МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 23
Яҳува шуморо ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад
«Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое, ки Ӯро мехонанд» (ЗАБ. 144:18).
СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува
ПЕШГУФТОРa
1. Аз кадом сабаб хизматгорони Худо баъзан худро танҳо ҳис мекунанд?
БАЪЗАН ҳар яки мо худро танҳо ҳис мекунем. Дар баъзеҳо ин гуна ҳиссиёт тез мегузарад. Дигарон бошанд, аз ҳисси танҳоӣ, эҳтимол, дурудароз азоб кашанд. Шояд мо ҳатто дар иҳотаи одамон худро танҳо ҳис кунем. Дар баъзеҳо вақте ба ҷамъомади нав мегузаранд, чунин ҳиссиёт пайдо мешавад. Дигарон дар оилаи тифоқ ба воя расидаанд, барои ҳамин вақте аз оилаашон ба ҷойи дур мераванд, худро танҳо ҳис мекунанд. Баъзеҳо бошанд, аз фироқи шахси наздикашон, ки вафот кардааст, азоб мекашанд. Баъзе масеҳиён хусусан онҳое, ки нав ба ҳақиқат омадаанд, аз боиси он худро танҳо ҳис мекунанд, ки наздикони ҳамимоннабудаашон ё дӯстони пештараашон аз онҳо рӯй мегардонанд ё ба онҳо зиддият нишон медиҳанд.
2. Мо дар ин мақола ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
2 Яҳува дар бораи мо ҳама чизро медонад ва ҳиссиёти моро мефаҳмад. Вақте ки мо танҳоӣ мекашем, Ӯ инро мебинад ва барои паси сар кардани ин ҳиссиёт ба мо ёрдам додан мехоҳад. Яҳува ба мо чӣ тавр ёрдам медиҳад? Худи мо барои аз ин ҳолат раҳо шудан чӣ кор карда метавонем ва чӣ тавр бародарону хоҳаронеро, ки аз ҳисси танҳоӣ азоб мекашанд, дастгирӣ кунем? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.
ЯҲУВА НИСБАТИ МО БЕПАРВО НЕСТ
3. Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки ба Илёс ғамхор аст?
3 Яҳува бисёр мехоҳад, ки ҳолу аҳволи хизматгоронаш нағз бошад. Ӯ ба ҳар яки мо наздик аст ва вақте мо аз чизе зиқ ё рӯҳафтода мешавем, Ӯ инро пай мебарад (Заб. 144:18, 19). Ба хотир оред, ки Яҳува ба пайғамбар Илёс то чӣ андоза ғамхор буд. Он марди содиқ дар замонҳои душвори таърихи Исроил зиндагӣ мекард. Одамони пурқудрати Исроил, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд, хизматгорони Яҳуваро сахт таъқиб мекарданд ва онҳо хусусан Илёсро куштан мехостанд (3 Подш. 19:1, 2). Ҳамчунин Илёс фикр мекард, ки аз хизматгорони Яҳува танҳо ӯ боқӣ мондааст ва ин ӯро боз ҳам бештар рӯҳафтода мекард (3 Подш. 19:10). Зиқ будани Илёсро дида Яҳува дарҳол ба мадади ӯ шитоб кард. Ӯ фариштаашро фиристода пайғамбари Худро боварӣ бахшид, ки Ӯ танҳо нест, балки бисёр исроилиёни дигар низ ҳастанд, ки то ҳол ба Ӯ содиқона хизмат мекунанд (3 Подш. 19:5, 18).
4. Чӣ тавр Марқӯс 10:29, 30 нишон медиҳад, ки Яҳува дар бораи онҳое, ки аз дастгирии дигарон маҳрум шудаанд, ғамхорӣ мекунад?
4 Яҳува медонад, ки вақте мо хизматгори Ӯ шудем, баъзеамон аз баҳри бисёр чизҳо баромадем. Яке аз чизҳое, ки шояд мо аз даст додем, ин дастгирии аъзои оила ва дӯстоне мебошанд, ки ба Яҳува хизмат намекунанд. Эҳтимол, аз ин сабаб боре Петруси расул хавотир шуда пурсид: «Мо ҳама чизро партофта, туро пайравӣ кардем, пас, мукофоти мо чӣ хоҳад буд?» (Мат. 19:27). Исо меҳрубонона пайравонашро боварӣ бахшид, ки онҳо соҳиби оилаи калони рӯҳонӣ хоҳанд шуд. (Марқӯс 10:29, 30-ро хонед.) Яҳува Падари осмонии мо ваъда медиҳад, ки онҳоеро, ки ба Ӯ хизмат кардан мехоҳанд, албатта, дастгирӣ мекунад (Заб. 9:11). Барои аз ҳисси танҳоӣ раҳо шудан чӣ тавр кӯмаки Яҳуваро ба даст оварда метавонем? Биёед баъзе қадамҳоро дида бароем.
