МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 36
Ҷавонони ҷамоатро қадр кунед
«Зебу зинати ҷавонон қуввати онҳост» (ПНМ. 20:29).
СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон
ПЕШГУФТОРa
1. Агар синну соламон гузаштан гирад, мо кадом мақсадро гузошта метавонем?
ВАҚТЕ синну соламон гузаштан мегирад, эҳтимол, мо хавотир шавем, ки мисли пештара Яҳува моро истифода намебарад. Акнун ҷисман бақувват набошем ҳам, мо хирад ва маҳоратеро, ки омӯхтаем, ба ҷавонон ёд дода метавонем, то онҳо дар ташкилоти Яҳува манфиат оранд ва супоришҳои зиёдтарро бар дӯш гиранд. Бародаре, ки солҳои зиёд пири ҷамоат аст, чунин мегӯяд: «Вақте ҳис кардам, ки аз сабаби синну солам корҳои ҷамоатро мисли пештара иҷро карда наметавонам, ба худ гуфтам: “Хайрият, ки дар ҷамоати мо ҷавонони ботаҷрибае ҳастанд, ки аз уҳдаи супоришҳои гуногун мебароянд”».
2. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
2 Аз мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки вақте ҷавонон бо калонсолон дӯст мешаванд, чӣ манфиат мегиранд. Ҳоло бошад, мо мебинем, ки чӣ тавр фурӯтанӣ, ҳадшиносӣ, миннатдорӣ ва саховатмандӣ ба калонсолон ёрдам медиҳад, ки бо ҷавонон ҳамкорӣ кунанд, то, дар натиҷа, ёрдами ҷавонон ба тамоми ҷамоат расад.
ФУРӮТАН БОШЕД
3. Аз рӯйи суханони Филиппиён 2:3, 4 масеҳии фурӯтан чӣ кор мекунад ва чӣ тавр ин ба ӯ ёрӣ медиҳад?
3 Агар калонсолон ба ҷавонон ёрӣ додан хоҳанд, бояд фурӯтан бошанд. Шахси фурӯтан фикр мекунад, ки дигарон назар ба ӯ қобилиятноктаранд. (Филиппиён 2:3, 4-ро хонед.) Калонсолоне, ки ин хислатро зоҳир мекунанд, ба гардан мегиранд, ки бисёр вақт як корро бо роҳҳои гуногун, ки бар зидди Навиштаҳо нестанд, кардан мумкин аст. Барои ҳамин онҳо аз ҳар як шахс интизор намешаванд, ки ягон корро чи хеле ки онҳо мекарданд, ба ҷо оранд (Пандгӯ 7:10). Онҳо ба насли ҷавон аз таҷрибаи бойи худ нақл карда метавонанд, вале ҳамзамон дарк мекунанд, ки «саҳнаи ин ҷаҳон дигар шуда истодааст». Барои ҳамин мефаҳманд, ки роҳҳои нави ба ҷо овардани корҳоро таълим гирифтан лозим аст (1 Қӯр. 7:31).
4. Чӣ тавр нозирони ноҳиявӣ мисли левизодагон амал мекунанд?
4 Калонсолони фурӯтан тан мегиранд, ки бо гузашти солҳо мисли пештара кор карда наметавонанд. Масалан, дар бораи нозирони ноҳиявӣ фикр кунед. Вақте онҳо ба 70 медароянд, таъйиноти дигар мегиранд, ки, эҳтимол, ин барояшон душвор аст. Вақте онҳо ба бародарон ёрӣ медоданд, аз ин хурсандӣ мегирифтанд. Ин таъйиноти дӯстдоштаашон буд ва онҳо то ҳол бисёр мехоҳанд, ки ин корро кунанд, лекин онҳо мефаҳманд, ки агар бародарони ҷавон бо ин кор машғул шаванд, беҳтар аст. Бо ин роҳ, онҳо мисли левизодагони Исроили қадим амал мекунанд. Левизодагон, вақте 50-сола мешуданд, хизмати доимии худро дар хаймаи муқаддас бас мекарданд. Хурсандии он левизодагон ба намуди таъйиноташон вобаста набуд. Онҳо боғайратона ҳар кореро, ки аз дасташон меомад, карда, ҷавононро дастгирӣ менамуданд (4 Мӯсо 8:25, 26). Имрӯзҳо, вақте нозирони ноҳиявӣ ба 70 медароянд, ҷамоатҳоро хабар намегиранд, лекин онҳо ба ҷамоатҳое, ки таъйин шудаанд, бисёр ёрдам дода бародару хоҳаронро рӯҳбаланд мекунанд.
