Оё Китоби Муқаддас то ҳол ҳаётатонро дигаргун месозад?
«Ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред» (РУМ. 12:2).
1–3. а) Баъди таъмид чӣ бароямон душвор буда метавонад? б) Вақте ислоҳшавӣ бароямон душворӣ мекунад, кадом фикрҳо дар сари мо пайдо шуда метавонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
ВАҚТЕ КИ Кевин[1] ҳақиқатро фаҳмид, ӯ хоҳиши сахте дошт, ки бо Худо муносибати наздик пайдо кунад. Лекин солҳои зиёд ӯ бо қиморбозӣ, сигоркашӣ, бадмастӣ ва нашъамандӣ машғул буд. Барои ба Худо писанд омадан, ӯ бо ин одатҳо мубориза бурд. Ба Яҳува ва қувваи Каломи Ӯ такя карда Кевин тавонист ғолиб ояд (Ибр. 4:12).
2 Оё баъд аз таъмид Кевин дар худ тағйирот дароварданро бас кард? Не, чунки ҳоло ӯ баъзе хислатҳое дошт, ки бояд онҳоро ислоҳ мекард ва аз баъзе ҷиҳатҳо беҳтар мешуд (Эфс. 4:31, 32). Масалан, Кевин тез оташин мешуд. Ӯ ҳайрон шуд, ки худдорӣ кардан барояш то чӣ андоза душвор буд. Кевин мегӯяд: «Худдорӣ кардан бароям ҳатто аз партофтани одатҳои пештараам душвор буд». Бо дуову илтиҷо ва омӯзиши боғайратонаи Китоби Муқаддас бародарамон тавонист камбудиҳояшро ислоҳ кунад.
3 Бисёре аз мо ба монанди Кевин барои таъмид гирифтан дар ҳаёти худ тағйиротҳои калон даровардем. Аммо баъди таъмид ҳам мо пай бурдем, ки камбудиҳои бисёр дорем. Шояд онҳо он қадар ба чашм нарасанд, лекин мо дарк намудем, ки барои ба Худо ва Исо пайравӣ кардан, мо бояд онҳоро ислоҳ кунем (1 Пет. 2:21; Эфс. 5:1, 2). Шояд мо пай бурдем, ки дигаронро бисёр танқид мекунем, ба ғайбат кардан моилем, одамтарсӣ ва ё ягон камбудии дигар дорем. Мумкин мо солҳои сол мубориза бурда истодаем, лекин боз ба ҳамон хатогиҳо роҳ медиҳем. Баъзан дар сари мо чунин фикрҳо пайдо шуда метавонанд: «Ман аллакай тавонистам дар ҳаётам тағйиротҳои калон дарорам. Пас, барои чӣ ислоҳ кардани камбудиҳои хурдтар ин қадар душвор аст? Чӣ кор кунам, то гуфтаҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда беҳтар шудан гирам?»
СЕРТАЛАБ НАБОШЕД
4. Чаро мо наметавонем доимо тавре рафтор кунем, ки ба Яҳува маъқул бошад?
4 Мо Яҳуваро шинохтем ва Ӯро дӯст доштем. Барои ҳамин мо бо тамоми дили худ мехоҳем, ки бо рафтори худ Ӯро ҳамеша хурсанд созем. Лекин афсӯс ки аз сабаби нокомилӣ мо наметавонем тавре рафтор кунем, ки ба Яҳува маъқул бошад. Павлуси ҳавворӣ низ инро тан гирифта гуфт: «Майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои [қуввати] кардани он надорам» (Рум. 7:18; Яъқ. 3:2).
5. Пеш аз таъмидгирӣ мо бояд дар ҳаётамон кадом дигаргуниҳоро дарорем? Баъд аз таъмид бо кадом камбудиҳо мубориза мебарем?
