МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 9
Хизмати дигаронро ба ҷо оварда ба Исо пайравӣ кунед
«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (КОР. 20:35).
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
ПЕШГУФТОРa
1. Дар байни хизматгорони Яҳува кадом рӯҳияи ҷолиб дида мешавад?
ЧАНДИН аср пеш дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки халқи Худо зери роҳбарии писараш барои хизмати Яҳува «ихтиёран ҳозир мешавад» (Заб. 110:3). Мо иҷрошавии ин пешгӯйиро имрӯз мебинем. Ҳар сол хизматгорони боғайрати Яҳува дар паҳн кардани хушхабар садҳо миллион соат сарф мекунанд. Онҳо ин корро ихтиёран мекунанд ва барои пеш бурданаш дороии худро дареғ намедоранд. Инчунин вақт ҷудо карда ҳамимононашонро аз ҷиҳати рӯҳонӣ, равонӣ ва ҷисмонӣ дастгирӣ менамоянд. Бародароне, ки соҳиби таъйинотанд, вақти бисёрашонро сарф карда қисмҳои вохӯриро тайёр мекунанд ва барои рӯҳбаланд гардондани воизон онҳоро хабар мегиранд. Ба фикратон чаро халқи Худо ҳамаи ин корҳоро мекунанд? Барои он ки онҳо Яҳува ва дигаронро дӯст медоранд (Мат. 22:37–39).
2. Мувофиқи Румиён 15:1–3 Исо чӣ намунаи ибрат гузошт?
2 Исо дар бораи беҳбудии дигарон бештар фикр мекард. Мо бошем самимона кӯшиш мекунем, ки ба намунаи ӯ пайравӣ намоем. (Румиён 15:1–3-ро хонед.) Ҳамаи онҳое, ки аз Исо ибрат гирифта меҳнат мекунанд, самари хуб ба бор меоранд. Исо гуфта буд: «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Кор. 20:35).
3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Аз ин мақола мо дар бораи баъзе корҳое мефаҳмем, ки Исо барои хизмати дигаронро ба ҷо овардан карда буд. Сипас фикр мекунем, ки аз ӯ чӣ ибрат гирифта метавонем. Мо инчунин мефаҳмем, ки чӣ кор кунем, то хоҳиши ба дигарон хизмат кардан дар мо бештар шавад.
АЗ ИСО ИБРАТ ГИРЕД
4. Аз чӣ маълум мешавад, ки Исо дар бораи беҳбудии дигарон бештар фикр мекард?
4 Новобаста ба хастагиаш Исо ба дигарон кумак мекард. Биёед ба ёд орем, ки вақте Исоро дар доманаи кӯҳ, аз афташ дар наздикии Кафарнаҳум, мардуми бисёр пешвоз гирифт, ӯ чӣ кор кард. Он рӯз Исо шаби дароз дуо гуфт, барои ҳамин эҳтимоли зиёд аст, ки хастаю бемадор буд. Лекин дар байни халқ камбағалон ва беморонро дида дилаш сӯхт. Аз ин рӯ Исо на танҳо бисёр касонро шифо дод, инчунин суханони таъсирбахшеро гуфт, ки имрӯз чун Суханронии болои кӯҳ машҳур аст (Луқ. 6:12–20).
5. Чӣ тавр сардорони оила нигоҳ накарда ба хастагиашон ба намунаи фидокоронаи Исо пайравӣ карда метавонанд?
5 Сардори оила аз Исо чӣ ибрат гирифта метавонад? Фарз кардем, сардори оила дар охири рӯзи корӣ ба хона шалпару монда меояд. Аз ин сабаб ҳарчанд дар ӯ васваса пайдо мешавад, ки ибодати оилавиро, ки он рӯз ба нақша гирифтаанд, ба дигар рӯз монад, бародар дар дуо аз Яҳува қувват мепурсад, ки онро гузаронда тавонад. Яҳува бошад, ба ӯ қувват мебахшад, то он рӯз ибодати оилавиашон баргузор гардад. Он бегоҳ кӯдакон мефаҳманд, ки корҳои рӯҳонӣ дар ҳаёти волидонашон дар ҷойи аввал меистад.
6. Мисол оред, ки чӣ тавр Исо аз дигарон вақташро дареғ намедошт.
