Киштзорҳо барои дарав сафед шудаанд
1. Ҳоло кадом кори муҳим рафта истодааст?
1 Баъд аз он ки Исо ба зани сомарӣ шаҳодат дод, ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст» (Юҳ. 4:35, 36). Он вақт дарави рӯҳонӣ аллакай рафта истода буд ва Исо миқёси ҷаҳонӣ доштани ин корро пешакӣ медид. Ӯ то ҳол аз осмон бо кори дарав хеле банд аст (Мат. 28:19, 20). Кадом аломатҳо нишон медиҳанд, ки кори дарав авҷ гирифта истодааст ва он ба хотимаи худ наздик аст?
2. Кадом пешравиҳо нишон медиҳанд, ки дарави умумиҷаҳонӣ афзоиш ёфта истодааст?
2 Дарави умумиҷаҳонӣ. Дар давоми соли хизматии 2009 шумораи воизон дар тамоми ҷаҳон 3,2 фоиз зиёд шуд. Дар минтақаҳое, ки кори мавъиза маҳдуд аст, 14 фоиз афзоиш дида шуд. Шумораи омӯзиши Китоби Муқаддас, ки ҳар моҳ дар ҳисобот қайд мегардад зиёда ба 7 619 000-ро расида буд. Ин шумора аз шумораи баландтарини худи воизон зиёдтар аст ва омӯзишҳои дар соли 2009 гузарондашуда назар ба омӯзишҳои соли 2008 беш аз ним миллион зиёд буданд. Азбаски дар бисёр минтақаҳо кори мавъиза дар авҷ аст, ниёз ба миссионероне, ки мактаби Ҷилъодро хатм кардаанд, зиёд мебошад. Дар мамлакатҳои зиёд, хизмат дар минтақаҳои ғайрзабон низ самараи фаровон меорад. Ба назар аён аст, ки Яҳува дар давоми тамомшавии дарав суръати корро тезонида истодааст (Иш. 60:22). Оё шумо ба «киштзор»-и худ бо назари нек менигаред?
3. Баъзеҳо дар мавриди дарави минтақаашон ба кадом хулоса омада метавонанд?
3 Дарави минтақаи шумо. Баъзеҳо мумкин чунин гӯянд: «Минтақаи ман на он қадар самарабахш аст». Ҳақиқатан ҳам метавонад чунин тобад, ки баъзе минтақаҳо назар ба минтақаҳои дигар натиҷаовар нестанд ё мисли пештара самара намеоранд. Аз ин сабаб баъзе Шоҳидон шояд хулоса кунанд, ки дар минтақаи онҳо дарав аллакай ба қуллаи худ расид ва кори онҳо танҳо ҷамъ кардани боқимондагон аст. Оё ҳақиқатан ҳам ҳамин тавр аст?
4. Мо бояд ба хизмати худ кадом муносибати дурустро парварем ва барои чӣ?
4 Кори дарав аз аввал то охир айёмест, ки меҳнати фаъолонаро талаб мекунад. Ба суханони зерини Исо, ки дар онҳо босуръат иҷро кардани кори дарав қайд шудааст, диққат диҳед: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам; Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад» (Мат. 9:37, 38). Яҳува, Соҳиби дарав, барои кай ва дар куҷо пайдо шудани самар вазифадор аст (Юҳ. 6:44; 1 Қӯр. 3:6–8). Пас супориши мо аз чӣ иборат аст? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ» (Воиз 11:4–6). Бале, вақте ки кори дарав ба қуллаи худ расида истодааст, ин айём вақти ба дасти худ осоиш додан нест!
5. Чаро дар минтақае, ки бесамар тобида метавонад, мо бояд бо ғайрат мавъиза кунем?
5 Кори даравро давом диҳед. Ҳатто агар минтақаамон якчанд маротиба коркард шуда бошаду ба назарамон чунин тобад, ки одамон дар он ҷо ба ҳақиқат гӯш намедиҳанд, мо сабабҳои асоснок дорем, ки ин корро бо ғайрат иҷро кунем. Ва фаромӯш накунем, ки кори дарав муҳим аст ва барои он вақт хеле кам мондааст (2 Тим. 4:2). Бетартибии бузург дар саҳнаи ҷаҳон одамонро водор менамояд, ки муносибаташонро дигар кунанд ва дар бораи оянда ҷиддитар фикр кунанд. Ҷавонон ҳангоми калон шуданашон мумкин бехатариву хотирҷамъиро орзу кунанд. Мумкин ба баъзеҳо мунтазам дар хизмат иштирок карданамон таъсир расонад. Бале, онҳое ки пеш моро гӯш намекарданд, шояд ҳоло гӯш кунанд. Ҳатто онҳое ки дидаву дониста хабари моро рад мекунанд, бояд огоҳонида шаванд (Ҳиз. 2:4, 5; 3:19).
6. Агар дар минтақаамон мавъиза кардан душвор бошад, барои ғайратро аз даст надодан чӣ кӯмак мекунад?
6 Агар дар минтақаамон мавъиза кардан душвор бошад, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ғайратро аз даст надиҳем? Мумкин мо метавонем баъзан ғайр аз хона ба хона мавъиза кардан, бо дигар тарз, масалан дар маҳаллҳои корӣ ё дар кӯча мавъиза кунем. Ё пешниҳоди худро дигар карда метавонем, то ки он якранг набошад. Ё метавонем реҷаи худро дигар намуда, бегоҳиҳо ё ин ки дигар вақте ки одамон дар хонаанд мавъиза кунем. Шояд барои ба одамони зиёдтар хушхабарро расондан, забони дигарро омӯзем. Мумкин метавонем чун пешрави доимӣ хизмат карда, доираи хизматамонро васеъ гардонем. Ё ин ки метавонем ба ҷое кӯчем, ки дар он ҷо “коргарони дарав” камтаранд. Агар мо ба кори дарав муносибати дуруст дошта бошем, мо дар ин кори муҳим то дараҷае, ки бароямон имконпазир аст, иштирок хоҳем кард.
7. То кадом вақт мо бояд дар кори ҷамъоварӣ иштирок кунем?
7 Деҳқонон бояд ҷамъоварии даравро то вақти муайян тамом кунанд, барои ҳамин онҳо то даме, ки корашонро тамом накунанд, дам намегиранд ё сустӣ намекунанд. Ба ин монанд, дарави рӯҳонӣ низ бояд ба пас гузошта нашавад. То кай мо кори ҷамъовариро бояд давом диҳем? Дар тӯли «охирзамон» ва то фаро расидани «интиҳо» (Мат. 24:14; 28:20). Монанди Воизи барҷастаи Яҳува, Исо, мо мехоҳем кореро, ки ба мо бовар карда шудааст ба анҷом расонем (Юҳ. 4:34; 17:4). Барои ҳамин, биёед бо ғайрату шодӣ ва назари нек мавъизаро то охир давом диҳем (Мат. 24:13). Кори дарав ҳоло ба поён нарасидааст.
[Ихтисор дар саҳифаи 2]
Кори дарав аз аввал то охир айёмест, ки меҳнати фаъолонаро талаб мекунад