Эзоҳ
b Баъзе олимони Китоби Муқаддас мегӯянд, ки ибораи «пӯст дар ивази пӯст» шояд чунин маъно дорад, ки Айюб барои нигоҳ доштани «пӯст», яъне ҳаёти худаш, худхоҳона тайёр буд гузорад, ки фарзандону ҳайвонҳояш «пӯст» ё ҳаёти худро аз даст диҳанд. Ба ақидаи дигарон ин ибора нишон медиҳад, ки шахс тайёр мебуд, ки барои наҷоти ҳаёташ қисми «пӯст»–ашро аз даст диҳад. Масалан, шахс дастонашро ба болои сараш мемонад, то сарашро аз зарбаи чизе муҳофизат кунад ва ҳамин тавр барои нигоҳ доштани ҳаёташ гӯё аз баҳри дастонаш мебарояд. Чӣ хеле ки набошад, равшан аст, ки Шайтон ин ибораро дар мавриди Айюб ба ҳамон маъно истифода бурд, ки Айюб барои нигоҳ доштани ҳаёти худ тайёр буд ҳама чизро диҳад.