АГАР ШУМО АЗ ТАНҲОӢ АЗОБ КАШЕД, ЧӢ КӮМАК КАРДА МЕТАВОНАД?
5. Вақте диққатро ба он равона мекунед, ки Яҳува шуморо дастгирӣ карда истодааст, ин чӣ манфиат меорад?
5 Диққатро ба ёрдами Яҳува равона кунед (Заб. 54:23). Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ба вазъияти худ назари дурустро нигоҳ доред. Хоҳари муҷарраде бо номи Камолаb, ки оилааш дар роҳи ҳақиқат нест, чунин мегӯяд: «Вақте ман ба хотир меорам, ки чӣ тавр Яҳува дар вақтҳои душвор ба ман ёрдам дода буд, ман худро танҳо ҳис намекунам ва ин маро дилпур месозад, ки Яҳува дар оянда низ маро намепартояд».
6. Чӣ тавр 1 Петрус 5:9, 10 онҳоеро, ки аз ҳисси танҳоӣ азоб мекашанд, рӯҳбаланд карда метавонад?
6 Дар бораи он фикр кунед, ки Яҳува ба ҳамимононе, ки худро танҳо ҳис мекунанд, чӣ тавр кӯмак мекунад. (1 Петрус 5:9, 10-ро хонед.) Ҳироши ном бародаре, ки солҳои зиёд дар оила худаш танҳо Шоҳиди Яҳува аст, мегӯяд: «Ҳарчанд на ҳама бародару хоҳарон дар оила худашон танҳо Шоҳиди Яҳува ҳастанд, ҳар кас душвориҳои худро дорад. Одаме нест, ки душворӣ надошта бошад. Ҳамаи онҳо барои ба Яҳува хизмат кардан ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд ва инро дида ман рӯҳбаланд мешавам».
7. Шахсан ба шумо дуо чӣ тавр кӯмак мекунад?
7 Реҷаи хуби рӯҳониро нигоҳ доред. Масалан, ба Яҳува аз таҳти дил дуо гуфта ҳиссиётатонро ошкоро гӯед (1 Пет. 5:7). Мавзуна ном хоҳаре мегӯяд: «Яке аз чизҳои муҳимтарине, ки ба ман барои бо ҳисси танҳоӣ мубориза бурдан ёрдам мекунад, ин дуоҳои гарму ҷӯшон ба Яҳува аст». Вақте ин хоҳари ҷавон хизматгори Яҳува шуд, худро аз оилааш ҷудо ҳис кард, чунки наздиконаш ҳақиқатро қабул накарданд. Ӯ мегӯяд: «Яҳува чун Падари воқеӣ маро дар ҳақиқат дастгирӣ мекард ва ман ҳар рӯз борҳои зиёд ба Яҳува дуо гуфта диламро холӣ мекардам».
8. Чӣ тавр хониши Каломи Худо ва мулоҳиза оиди он ба шумо кӯмак мекунад?
8 Каломи Худоро мунтазам хонед ва дар бораи воқеаҳое мулоҳиза ронед, ки дар он муҳаббати Яҳува нисбати шумо дида мешавад. Биянка ном хоҳаре, ки оилааш ӯро бо суханони сахт рӯҳафтода мекунанд, мегӯяд: «Хониши воқеаҳои дар Каломи Худо овардашуда ва мулоҳиза оиди онҳо, инчунин саргузашти ходимони Яҳува, ки вазъияташон ба вазъияти ман монанд аст, дар ҳақиқат ба ман кӯмак мекарданд». Баъзе масеҳиён оятҳоеро аз ёд мекунанд, ки хеле тасаллибахш мебошанд, ба мисли Забур 26:10 ва Ишаъё 41:10. Дигарон бошанд, аз сайтамон баъзе сабтҳоро гӯш карда камта́р танҳоӣ мекашанд.
9. Чӣ тавр дар ҷамъомадҳо иштирок кардан ба шумо фоида меорад?
