Дар хизмат аз сайти jw.org истифода баред — «Дӯсти Яҳува шав!»
Дар сайти jw.org/ru, дар қисми «Таълимоти Китоби Муқаддас (БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ)» барои кӯдакон бахше бо номи «Дӯсти Яҳува шав! (СТАНЬ ДРУГОМ ИЕГОВЫ)» ҷойгир шудааст, ки он сурудҳо, видеоҳо ва супоришҳоро дар бар мегирад. Оё шумо аз ин рубрика дар хизмататон истифода мебаред? Агар шумо бо волидоне, ки кӯдакони хурд доранд омӯзиш кунед, ин рубрикаро ба онҳо нишон дода метавонед. Ин онҳоро водор карда метавонад, ки бо дигар қисмҳои вебсайтамон шинос шаванд.
Бародаре ҳангоми паҳн кардани рисолаи «Пайғоми Салтанат» № 38, бо зане вохӯрд, ки рисоларо ба даст гирифта, ҳамон замон хонданро сар кард. Он зан якчанд кӯдакони хурд дошт, ки ба рисола шавқ зоҳир карданд. Бародар мухтасар рисоларо дида баромада, диққатро ба суроғаи сайтамон, ки дар қафои он рисола ҷойгир шудааст, равона кард. Аз боиси он ки зан шавқ зоҳир кард, бародар аз фурсат истифода бурда, видеонавореро дар бораи Коля ба ӯ ва ба кӯдаконаш тавассути таҷҳизоти электрониаш нишон дод.
Хоҳаре ба ҳамкораш, ки кӯдаки хурд дошт, дар бораи сайтамон ва маълумоте, ки дар он оиди оилаҳо гуфта шудааст, нақл кард. Зан ба сайти мо ҳамроҳи кӯдакаш даромад. Баъдтар, вай ба хоҳарамон гуфт, ки кӯдакаш гирд-гирди хона гашта яке аз сурудҳои қисми «Дӯсти Яҳува шав!»-ро бо номи «Каломро мавъиза кун» месуруд.
Бо ин рубрикаи сайти jw.org шинос шавед ва яке аз видеоҳо, сурудҳо ё супоришҳоро ба таҷҳизоти электронии худ гиред. Он гоҳ шумо дар хизмат барои истифода бурдани сайти jw.org тайёр хоҳед буд. То чӣ андоза ин маводи пурқимматест барои хизмат кардан ба Ҳазратамон! (Аъм. 20:19).