ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 1–5
Беайбии Айюб озмуда шуд
Айюб дар он замоне ки исроилиён дар Миср ғулом буданд дар сарзамини Ус зиндагӣ мекард. Ҳарчанд ӯ исроилӣ набошад ҳам, содиқона Яҳуваро ибодат мекард. Ӯ шахси обрӯманду сарватманд буд ва оилаи калон дошт. Ҳамчунин ӯ маслиҳатчии хуб ва довари боинсоф буд. Ӯ ба камбағалону бечорагон хайру саховат мекард. Айюб марди беайб буд.
Яҳува дар ҳаёти Айюб дар ҷои аввал буд
Шайтон беайбии Айюбро ба нишон гирифт. Шайтон итоаткории Айюбро неву нияти ӯро зери шубҳа гузошт
Шайтон даъво кард, ки Айюб ба Яҳува барои манфиати худаш хизмат мекунад
Барои ҷавоб додан ба даъвои Шайтон Яҳува роҳ дод, ки вай ба ин марди содиқ ҳамла намояд. Шайтон ба ҳаёти Айюб аз ҳар тараф зарар расонд
Ҳангоми озмудани Айюб, Шайтон на танҳо беайбии ӯро, балки беайбии тамоми инсониятро зери шубҳа гузошт
Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд