Марями Маҷдалия кӣ буд?
Ҷавоби Китоби Муқаддас
Марями Маҷдалия пайрави бовафои Исои Масеҳ буд. Номи ӯ, яъне Маҷдалия, аз афташ ба шаҳри Маҷдала (эҳтимол Маҷдал), ки дар наздикии баҳри Ҷалил буд, ишора мекунад. Эҳтимол аст, ки Марям замоне дар ин шаҳр зиндагӣ мекард.
Марями Маҷдалия яке аз заноне буд, ки Исо ва расулонашро ҳамроҳӣ карда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекарданд (Луқо 8:1–3). Ӯ шоҳиди он буд, ки чӣ тавр Исоро мехкӯб карда буданд. Инчунин Марям аз қатори занҳое буд, ки баъд аз эҳё шуданаш Исоро якум шуда диданд (Марқӯс 15:40; Юҳанно 20:11–18).
Оё Марями Маҷдалия фоҳиша буд?
Дар Китоби Муқаддас гуфта намешавад, ки Марями Маҷдалия фоҳиша буд. Фақат қайд шудааст, ки Исо аз даруни ӯ ҳафт девро берун овард (Луқо 8:2).
Пас чаро бисёриҳо бовар доранд, ки Марями Маҷдалия пеш аз шогирди Исо шуданаш фоҳиша буд? Асрҳо баъд аз марги ӯ, баъзе одамон таъкид мекарданд, ки Марями Маҷдалия ҳамон зане (аз афташ фоҳиша) буд, ки бо ашкҳояш пойҳои Исоро шуста бо мӯйҳои худ хушк кард (Луқо 7:36–38). Вале ин эътиқод бар Китоби Муқаддас асос намеёбад.
Оё Марями Маҷдалия «расули расулон» буд?
Не. Калисои католикӣ Марямро «Марями Маҷдалияи илоҳӣ» ва «расули расулон» меномад, зеро ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки дар бораи эҳёшавии Исо аввал шуда ба расулон хабар расонданд (Юҳанно 20:18). Вале барои ин кораш ӯро расул номидан дуруст нест. Беш аз ин, дар ягон ҷойи Навиштаҳо, Марями Маҷдалия расул номида нашудааст (Луқо 6:12–16).
Навиштани Китоби Муқаддас дар наздикиҳои охири асри яки милодӣ ба итмом расид. Вале дар асри шаши милодӣ, намояндагони калисо ба Марями Маҷдалия чунин мартабаи баланд доданд. Дар баъзе дастнависҳои асри ду ва се, ки қисми Китоби Муқаддас нестанд, гуфта шудааст, ки гӯё расулон ба Марями Маҷдалия ҳасад мебурданд. Ин гуна қиссаву ривоятҳо бар Каломи илҳомбахшида асос намеёбанд.
Оё Марями Маҷдалия зани Исои Масеҳ буд?
Не. Дар асл дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Исо муҷаррад будa.
a Ба мақолаи «Оё Исо оиладор буд? Оё ӯ бародару хоҳар дошт?» (рус.) нигаред