5 Барои он ки аъзои ҷамъомад шавем, мо аз гуноҳҳое ки барои таъмид гирифтан монеа мешаванд, даст кашидем (1 Қӯр. 6:9, 10). Лекин ҳанӯз мо нокомилем (Қӯл. 3:9, 10). Барои ҳамин мо набояд интизор шавем, ки баъди таъмид ва ё ҳатто чандин сол баъд аз он, хато намекунем. Вақт аз вақт ба мо лозим хоҳад омад, ки бо камбудиҳо ва майлу хоҳишҳои бад мубориза барем. Шояд мо бо баъзе одатҳо солҳои зиёд мубориза бурда истодаем.
6, 7. а) Чӣ ба одамони нокомил имконият медиҳад, ки бо Худо дӯст бошанд? б) Вақте пеши Яҳува гуноҳ мекунем, чаро мо набояд аз бахшиш пурсидан худдорӣ кунем?
6 Ҳарчанд мо нокомилем, метавонем бо Яҳува дӯст бошем ва ба Ӯ хизмат кунем. Вақте Яҳува моро ба ҳақиқат овард, Ӯ медонист, ки хато карданро бас намекунем (Юҳ. 6:44). Азбаски Ӯ камбудиҳои моро хуб медонист, мефаҳмид, ки аз кадом ҷиҳат мо ба сустӣ роҳ медиҳем. Лекин ба ин нигоҳ накарда Яҳува мехоҳад, ки мо бо Ӯ дӯстӣ кунем.
7 Аз муҳаббат Яҳува ҳаёти Писари азизашро ба мо чун фидия ато кард (Юҳ. 3:16). Агар мо хато кунему дар асоси фидия тавба кунем, боварӣ дошта метавонем, ки дӯстиамонро бо Худо аз даст надодаем (Рум. 7:24, 25; 1 Юҳ. 2:1, 2). Дар хотир дошта бошед, ки Исо барои гунаҳкорони тавбакарда мурда буд. Агар мо гӯем, ки фидия барои мо нест ва аз Худо барои гуноҳамон бахшиш напурсем, ин мисли он аст, ки дастҳоямон чиркинанду мо аз об истифода намебарем. Худоро ҳазорон бор шукр, ки ба мо фидияро ато кардааст, то бо Ӯ дӯстиамонро нигоҳ дошта тавонем. (1 Тимотиюс 1:15-ро хонед.)
8. Чаро мо бояд нисбати хатову камбудиҳоямон бепарво набошем?
8 Албатта мо намехоҳем, ки нисбати хатову камбудиҳоямон бепарво бошем. Агар мо хоҳем, ки дӯсти Яҳува бошем, бояд аз Ӯ ибрат гирем ва ба Исо пайравӣ кунем. Мо бояд кӯшиш кунем, ки хислатҳои мо ба Худо ва Писараш маъқул бошанд (Заб. 14:1–5). Мо бояд бо хоҳишҳои бади худ мубориза барем ва, агар тавонем, баъзеи онҳоро пурра нест кунем. Новобаста аз он ки кай таъмид гирифтем, мо бояд пайваста кӯшиш кунем, ки боз ҳам беҳтар шавем (2 Қӯр. 13:11).
9. Аз куҷо медонем, ки дар бар кардани шахсияти нав аз дастамон меояд?
9 Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиён гуфт: «Рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед, ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад, ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед» (Эфс. 4:22–24). Ин чӣ маъно дорад? Дар матни аслӣ иборае ки ин ҷо «дар Рӯҳ тоза шавад» тарҷума шудааст, амали давомнокро нишон медиҳад. Барои ҳамин новобаста аз он ки мо чанд сол ба Яҳува хизмат мекунем, ҳар бор дар бораи Ӯ чизҳои нав ба нав омӯхта метавонем. Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонад, ки хислатҳои Худоро аз худ кунем ва беҳтар шавем.
ЧАРО ИН ҚАДАР ДУШВОР АСТ?
10. Барои он ки Китоби Муқаддас моро дигаргун созад, мо бояд чӣ кор кунем? Кадом саволҳо дар мо пайдо шуда метавонанд?
