Якшанбе, 24 ноябр
Эй бародарон, аз шумо хоҳиш мекунем, ки вайронкорони тартибу низомро насиҳат кунед, рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ кунед ва бо ҳама пуртоқат бошед (1 Тас. 5:14).
Чӣ тавр нишон додан мумкин аст, ки бародару хоҳаронро дӯст медорем? Агар аз таҳти дил кӯшиш кунем, ки байнамон сулҳу осоиштагӣ бошад. Аз ин ҷиҳат мо ба намунаи Яҳува пайравӣ мекунем. Яҳува бо омодагӣ писарашро барои мо қурбон кард. Пас, набояд мо низ бародару хоҳаронеро, ки зиддамон гуноҳ мекунанд, бибахшем? Ҳеҷ яки мо намехоҳад ба ғуломи бадкоре монанд бошад, ки Исо мисол оварда буд: Он ғулом, ҳатто баъди он ки хӯҷаинаш қарзи калони ӯро бахшид, қарзи ғуломи дигареро, ки нисбатан камтар буд, набахшид (Мат. 18:23–35). Мақсад, агар байни шумо ва ҳамимоне нофаҳмӣ сар зада бошад, оё метавонед пеш аз Шоми ёдбуд якум шуда бо ӯ сулҳро барқарор кунед? (Мат. 5:23, 24). Ин тавр карда нишон медиҳед, ки дар ҳақиқат Яҳува ва Исоро дӯст медоред. w23.01 саҳ. 29, сарх. 8, 9
Душанбе, 25 ноябр
Ҳар кӣ ба камбағал некӣ кунад, ба Яҳува қарз медиҳад (Пнм. 19:17).
Мо чӣ тавр фаҳмида метавонем, ки бародару хоҳарон ба чӣ муҳтоҷанд? Барои ин саволҳое додан мумкин аст, ки онҳоро дар хиҷолат намемонад (Пнм. 20:5). Масалан, пурсида метавонем, ки «Оё онҳо хӯрок, доруворӣ ва дигар чизҳои зарурӣ доранд? Оё хатари аз даст додани кор ё ҳатто хона ба онҳо таҳдид мекунад? Барои аз давлат кумаки башардӯстона пурсидан ба онҳо ёрдами мо даркор аст?» Яҳува ҳамаи моро даъват мекунад, ки дигаронро дастгирӣ кунем (Ғал. 6:10). Агар ба бародар ё хоҳаре, ки бемор аст, каме ёрдамамон расад, ин онҳоро хеле рӯҳбаланд месозад. Кӯдакон низ метавонанд ба воситаи номача ё расми кашидаашон дигаронро рӯҳбаланд кунанд. Ҷавонон бошанд, бозорӣ ё ягон кори дигар карда хоҳареро дастгирӣ намуда метавонанд. Инчунин хӯрок пухта ба ҳамимони бемор фиристодан мумкин аст. Хусусан дар вақти сар задани бемориҳо пирон серкоранд, баъзеҳо ба онҳо паёмак навишта миннатдорӣ мекунанд. Нағз, ки ҳар яки мо кӯшиш карда «якдигарро дилбардорӣ» менамоему «қувват» мебахшем (1 Тас. 5:11). w22.12 саҳ. 22, сарх. 2; саҳ. 23, сарх. 5, 6
Сешанбе, 26 ноябр
Шумо сахт гумроҳ шудаед (Марқ. 12:27).
Саддуқиён бо панҷ китоби аввали Навиштаҳои Ибронӣ нағз шинос буданд. Вале онҳо ҳақиқатҳои муҳими ин китобҳои илҳомбахшидаро сарфи назар мекарданд. Масалан, вақте онҳо бо Исо дар бораи эҳёшавӣ баҳс мекарданд, бинед ӯ ба саддуқиён чӣ гуфт: «Магар шумо дар китоби пайғамбар Мӯсо воқеаи хорбуттаро нахондаед? Худо он вақт ба Мӯсо гуфта буд: “Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам”» (Марқ. 12:18, 26). Ҳарчанд саддуқиён, бешак, ин ҷойи Навиштаҳоро борҳои зиёд хонда буданд, аз саволи Исо маълум гашт, ки онҳо ба мазмуни таълимот дар бораи зиндашавӣ сарфаҳм намерафтанд (Луқ. 20:38). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Мо мехоҳем ҳангоми хониш ҳама чизеро, ки аз оят ё воқеаи Китоби Муқаддас таълим гирифтан мумкин аст, аз худ кунем. Мақсади мо танҳо фаҳмидани таълимоти асосии Калом нест. Мо мехоҳем ҳақиқат ва принсипҳоеро, ки мисли ганҷ дар паси оятҳои Китоби Муқаддас пинҳонанд, пайдо кунем. w23.02 саҳ. 11, сарх. 9, 10