣ шаҳодат медод, Роҳоб ва аҳли хонаводааш ҳангоми аз тарафи исроилиён забт шудани Ериҳӯ наҷот ёфтанд (Ибр. 11:30, 31; Яъқ. 2:25). Албатта, Роҳоб тарзи ҳаёти бадахлоқонаашро тарк кард, то ки ба Яҳува писанд ояд. Ҳамчунин ба баъзе шахсоне, ки масеҳӣ шуданд, имон, далерӣ ва иродаи қавӣ лозим буд, то барои мақбул шудан ба Худо дар ҳаёташон дигаргуниҳо дароранд.
10. Дар кадом вазъият Рут ба ибодати ҳақиқӣ рӯ овард ва дар натиҷа Яҳува ӯро чӣ гуна баракат дод?
10 Баъди марги Еҳушаъ мӯобизане бо номи Рут ба ибодати ҳақиқӣ рӯ овард ва дар интихоби худ устувор монд. Азбаски шавҳари ин бевазан исроилӣ буд, ӯ аз афташ дар бораи Яҳува маълумот дошт. Хушдомани бевамондаи ӯ, Ноомӣ, ки дар Мӯоб зиндагӣ мекард, дертар қарор дод, ки ба шаҳри Байт–Лаҳми Исроил бармегардад. Дар роҳ Ноомӣ Рутро барангехт, ки ба назди халқи худ баргардад, лекин ин мӯобизан чунин гуфт: «Маро водор накун, ки туро тарк намоям ва аз пеши ту баргардам... қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд» (Рут 1:16). Ин суханони Рут хушку холӣ набуданд. Бо гузашти вақт ӯро Бӯаз, ки хеши Ноомӣ буд, ба занӣ гирифт ва онҳо соҳиби писаре шуданд. Дар натиҷа аз насли Рут Довуд ва Исо ба дунё омаданд. Бале, Яҳува шахсонеро, ки бо имон ва далерӣ амал мекунанд, баракат медиҳад (Рут 2:12; 4:17–22; Мат. 1:1–6).
БИСЁРИҲО ҲАЁТИ ХУДРО ЗЕРИ ХАТАР ГУЗОШТАНД
11. Чӣ тавр Еҳӯёдоъ ва Еҳӯшобаъ далерӣ зоҳир карданд ва ин чӣ натиҷа овард?
11 Имон ва далерии мо меафзояд, вақте мо мебинем, ки Худо бо шахсоне мебошад, ки манфиати Ӯ ва беҳбудии ҳамимононашонро аз беҳбудии худ боло мегузоранд. Биёед мисоли саркоҳин Еҳӯёдоъ ва ҳамсари ӯ Еҳӯшобаъро дида бароем. Баъди марги шоҳ Аҳазёҳу, модари ӯ, Аталё, тамоми насли подшоҳро ғайр аз Еҳӯош ба қатл расонд ва худаш ба тахт нишаст. Он вақт Еҳӯёдоъ ва Еҳӯшобаъ ҳаёти худро зери хатар гузошта писари Аҳазёҳу — Еҳӯошро аз марг наҷот доданд ва ӯро дар давоми шаш сол пинҳон карданд. Дар соли ҳафтум Еҳӯёдоъ ва Еҳӯшобаъ Еҳӯошро подшоҳ эълон карданд ва Аталёро ба қатл расониданд (4 Подш. 11:1–16). Дертар Еҳӯдоъ дар таъмир кардани маъбад шоҳ Еҳӯошро дастгирӣ намуд. Вақте ки Еҳӯдоъ дар синни 130 солагиаш вафот кард, ӯро бо подшоҳон дафн карданд, «зеро ки дар Исроил барои Худо ва барои хонаи Ӯ корҳои нек карда буд» (2 Вақ. 24:15, 16). Ғайр аз ин, ба туфайли рафтори далеронаи Еҳӯдоъ ва ҳамсараш имконпазир шуд, ки Масеҳ аз авлоди шоҳ Довуд ба дунё ояд.
12. Чӣ тавр Абдумалик далерӣ зоҳир кард?
12 Абдумалик, ки дар дарбори шоҳ Сидқиёҳу хизмат мекард, барои беҳбудии Ирмиё ҳаёташро зери хатар гузошт. Подшоҳ Ирмиё-пайғамбарро ба дасти мирони Яҳудо супурд ва онҳо ӯро бардурӯғ дар исён айбдор карда ба чоҳи лойқае партофтанд, то ки ӯ дар он ҷо бимирад (Ирм. 38:4–6). Нигоҳ накарда ба нафрате, ки мирон нисбати Ирмиё доштанд, Абдумалик ҳаёти худро зери хатар гузошта назди шоҳ Сидқиёҳу омад, то дар бораи халос кардани пайғамбар сухан ронад. Сидқиёҳу хоҳиши ӯро қабул намуд ва 30 нафар мардонро вазифадор кард, ки ҳамроҳи Абдумалик Ирмиёро халос кунанд. Ба воситаи пайғамбар Худо Абдумаликро бовар кунонд, ки ӯ ҳангоми аз тарафи бобилиён забт шудани Ерусалим нобуд намешавад (Ирм. 39:15–18). Бале, Худо шахсонеро, ки чунин далерӣ зоҳир мекунанд, мукофот медиҳад.