10 Барои он ки Китоби Муқаддас моро дигаргун созад, мо бояд кӯшиши зиёд кунем. Лекин ин ҳама меҳнату заҳмат барои чист? Агар Яҳува кӯшишҳои моро баракат диҳад, магар дигар шудан бароямон осон намешавад? Магар Яҳува наметавонад тавре кунад, ки ислоҳ кардани камбудиҳо ва нест кардани майлу хоҳишҳои гунаҳкорона бароямон тамоман душвор набошад?
11–13. Чаро Худо аз мо интизор аст, ки бо камбудиҳоямон мубориза барем?
11 Вақте мо дар бораи бузургии Коинот фикр мекунем, дарк мекунем, ки Яҳува қувваи бепоён дорад. Масалан, офтоб ҳар як сония миқдори беҳисоби рӯшноӣ ва гармӣ мебарорад. Барои он ки дар замини мо ҳаёт вуҷуд дошта бошад, танҳо як қисми ночизи энергияи офтоб лозим аст (Заб. 73:16; Иш. 40:26). Ҳамчунин дар вақти лозима Яҳува ба хизматгоронаш бо омодагӣ қувват медиҳад (Иш. 40:29). Ӯ ҳатто метавонад тавре кунад, ки бароямон аз ҳар як камбудиву майли нодуруст озод шудан осони осон бошад. Лекин чаро Ӯ ин корро намекунад?
12 Яҳува моро соҳиби ихтиёр офаридааст ва ба мо атои бебаҳо — озодии интихоб додааст. Ӯ ба мо имконият додааст, ки худамон интихоб кунем, ки ба Ӯ итоат кунем ё не. Агар мо кӯшишу заҳмат кашида ба Яҳува пайравӣ намоем, нишон медиҳем, ки Ӯро сахт дӯст медорем. Шайтон ҳуқуқи ҳукмронии Худоро зери шубҳа гузоштааст. Вақте мо бо рафтори худ ҳокимияти Худоро дастгирӣ мекунем, Ӯ ҳаргиз инро фаромӯш намесозад (Айюб 2:3–5; Мас. 27:11). Лекин агар Яҳува тавре мекард, ки ба Ӯ итоат кардан бароямон як зарра ҳам душвор набошад, пас чӣ тавр мо вафодориамонро ба Ӯ нишон дода метавонистем?
13 Барои ҳамин Яҳува мехоҳад, ки мо «бо ҷидду ҷаҳд» дар худ хислатҳои ба Ӯ писандро инкишоф диҳем (2 Петрус 1:5–7-ро хонед; Қӯл. 3:12). Ӯ мехоҳад, ки мо кӯшиши зиёд кунем, то лаҷоми хоҳишҳоямонро сар надиҳем (Рум. 8:5; 12:9).
БИГЗОР КАЛОМИ ХУДО МИНБАЪД НИЗ ШУМОРО ДИГАР КУНАД
14, 15. Барои инкишоф додани хислатҳои ба Худо писанд, мо бояд чӣ кор кунем? (Нигаред ба чорчӯбаи «Китоби Муқаддас ва дуо ҳаёти онҳоро дигаргун сохт».)
14 Барои инкишоф додани хислатҳое ки ба Худо маъқуланд, чӣ кор бояд кунем? Мо бояд на танҳо муайян кунем, ки аз кадом ҷиҳат бояд ислоҳ шавем, балки гузорем, ки Худо моро роҳбарӣ кунад. Дар Румиён 12:2 навишта шудааст: «Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист». Ба воситаи Калом ва рӯҳи муқаддасаш Яҳува ба мо кӯмак мерасонад, ки хости Ӯро дарк кунем, онро ба ҷо орем ва барои ба Ӯ писанд омадан дар ҳаёти худ дигаргунӣ дарорем. Барои ин мо бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонем, мулоҳиза кунем ва дар дуо аз Худо рӯҳи муқаддас пурсем (Луқ. 11:13; Ғал. 5:22, 23). Агар мо ба роҳбарии рӯҳи муқаддаси Худо ва Каломи Ӯ гӯш кунем, рафтор, гуфтор ва фикрҳоямон ба Худо маъқул мешаванд. Лекин мо ҳеҷ гоҳ набояд фикр кунем, ки аз хатар эмин ҳастем. Мо бояд ҳамеша эҳтиёт шавем, то ба доми сустиҳои худ наафтем (Мас. 4:23).
