МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 20
Кӣ имрӯз «подшоҳи Шимол» аст?
«Ба заволи худ хоҳад расид, ва касе нахоҳад буд, ки ӯро дастгирӣ намояд» (ДОН. 11:45).
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
ПЕШГУФТОРa
1, 2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
МО АЗ ҳарвақта дида далелҳои зиёд дорем, ки дар поёни рӯзҳои охир зиндагӣ дорем. Ба наздикӣ Яҳува ва Исои Масеҳ ҳама ҳокимиятҳоеро, ки зидди Подшоҳии Худоянд, нест мекунанд. Пеш аз рӯй додани ин воқеаҳо подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб бо ҳам рақобат карданро давом медиҳанд ва халқи Худоро таъқиб мекунанд.
2 Дар ин мақола мо пешгӯйии Дониёл 11:40–12:1 дида мебароем. Мо муайян месозем, ки имрӯз кадом давлат подшоҳи Шимол ҳисоб меёбад. Муҳокимаи ин мақола ба мо кӯмак мекунад, ки чизе рӯй надиҳад ором монем ва боварӣ дошта бошем, ки Яҳува моро наҷот медиҳад.
ПОДШОҲИ ШИМОЛ БОЗ ДАР СИМОИ НАВ ПАЙДО МЕШАВАД
3, 4. Кӣ имрӯз подшоҳи Шимол аст? Фаҳмонед.
3 Баъди он ки соли 1991 Иттифоқи Шӯравӣ барҳам хӯрд, халқи Худо дар он мамлакати паҳновар «андаке кӯмак» ба даст овард, яъне муддате озодона фаъолият намуд (Дон. 11:34). Шоҳидон озодона мавъиза мекарданд ва дере нагузашта шумораи воизон дар собиқ давлатҳои Иттифоқи Шӯравӣ ба садҳо ҳазор расид. Вале бо гузашти вақт Русия ва давлатҳое, ки ӯро дастгирӣ мекунанд, худро чун подшоҳи нави Шимол нишон доданд. Чуноне ки дар мақолаи пешина гуфтем, барои муайян кардани он ки кадом давлат нақши шоҳи Шимол ва Ҷанубро мебозад, мо бояд се чизро ба назар гирем: 1) он давлатҳо ба халқи Худо таъсири пурзӯр мерасонанд; 2) бо амалҳои худ нишон медиҳанд, ки аз Яҳува ва халқи Ӯ нафрат мекунанд; 3) байни ҳам доим рақобат доранд.
4 Барои чӣ гуфтан мумкин аст, ки имрӯз Русия ва ҳамаҳдони он шоҳи Шимол мебошанд? Ба ин се далел аҳамият диҳед: 1) онҳо бевосита ба халқи Худо таъсир мерасонанд. Масалан, Русия фаъолияти Шоҳидонро манъ кард ва садҳо ҳазор бародару хоҳаронро, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, таъқиб менамояд; 2) бо ин амалҳои худ онҳо нишон медиҳанд, ки аз Яҳува ва халқи Ӯ нафрат доранд; 3) онҳо бо Подшоҳи Ҷануб, яъне давлати абарқудрати Англо-Амрико рақобат доранд ва кӯшиш мекунанд, ки аз он зӯртар гарданд.
ШОҲИ ШИМОЛ ВА ШОҲИ ҶАНУБ МУБОРИЗАРО ДАВОМ МЕДИҲАНД
5. Дар қисми Дониёл 11:40–43 воқеаҳои кадом давра тасвир шудаанд ва дар он муддат чӣ рӯй медиҳад?
5 Дониёл 11:40–43-ро хонед. Ин қисми пешгӯйӣ воқеаҳоеро дар бар мегирад, ки дар айёми охир рӯй медиҳанд. Дар ин оятҳо гуфта мешавад, ки чӣ тавр подшоҳи Шимол ва Ҷануб бо ҳамдигар мубориза мебаранд. Дониёл пешгӯйӣ карда буд, ки дар охирзамон подшоҳи Ҷануб бо Подшоҳи Шимол «муҳориба хоҳад кард» (Дон. 11:40). Чӣ тавр мо иҷрошавии ин суханонро мебинем?