6 Исо вақташро аз дигарон дареғ намедошт. Тасаввур карда метавонед, ки вақте Исо фаҳмид, ки сари дӯсташ Яҳёи Таъмиддиҳандаро аз тан ҷудо карданд, чӣ ҳис кард? Бешак, Исо сахт андуҳгин шуд. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки «Исо [хабари марги Яҳёро] шунида ба қаиқ савор шуд ва ба ҷойи беодаме рафт, то танҳо бимонад» (Мат. 14:10–13). Мо мефаҳмем, ки чаро ӯ танҳо будан хост. Бисёр одамон дар танҳоӣ азодорӣ кардан мехоҳанд. Лекин Исоро ҳеҷ гоҳ танҳо намемонданд. Ба ҷойи даркорӣ расидан замон Исо дид, ки мардуми зиёде пеш аз ӯ ба он ҷо омадаанд. Ӯ чӣ кор кард? Исо дар бораи ниёзҳои мардум фикр карда «дилаш ба онҳо сӯхт». Ӯ медид, ки мардум рӯҳан ташна аст, аз ин рӯ барои қонеъ намудани ниёзашон шитоб кард. Ҳамин тавр «[на як-ду чизро, балки] чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт» (Марқ. 6:31–34; Луқ. 9:10, 11).
7, 8. Мисол оред, ки чӣ тавр пирони ҷамоат ба Исо пайравӣ карда ба мадади ҳамимонон мешитобанд.
7 Пирони ғамхор ба Исо пайравӣ мекунанд. Мо хизматеро, ки пирони фидокор бароямон мекунанд, хеле қадр менамоем. Аксар корҳое, ки ин бародарон дар ҷамоат мекунанд, мо намебинем. Масалан, вақте ягон ҳамимонамон фавран ба кумаки тиббӣ муҳтоҷ мешавад, пирон аз Кумитаи кор бо беморхонаҳо дарҳол ба мадади ӯ шитоб мекунанд. Чунин вазъиятҳо одатан нисфи шаб рӯй медиҳанд. Лекин азбаски дили ин бародарони раҳмдил ба ҳамимони муҳтоҷашон месӯзад, онҳо ҳамроҳи оилаашон дар бораи беҳбудии ӯ бештар фикр мекунанд.
8 Пирони ҷамоат инчунин дар сохтмони Ибодатгоҳҳо ва биноҳои дигар иштирок мекунанд ва ба осебдидагони офатҳои табиӣ ёрӣ медиҳанд. Ғайр аз ин, дар бораи соатҳои зиёде, ки онҳо барои таълим, рӯҳбаландӣ ва дастгирии мо сарф мекунанд, дурудароз қисса кардан мумкин аст. Бале, ҳамаи онҳо ҳамроҳи оилаҳояшон сазовори таърифу таҳсини моянд. Бигзор Яҳува онҳоро барои ин рӯҳияашон баракат диҳад. Ногуфта намонад, ки дар ин маврид муҳим аст, ки пирон боандеша бошанд. Онҳо набояд хизмати ҷамоат гуфта ба ниёзҳои оилаи худ беаҳамиятӣ кунанд.
ЧӢ ТАВР РӮҲИЯИ ФИДОКОРИРО ИНКИШОФ ДОДАН МУМКИН?
9. Мувофиқи Филиппиён 2:4, 5 масеҳиён бояд чӣ гуна рӯҳияро инкишоф диҳанд?
9 Филиппиён 2:4, 5-ро хонед. Албатта, ҳамаи мо пири ҷамоат нестем, лекин ҳар якеамон ба рӯҳияи фидокоронаи Исо пайравӣ карда метавонем. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки ӯ «ба сурати ғулом даромад» (Флп. 2:7). Фикр кунед, ки мо аз ин оят чӣ дарс мегирем. Ғулом ё хизматгори қадрдон барои розигии хӯҷаинашро ба даст овардан имконият меҷӯяд. Шумо низ чун ғуломи Яҳува ва хизматгори бародару хоҳарон, бешубҳа, мехоҳед, ки ба Яҳува бисёртар хизмат кунеду дастатон ба ҳамимонон бештар расад. Барои ба ин мақсад расидан маслиҳатҳои зерин ба шумо кумак мекунанд.
10. Мо ба худ кадом саволҳоро дода метавонем?