13. Чӣ тавр се ҷавони ибрӣ далерӣ зоҳир карданд ва мо аз намунаи онҳо чӣ дарсе мегирем?
13 Дар асри ҳафтуми то эраи мо се хизматгори ибрии Яҳува аз таҷрибаи худ фаҳмиданд, ки Худо шахсонеро, ки имон ва далерӣ зоҳир мекунанд, мукофот медиҳад. Масалан, рӯзе шоҳ Набукаднесар амалдоронашро ҷамъ кард ва амр фармуд, ки онҳо ба ҳайкали бузурги тиллоие саҷда кунанд. Касоне, ки ин корро намекарданд бояд ба кӯраи оташин партофта мешуданд. Се ҷавони ибрӣ ба ин амри подшоҳ итоат накарданд ва ба ӯ эҳтиромона гуфтанд: «Моро Худое ҳаст, ки Ӯро ибодат менамоем, ва Ӯ қодир аст моро аз кӯраи оташи сӯзон бираҳонад, ва аз дасти ту, эй подшоҳ, низ раҳо хоҳад кард. Ва ҳатто агар на ин тавр аст, туро, эй подшоҳ, маълум бод, ки мо худоёни туро ибодат нахоҳем кард ва ба ҳайкали тиллои ту, ки барқарор намудаӣ, саҷда нахоҳем бурд» (Дон. 3:16–18). Ба таври ҳайратангез наҷот ёфтани се ҷавони ибрӣ дар Дониёл 3:19–30 хеле хуб тасвир шудааст. Ҳарчанд хатари марг дар кӯраи оташин ба мо таҳдид накунад ҳам, лекин мо бо душвориҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки дар онҳо беайбиамон озмуда мешавад ва мо боварии комил дошта метавонем, ки Худо моро барои имон ва далериамон баракат медиҳад.
14. Мувофиқи боби 6 китоби Дониёл ӯ чӣ тавр далерона рафтор кард ва дар натиҷа чӣ рӯй дод?
14 Ба фишони душманони Дониёл дода шуда шоҳ Дорёвеш қонуне баровард, ки мувофиқи он «ҳар кӣ то сӣ рӯз аз ягон худое ё одам, ҷуз аз... подшоҳ, илтимосе кунад, дар чоҳи шерон андохта шавад». Дар ин маврид Дониёл имон ва далерӣ зоҳир намуд. Вақте ӯ фаҳмид, ки ин ҳуҷҷат ба имзо расидааст, ӯ дарҳол «ба хонаи худ омад; тирезаҳои хонаи ӯ ба самти Ерусалим кушода буд, ва ӯ рӯзе се карат зону зада, дуо мегуфт ва Худои худро ҳамд мехонд, чунон ки ӯ пеш аз ин ҳам мекард» (Дон. 6:6–10). Барои ин кораш Дониёли далерро ба чоҳи шерон партофтанд, лекин Яҳува ӯро раҳо кард (Дон. 6:16–23).
15. а) Акило ва Прискила дар зоҳир кардани имон ва далерӣ чӣ намуна гузоштанд? б) Суханони Исо аз Юҳанно 13:34 чӣ маъно доранд ва чӣ тавр бисёри масеҳиён чунин муҳаббат зоҳир мекунанд?
15 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Акило ва Прискила «ҷони худро барои [Павлус] ба хатар» андохтанд (Аъм. 18:2; Рум. 16:3, 4). Онҳо далерона мувофиқи суханони зерини Исо амал намуданд: «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34). Қонуни Мусо талаб мекард, ки шахс ёри худро мисли худ дӯст дорад (Ибд. 19:18). Лекин аҳкоми Исо «тоза», яъне нав буд, зеро ӯ мехост, ки шогирдонаш якдигарро чунон дӯст доранд, ки ҳатто ба фидо кардани ҷони худ баҳри дигарон тайёр бошанд, чӣ тавре ки худи ӯ карда буд. Бисёри масеҳиён муҳаббаташонро бо он нишон медиҳанд, ки барои аз муносибати бераҳмона ва марг наҷот додани ҳамимононашон ҷони худро зери хатар мегузоранд. (1 Юҳанно 3:16-ро бихонед.)
16, 17. Имони баъзе масеҳиёни асри як зери чӣ гуна озмоиш қарор дошт ва чӣ тавр ин ба озмоишҳое, ки масеҳиёни рӯзҳои мо паси сар карданд, монанд аст?