5. Аз намунаи Дан ва Катя чӣ ёд гирифтед?
5 Ба мисоли Дан ном бародаре аҳамият диҳед, ки 23 сол нозири ноҳиявӣ шуда хизмат кардааст. Вақте ки Дан 70-сола шуд, ӯ ва занаш, Катяро пешрави махсус таъйин намуданд. Чӣ тавр онҳо аз таъйиноти навашон хурсандӣ мегирифтанд? Дан мегӯяд, ки ҳозир ӯ назар ба пештара серкортар аст. Ӯ вазифаҳояшро дар ҷамоат иҷро мекунад, ба бародарон ёрӣ медиҳад, то барои хизматгузори ҷамоат шудан кӯшиш кунанд, ба дигарон барои дар ҷойҳои серодам ва ҳабсхонаҳо мавъиза кардан ёрдам медиҳад. Пиронсолони азиз, шумо хоҳ дар хизмати пурравақт бошед, хоҳ не, дигаронро бисёр дастгирӣ карда метавонед. Чӣ тавр? Аз вазъияти нав хурсандӣ гирифтанро ёд гиред, мақсадҳои нав гузоред ва диққатро ба коре, ки аз дастатон меояд, равона кунед, на ба корҳое, ки карда наметавонед.
ҲАДШИНОС БОШЕД
6. Чаро ҳадшинос будан аз рӯйи хирад аст? Бо мисол фаҳмонед.
6 Одами ҳадшинос тан мегирад, ки ба кадом кор қувваташ мерасаду ба кадомаш не (Пнм. 11:2). Ӯ аз худаш чизи аз қувват берунро интизор намешавад. Барои ҳамин аз натиҷаи кораш хурсандӣ мегирад ва аз таҳти дил хизматашро давом медиҳад. Мо шахси ҳадшиносро бо касе муқоиса карда метавонем, ки савори дучарха ба баландӣ мебарояд. Ронандаи дучарха дар баробари ба боло баромадан бояд суръаташро дигар кунад. Ӯ хеле суст ҳаракат кунад ҳам, ба пеш рафтан мегирад. Ба ин монанд, одами ҳадшинос медонад, ки кай вақти «суръатро дигар» кардан аст, то ки ба пеш ҳаракат карда, фаъолона ба Яҳува хизмат кунад ва ба дигарон ёрӣ доданро давом диҳад (Флп. 4:5).
7. Барзилой ҳадшинос буданашро чӣ тавр нишон дод?
7 Дар бораи мисоли Барзилой фикр кунед. Вақте шоҳ Довуд ӯро даъват кард, ки яке аз дарбориёнаш шавад, ӯ 80-сола буд. Барзилойи ҳадшинос пешниҳоди шоҳро рад намуд, зеро ӯ тан мегирифт, ки аз сабаби синну солаш бисёр корро ба ҷо оварда наметавонад. Барои ҳамин таклиф кард, ки ба ҷояш Кимҳоми ҷавон равад (2 Подш. 19:35–37). Мисли Барзилой, пиронсолони азизамон бо хурсандӣ ба ҷавонон имконият медиҳанд, ки супоришҳоро бар уҳда гиранд.
8. Чӣ тавр шоҳ Довуд нисбати сохтмони ибодатгоҳ ҳадшиносӣ нишон дод?