6. Чӣ исбот мекунад, ки ду подшоҳ бо ҳам мубориза мебаранд?
6 Подшоҳи Шимол ва Ҷануб барои давлати пурқудраттарини ҷаҳон шудан бо ҳам рақобатро давом медиҳанд. Масалан, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Иттифоқи Шӯравӣ бо ҳамаҳдонаш бар бисёр давлатҳои Аврупо таъсири калон пайдо кард. Ва ин амали подшоҳи Шимол подшоҳи Ҷанубро водор кард, ки иттиҳоди ҳарбии байналмиллалиро созмон диҳад, ки он бо номи НАТО маълум аст. Подшоҳи Шимолу Ҷануб инчунин маблағҳои калонро сарф карда кӯшиш мекунанд, ки артиши аз ҳама бақувватро дошта бошанд. Рақобати ин ду подшоҳ боз дар он дида мешуд, ки онҳо дар ҷангу низоҳо дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотинӣ душманони якдигарро дастгирӣ мекарданд. Солҳои охир таъсири Русия ва ҳамаҳдонаш дар тамоми ҷаҳон паҳн гаштааст. Подшоҳи Шимол ва Ҷануб инчунин дар киберфазо бо ҳам ҷанг мекунанд, яъне онҳо якдигарро айбдор мекунанд, ки бо истифодаи барномаҳои гуногуни компютерӣ ба сохтори иқтисодӣ ва сиёсии якдигар зарар расондан мехоҳанд. Инчунин чи хеле ки Дониёл пешгӯйӣ карда буд, Подшоҳи Шимол таъқиб кардани халқи Худоро давом медиҳад (Дон. 11:41).
ПОДШОҲИ ШИМОЛ «БА ЗАМИНИ ДИЛПИСАНД ДОХИЛ ХОҲАД ШУД»
7. «Замини дилписанд» гуфта чӣ дар назар дошта шудааст?
7 Дар Дониёл 11:41 пешгӯйӣ шудааст, ки подшоҳи Шимол «ба замини дилписанд дохил» мешавад. Ин кадом замин аст? Дар замонҳои қадим Исроил «беҳтарин ҷойи рӯйи замин» ба шумор мерафт (Ҳиз. 20:6, Тарҷумаи форсии дарӣ). Замини Исроил барои он аз ҳама беҳтарин ҳисоб меёфт, ки дар он ҷо одамон ба Худои ҳақиқӣ Яҳува ибодат мекарданд. Вале аз Иди ҳафтаҳои 33-юми милодӣ «замини дилписанд» ягон макони муайянро тасвир намекунад, зеро аз он вақт сар карда халқи Яҳува бар тамоми замин паҳн шуд. Аниқтараш он «замин» имрӯз доираи фаъолияти халқи Яҳува мебошад, ки он дар ҷамъомадҳо ибодат намудани Яҳува ва мавъиза карданро дар бар мегирад.
8. Чӣ тавр подшоҳи Шимол ба «замини дилписанд» дохил шуд?
8 Дар давоми айёми охир подшоҳи Шимол борҳои зиёд ба «замини дилписанд» дохил шуд. Масалан, вақте Германияи фашистӣ подшоҳи Шимол буд, он ба «замини дилписанд» дохил шуд, яъне халқи Худоро таъқиб мекард ва мекушт. Хусусан дар вақти Ҷанги дуюми ҷаҳон он подшоҳ хизматгорони Яҳуваро бераҳмона азоб медод. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, вақте ки Иттифоқи Шӯравӣ подшоҳи Шимол гашт, он ҳам ба «замини дилписанд» даромад, яъне Шоҳидонро таъқиб мекард ва онҳоро ба ҷойҳои дур бадарға менамуд.
