Ба нобиноён барои шинохтани Яҳува кӯмак расонед
1. Чӣ тавр Исо нисбати нобиноён дилсӯзӣ зоҳир кард?
1 Якчанд рӯз пеш аз марги Исо, ҳангоми аз шаҳри Ериҳӯ баромаданаш, ду нобинои бенаво фарёд заданд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун». Ҳарчанд Исо дар бораи мушкилиҳое, ки ӯро интизор буданд фикру хаёл мекард, ӯ истода он мардонро назди худ хонд ва онҳоро шифо дод (Мат. 20:29–34). Чӣ тавр мо ба мисли Исо нисбати нобиноён дилсӯзӣ зоҳир карда метавонем?
2. Чӣ тавр мо ба шахси нобино шаҳодат дода метавонем?
2 Мадад расонед. Агар шумо дар ҷои серодам ва ё дар ягон ҷои дигар бо шахси нобино рӯ ба рӯ шавед, аввал худатонро муаррифӣ карда, ёрии худро пешкаш намоед. Азбаски чунин шахсонро бисёр фиреб медиҳанд, шахс дар аввал нисбати шумо шубҳа карданаш мумкин аст. Лекин инсондӯстӣ ва шавқи самимии шумо дили ӯро ором карда метавонад. Инчунин дар ёд доред, ки якчанд намуди нобиноӣ вуҷуд дорад ва донистани ин барои муайян кардани он ки ба онҳо чӣ қадар кӯмак расонидан лозим аст, ёрдам мекунад. Пас аз кӯмак расонидан, шумо дар бораи дар кори таълимдиҳии Китоби Муқаддас иштирок карданатон қайд карда метавонед. Сипас, барояш хонда додани оятҳои Забур 145:8 ва Ишаъё 35:5, 6-ро пешкаш намоед. Агар вай ҳуруфи Брайлро хонда тавонад, пурсед ки оё ӯ мехоҳад, то шумо барояш адабиётҳоро бо ин ҳуруф биёред, ки онҳо барои оиди Китоби Муқаддас маълумоти бештар гирифтанаш кӯмак мерасонанд. Шумо ҳамчунин ба вай барои аз сайти jw.org аудиофайлҳоро гирифтан кӯмак карда метавонед. Агар дар компютери ӯ барномаи махсусе вуҷуд дошта бошад, ки барои бо овоз хондани матн кӯмак мерасонад, пас ӯ аз гирифтани адабиёти мо ки бо формати RTF (Rich Text Format) дар сайти jw.org ҷойгир аст, беҳад миннатдор хоҳад шуд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Вақте ки ба шахси нобино кӯмак мерасонед...».)
3. Чӣ тавр мо нобиноёнро дар маҳалли худ ҷустуҷӯ карда метавонем?
3 Нобиноёнро ҷустуҷӯ кунед. Мо дар мавъизаи хона ба хона одамони нобиноро кам вомехӯрем, чунки аксари онҳо аз сӯҳбат кардан бо шахси бегона дар назди дар, худро нороҳат ҳис мекунанд. Бинобар ин барои шаҳодат додан, «суроғ» кардани ин гуна шахсон дар ҳақиқат саъю кӯшишро талаб мекунад (Мат. 10:11). Оё шумо ҳамкор ва ё ҳамсинфи нобино доред? Ташаббус зоҳир карда бо ӯ гап занед. Агар дар минтақаи шумо барои нобиноён мактаб вуҷуд дошта бошад, барои китобхонаи мактаб якчанд адабиётамонро бо ҳуруфи Брайл пешкаш кунед. Оё ягон шахсеро ки аъзои оилааш нобино аст, медонед? Оё дар минтақаи шумо ташкилотҳое ҳастанд, ки ба кӯрон хизматрасониҳо пешкаш мекунанд ё барои дар биноҳо осонтар баромадану фаромадани шахсони нобино, таҷҳизотҳои лозимаро пешниҳод мекунанд? Ба аъзои оила, котибае ки дар қабулгоҳи ташкилот мешинад ва ё раиси он ташкилот фаҳмонед, ки Шоҳидони Яҳува барои ба шахсони нобино кӯмак расонидан, хоҳиши зиёд доранд ва сипас овардани адабиётҳо бо ҳуруфи Брайл ё аудиосабтҳоро пешкаш намоед. Ба онҳо ваъдаи Худоро аз Китоби Муқаддас нишон диҳед, ки ба наздикӣ Худо нобиноиро аз рӯӣ замин пурра ва то абад нест хоҳад кард. Ҳамчунин шумо метавонед аз сайти jw.org/ru видеонавори «Не знаю, чтобы я делал без неё!»-ро нишон диҳед, ки дар он оиди марди нобиное нақл карда мешавад, ки чӣ тавр ӯ аз хондани Китоби Муқаддас бо ҳуруфи Брайл манфиат мегирад. Мақсади ташрифи худро фаҳмонданатон ба шумо барои бо нобиноён шахсан вохӯрдан, роҳ кушода метавонад.
4. Аз мисоли Ҷанет мо чӣ меомӯзем?
4 Хоҳари нобиное бо номи Ҷанет ба ташкилоте ки махсусан барои нобиноён пешбинӣ шудааст, ташриф овард. Вай бо ҷавонзане сӯҳбатро сар кард. Ҷанет ба вай гуфт: «Исо шахси нобиноро шифо дод ва бо ин нишон дод, ки дар оянда вай ҳама нобиноёнро шифо медиҳад». Онҳо Ваҳй 21:3, 4-ро якҷоя муҳокима карданд ва Ҷанет фаҳмонд, ки ин ваъдаро Салтанати Худо амалӣ мегардонад. Зан фурсате хомӯш монда, гуфт: «Ман ҳеҷ гоҳ ин суханонро аз шахси нобино нашунида будам. Аксари одамони бино боварӣ доранд, ки шахсони нобино аз сабаби ягон гуноҳи худ ё аҷдодонашон нобино мегарданд». Ҷанет ба почтаи электронии он зан ишораеро фиристод, ки ба воситаи он ӯ китоби «Таълимот»-ро ба таври электронӣ дастрас карда метавонист. Зани нобино китобро дастрас кард ва акнун Ҷанет бо ӯ дар як ҳафта ду бор омӯзиш мегузаронад.
5. Ба шахсони нобино шавқ зоҳир карданамон чӣ гуна баракатҳо оварда метавонад?
5 Албатта, мо одамонро мисли Исо шифо дода наметавонем, вале мо ба онҳое ки худои ин ҷаҳон зеҳнашонро кунд кардааст, ҳамчунин ба шахсони нобино барои фаҳмидани ҳақиқати Каломи Худо, кӯмак расонида метавонем (2 Қӯр. 4:4). Исо ду мардро дар назди Ериҳӯ шифо дод, чунки ба онҳо раҳмаш омад (Мат. 20:34). Агар мо нисбати нобиноён шавқи самимӣ зоҳир кунем, мо аз имтиёзи дар бораи Яҳува, Шахсияте ки нобиноиро то абад нест хоҳад кард, таълим додан бениҳоят хурсанд хоҳем гашт.