Аз хониши Китоби Муқаддас ба пуррагӣ манфиат гиред
«Ман... аз шариати худо лаззат мебарам» (РУМ. 7:22).
1–3. Аз хондани Китоби Муқаддас ва ба кор бурдани чизҳои фаҳмидаатон шумо чӣ гуна манфиатҳо ба даст меоред?
«МАН ҳар саҳар ба Яҳува раҳмат мегӯям, ки барои фаҳмидани Китоби Муқаддас ба ман кӯмак мекунад». Хоҳари калонсоле, ки ин суханонро гуфт, Китоби Муқаддасро беш аз 40 маротиба хондааст ва ӯ ин корро бас карданӣ нест. Хоҳари ҷавоне бошад, навишт, ки ба туфайли хондани Китоби Муқаддас ӯ шахси воқеӣ будани Яҳуваро дарк кард. Дар натиҷа, ӯ ба Падари осмониаш наздиктар шуд. Вай қайд мекунад: «Ман аз ин пеш ҳеҷ гоҳ ин қадар хушбахт набудам!»
2 Петруси ҳавворӣ ҳамаро бармеангехт, ки «муштоқ [яъне хоҳишманд]-и шири поки калом» бошанд (1 Пет. 2:2). Шахсоне, ки Китоби Муқаддасро меомӯзанд ва чизеро, ки он таълим медиҳад, ба кор мебаранд, виҷдони пок ва ҳаёти мақсаднок доранд. Онҳо бо дигар хизматгорони Худои ҳақиқӣ, ки ҳамчунин Ӯро дӯст медоранд, дӯстии мустаҳкам инкишоф медиҳанд. Ҳамаи ин барои «аз шариати Худо лаззат» бурдан сабабҳои асосноканд (Рум. 7:22). Омӯзиши Китоби Муқаддас боз чӣ гуна баракатҳо меорад?
3 Чӣ қадаре ки шумо дар бораи Яҳува ва Писари Ӯ дониши бештар гиред, ҳамон қадар муҳаббати шумо ба онҳо ва ба одамон зиёд хоҳад шуд. Дониши аниқ аз Навиштаҳо ба шумо кӯмак мекунад, то бифаҳмед, ки чӣ тавр Худо ба наздикӣ, ҳангоми нобуд кардани ин тартибот, одамони итоаткорро наҷот медиҳад. Каломи Худоро хонда шумо хушхабари рӯҳбаландкунандаеро мефаҳмед, ки дар хизмат онро ба одамон нақл карда метавонед. Вақте ки шумо чизҳои аз Каломи Худо фаҳмидаатонро ба дигарон таълим медиҳед, Яҳува шуморо соҳиби баракатҳо мегардонад.
ХОНЕД ВА МУЛОҲИЗА РОНЕД
4. Китоби Муқаддасро «нимовоз» хондан чӣ маъно дорад?
4 Яҳува намехоҳад, ки ходимонаш Каломи Ӯро саросемавор ва рӯ-рӯякӣ хонанд. Дар замони қадим Ӯ ба Еҳушаъ гуфта буд: «Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз [«нимовоз бихон», ТДН]» (Еҳ. 1:8; Заб. 1:2). Оё ин маънои онро дорад, ки шумо бояд тамоми Китоби Муқаддасро — аз Ҳастӣ то Ваҳй бо овоз хонед? Не. Ин маънои онро дорад, ки шумо ба ҷои тез хондан, бояд тавре хонед, то оиди чизҳои хондаистодаатон мулоҳиза карда тавонед. Вақте ки шумо вақт ҷудо карда оиди чизҳои хондаатон мулоҳиза меронед, ин ба шумо кӯмак мекунад, ки диққататонро ба оятҳои бароятон фоиданок ва рӯҳбаландкунанда равона кунед. Ҳангоми дучор шудан бо чунин оятҳо, ибораҳо ва воқеаҳо онҳоро оҳистатар ва агар хоҳед, нимовоз хонед. Он гоҳ чизҳои хондаатон дар ҳақиқат ба дили шумо таъсир карда метавонанд. Чаро ин муҳим аст? Зеро вақте ки шумо ба мазмуни маслиҳатҳои Худо то ба охир сарфаҳм меравед, шумо хоҳиш пайдо мекунед, ки аз рӯи онҳо амал намоед.