10 Ниятҳои худро санҷед. Аз худ пурсед: «Оё ман вақту қувватамро аз дигарон дареғ намедорам? Мисол, агар хоҳиш кунанд, ки бародари калонсолро хабар гирифта бо ӯ каме вақт гузаронам ё хоҳари пиронсолеро ба вохӯрӣ орам, ман чӣ кор мекунам? Агар барои тоза кардани ҷойи анҷуман ё нигоҳубини Ибодатгоҳ ихтиёриён лозим ояд, ман ба кумак шитоб мекунам?» Вақте Яҳува мебинад, ки мо вақту қувват ва дороиамонро, ки ба ӯ бахшида шудаанд, баҳри дигарон сарф мекунем, чӣ ҳис мекунад? Хуб, агар пай барем, ки аз ин ҷиҳатҳо бояд беҳтар шавем, чӣ кор карда метавонем?
11. Чӣ тавр дуо кумак мекунад, то рӯҳияи фидокориро инкишоф диҳем?
11 Ба Яҳува самимона дуо гӯед. Фарз кардем, шумо пай мебаред, ки аз ҷиҳате бояд ислоҳ шавед, лекин барои ин хоҳиш надоред. Дар ин сурат ба Яҳува дилатонро холӣ кунед. Самимӣ бошед, ҳиссиётатонро ба Яҳува гӯед, то «ба шумо ҳам хоҳишу ҳам қувват» диҳад (Флп. 2:13).
12. Чӣ тавр бародари ҷавон ба ҷамоат бештар хизмат карда метавонад?
12 Агар шумо бародари ҷавон ва таъмидёфта бошед, аз Яҳува илтимос кунед, то хоҳиши ба дигарон хизмат карданатонро зиёд гардонад. Ҷолиб аст, ки дар баъзе давлатҳо пирон аз хизматгузорони ҷамоат дида бисёртаранд. Синну соли бисёри ин хизматгузорон миёна ё пиронсол аст. Азбаски шумораи воизон торафт меафзояд, мо ба бародарони ҷавон ниёз дорем, то халқи Яҳуваро нигоҳубин кунанд. Агар шумо таъйинотро ба дӯши худ гиред, хушбахтӣ ба даст меоред. Чаро? Чунки Яҳува аз шумо розӣ мешавад, бародару хоҳарон фидокориатонро мебинанд ва қаноатмандиеро ҳис мекунед, ки шахс ба дигарон кумак карда эҳсос менамояд.
13, 14. Барои ба бародару хоҳарон ёрӣ додан мо кадом қадамҳоро гузошта метавонем? (Ба муқоваи маҷалла нигаред.)
13 Аз аҳволи дигарон бохабар бошед. Павлуси расул ба масеҳиёни ҷамоати Яҳудия гуфта буд: «Беш аз ин, некукор ва дасткушод буданро фаромӯш накунед, зеро чунин қурбониҳо ба Худо маъқуланд» (Ибр. 13:16). Ин маслиҳат бамаврид буд. Дере нагузашта баъди гирифтани ин нома масеҳиёни Яҳудия бояд хона, ҷойи кор ва хешу таборашонро тарк карда, «ба кӯҳистон» мегурехтанд (Мат. 24:16). Он вақт, бешак, хеле муҳим буд, ки дар бораи якдигар ғамхорӣ кунанд. Барои ҳамин агар онҳо пеш аз ин воқеаҳо аз рӯйи маслиҳати Павлус амал карда дар бораи якдигар ғамхорӣ мекарданд, барояшон ба вазъияти нав мутобиқ шудан осонтар мешуд.
14 Имрӯзҳо бародару хоҳарон на ҳама вақт мегӯянд, ки ба чӣ ниёз доранд. Фарз кардем, ҳамсари бародарамон вафот мекунад. Оё дар чунин вазъият ӯ дар тайёр кардани хӯрок, ба ҷамъомад рафтан ё рӯбучини хона муҳтоҷ мешавад? Агар шавад ҳам, шояд барои ба ҷамоат бори гарон нашудан дар ин бора даҳон накушояд. Валекин агар мо аввал шуда кумаки худро пешкаш намоем, шакке нест, ки ӯ аз мо мамнун мешавад. Мо ҳеҷ гоҳ набояд гӯем, ки «хай ягон кас ба ӯ ёрӣ медиҳад» ё «агар ба ёрдам муҳтоҷ шавад, ӯ худаш муроҷиат мекунад». Беҳтараш аз худ пурсед: «Агар ман ба ҷойи ӯ мебудам, аз кадом ҷиҳат ба кумак муҳтоҷ мешудам?»