9. Солҳои охир Русия ва ҳамаҳдонаш чӣ тавр ба «замини дилписанд» дохил шуданд?
9 Солҳои охир Русия ва ҳамаҳдонаш низ ба «замини дилписанд» даромаданд. Чӣ тавр? Соли 2017 ин подшоҳи Шимол фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро манъ кард ва баъзе бародару хоҳаронро ҳабс намуд. Он ҳамчунин адабиёти моро, аз он ҷумла «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Китоби Муқаддасро, манъшуда эълон кард. Ғайр аз ин давлати Русия бинои филиали мо, ибодатгоҳҳо ва Толорҳои анҷуманро мусодира намуд. Баъди ин воқеаҳо, соли 2018 Ҳайати роҳбарикунанда Русия ва ҳамаҳдонашро чун подшоҳи Шимол муаррифӣ кард. Лекин ба таъқиботи шадид нигоҳ накарда Шоҳидони Яҳува ба ягон шӯриши зидди давлат ҳамроҳ намешаванд ё худашон исён намебардоранд. Баръакс, онҳо мувофиқи маслиҳати Китоби Муқаддас «дар ҳаққи подшоҳон ва ҳамаи шахсони баландмартаба» дуо мегӯянд, хусусан вақте давлатдорон қарорҳое мебароранд, ки ба озодона ибодат кардани мо таъсир карда метавонанд (1 Тим. 2:1, 2).
ОЁ ШОҲИ ШИМОЛ ШОҲИ ҶАНУБРО МАҒЛУБ МЕКУНАД?
10. Оё подшоҳи Шимол подшоҳи Ҷанубро мағлуб мекунад? Фаҳмонед.
10 Дар Дониёл 11:40–45 асосан дар бораи корҳои подшоҳи Шимол пешгӯйӣ шудааст ва оиди подшоҳи Ҷануб қариб гап намеравад. Оё ин маънои онро дорад, ки шоҳи Шимол шоҳи Ҷанубро нест мекунад? Не. Подшоҳи Ҷануб то даме ки Яҳува ва Исо тамоми ҳокимиятҳои одамиро дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн нест накунанд, «зинда» хоҳад буд (Ваҳй 19:20). Мо инро аз куҷо медонем? Биёед бинем, ки пешгӯйии Дониёл ва Ваҳй чиро қайд мекунанд.
11. Дар Дониёл 2:43–45 оиди чӣ гуфта шудааст? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
11 Дониёл 2:43–45-ро хонед. Дониёл-пайғамбар якчанд ҳокимияти одамиро тасвир мекунад, ки ба халқи Худо таъсири пурзӯр расонданд. Он давлатҳо чун қисмҳои гуногуни ҳайкали бузурги металлӣ нишон дода шудаанд. Охирон ҳокимияти одамӣ чун пойҳои ҳайкал тасвир шудааст, ки аз гилу оҳан иборат аст. Он пойҳо рамзи давлати абарқудрати Англо-Амрико мебошанд. Чуноне аз пешгӯйӣ маълум аст, то вақте ки Подшоҳии Худо ҳокимиятҳои одамиро гард-гард ва несту нобуд накунад, Англо-Амрико вуҷуд хоҳад дошт.
12. Каллаи ҳафтуми ҳайвони ваҳшӣ рамзи чӣ аст ва чаро донистани ин чиз муҳим мебошад?
12 Юҳаннои расул низ як қатор давлатҳои пурқудратро тасвир карда буд, ки ба халқи Яҳува таъсир мерасонданд. Ӯ дар бораи ҳайвони ваҳшии ҳафткаллае гуфт, ки ҳар як каллааш яке аз он давлатҳоро тасвир мекард. Каллаи ҳафтум рамзи давлати абарқудрати Англо-Амрико мебошад. Ин хеле ҷолиби диққат аст, зеро гуфта нашудааст, ки аз тани он ҳайвон сари дигаре пайдо мешавад. Пас, вақте Исо бо лашкари осмониаш барои нест кардани он «калла» ва боқимондаи ҳайвони ваҳшӣ меоянд, сари ҳафтум то ҳол ҳукмрон хоҳад будb (Ваҳй 13:1, 2; 17:13, 14).