5–7. Мисол оред, ки нимовоз хондани Каломи Худо чӣ тавр метавонад ба шумо барои а) ахлоқан пок мондан; б) ба дигарон пурсаброна ва меҳрубонона муносибат кардан; в) ҳатто дар вақтҳои душвор ба Яҳува такя намудан кӯмак расонад.
5 Ҳангоми хондани он қисмҳои Китоби Муқаддас, ки ба назаратон душворфаҳманд, хониши нимовоз ба шумо кӯмак мекунад, то оиди чизҳои хондаистодаатон мулоҳиза ронед. Барои мисол, биёед се мавридро дида мебароем. Якум, фарз мекунем, ки бародари ҷавоне аз рӯи нақшаи хониши шахсиаш китоби пайғамбар Ҳушаъро хонда истодааст. Дар боби 4, баъди нимовоз хондани оятҳои 11 то 13 ӯ муддате бозмеистад. (Ҳушаъ 4:11–13-ро бихонед.) Чаро? Ин оятҳо диққати ӯро ба худ ҷалб мекунанд, зеро ӯ дар мактаб бо фишори содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ мубориза мебарад. Оиди ин оятҳо мулоҳиза ронда ӯ ба худ мегӯяд: «Яҳува ҳамаи корҳои бади одамонро мебинад, ҳатто агар онҳо пинҳонӣ бошанд ҳам. Ман Ӯро ранҷондан намехоҳам». Бародар қарор медиҳад, ки дар назди Худо ахлоқан пок мемонад.
6 Дуюм, тасаввур кунед, ки як хоҳарамон китоби пайғамбар Юил боби 2, ояти 13-ро хонда истодааст. (Юил 2:13-ро бихонед.) Ин оятро нимовоз хонда ӯ фикр мекунад, ки бояд ба Яҳува, ки «карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон аст», пайравӣ кунад. Хоҳар қарор медиҳад, ки минбаъд мекӯшад, то суханони қаҳролуд ва пичингомезро, ки ӯ баъзан дар гуфтор бо шавҳараш ва дигарон истифода мебарад, ба забон наорад.
7 Сеюм, фарз мекунем, ки бародари оиладоре кори худро аз даст дод ва ҳоло дар ташвиш аст, ки чӣ тавр зану фарзандонашро таъмин мекунад. Ояти Наҳум 1:7-ро нимовоз хонда ӯ мефаҳмад, ки Яҳува «паноҳбарони Худро мешиносад» ва барои онҳо «дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст». Ин фикр ӯро тасаллӣ мебахшад. Ӯ ғамхории муҳаббатомези Яҳуваро ҳис мекунад ва дигар аз ҳад зиёд ташвиш намехӯрад. Сипас вай ояти 15-ро нимовоз мехонад. (Наҳум 1:15-ро бихонед.) Бародари мо мефаҳмад, ки дар вақтҳои душвор хушхабарро мавъиза карда ӯ бо ин нишон медиҳад, ки Яҳуваро дар ҳақиқат паноҳгоҳи худ меҳисобад. Акнун дар баробари ҷустуҷӯ кардани кор, вай дар байни ҳафта низ дар хизмати мавъиза иштирок мекунад.
8. Ба таври кӯтоҳ нақл кунед, ки ҳангоми хондани Китоби Муқаддас шумо чӣ гуна ганҷҳои рӯҳонӣ ёфтед.
8 Фикрҳои манфиатбахше, ки мо дар боло дида баромадем, аз он қисмҳои Китоби Муқаддас мебошанд, ки баъзеҳо шояд онҳоро душворфаҳм меҳисобанд. Вале, вақте ки шумо аз китобҳои Ҳушаъ, Юил ва Наҳум оятҳои рӯҳбаландкунандаро меёбед, шумо хоҳиш пайдо мекунед, ки хондани ин китобҳоро давом диҳед. Танҳо тасаввур кунед, ки чӣ қадар хирад ва тасаллӣ ёфтан мумкин аст аз китобҳои он пайғамбарон! Дар бораи қисмҳои боқимондаи Китоби Муқаддас чӣ гуфтан мумкин аст? Каломи Худо мисли кони пур аз алмос мебошад. Бале, тамоми Китоби Муқаддас аз ганҷҳои бебаҳо — дастуроту суханони боварибахши Яҳува иборат аст. Ҳангоми хондани он мақсад монед, ки ин ганҷҳоро ёбед.
БАРОИ ФАҲМИДАНИ ЧИЗИ ХОНДААТОН КӮШИШ КУНЕД
9. Барои хубтар фаҳмидани Китоби Муқаддас мо чӣ кор карда метавонем?
9 Ҳарчанд ҳар рӯз хондани порчае аз Китоби Муқаддас муҳим аст, ба шумо ҳамчунин лозим аст, ки чизи хондаатонро фаҳмед ва дарк кунед. Барои ин, аз адабиётҳои ташкилоти Яҳува хуб истифода баред ва оиди одамон, ҷойҳо ва воқеаҳое, ки шумо дар бораашон мехонед, бисёртар фаҳмед. Агар дар шумо савол пайдо шавад, ки чӣ тавр ин ё он таълимоти Китоби Муқаддас ба ҳаёти шумо дахл дорад, метавонед аз пири ҷамъомад ё дигар масеҳии рӯҳан баркамол кӯмак пурсед. Барои нишон додани он ки чаро мо бояд торафт фаҳмиши худро зиёд кунем, биёед намунаи масеҳии асри як — Апӯллӯсро дида бароем. Ӯ кӯшиш мекард, ки фаҳмиши худро зиёд гардонад.
10, 11. а) Чӣ тавр ба Апӯллӯс барои воизи хубтар шудан кӯмак расонида шуд? б) Мо аз нақл оиди Апӯллӯс чӣ дарс гирифта метавонем? (Ба чорчӯбаи «Оё таълимдиҳии шумо ба фаҳмиши аниқ мувофиқ аст?» нигаред.)
10 Апӯллӯс масеҳии яҳудие буд, ки Навиштаҳоро медонист ва «бо ҷӯшу хурӯши Рӯҳ сухан» меронд. Китоби Аъмол дар бораи Апӯллӯс чунин мегӯяд: «Ӯ... дар бораи Исо ба хубӣ таълим медод, гарчанде ки фақат аз таъмиди Яҳё огоҳӣ дошт». Худаш дарк накарда Апӯллӯс оиди таъмид фаҳмиши кӯҳнашударо таълим медод. Вақте ки ҷуфти масеҳӣ, Прискила ва Акило таълимдиҳии ӯро дар Эфсӯс шуниданд, онҳо «тариқи Худовандро ба ӯ дурустакак [«аниқтар», ТДН] фаҳмонданд» (Аъм. 18:24–26). Ин ба Апӯллӯс чӣ хел манфиат овард?
11 Баъди дар Эфсӯс мавъиза кардан Апӯллӯс ба Охоия рафт. «Чун ба он ҷо расид, ба касоне ки ба файзи илоҳӣ имон оварда буданд, ёрдами бисёр дод: зеро ки бо қуввати тамом дар пеши назари ҳама бо яҳудиён баҳсу мунозира карда, аз рӯи Навиштаҳо исбот менамуд, ки Исо Масеҳ аст» (Аъм. 18:27, 28). Акнун, баъди қабул кардани ёрдами Прискила ва Акило, Апӯллӯс метавонист маънои таъмиди масеҳиро дуруст фаҳмонад. Ба туфайли зиёд шудани фаҳмишаш ӯ ба одамони нав «ёрдами бисёр дод», то дар ибодати ҳақиқӣ пешравӣ кунанд. Мо аз ин нақл чӣ дарс гирифта метавонем? Чун Апӯллӯс мо кӯшиш мекунем, ки чизҳои аз Китоби Муқаддас хондаамонро бифаҳмем. Лекин, агар ҳамимони ботаҷриба оиди чӣ тавр самараноктар таълим додан ба мо маслиҳат диҳад, мо кӯмаки ӯро бо фурӯтанӣ ва миннатдорӣ қабул мекунем. Агар мо ин тавр кунем, сифати хизмати муқаддаси мо беҳтар мегардад.
ЧИЗҲОИ ФАҲМИДААТОНРО ИСТИФОДА БУРДА БА ДИГАРОН КӮМАК КУНЕД
12, 13. Мисол оред, ки чӣ тавр оқилона истифода бурдани Навиштаҳо метавонад барои рӯҳан пеш рафтани омӯзанда кӯмак расонад.