15. Барои ба дигарон кумак кардан мо бояд чӣ гуна инсон бошем?
15 Дастрас бошед. Шумо дар ҷамоататон бародару хоҳаронеро медонед, ки ҳама вақт барои ёрдам додан тайёранд. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ нишон намедиҳанд, ки мо барояшон бори гаронем. Медонем, ки дар муҳтоҷӣ ба онҳо бемалол такя карда метавонем. Мо мехоҳем аз ин ҷиҳат ба онҳо пайравӣ кунем. Алан ном пири ҷамоат, ки 45-сола мебошад, инчунин мехоҳад ҳама вақт дастрас бошад. Намунаи Исоро ба ёд оварда ӯ мегӯяд: «Исо марди серкор буд, бо вуҷуди ин одамони синну солашон гуногун наздаш омада аз ӯ бемалол ёрдам мепурсиданд. Онҳо ҳис мекарданд, ки Исо нисбаташон бепарво нест. Ман аз таҳти дил мехоҳам, ки ба Исо пайравӣ кунам ва шахсе бошам, ки дар назари дигарон мушфиқу меҳрубон аст».
16. Чӣ тавр Забур 119:59, 60 ёрдам медиҳад, ки ба намунаи Исо ҳарчи наздиктар пайравӣ кунем?
16 Агар мо комилан ба Исо пайравӣ карда натавонем, набояд зиқ шавем (Яъқ. 3:2). Шогирд аз устодаш моҳиртар нест, вале ғалтидаю хеста ба устодаш пайравӣ мекунаду бо гузашти вақт маҳораташро беҳтар мегардонад. Ба ин монанд, агар мо донишеро, ки ҳангоми омӯзиши шахсӣ мегирем, ба кор барем ва талош варзида камбудиҳои худро ислоҳ кунем, ҳарчи наздиктар ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонем. (Забур 119:59, 60-ро хонед.)
ФИДОКОРӢ МАНФИАТОВАР АСТ
17, 18. Агар ба рӯҳияи фидокоронаи Исо пайравӣ кунем, чӣ фоида ба даст меорем?
17 Чи хеле мегӯянд: «Ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад», ба ин монанд рӯҳияи фидокории мо гузаранда аст. Тим ном пири ҷамоат мегӯяд: «Дар ҷамоати мо бародарони ҷавоне ҳастанд, ки рӯҳан пешравӣ карда хизматгузор таъйин шуданд. Аз як ҷиҳат онҳо намунаи бародару хоҳарони мададрасонро дида ибрат гирифтанд ва ниҳоят соҳиби таъйинот шуданд. Фидокории ин бародарони ҷавон ба ҳамимононамон манфиати зиёд меорад, инчунин кори пирони ҷамоатро сабук мегардонад».
18 Имрӯз мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки бисёр одамон худбинанд, лекин халқи Худо фарқ мекунад. Мо кӯшиш мекунем, ки ба рӯҳияи фидокоронаи Исо пайравӣ кунем. Албатта, мо комилан ба ӯ пайравӣ карда наметавонем, бо вуҷуди ин «аз пайи ӯ равона» шудан бароямон имконпазир аст (1 Пет. 2:21). Агар ғайрат карда ба рӯҳияи фидокоронаи Исо пайравӣ кунем, мо низ хурсанд мешавем, зеро розигии Яҳуваро ба даст меорем.
СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост
a Исо ҳамеша беҳбудии дигаронро дар ҷойи аввал мемонд. Дар ин мақола мо роҳҳоеро дида мебароем, ки чӣ тавр аз ӯ ибрат гирем. Инчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр ба рӯҳияи фидокории Исо пайравӣ кардан ба мо манфиат меорад.
b ШАРҲИ РАСМ: Ден ном бародари ҷавон мебинад, ки чӣ хел пирони ҷамоат падарашро дар беморхона хабар мегиранд. Муҳаббати онҳоро дида ӯ низ мехоҳад ба бародару хоҳарон кумак кунад. Дигар бародари ҷавон, бо номи Бен рӯҳияи омодагии Денро мушоҳида мекунад. Ҳамин тавр намунаи Ден кумак мекунад, ки Бен низ дар рӯбучини Ибодатгоҳ саҳми худро гузорад.