Ба воситаи далелҳои боварибахш таълим диҳед
1. Дар мавъиза моҳирона истифода бурдани Каломи Худо аксаран чиро дар бар мегирад?
1 Ходимони бомаҳорат ба монанди Павлуси расул дарк мекунанд, ки «каломи ростиро дуруст» мавъиза кардан — маънои танҳо аз Навиштаҳои Муқаддас иқтибос оварданро надорад (2 Тим. 2:15). Ҳангоми ба воситаи Каломи Худо таълим додан, чӣ тавр мо далелҳои боварибахш оварда метавонем? (Аъм. 28:23).
2. Чӣ гуна мо ба Каломи Худо эҳтироми шахсро бедор карда метавонем?
2 Нишон диҳед, ки Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд. Якум, диққати шахсро ба Китоби Муқаддас равона намуда, эҳтироми ӯро ба хиради Худо бедор созед. Вақте ки мо ояти Китоби Муқаддасро мехонем, шахс боваринокии моро ба Каломи Худо дида, онро бодиққат гӯш мекунад (Ибр. 4:12). Мо чунин гуфта метавонем: «Дар бораи ин масъала ба ман гуфтаҳои Китоби Муқаддас бисёр маъқул шуданд. Диққат диҳед, ки дар Навиштаҳо чӣ гуфта шудааст». Дар ҳар мавриди мувофиқ нишон диҳед, ки Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд.
3. Чӣ гуна ба шахс кӯмак кунем, то ки ӯ маънои ояти хондашударо фаҳмад?
3 Дуюм, оятҳои хондашударо фаҳмонед. Барои бисёриҳо фаҳмидани маънои оятҳое, ки онҳо бори аввал мебинанд, душвор аст. Барои ҳамин бояд фаҳмонем, ки ин ё он ояти Китоби Муқаддас бо мавзӯе, ки муҳокима мекунем чӣ гуна вобаста аст (Луқ. 24:26, 27). Калимаҳои асосиро қайд намоед. Барои боварӣ ҳосил кардан, ки шахс фикри хондашударо дуруст фаҳмидааст, ба ӯ савол диҳед (Мас. 20:5; Аъм. 8:30).
4. Чӣ гуна ҳангоми таълим додан ба дили шахс таъсир расондан мумкин аст?
4 Ба воситаи Навиштаҳо мулоҳиза кунед. Сеюм, кӯшиш намоед, ки ба ақли ӯ роҳ ёфта, дилашро ба даст оред. Ба ҳамсӯҳбататон кӯмак расонед, то ӯ фаҳмад, ки чӣ гуна оятҳои Китоби Муқаддас шахсан ба ӯ тааллуқ доранд. Мулоҳиза ба воситаи Навиштаҳо метавонад шахсро ба дигар намудани нуқтаи назари ӯ барангезад (Аъм. 17:2–4; 19:8). Масалан, Хуруҷ 3:14-ро хонда, (аз Замимаи Китоби Муқаддас, саҳифаи 5, сархати 2 истифода баред) метавонед чунин мулоҳиза кунед: «Агар мо бо ягон кас дӯстӣ кардан хоҳем, мо бояд номи ӯро донем». Сипас чунин пурсида метавонед: «Агар шумо номи Худоро донед, оё дуоҳоятон пурмазмунтар намегарданд?» Чунин мулоҳиза намуда нишон диҳед, ки Навиштаҳоро дар ҳаёти худ истифода бурдан мумкин аст. Далелҳои боварибахши Каломи Худо одамони самимиро ба Худои ростӣ, Яҳува ҷалб месозанд (Ирм. 10:10).