9 Ҳаракат кунед, ки мунтазам ба ҷамъомадҳо равед. Шумо аз барномаи он рӯҳбаланд мешавед ва ҳамчунин бо бародарону хоҳарон хубтар шинос мегардед (Ибр. 10:24, 25). Мавзуна, ки суханонашро дар боло овардем, чунин мегӯяд: «Ҳарчанд ман хеле шармгин будам, қарор кардам, ки ба ҳар як ҷамъомад рафта ақаллан як шарҳ медиҳам. Ин ба ман ёрдам кард, ки худро бо бародарону хоҳарон наздиктар ҳис кунам».
10. Чаро бо ҳамимонон дӯстиро инкишоф додан муҳим аст?
10 Бо ҳамимонон дӯстиро инкишоф диҳед. Дар ҷамъомад дӯстонеро пайдо кунед, ки аз онҳо чизе омӯхта метавонед, ҳатто бо онҳое дӯст шавед, ки синну сол ва маданияташон аз шумо фарқ мекунад. Китоби Муқаддас ба мо хотиррасон мекунад, ки хирад «дар пирон аст» (Айюб 12:12). Пиронсолон низ аз ҷавонони содиқ чизе омӯхта метавонанд. Довуд дар синну сол аз Йӯнотон хеле хурд буд, вале ин ба онҳо монеъ намешуд, ки дӯсти ҷонӣ шаванд (1 Подш. 18:1). Довуд ва Йӯнотон ба ҳамдигар кӯмак мекарданд, ки ба душвориҳои калон нигоҳ накарда ба Яҳува хизмат кунанд (1 Подш. 23:16–18). «Ҳамимонон дар ҳақиқат барои мо мисли волидон ва бародарону хоҳарони худамон шуда метавонанд. Яҳува ба воситаи онҳо метавонад эҳтиёҷоти моро конеъ кунад»,— мегӯяд Ирина, хоҳаре, ки дар оила танҳо худаш Шоҳиди Яҳува мебошад.
11. Барои инкишоф додани дӯстии мустаҳкам мо бояд чӣ кор кунем?
11 Пайдо кардани дӯстони нав метавонад душвор бошад, махсусан агар шумо шармгин бошед. Фараҳноз ном хоҳари изокаш, ки ба зиддияти дигарон нигоҳ накарда ҳақиқатро қабул кард, мегӯяд: «Ман бояд дарк мекардам, ки ба дастгирии хоҳару бародарони ҷамъомад ниёз дорам». Бо касе дар бораи ҳиссиётатон сӯҳбат кардан душвор буда метавонад, лекин ин кӯмак мекунад, ки бо ӯ дӯсти наздик шавед. Дӯстонатон мехоҳанд шуморо рӯҳбаланд ва дастгирӣ кунанд, вале агар шумо ба онҳо нагӯед, ки ба чӣ мӯҳтоҷед, онҳо инро аз куҷо мефаҳманд.
12. Мо чӣ тавр дӯстони хубро пайдо карда метавонем?
12 Яке аз роҳҳои беҳтарини пайдо кардани дӯстон ин бо ҳамимонон дар кори мавъиза иштирок кардан мебошад. Камола, ки дар боло суханонашро овардем, мегӯяд: «Ман дар мавъиза ва дигар намудҳои хизмат бо хоҳарон ҳамкорӣ карда бисёр дӯстони хуб пайдо кардам. Яҳува дар давоми солҳои зиёд ба воситаи чунин дӯстон маро дастгирӣ мекард». Агар мо бо масеҳиёни содиқ дӯстиро инкишоф диҳем, ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавем. Яҳува ба воситаи чунин дӯстон ба шумо ёрдам мекунад, ки бо ҳисси рӯҳафтодагӣ, ба мисли танҳоӣ мубориза баред (Мас. 17:17).
БА ДИГАРОН КӮМАК КУНЕД, КИ ХУДРО ЧУН ДАР ОИЛА ҲИС КУНАНД
13. Ҳар як кас дар ҷамъомад чӣ гуна ӯҳдадорӣ дорад?
13 Ҳар як кас дар ҷамъомад ӯҳдадор аст, ки ба ҳамдигар муҳаббат зоҳир кунад ва меҳрубон бошад, то ҳеҷ кас худро танҳо ҳис накунад (Юҳ. 13:35). Мо бо сухан ва рафтори худ дар ҳақиқат дигаронро рӯҳбаланд карда метавонем. Аҳамият диҳед як хоҳар чӣ мегӯяд: «Вақте ман ба ҳақиқат омадам, ҷамъомад оилаи ман гашт. Ман бе ёрдаму дастгирии онҳо Шоҳиди Яҳува шуда наметавонистам». Чӣ тавр шумо ба онҳое, ки аъзои оилаашон дар роҳи ҳақиқат нестанд, кӯмак карда метавонед, ки дар ҷамъомад худро бегона ҳис накунанд?