15 Ба ғайр аз хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас мо бояд адабиёти ташкилотамонро омӯзем. Ҳангоми омӯзиш хуб мебуд, агар мо аз он ҷо хислатҳои Яҳуваро бодиққат омӯзем ва кӯшиш кунем, ки ба онҳо пайравӣ намоем. Баъзеҳо барои худ оятҳои Китоби Муқаддас ва он мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро ҷамъ мекунанд, ки ба онҳо барои ислоҳ кардани ягон камбудӣ ва инкишоф додани ягон хислатҳои барояшон зарур кӯмак мерасонад.
16. Агар мо зуд ислоҳ нашавем, чаро набояд рӯҳафтода шавем?
16 Мо бояд дар хотир дорем, ки барои рушди рӯҳониамон вақт лозим аст. Инсон наметавонад дар як рӯз ҳама хислатҳои ба Худо писандро дар бар кунад. Барои ин мо бояд пуртоқат бошем ва гузорем, ки Китоби Муқаддас ба ҳаёти мо таъсири хуб расонад. Шояд дар аввал ба мо лозим ояд, ки худро барои кардани кори дуруст маҷбур кунем. Аммо вақте фикрронии мо ба фикрронии Яҳува бештар монанд мешавад, ин кор бароямон осонтар мегардад (Заб. 36:31; Мас. 23:12; Ғал. 5:16, 17).
ДАР БОРАИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН ФИКР КУНЕД
17. Агар мо ба Худо содиқ монем, ба чӣ гуна оянда умед баста метавонем?
17 Дар оянда ҳама ходимони Худо комил мешаванд. Он вақт бароямон зоҳир кардани хислатҳои ба Худо писанд ҳамеша осон ва ҳаловатбахш мешавад. То он замон мо ба туфайли фидия имконият дорем, ки Худои худро ибодат кунем. Биёед ба нокомилии худ нигоҳ накарда гузорем, ки қувваи Каломи Худо моро дигар созад.
18, 19. Чаро дилпур бошем, ки Китоби Муқаддас ҳаёти касро дигаргун карда метавонад?
18 Кевин, ки дар аввали мақола дар борааш гуфтем, барои инкишоф додани худдорӣ заҳмати бисёре кашид. Ӯ дар бораи принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронда, онҳоро ба кор бурд ва ёрдаму маслиҳати ҳамимононро қабул кард. Баъди якчанд сол Кевин пешравии бисёр кард ва ходими ёвар таъин шуд. Имрӯз бист сол мешавад, ки ӯ чун пири ҷамъомад хизмат мекунад. Нигоҳ накарда ба он ки Кевин солҳои зиёд дар ҳақиқат аст, ӯ ҳушёриро аз даст намедиҳад.
19 Мисоли Кевин нишон медиҳад, ки Китоби Муқаддас метавонад ҳаёти моро дигаргун созад. Барои ҳамин биёед беист роҳбарии Яҳуваро аз Каломаш ҷӯем ва гузорем, ки қувваи он ба ҳаёти мо доимо таъсир расонад. Дар натиҷа, мо дигар шудан мегирем ва ба Яҳува боз ҳам наздиктар мешавем (Заб. 24:14). Вақте мо мебинем, ки Яҳува кӯшишҳоямонро баракат медиҳад, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки Каломи Худо дар ҳақиқат ҳаёти касро дигаргун карда метавонад (Заб. 33:9).
^ [1] Сархати 1. Ном иваз шудааст