БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Тасаввуроти худро ба кор баред
Вақте шумо аз Китоби Муқаддас ягон воқеаро мехонед, тасаввуроти худро ба кор бурда онро дар пеши назаратон зинда гардонед. Барои хубтар тасаввур кардан ба шумо тадқиқ кардани мазмуни матн ёрдам мекунад. Ҳаракат кунед, ки дар бораи иштирокчиёни он воқеа маълумот гиред ва фаҳмед, ки чӣ ба рафтор ё амали онҳо таъсир карда метавонист. Макони рӯй додани воқеаро тасаввур кунед, овозҳоро шунавед, бӯйро ҳис кунед ва худро ба ҷойи иштирокчиён монда ҳиссиёти онҳоро фаҳмед.
ПОРЧАЕРО АЗ ВИДЕОНАВОРИ «БИГЗОР ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС БАРОЯТОН БОЗ ҲАМ ШАВҚОВАР ГАРДАД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Эҳтимол аз кадом сабабҳо бародарони Юсуф ба ӯ нағз муносибат намекарданд?
Чаро бародарони Юсуф баъзан ба ҳиссиёт дода мешуданду оқибатро фикр накарда амал мекарданд?
Аз Китоби Муқаддас дар бораи Яъқуб, падари Юсуф, чиро фаҳмидан мумкин аст?
Яъқуб дар ҳал кардани нофаҳмӣ ба писарони худ чӣ намуна гузошт?
Шумо аз ин видеонавор чӣ дарс гирифтед?