8 Шоҳ Довуд низ дар зоҳир намудани ҳадшиносӣ намунаи олиҷаноб аст. Ӯ бисёр мехост, ки барои Яҳува хона бино кунад, лекин вақте Яҳува гуфт, ки ин корро Сулаймони ҷавон мекунад, Довуд қарори ӯро қабул кард ва барои тайёр шудани сохтмони ибодатгоҳ чи қадаре метавонист, ёрдам дод (1 Воқ. 17:4; 22:5). Довуд фикр накард, ки худаш ин ибодатгоҳро созад, беҳтар мебуд, чунки Сулаймон «ҷавон ва камтаҷриба аст» (1 Воқ. 29:1). Ӯ медонист, ки сохтмони ибодатгоҳ танҳо бо баракати Яҳува пеш меравад, на аз синну сол ё таҷрибаи касоне, ки роҳбариро бар уҳда мегиранд. Мисли Довуд пиронсолони замони мо низ таъйиноташон дигар шуда бошад ҳам, ба Яҳува фаъолона хизматашонро давом медиҳанд. Онҳо медонанд, ки Яҳува ҷавононеро, ки кори онҳоро давом медиҳанд, баракат медиҳад.
9. Чӣ тавр як узви Кумитаи филиал нишон дод, ки ҳадшинос аст?
9 Дар замони мо бародар Шиҷео намунаи ҳадшиносӣ нишон дод. Соли 1976, вақте ӯ 30-сола буд, ӯро узви Кумитаи филиал таъйин намуданд. Соли 2004 бошад, ӯ координатори Кумитаи филиал гашт. Баъдтар ӯ тан гирифт, ки мисли пештара боқувват нест ва суръати кораш суст шудааст. Ӯ дар ин бора дуо гуфт ва фикр кард, ки ба ҷояш ягон бародари ҷавонтаре координатор шавад, хубтар мебуд. Бародарамон Шиҷео ҳоло координатор набошад ҳам, узви Кумитаи филиал шуда кор мекунад. Мисоли Барзилой, шоҳ Довуд ва Шиҷео нишон медиҳад, ки шахси фурӯтану ҳадшинос диққатро на ба бетаҷрибагии ҷавонон, балки ба хислату қобилиятҳои хуби онҳо равона мекунад. Онҳо ба ҷавонон на чун рақиб, балки чун ҳамкор менигаранд (Пнм. 20:29).
МИННАТДОР БОШЕД
10. Пиронсолон ба ҷавонон чӣ гуна назар мекунанд?
10 Бародарону хоҳарони пиронсол барои ҷавонон, ки туҳфаи Яҳува мебошанд, миннатдоранд. Вақте ки қуввати пиронсолон кам мешавад, онҳо хурсанд мешаванд, ки ҷавонони боқувват барои дар ҷамоат хизмат кардан тайёранд.
11. Чӣ тавр Рут 4:13–16 нишон медиҳад, ки вақте пиронсолон ёрдами ҷавононро қабул мекунанд, соҳиби баракат мешаванд?
11 Дар Китоби Муқаддас мисоли Ноомӣ оварда шудааст, ки ӯ бо миннатдорӣ аз ҷавонзане ёрдамро қабул кард. Баъди марги писараш, ӯ келинаш Рутро водор мекард, ки ба назди хешу табораш баргардад. Вале Рут инро рад карда бо Ноомӣ ба Байт-Лаҳм рафтанӣ шуд ва Ноомӣ ёрдами ӯро қабул кард (Рут 1:7, 8, 18). Ин барои ҳар дуи онҳо як баракати калон буд. (Рут 4:13–16-ро хонед.) Фурӯтанӣ шахсони калонсолро бармеангезад, ки ба намунаи Ноомӣ пайравӣ кунанд.
12. Павлуси расул чӣ тавр миннатдориашро нишон дод?
