Чаро мо бояд ҳушёру бедор бошем?
«Намедонед, ки Худованди шумо [Ҳазрататон, ТДН] дар кадом соат меояд» (МАТ. 24:42).
1. Фаҳмонед, ки чаро аз вақт ва вазъияти гирду атрофамон бохабар будан муҳим аст. (Ба расми аввали мақола нигаред.)
АНҶУМАН сар шуда истодааст. Баранда ба саҳна баромада ҳамаро хушомадед мегӯяд. Мусиқӣ садо доданист. Шунавандагон мефаҳманд, ки ҳоло вақти он расидааст, ки ҷойҳои худро ишғол карда дилу ҳуши худро барои гӯш кардани нутқҳое, ки дар анҷуман садо медиҳанд, омода созанд. Вале баъзеҳо шояд ба баранда ё садои мусиқӣ аҳамият намедиҳанд. Аз афташ онҳо дар бораи вақту соат ва вазъияти гирду атрофашон хабар надоранд. Ин вазъият нишон медиҳад, ки агар мо ба вақт ё вазъияти гирду атрофамон диққат надиҳем, аз чизи муҳим бехабар мемонем. Ин барои мо дарси муҳим аст, зеро ба қарибӣ воқеаи муҳиме рӯй хоҳад дод ва мо бояд ба он тайёр бошем. Ин кадом воқеа аст?
2. Чаро Исо ба шогирдонаш гуфт, ки «бедор» бошанд?
2 Исои Масеҳ шогирдонашро дар бораи муҳимияти бедор мондан ва ба «охирзамон» тайёр будан огоҳ карда гуфт: «Бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад». Ва сипас бори дигар такрор кард: «Бедор бошед». (Мат. 24:3; Марқӯс 13:32–37-ро хонед.) Ҳамчунин аз китоби Матто дидан мумкин аст, ки Исо шогирдони худро дар ин бора огоҳ кард. Ӯ ба онҳо гуфт: «Бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо [Ҳазрататон, ТДН] дар кадом соат меояд... Тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд». Ва боз такрор кард: «Бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд» (Мат. 24:42–44; 25:13).
3. Барои чӣ мо ба огоҳии Исо диққат медиҳем?
3 Мо чун Шоҳидони Яҳува бояд ба огоҳии Исо ҷиддӣ муносибат кунем. Зеро медонем, ки дар анҷоми «замони охир» зиндагӣ дорем ва то саршавии «мусибати бузург» вақт кам мондааст! (Дон. 12:4; Мат. 24:21). Чи хеле ки Исо пешгӯӣ кард, халқи Яҳува имрӯз дар ҳама ҷо хушхабари Салтанатро паҳн карда истодааст. Мо ҷангҳо, зиёдшавии бадахлоқӣ ва ҷиноят, равияҳои гуногуни динӣ, гушнагӣ, вабоҳо ва заминҷунбиҳоро, ки дар тамоми дунё рӯй дода истодаанд, мебинем (Мат. 24:7, 11, 12, 14; Луқ. 21:11). Мо бесаброна омадани Исо ва иҷрошавии нияти Худоро интизорем (Марқ. 13:26, 27).
ВАҚТ КАМ МОНДААСТ!
4. а) Чаро мо боварӣ дорем, ки Исо ҳоло рӯзи Ҳармиҷидӯнро медонад? б) Ҳарчанд мо рӯзи мусибати бузургро надонем ҳам, ба чӣ боварӣ дорем?
4 Мо вақти саршавии ҳар як қисми барномаи анҷуманро аниқ медонем. Лекин чӣ қадар кӯшиш накунем ҳам, мо вақти саршавии мусибати бузургро фаҳмида наметавонем. Ҳангоми дар замин буданаш Исо гуфт: «Он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас, ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд» (Мат. 24:36). Вале баъдтар Масеҳ дар осмон подшоҳ таъин шуд ва ба қарибӣ ба муқобили дунёи Шайтон ҷанг мекунад (Ваҳй 19:11–16). Барои ҳамин ба чунин хулоса омадан дуруст аст, ки Исо кай омадани Ҳармиҷидӯнро медонад. Лекин мо вақту соати анҷоми ин тартиботро намедонем. Аз ин рӯ ба мо хеле муҳим аст, ки бедор монем. Яҳува вақти сар шудани мусибати бузургро муқаррар кардааст ва он рӯз ба рӯз наздик шуда истодааст. Он рӯз «таъхир нахоҳад кард». (Ҳабаққуқ 2:1–3-ро хонед.) Чаро мо ба ин боварии комил дошта метавонем?
5. Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр пешгӯиҳои Яҳува дар вақташ иҷро мешаванд.
5 Пешгӯиҳои Яҳува ҳамеша дар вақташ иҷро мешаванд! Масалан, дар бораи рӯзе, ки Яҳува халқашро аз Миср озод кард фикр кунед. Ин воқеа 14-уми нисони соли 1513 то э. мо рӯй дод. Мусо баъдтар дар бораи ин рӯз чунин навишт: «Ҳангоме ки чорсаду сӣ сол ба охир расид, дар он рӯз ҳамаи фавҷҳои Худованд аз замини Миср берун омаданд» (Хур. 12:40–42). Расо 430 сол пеш аз озодшавии исроилиён, 14-уми нисони соли 1943 то э. мо, Яҳува ваъда дод, ки насли Иброҳимро баракат медиҳад (Ғал. 3:17, 18). Баъдтар Яҳува ба Иброҳим гуфт: «Бидон, ки насли ту дар замине ки аз они онҳо набошад, ғариб хоҳанд буд, ва онҳоро банда хоҳанд кард, ва бар онҳо чорсад сол зулм хоҳанд кард» (Ҳас. 15:13; Аъм. 7:6). Ин «чорсад сол»-и зулму ситам аз афташ соли 1913 то э. мо сар шуд, вақте Исҳоқи хурдакакро Исмоил масхара кард. Ва он соли 1513 то э. дар вақти озод шудани исроилиён аз ғуломии Миср ба анҷом расид (Ҳас. 21:8–10; Ғал. 4:22–29). Бале, чор аср пеш Яҳува аллакай рӯзи озодшавии халқашро аниқ карда буд!
6. Чаро мо боварӣ дорем, ки Яҳува халқашро наҷот медиҳад?
6 Еҳушаъ, ки дар байни озодшудагони Миср буд, солҳо пас ба ҳамаи исроилиён ёдрас кард: «Шумо бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дарк намоед, ки як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст, як сухан ҳам аз онҳо зоеъ нарафтааст» (Еҳ. 23:2, 14). Яҳува ваъда дод, ки халқашро дар мусибати бузург наҷот медиҳад ва дар дунёи нав ҳаёти ҷовидонӣ ато мекунад. Мо боварӣ дошта метавонем, ки ин ваъда ҳатман иҷро мешавад. Лекин агар мо дар дунёи нав зиндагӣ кардан хоҳем, бояд ҳушёру бедор монем.
ҲУШЁРУ БЕДОР БУДАН ҲАЁТАН МУҲИМ АСТ
7, 8. а) Дидбонону посбонон дар замони қадим чӣ нақши муҳимро мебозиданд ва мо аз ин чӣ дарс мегирем? б) Бо мисоле фаҳмонед, ки вақте хоби дидбонон бурд, чӣ рӯй дод.
7 Мо дар бораи муҳимияти ҳушёру бедор мондан аз мисолҳои замони қадим фаҳмида метавонем. Дар он вақтҳо бисёр шаҳрҳои калон ба мисли Ерусалим гирдогирд деворҳои баланд доштанд. Ин деворҳо шаҳрҳоро аз душман ҳимоя мекард ва ҳамчунин барои дидбону посбонон кӯмак мекард, ки аз вазъияти гирду атроф бохабар бошанд. Рӯзу шаб дидбонону посбонон дар баландии девор ва дар назди дарвозаҳо меистоданд. Онҳо бояд ба сокинони шаҳр дар бораи хатари омадаистода хабар медоданд (Иш. 62:6). Барои ҳамин ҳушёру бедор будани онҳо ҳаётан муҳим буд (Ҳиз. 33:6).
8 Таърихшинос Иосиф Флавий мегӯяд, ки соли 70-уми э. мо, вақте ки посбонону дидбонон хоб буданд, лашкарони румӣ ҳисори Антонияро, ки дар наздикии деворҳои Ерусалим ҷойгир буд, забт карданд. Он вақт лашкари Рум сӯи маъбад равона шуданд ва онро сӯзониданд. Дар натиҷа мусибати бузургтарине ба амал омад, ки исроилиён то он дам надида буданд.
9. Имрӯз бисёр одамон аз чӣ бехабаранд?
