-
Тӯфони замони Нӯҳ. Саргузашти ҳақиқӣ ё афсона?Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
-
-
Киштии Нӯҳ чӣ гуна буд?
Ин киштӣ ба қуттии росткунҷае монанд буд, ки дарозиаш тахминан 133 метр, бараш 22 метр ва баландиаш 13 метро ташкил медодa. Киштии Нӯҳ аз дарахти шилмдоре сохта шуда, дар даруну берунаш қатрон молида шуда буд. Он аз се ошёна ё қабат иборат буда, якчанд ҳуҷра дошт ва дари он аз паҳлӯяш буд. Аз афташ, тирезаи киштӣ дар баландӣ дар поёнтари бом сохта шуда буд. Бомаш бошад, тавре сохта шуда буд, ки дар он об ҷамъ нашавад (Ҳастӣ 6:14–16).
-
-
Тӯфони замони Нӯҳ. Саргузашти ҳақиқӣ ё афсона?Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
-
-
a Дар Китоби Муқаддас андозаи киштӣ дар намуди зироъ оварда шудааст. «Зироъи ибронӣ ба 44,45 см баробар буд» («The Illustrated Bible Dictionary», нашри азнавдидабаромадашуда, қисми 3, саҳ. 1635).
-