12 Чун Прискила, Акило ва Апӯллӯс мо метавонем барои дигарон баракат бошем. Шояд сухани рӯҳбаландкунандаи шумо ба омӯзандае ёрдам дод, ки мушкилиашро паси сар карда рӯҳан пешравӣ кунад. Аз ин шумо чӣ ҳис кардед? Ё шояд шумо пири ҷамъомадеду маслиҳати аз Навиштаҳо додаи шумо ба ҳамимоне дар вақти мушкилӣ ёрдам дод. Вақте ки ин бародар ё хоҳар ба шумо миннатдорӣ баён мекунад, шумо аз ин чӣ ҳис мекунед? Бешубҳа, вақте ки шумо Каломи Худоро истифода бурда ба дигарон барои беҳтар кардани ҳаёташон кӯмак мекунед, ин ба шумо қаноатмандӣ ва хурсандӣ мебахшадa. Чӣ тавр шумо барои кӯмак кардан ба дигарон аз Китоби Муқаддас ба таври беҳтар истифода бурда метавонед?
13 Дар рӯзҳои Илёс-пайғамбар бисёри исроилиён дар байни ибодати ҳақиқӣ ва дини бардурӯғ мекалавиданд. Суханоне, ки Илёс ба он одамон гуфт, метавонад ба омӯзандаи Китоби Муқаддас, ки беҷуръатӣ ӯро аз пешравии рӯҳонӣ бозмедорад, кӯмак расонад. (3 Подшоҳон 18:21-ро бихонед.) Ё масалан, омӯзанда метарсад, ки хешу табор ё дӯстонаш ба омӯзиш кардани ӯ зид мебароянд. Дар ин сурат шумо метавонед ҳамроҳи ӯ оиди суханони Ишаъё 51:12, 13 мулоҳиза ронда ҳамин тавр ӯро далерӣ бахшед. (Оятҳоро бихонед.)
14. Вақте ки шумо бо истифодаи Китоби Муқаддас ба касе ёрӣ додан мехоҳед, чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки оятҳои лозимаро ба ёд оред?
14 Дар Китоби Муқаддас суханоне, ки метавонанд касро рӯҳбаланд созанд, ислоҳ кунанд ва қувват бахшанд, бисёранд. Лекин шояд шумо гӯед: «Чӣ тавр ман дар вақти лозима оятҳои даркориро ёфта метавонам?» Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонед ва оиди фикрҳои Худо мулоҳиза ронед. Ҳамин тавр суханони илоҳӣ дар хотираи шумо нақш мебанданд ва дар вақти лозима рӯҳи Яҳува метавонад онҳоро ба шумо ёдрас кунад. (Марқ. 13:11; Юҳанно 14:26-ро бихонед.)b
15. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба Каломи Худо чуқуртар сарфаҳм равед?
15 Мисли шоҳ Сулаймон дар дуо аз Яҳува хирад пурсед. Ба шумо хирад лозим аст, то ки аз ӯҳдаи хизмати худ ва масъулиятҳои дар ҷамъомад доштаатон баромада тавонед (2 Вақ. 1:7–10). Барои гирифтани дониши аниқ оиди Яҳува ва иродаи Ӯ, чун пайғамбарони замони қадим Каломи Худоро «тафтишот ва тадқиқот» кунед (1 Пет. 1:10–12). Павлуси ҳавворӣ Тимотиюсро бармеангехт, ки худро бо «суханони имон ва таълимоти нек» ғизо диҳад (1 Тим. 4:6). Ҳамин тавр, шумо ба таври хуб ба дигарон кӯмаки рӯҳонӣ расонида метавонед. Ҳамзамон шумо имони худро мустаҳкам хоҳед кард.
ХОНДАНИ КАЛОМИ ХУДО ШУМОРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД
16. а) Чӣ тавр «ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида» баромадани сокинони Бирия ба онҳо манфиат овард? б) Чаро хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас барои мо бениҳоят муҳим аст?
16 Яҳудиёне, ки дар шаҳри Бирия зиндагӣ мекарданд, аз рӯи одати худ бодиққатона «ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд». Вақте ки Павлус ба он яҳудиён мавъиза кард, онҳо суханони ӯро бо дониши аз Навиштаҳо доштаашон муқоиса мекарданд. Ин чӣ натиҷа дод? Бисёри онҳо боварӣ ҳосил карданд, ки ӯ ҳақиқатро таълим медиҳад ва аз ин рӯ «имон оварданд» (Аъм. 17:10–12). Ин нишон медиҳад, ки хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас имони моро ба Яҳува мустаҳкам мегардонад. Доштани чунин имон, яъне эътиқоди қавӣ ба чизҳое, ки «мо ба онҳо умед мебандем», барои роҳ ёфтан ба дунёи нави Худо муҳим аст (Ибр. 11:1).