12 Павлуси расул аз ёрдами бародарон хеле миннатдор буд. Масалан, ӯ ба масеҳиёни филиппӣ барои ҳадияҳое, ки фиристоданд, сипосгузорӣ кард (Флп. 4:16). Ҳамчунин ӯ навишт, ки аз ёрдами Тимотиюс миннатдор аст (Флп. 2:19–22). Ҳамчунин, вақте Павлусро ба ҳабс гирифта ба Рум фиристоданд, бисёриҳо барои дастгириаш омадаанд ва ӯ барои ин ба Худо шукргузорӣ кард (Кор. 28:15). Павлус шахси фаъоле буд, ки ҳазорҳо километр роҳро тай намуда, мавъиза мекард ва ҷамоатҳоро рӯҳбаланд менамуд. Лекин ӯ ҳамзамон шахси фурӯтан буд ва ёрдами бародару хоҳаронро қабул мекард.
13. Пиронсолон чӣ тавр барои ҷавонон миннатдориашонро нишон дода метавонанд?
13 Пиронсолони азиз, шумо бо бисёр роҳҳо миннатдориатонро ба ҷавонони ҷамоататон нишон дода метавонед. Агар онҳо барои ба ягон ҷо рафтан, харид кардан ё дигар корҳои муҳим ба шумо ёрдам додан хоҳанд, бо миннатдорӣ ёрдамашонро қабул кунед. Дар ёд доред, ин ёрдами онҳо як роҳи зоҳир кардани муҳаббати Яҳува мебошад. Эҳтимол, шумо бо онҳо дӯсти наздик мешавед. Пайваста ҳаракат кунед, ки ба ин дӯстони ҷавонатон ёрдам диҳед, то онҳо бо Яҳува наздиктар шаванд. Ба онҳо гӯед, ки вақте ҷавонон ба ҷамоат ёрдами калон мерасонанд, шумо беҳад хурсанд мешавед. Бо омодагӣ бо онҳо вақт гузаронда дар бораи таҷрибаи ҳаётатон нақл кунед. Ин тавр карда шумо ба Яҳува нишон медиҳед, ки барои ҷавонон, ки ӯ ба ҷамоат ҷалб кардааст, «сипосгузор» ҳастед (Қӯл. 3:15; Юҳ. 6:44; 1 Тас. 5:18).
САХОВАТМАНД БОШЕД
14. Шоҳ Довуд чӣ тавр саховатмандӣ зоҳир кард?
14 Мо аз намунаи шоҳ Довуд боз як хислати муҳимро мефаҳмем, ки калонсолон нишон дода метавонанд. Ин саховатмандӣ мебошад. Ӯ барои дастгирӣ кардани сохтмони ибодатгоҳ аз ҳисоби худаш пули бисёр ва чизҳои қиматбаҳоро хайрия кард (1 Воқ. 22:11–16; 29:3, 4). Ҳарчанд ӯ медонист, ки одамон ин хонаро ибодатгоҳи Сулаймон меноманд, чунин чизҳоро хайрия кард. Вақте қуввати мо барои иштирок дар сохтмони ташкилотамон намерасад, мо ин сохтмонҳоро, вобаста ба шароитамон, бо хайрияҳои худ дастгирӣ карда метавонем. Ҳамчунин мо ба ҷавонон ёрӣ дода метавонем, то аз таҷрибае, ки дар давоми солҳо ба даст овардем, манфиат гиранд.
15. Павлус кадом туҳфаи қиматбаҳоро ба Тимотиюс дод?
15 Дар бораи намунаи саховатмандие, ки Павлуси расул нишон дод, мулоҳиза ронед. Ӯ Тимотиюсро даъват кард, то дар сафарҳои миссионериаш ӯро ҳамроҳӣ кунад ва сипас саховатмандона тарзҳои мавъиза ва таълимдиҳиашро ба ин ҷавон ёд дод (Кор. 16:1–3). Таълими Павлус ба Тимотиюс ёрдам дод, то мавъизагар ва муаллими хуби хушхабар гардад (1 Қӯр. 4:17). Тимотиюс дар навбати худ таълими Павлусро ба дигарон ёд медод.