9 Бисёр давлатҳо то ҳол «посбонон»-и худро доранд, яъне онҳо сарҳади худро бо аскарон ва системаҳои бехатарии замонавӣ ҳимоя мекунанд. Ин посбонон назорат мекунанд, ки ҳеҷ кас ё ҳеҷ чиз ба амнияти давлаташон зарар нарасонад. Лекин онҳо танҳо хатареро, ки аз тарафи одамон ва ҳокимиятҳои одамӣ таҳдид мекунад, мебинанду халос. Онҳо дар бораи ҳастӣ ва фаъолияти Салтанати осмонии Худо бехабаранд. Ва намедонанд, ки Подшоҳи он Масеҳ ба қарибӣ бар зидди ҳамаи ҳокимиятҳои замин ҷанг хоҳад кард (Иш. 9:6, 7; Дон. 2:44). Мо бесаброна омадани он рӯзро интизорем ва ба он рӯз тайёр будан мехоҳем. Аз ин рӯ ба пешгӯии Китоби Муқаддас диққат дода ба Яҳува содиқона хизмат карданро давом медиҳем (Заб. 129:6).
ЭҲТИЁТ БОШЕД, КИ ҲУШАТОН ПАРЕШОН НАШАВАД
10, 11. а) Мо бояд аз чӣ эҳтиёт бошем ва чаро? б) Чӣ исбот мекунад, ки Шайтон ба одамон таъсир кардааст, то пешгӯии Китоби Муқаддасро рад кунанд?
10 Дидбонеро тасаввур кунед, ки тамоми шаб ҳушёру бедор аст. Одатан қарибиҳои саҳар барои ӯ ҳушёру бедор мондан душвор мешавад, чунки ӯ хеле хаста аст. Ба ин монанд чи қадаре ки анҷоми ин тартибот наздик шавад, ҳамон қадар бароямон ҳушёру бедор мондан душвортар мегардад. Агар мо ҳушёриро аз даст диҳем, хеле ғамовар мешуд! Биёед се чизеро дида бароем, ки ба ҳушёру бедор буданамон халал расонида метавонад.
11 Шайтон одамонро фиреб мекунад. Чанде пеш аз маргаш Исо се маротиба шогирдонашро огоҳ кард, ки Шайтон «мири ин ҷаҳон» мебошад (Юҳ. 12:31; 14:30; 16:11). Исо медонист, ки Иблис одамонро фиреб мекунад, то ба пешгӯиҳои Китоби Муқаддас дар бораи наздик будани анҷоми ин тартибот аҳамият надиҳанд (Саф. 1:14). Шайтон ин корро ба воситаи дини дурӯғ мекунад. Оё шумо ин гуна таъсири Шайтонро ҳангоми ҳамсӯҳбат шудан бо дигарон ҳис кардед? Оё пай бурдед, ки Шайтон зеҳни одамонро «кунд кардааст»? (2 Қӯр. 4:3–6). Вақте мо ба одамон дар бораи нестшавии дунёи Шайтон ва ҳукмронӣ кардани Масеҳ нақл карданӣ мешавем, бисёриҳо гӯш кардан намехоҳанд. Ва одатан мегӯянд, ки «Ман ба ин шавқ надорам».
12. Чаро набояд гузорем, ки Шайтон моро фиреб кунад?
12 Нагузоред, ки чунин бепарвоии одамон шуморо рӯҳафтода кунад ё хоҳиши содиқ монданатонро суст гардонад. Зеро мо медонем, ки чаро ҳушёру бедор мондан муҳим аст. Павлус ба ҳамимононаш навишт: «Шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб». (1 Таслӯникиён 5:1–6-ро хонед.) Исо моро огоҳ кард: «Тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд» (Луқ. 12:39, 40). Ба қарибӣ Шайтон ҳамаро фиреб мекунад, то бовар кунанд, ки «осоиштагӣ ва амният» шудааст. Сипас рӯзи Яҳува ногаҳон омада онҳоро дар ҳайрат мегузорад. Мо дар он вақт чӣ кор мекунем? Агар мо хоҳем, ки ба он рӯз тайёр бошем ва мисли дигарон фиреб нахӯрем, мо бояд аз худи ҳозир «бедор ва ҳушёр бошем». Ана барои чӣ мо бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонем ва дар бораи гуфтаҳои Яҳува мулоҳиза ронем.
13. Чӣ тавр рӯҳи ин ҷаҳон ба одамон таъсир мерасонад ва чӣ хел мо аз он даргурез буда метавонем?