ПОДШОҲИ ШИМОЛ ДАР ОЯНДАИ НАЗДИК ЧӢ КОР МЕКУНАД?
13, 14. Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ киро тасвир мекунад ва аз кадом сабаб он эҳтимол ба халқи Худо ҳамла меорад?
13 Пеш аз он ки Худо подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷанубро нест кунад, кадом воқеаҳо метавонанд рӯй диҳанд? Пешгӯйӣ аз китоби Ҳизқиёл ба ин равшанӣ меандозад. Аз афташ дар пешгӯйиҳо аз Ҳизқиёл 38:10–23; Дониёл 2:43–45; 11:44–12:1 ва Ваҳй 16:13–16, 21 оиди як чиз гуфта шудааст. Агар чунин бошад, мо воқеаҳои зеринро интизор шуда метавонем.
14 Чанде пас аз сар шудани мусибати бузург «подшоҳони тамоми замин» бо ҳам як хоҳанд шуд (Ваҳй 16:13, 14; 19:19). Ин иттиҳоди халқҳоро Китоби Муқаддас Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ меномад (Ҳиз. 38:2). Онҳо бо мақсади тамоман нест кардани халқи Худо бори охир ба он ҳамла хоҳанд овард. Чӣ онҳоро ба ин шӯр меандозад? Юҳаннои расул рӯъёе дид, ки он вақт ба сари душманони Худо жолаи бузурге меборад. Ин жола шояд рамзи хабари доварии Яҳува аст, ки хизматгоронаш чанде пас аз сар шудани мусибати бузург эълон мекунанд. Он барои одамон дардовар хоҳад буд. Шояд маҳз ин хабар Ҷуҷро ба шӯр меандозад ва ӯ бо мақсади тамоман нест кардани халқи Худо ба он ҳамла меорад (Ваҳй 16:21).
15, 16. а) Дар Дониёл 11:44, 45 эҳтимол кадом воқеаҳо тасвир шудаанд? б) Бо подшоҳи Шимол ва бақияи Ҷуҷ аз Моҷуҷ чӣ рӯй хоҳад дод?
15 Эҳтимол дар Дониёл 11:44, 45c низ дар бораи ин хабари мудҳиш ва охирон ҳамлаи душманони Худо гап меравад. (Оятҳоро хонед.) Дониёл мегӯяд, ки «хабарҳо аз шарқу аз шимол» подшоҳи Шимолро ба ташвиш меорад ва он «бо хашму ғазаби зиёд» берун меояд. Подшоҳи Шимол мехоҳад, ки «бисёриҳоро нобуд созад». Ин ҷо «бисёриҳо» гуфта аз афташ халқи Худо дар назар дошта шудаастd. Мумкин ин ҷо Дониёл ҳамон ҳамлаи охиронро тасвир мекунад.
16 Вақте подшоҳи Шимол якҷоя бо дигар давлатҳои ҷаҳон ба халқи Худо ҳамла мекунанд, аз ин ғазаби Худои Қодир аланга мезанад ва он гоҳ ҷанги Ҳармаҷиддӯн сар мешавад (Ваҳй 16:14, 16). Он вақт шоҳи Шимол ҳамроҳи бақияи халқҳо, ки Ҷуҷ аз Моҷуҷро ташкил медиҳанд, несту нобуд хоҳад шуд ва «мададгоре барояш нахоҳад буд» (Дон. 11:45, ТДН).
17. Дар Дониёл 12:1 малаки бузург Микоил гуфта кӣ дар назар дошта шудааст? Ӯ ҳозир чӣ кор карда истодааст ва дар ояндаи наздик чӣ кор хоҳад кард?