16. Чаро Шиҷео дигаронро таълим медод?
16 Пиронсолони мо агар ба ҷавонон кореро, ки дар ҷамоат мекарданд, таълим диҳанд, ҳеҷ гоҳ хавотир намешаванд, ки дигар даркор нестанд. Масалан, бародар Шиҷео, ки пештар дар борааш гуфтем, солҳои зиёд аъзои ҷавони Кумитаи филиалро аз таҷрибааш таълим медод, чунки ӯ мефаҳмид, ки бо ин роҳ кори Подшоҳиро дар давлате, ки хизмат мекунад, дастгирӣ карда метавонад. Дар натиҷа, вақте ӯ дигар координатор хизмат карда наметавонист, бародаре, ки нағз таълим гирифта буд, ба ҷойи ӯ координатор таъйин шуд. Бародар Шиҷео зиёда аз 45 сол дар Кумита хизмат мекунад ва то ҳол таҷрибаашро ба бародарони ҷавонтар ёд медиҳад. Чунин бародарон дар ҳақиқат ба халқи Худо ёрдам мекунанд.
17. Мувофиқи суханони Луқо 6:38 пиронсолон ба дигарон чӣ дода метавонанд?
17 Бародару хоҳарони пиронсол, шумо шоҳиди зинда ҳастед, ки бо имон ва садоқат ба Яҳува хизмат кардан роҳи беҳтарини ҳаёт мебошад. Бо тарзи ҳаётатон шумо нишон додед, ки фаҳмидану ба кор бурдани принсипҳои Каломи Худо бароятон роҳи беҳтарин аст. Шумо медонед, ки бо кадом тарзҳо пеш ба Яҳува хизмат мекардем, аммо боз мефаҳмед, ки бояд тарзи хизматамонро ба вазъияти имрӯза мутобиқ кунем. Ҳамчунин шумо, пиронсолоне, ки ба наздикӣ таъмид гирифтед, ба дигарон аз бисёр ҷиҳат ёрдам дода метавонед. Ба ҷавонон нақл кунед, ки чӣ тавр Яҳуваро шинохта, дар ҳаёт хушбахт гаштед. Онҳо аз шунидани таҷрибаю дарсҳое, ки шумо омӯхтед, хурсандӣ мегиранд. Агар дарсҳоеро, ки аз ҳаёт гирифтед, ба дигарон «бидиҳед», Яҳува шуморо бисёр баракат медиҳад. (Луқо 6:38-ро хонед.)
18. Чӣ тавр пиронсолон ва ҷавонон ба якдигар кумак карда метавонанд?
18 Пиронсолони азиз, вақте шумо бо ҷавонон муносибати наздик пайдо мекунед, мададгору ёвари ҳамдигар мегардед (Рум. 1:12). Ҳар кадоматон аз якдигар ягон чизи даркориро мегиред. Шахсони пиронсол хирад ва таҷрибае доранд, ки дар давоми ҳаёташон ба даст овардаанд. Ҷавонон бошанд, чолоку боқувватанд. Барои ҳамин, агар ҷавонону пиронсолон чун дӯст ҳамкорӣ кунанд, онҳо ба Падари меҳрубони осмониамон ҷалол меоранду ба тамоми ҷамоат баракат.
СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем
a Мо шодем, ки дар ҷамоатҳоямон бисёр ҷавонон аз таҳти дил хизмат карда ташкилоти Яҳуваро дастгирӣ мекунанд. Бародарону хоҳарони солхӯрда, новобаста ба маданияташон ба ҷавонон ёрӣ дода метавонанд, ки қувваташонро барои хизмати Яҳува истифода баранд.
b ШАРҲИ РАСМ: Вақте нозири ноҳиявӣ ба синни 70 медарояд, ӯ ва ҳамсараш таъйиноти дигар мегиранд. Онҳо аз таҷрибаи бойи худ дигаронро дар ҷамоате, ки ҳоло хизмат мекунанд, таълим медиҳанд.