Барномаи нави анҷумани махсус
Мавзӯи барномаи анҷумани махсуси соли хидматии 2008 “Мо гил ҳастем — Яҳува Худо Кӯзагари мо” мебошад, ки дар ояти Ишаъё 64:8 асос ёфтааст. Дастуроти Навиштаҳои Муқаддас, ки тавассути ин барнома пешкаш мегардад, миннатдории моро нисбати хиради Яҳува, адолат, тавоноӣ ва муҳаббати Ӯ чун ба Кӯзагари Бузург хоҳад афзуд.
Нутқи нозири ноҳиявӣ “Чун зарфе барои истеъмоли иззатнок дар хидмат бошед” нишон медиҳад, ки шумораи шахсоне, ки аз донистани ҳақиқат ва ба дигарон нақл кардани он баракат мегиранд, ҳарчи бештар мегардад. Нутқи “Мулоҳиза шуморо нигаҳбон хоҳад буд” ошкор мекунад, ки то чӣ ҳадд андеша оиди принсипҳои одилонаи Яҳува моро муҳофизат менамояд. Нотиқи даъватшуда ба шунавандагон маърӯзаҳои “Аз дунболи ин тартиботи шарирона наравед” ва “Зери дасти Кӯзагари Бузург гили мулоим бошед”–ро пешкаш мекунад. Волидон ва наврасон аз қисмҳои “Навҷавононе, ки барои Яҳува корояманд” ва «Нақши муҳими волидон дар равиши “нармгардонӣ”» рӯҳбаланд мегарданд. Тавассути намоишу мусоҳибаҳо, мо аз шунидану мушоҳидаи он ки бародару хоҳаронамон хидматашонро чӣ гуна иҷро мекунанд, баҳра мебарем. Онҳое, ки ба Яҳува бахшиданашонро бо таъмид рамз доданиянд, бояд садри масъулро ба қадри имкон ҳарчи пештар хабардор кунанд. Мутмаин гардед, ки нусхаи «Бурҷи дидбонӣ»–еро, ки дар анҷуман дида баромада мешавад, бо худ гирифтаед.
Ҳарчи ки Кӯзагари Бузург ният накунад, Ӯ ҳатман иҷро менамояд. Аммо аз худи ҳар яки мо вобаста аст, ки ба шаклдарории Кӯзагар чӣ гуна ҷавоб хоҳем дод. Онҳое, ки оқилона ба меъёрҳои Яҳува итоат мекунанд ва ба холисгардонии Ӯ дода мешаванд, чун гил дар чархи Кӯзагар, сайқал дода шуда ва ба шакли зарфи муфид андохта мегарданд. Ҳангоме ки бо Яҳува ҳамкорӣ менамоем, мо Ӯро, ки Ҳокими Даҳр аст, ҷалол медиҳем ва баракатҳои зиёдеро соҳиб мегардем.