17 Дар ояти навбатӣ, яъне Дониёл 12:1 муфассалтар фаҳмонда шудааст, ки чӣ тавр подшоҳи Шимол ва ҳамроҳонаш нест мешаванд ва мо чӣ тавр наҷот меёбем. (Оятро хонед.) Ин оят чӣ маъно дорад? Микоил номи дигари Исои Масеҳ мебошад. Ӯ аз соли 1914, аз он вақте ки дар осмон Подшоҳ шуд, «ба муҳофизати» қавми Худо «истодааст». Ба қарибӣ, дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн Исо «хоҳад бархост», яъне барои нест кардани душманони худ боқатъият амал хоҳад кард. Ин ҷанг ба «замони тангӣ»-е, ки Дониёл пешгӯйӣ карда буду «аз пайдоиши олам» мисли он рӯй надода буд, хотима мебахшад. Юҳанно ба он айём чун ба «мусибати бузург» ишора кардааст (Ваҳй 6:2; 7:14).
ОЁ НОМИ ШУМО «ДАР ДАФТАР НАВИШТА» МЕШАВАД?
18. Чаро мо дар оянда чизе ки рӯй надиҳад, ором монда метавонем?
18 Дар оянда чизе ки рӯй надиҳад, мо метавонем ором монем ва натарсем. Зеро ҳам Дониёл ва ҳам Юҳанно боварӣ мебахшанд, ки онҳое, ки ба Яҳува ва Исо хизмат мекунанд, дар давоми мусибати бемислу монанд наҷот хоҳанд ёфт. Дониёл мегӯяд, ки «ҳамаи онҳое ки дар дафтар навишта шуда бошанд, халосӣ хоҳанд ёфт» (Дон. 12:1). Ҳар яки мо чӣ кор карда метавонем, то номамон дар он дафтар навишта шавад? Барои ин бояд ба Исо — «Барраи Худо» имон орем ва имонамонро дар амал нишон диҳем (Юҳ. 1:29). Хеле муҳим аст, ки шахс ҳаёташро ба Худо бахшида таъмид гирад (1 Пет. 3:21). Инчунин ҳар як кас то ҳадди имкон бояд ба дигарон барои ба Яҳува наздик шудан кӯмак кунад ва ҳамин тавр Подшоҳии Худоро дастгирӣ намояд.
19. Ҳоло мо бояд чӣ кор кунем ва чаро?
19 Имрӯз вақти он аст, ки бовариамонро ба Яҳува ва ташкилоташ қавӣ гардонем. Ҳоло вақти он аст, ки Подшоҳии Худоро дастгирӣ кунем. Он гоҳ вақте ки Подшоҳии Худо шоҳи Шимол ва Ҷанубро нест мекунад, мо дар амон хоҳем буд.
СУРУДИ 132 Суруди ғалаба
a Имрӯз «подшоҳи Шимол» кӣ аст ва он чӣ хел несту нобуд мегардад? Донистани ҷавоби ин саволҳо имони моро мустаҳкам менамояд ва моро ба душвориҳои ояндаи наздик тайёр мекунад.
b Дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июни с. 2012, саҳ. 7–19 пешгӯйиҳо аз Дониёл 2:36–45 ва Ваҳй 13:1, 2 муфассалтар фаҳмонда шудаанд.
c Дар Тарҷумаи дунёи нав ба забони англисӣ ин оятҳо чунин омадаанд: «Аммо хабарҳо аз шарқу аз шимол ӯро ба ташвиш меоранд ва ӯ бо хашму ғазаби зиёд мебарояд, то нест кунад ва бисёриҳоро нобуд созад. Ӯ хаймаҳои шоҳонаи худро байни баҳри бузург ва кӯҳи муқаддаси Зеби замин мезанад, вале ҳатман нобуд мешавад ва мададгоре барояш нахоҳад буд».
d Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи с. 2015 саҳ. 29, 30 оиди ин маълумоти бештар оварда шудааст.