14. Барои бо одамоне, ки нав ба ҷамъомад меоянд, дӯст шудан шумо чӣ кор карда метавонед?
14 Барои дӯст шудан якум шуда қадам монед. Вақте ки ягон кас нав ба ҷамъомад меояд, мо онҳоро гарму ҷӯшон пешвоз гирифта метавонем (Рум. 15:7). Лекин мо на танҳо нағз саломуалек кардан мехоҳем, балки бо гузашти вақт бо онҳо дӯст шуданӣ ҳастем. Барои ҳамин меҳрубон бошед ва нишон диҳед, ки дар бораи онҳо дар ҳақиқат ғамхорӣ мекунед. Ба онҳо саволҳое надиҳед, ки касро ба хиҷолат мемонад, балки аз ҳолу аҳволаш пурсон шуда фаҳмед, ки онҳо чӣ гуна душвориҳоро паси сар карда истодаанд. Ба баъзеҳо шояд ҳиссиёташонро баён кардан душвор аст, барои ҳамин аз онҳо талаб накунед, ки бо шумо гап зананд. Ба ҷойи ин андеша карда меҳрубонона саволҳо диҳед ва ҷавоби онҳоро пурсаброна гӯш кунед. Масалан, шумо пурсида метавонед, ки чӣ тавр ӯ ҳақиқатро фаҳмид.
15. Чӣ тавр масеҳиёни рӯҳан баркамол ба дигар аъзои ҷамъомад ёрдам карда метавонанд?
15 Ҳама дар ҷамъомад рӯҳан пешравӣ мекунанд, агар масеҳиёни баркамол, хусусан пирон, ба онҳо таваҷҷӯҳ кунанд. Мелиса, ки модараш ӯро дар роҳи ҳақиқат танҳо калон кардааст, мегӯяд: «Ман аз бародароне, ки бароям мисли падар буданд, бениҳоят миннатдор ҳастам, зеро онҳо вақташонро дареғ надошта, солҳои зиёд ба ман таваҷҷӯҳ мекарданд. Ҳозир ҳам ҳар боре ки гап задан хоҳам, касе ёфт мешавад, ки маро гӯш кунад». Маъруф ном бародари ҷавоне баъди аз ҳақиқат рафтани воизе, ки ҳамроҳаш омӯзиш мегузаронд, худро танҳо ҳис мекард. Ӯ мегӯяд: «Пирон дар ҳаққам ғамхорӣ менамуданд ва маро бисёр дастгирӣ мекарданд. Онҳо бо ман сӯҳбат карда меистоданд, дар хизмат бо ман ҳамкорӣ мекарданд, ганҷҳои аз омӯзиши шахсӣ ёфтаашонро мегуфтанд ва ҳатто маро ба бозиҳои варзишӣ ҷеғ мезаданд». Ҳоло Мелиса ва Маъруф ба Яҳува пурравақт хизмат мекунанд.
16, 17. Боз бо кадом роҳҳо мо дигаронро дастгирӣ карда метавонем?
16 Дар амал некӣ кунед (Ғал. 6:10). Бародар Лео, ки миссионер шуда дур аз оилааш хизмат мекунад, мегӯяд: «Агар ба шахс дар вақти зарурӣ як некии хурд кунанд, дастгирии калон мешавад. Дар ёд дорам, ки боре бо мошинам ба садама дучор шудам. Ниҳоят, вақте ба хона расидам, парешонхотир ва зиқ будам. Лекин баъдтар ҷуфте маро барои хӯрокхӯрӣ ба хонаашон таклиф кард. Чӣ хӯрданамон дар ёдам нест, вале дар ёд дорам, ки онҳо маро бо меҳрубонӣ гӯш карданд. Дар охир ман худро хеле беҳтар ҳис кардам».