16 Мисли Исо масеҳиёни асри як далерӣ зоҳир мекарданд ва танҳо Яҳуваро ибодат менамуданд (Мат. 4:8–10). Онҳо аз сӯзонидани бухур барои парастиши императори Рум даст мекашиданд. (Ба расм нигаред.) Таърихчӣ Даниэл Маникс дар китоби худ, «Касоне, ки дар рӯ ба рӯи марг меистоданд», менависад, ки одатан дар чунин ҳолатҳо дар майдони амфитеатр оташи қурбонгоҳро фурӯзон нигоҳ медоштанд. Ягона чизе, ки аз маҳбус талаб карда мешуд, ин ба оташи қурбонгоҳ пошидани каме бухур буд, дар он сурат ба ӯ шаҳодатнома оиди овардани қурбонӣ медоданд ва ӯро озод мекарданд. Ба маҳбус мефаҳмонданд, ки сӯзонидани бухур дар асл ибодат кардани император нест, ин танҳо эътироф намудани он аст, ки император чун ҳокими давлати Рум — худо мебошад. Нигоҳ накарда ба ин қариб ягон масеҳӣ аз ин имконияти наҷот ёфтан истифода намебурд («Those About to Die»).
17 Масеҳиёне, ки дар лагерҳои консентратсионии фашистӣ ҳабс шуда буданд, якчанд бор имконият доштанд, ки аз он ҷо озод шуда аз марг халосӣ ёбанд. Аз онҳо талаб карда мешуд, ки оиди аз имони худ даст кашиданашон баёнот навишта ба он имзо гузоранд. Лекин танҳо шумораи ками масеҳиён ба ин розӣ шуданд. Мисли ин, якчанд сол пеш, дар мамлакати Руанда, вақти сар задани ҷанги хунӣ байни қабилаҳои тутси ва хуту, Шоҳидон аз ин ду қабила ҳаёти худро зери хатар гузошта якдигарро муҳофизат мекарданд. Дар ҳақиқат, ҳангоми сар задани чунин озмоишҳо аз ходимони Худо зоҳир кардани далерӣ ва имон дар талаб буд.
ДАР ХОТИР ДОРЕД, КИ ЯҲУВА БО МОСТ!
18, 19. Кадом намунаҳои Китоби Муқаддас оиди имон ва далерӣ ба мо кӯмак мекунанд, ки аз ӯҳдаи кори мавъиза бароем?
18 Мо ҳоло имконияти олиҷаноб дорем, ки дар мавъизаи хушхабари Салтанат ва кори шогирдсозӣ иштирок кунем. Ҳеҷ гоҳ аз ин пеш чунин кори бузург ба ӯҳдаи ходимони заминии Худо супорида нашуда буд (Мат. 24:14; 28:19, 20). То чӣ андоза миннатдорем мо, ки Исо дар иҷро кардани ин кор ба мо намунаи беҳамто гузоштааст! «Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод» (Луқ. 8:1). Мисли Исо, ба мо низ барои мавъиза кардани хабари Салтанат имон ва далерӣ лозим аст. Бо кӯмаки Худо мо метавонем мисли Нӯҳ далер бошем. Ӯ чун «воизи адолат» нотарсона оиди он ки «олами осиён» дар тӯфон несту нобуд мешавад, мавъиза мекард (2 Пет. 2:4, 5).
19 Барои аз ӯҳдаи кори мавъиза баромадан ба мо дуо кӯмак мекунад. Вақте баъзе пайравони Масеҳ, ки зери таъқибот қарор доштанд, барои «бо камоли ҷасорат» баён кардани каломи Худо дуо гуфтанд, Ӯ ба ин зориву илтиҷои онҳо ҷавоб дод. (Аъмол 4:29–31-ро бихонед.) Агар ба шумо барои хона ба хона мавъиза кардан далериву ҷасорат нарасад, шумо боварӣ дошта метавонед, ки Яҳува ба дуоҳои шумо оиди доштани имон ва далерии бештар ҳатман ҷавоб медиҳад. (Забур 65:19, 20-ро бихонед.)a
20. Чун ходимони Яҳува мо чӣ гуна дастгирӣ дорем?
20 Дар ин дунёи шарир ва пур аз ғаму ташвиш иҷро кардани иродаи Худо осон нест. Лекин нигоҳ накарда ба ин мо танҳо нестем. Худо бо мост. Ҳамчунин Писари Ӯ — Сарвари ҷамъомади масеҳӣ моро дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, мо дар саросари ҷаҳон зиёда аз 7 000 000 бародару хоҳарон дорем. Пас, биёед ҳамроҳи онҳо имон зоҳир кунем ва дар кори мавъизаи хушхабар иштирок намоем. Дар ин кор ба мо матни солона барои соли 2013 кӯмак мекунад: «Қавӣ ва далер бош... Худованд Худои ту бо туст» (Еҳ. 1:9).
a Дар бораи дигар намунаҳои далерӣ аз мақолаи «Қавӣ ва далер бош», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 феврали с. 2012 [bw519] оварда шудааст, маълумот гирифта метавонед.