17, 18. а) Чӣ тавр имон ва муҳаббати қавӣ дили рамзии масеҳиёнро муҳофизат мекунад? б) Чӣ тавр умед моро аз хатар нигоҳ медорад?
17 Бесабаб нест, ки Павлус чунин навишт: «Мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем» (1 Тас. 5:8). Ба афсар лозим аст, ки дили худро аз тири душман ҳимоя кунад. Ба ин монанд, масеҳиён бояд дили рамзии худро аз таъсири гуноҳ муҳофизат кунанд. Вақте ки хизматгори Яҳува ба ваъдаҳои Ӯ имони қавӣ дораду дар баробари ин Худо ва одамонро сахт дӯст медорад, ин барои дили вай чун ҷавшани бақуввати рӯҳонӣ хизмат мекунад. Аз эҳтимол дур аст, ки ӯ ба ягон кори нодуруст даст зада аз илтифоти Худо маҳрум шавад.
18 Павлус ҳамчунин мегӯяд, ки мо «хӯди умеди наҷотро дар бар кунем». Ӯ умеди масеҳиёнро ба хӯд, яъне кулоҳи ҷангии афсар монанд кард. Дар замонҳои қадим, агар афсар дар ҷанг сарашро муҳофизат намекард, ӯ ба осонӣ ҳаёташро аз даст дода метавонист. Лекин, вақте ки вай кулоҳи хуби ҷангӣ мепӯшид, сараш ҳангоми зарба хӯрдан, сахт зарар намедид. Ба туфайли омӯзиши Китоби Муқаддас мо умеди худро ба он ки Яҳува барои наҷот додани мо қодир аст, қавӣ мегардонем. Умеди мустаҳкам ба мо кӯмак мекунад, ки ба осиён ва «ёвагӯӣ [суханони беҳуда]»-и онҳо, ки мисли касалии сирояткунанда зуд паҳн мешавад, муқобилат кунем (2 Тим. 2:16–19). Умед ҳамчунин ба мо қувват мебахшад ва моро аз корҳои нораво бозмедорад.
КАЛИД БАРОИ НАҶОТ
19, 20. Чаро мо Каломи Худоро қадр мекунем ва чӣ тавр мо инро нишон дода метавонем? (Ба чорчӯбаи «Яҳува ба ман маҳз чизи лозимаро медиҳад» нигаред.)
19 Чӣ қадаре ки мо ба охири ин тартибот наздик шавем, ҳамон қадар бештар ба мо лозим меояд, ки ба Каломи Яҳува такя кунем. Маслиҳатҳои он ба мо ёрӣ мерасонанд, ки одатҳои бадамонро тарк намоем ва майлҳои гунаҳкоронаамонро идора кунем. Ба туфайли суханони рӯҳбаландкунанда ва тасаллибахши он мо озмоишҳоеро, ки Шайтон ва ҷаҳони вай ба сари мо меоранд, паси сар карда метавонем. Роҳнамоие, ки мо аз Каломи Яҳува мегирем, барои дар роҳи ҳаёт мондани мо кӯмак мекунад.
20 Иродаи Худо ин аст, ки «ҳамаи одамон наҷот ёбанд». Ба «ҳамаи одамон» ходимони Яҳува ва ҳамчунин касоне, ки мо тавассути кори мавъиза ва таълимдиҳӣ ба онҳо кӯмак мекунем, дохил мешаванд. Лекин ҳамаи касоне, ки наҷот ёфтан мехоҳанд, бояд «ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:4). Пас, ба мо лозим аст, ки Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонем ва маслиҳатҳои онро ба кор барем. Бале, бо хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас мо нишон медиҳем, ки то чӣ андоза Каломи пурарзиши Яҳуваро, ки он ҳақиқат аст, қадр мекунем (Юҳ. 17:17).
a Албатта мо маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро барои ба дигарон фишор овардан ё маҳкум кардани онҳо истифода намебарем. Чӣ тавре ки Яҳува бо мо пурсабру меҳрубон аст, мо низ бояд бо омӯзандаи Китоби Муқаддас ҳамон тавр рафтор кунем (Заб. 102:8).
b Барои ёфтани ояти лозима калима ё ибораи асосии онро аз индекси «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» (рус.) ё аз «Китобхонаи электронии Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ҷӯед.