17 Ҳамаи мо аз маъракаҳои рӯҳонӣ, ба монанди анҷуманҳо, хурсандӣ мегирем, зеро дар он ҷо мо бо дигарон вақт мегузаронем ва барномаро якҷоя муҳокима мекунем. Лекин Камола, ки суханонашро дар боло овардем, чунин мегӯяд: «Хусусан дар анҷуманҳо ман худро танҳо ҳис мекунам». Чаро? Ӯ мегӯяд: «Ман дар иҳотаи садҳо ё ҳатто ҳазорҳо бародарону хоҳарон бошам ҳам, бисёр вақт ҳар кас бо оилаи худаш мешинад. Вақте ман онҳоро мебинам, худро хеле танҳо ҳис мекунам». Ба дигарон бошад, баъди марги ҳамсарашон якум бор ба анҷуманҳо омадан душвор аст. Оё шумо касеро медонед, ки чунин душвориҳоро аз сар мегузаронад? Хуб мебуд, ки дар анҷумани навбатӣ ӯро даъват кунед, то бо шумою оилаатон якҷоя шинад.
18. Ҳангоми зоҳир намудани меҳмоннавозӣ чӣ тавр мо маслиҳати 2 Қӯринтиён 6:11–13-ро ба кор бурда метавонем?
18 Бо ҳам вақт гузаронед. Кӯшиш кунед, ки бо бародару хоҳарони гуногун якҷоя вақт гузаронед, махсусан бо онҳое, ки худро танҳо ҳис мекунанд. Мо мехоҳем, ки «дари дили худро» хусусан ба чунин шахсон боз кунем. (2 Қӯринтиён 6:11–13-ро хонед.) «Вақте дӯстонамон моро барои бо оилаашон якҷоя муошират кардан ё ҳамроҳ ба саёҳат рафтан таклиф мекарданд, мо ҳамеша хурсанд мешудем»,— ба ёд меорад Мелиса, ки дар боло оидаш гуфта будем. Оё дар ҷамъомади шумо низ касе ҳаст, ки ба таваҷҷӯҳ ниёз дорад?
19. Махсусан кай бо ҳамимонон вақт гузарондан фоиданок аст?
19 Агар дар рӯзҳои муайян бо баъзе ҳамимонон вақт гузаронем, онҳо аз мо беҳад миннатдор мешаванд. Масалан, ба баъзеҳо дар рӯзи идҳои ҷаҳонӣ бо хешу таборе, ки ҳамимон нестанд, будан душвор аст. Онҳое, ки ҳамсари азизашонро аз даст додаанд, шояд дар рӯзҳои муайян, ба мисли рӯзи ёдбуди ӯ, боз ҳам бисёртар танҳоӣ кашанд. Агар мо бо чунин бародарону хоҳарон вақт гузаронем, мо нишон медиҳем, ки дар ҳаққи онҳо «аз таҳти дил ғамхорӣ» мекунем (Флп. 2:20).
20. Вақте мо худро танҳо ҳис мекунем, чӣ тавр суханони Исо аз Матто 12:48–50 ба мо ёрдам карда метавонанд?
20 Мо дида баромадем, ки хизматгори Худо аз бисёр сабабҳо баъзан худро танҳо ҳис карда метавонад. Вале мо набояд фаромӯш кунем, ки Яҳува ҳиссиёти моро пурра мефаҳмад. Ӯ бисёр вақт моро ба воситаи ҳамимононамон дастгирӣ мекунад. (Матто 12:48–50-ро хонед.) Вақте мо ҳар кори аз дастамон омадаро карда бародару хоҳаронро дастгирӣ мекунем, нишон медиҳем, ки барои ҷамъомад аз Яҳува хеле миннатдорем. Нигоҳ накарда ба он ки мо баъзан худро танҳо ҳис мекунем, мо ҳеҷ гоҳ танҳо нестем, зеро Яҳува ҳамеша дар бари мост!
СУРУДИ 2 Раҳмат ба Ту, Яҳува
a Оё шумо баъзан аз ҳисси танҳоӣ азоб мекашед? Агар чунин бошад, пас, донед, ки Яҳува аз ҳолати шумо бохабар аст ва Ӯ бо омодагӣ шуморо дастгирӣ кардан мехоҳад. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки барои бо ҳисси танҳоӣ мубориза бурдан шумо чӣ кор карда метавонед. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки барои дастгирӣ кардани бародарону хоҳароне, ки худро танҳо ҳис мекунанд, чӣ кор карда метавонем.
b Баъзе номҳо дигар шудаанд.
c ШАРҲИ РАСМ: Бародаре, ки занаш вафот кардааст, аз сайтамон баъзе сабтҳоро гӯш карда манфиат мегирад.
d ШАРҲИ РАСМ: Як бародар бо духтарчааш бародари калонсолеро хабар гирифта ба ӯ меҳрубонӣ зоҳир мекунанд.