13 Рӯҳи ин ҷаҳон моро аз Худо дур месозад. Бисёриҳо чунон ба ташвиши зиндагӣ дода шудаанд, ки «мӯҳтоҷи Худо буданашонро» намефаҳманд (Мат. 5:3, Хушхабар). Онҳо ба хоҳиши ҷисм, «ҳаваси чашмон» дода шудаанд (1 Юҳ. 2:16). Ҳамчунин вақтхушиҳои нав ба нав дӯстдорандагони «айшу ишрат»-ро маст кардааст ва сол то сол ин гуна васвасаҳо зиёд шуда истодаанд (2 Тим. 3:4). Барои ҳамин Павлус ба масеҳиён гуфт, ки дар фикри қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм набошанд, чунки он муносибати моро бо Яҳува вайрон карда метавонад (Рум. 13:11–14).
14. Дар ояти Луқо 21:34, 35 чӣ огоҳие дода шудааст?
14 Мо мехоҳем, ки ба тарзи фикрронии мо на рӯҳи ҷаҳон, балки рӯҳи Худо таъсир кунад. Ба воситаи рӯҳулқудсаш Яҳува аниқ мефаҳмонад, ки мо дар кадом рӯзҳо зиндагӣ дорем[1] (1 Қӯр. 2:12). Лекин ба мо ҳушёру бедор будан лозим аст. Чунки рӯҳан суст шудан хеле осон аст. Ҳатто чизҳои одӣ, ба мисли кору бори ҳаррӯзаи зиндагӣ моро аз Худо дур карда метавонад. (Луқо 21:34, 35-ро хонед.) Шояд дигарон моро барои ҳушёру бедор монданамон масхара кунанд. Вале ин набояд сабаби он гардад, ки мо ҳушёрии худро аз даст диҳем (2 Пет. 3:3–7). Баръакс, мо бояд доимо ба ҷамъомад, ки рӯҳи Худо дар он ҳузур дорад, равем.
15. Бо Петрусу Яъқуб ва Юҳанно чӣ шуд ва чӣ тавр ин бо мо низ рӯй дода метавонад?
15 Ҷисми гунаҳкорамон барои ҳушёру бедор мондан халал расонида метавонад. Исо нағз медонист, ки одами нокомил майл дорад, ки ба хоҳиши ҷисм дода шавад. Биёед бубинем, ки шоми пеш аз марги Исо чӣ рӯй дод. Ҳарчанд Исо комил бошад ҳам, ӯ медонист, ки барои содиқ мондан бояд дар дуо аз Яҳува қувват пурсад. Барои ҳамин ба Падараш дуо гуфта қувват пурсид ва пеш аз ин аз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно хоҳиш кард, ки дар ин лаҳзаҳо «бедор» бошанд. Лекин шогирдон намефаҳмиданд, ки то чӣ андоза барояшон ҳушёру бедор мондан муҳим аст. Онҳо беҳад монда буданд ва ба хоҳиши ҷисмашон дода шуда хоб рафтанд. Аммо Исо нигоҳ накарда ба он ки ӯ низ хаста буд, ҳушёру бедор монда ба Падараш дуо мегуфт. Шогирдонаш ҳам бояд чунин мекарданд (Марқ. 14:32–41).
16. Мувофиқи суханони Луқо 21:36, Исо барои рӯҳан «бедор» будан чӣ маслиҳат дод?
16 Барои рӯҳан «бедор» мондан ва ба рӯзи Яҳува тайёр будан чӣ кӯмак мерасонад? Ба мо лозим аст, ки минбаъд низ барои дуруст амал кардан хоҳиши сахт дошта бошем. Лекин ин кифоя нест. Чанд рӯз пеш аз маргаш, Исо ба шогирдонаш гуфт, ки ба Яҳува ҳамеша барои кӯмак дуо гӯянд. (Луқо 21:36-ро хонед.) Аз ин рӯ барои дар ин рӯзҳои охир ҳушёру бедор мондан, мо низ бояд ҳамеша ба Яҳува дуо гӯем (1 Пет. 4:7).
БЕДОР БОШЕД
17. Чӣ тавр мо боварӣ ҳосил карда метавонем, ки ба оянда тайёр ҳастем?
17 Исо гуфт, ки анҷом «дар соате ки гумон надоред» меояд (Мат. 24:44). Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша тайёр бошем. Ҳоло вақти он нест, ки ба васвасаҳои ҷаҳони Шайтон дода шуда хоҳиши ҷисмамонро иҷро кунем. Ба воситаи Китоби Муқаддас Худо ва Масеҳ мегӯянд, ки барои ҳушёру бедор мондан чӣ бояд кард. Пас, биёед ба пешгӯиҳои Китоби Муқаддас ва иҷрошавии онҳо аҳамият диҳем, то ба рӯйдодҳои омадаистода тайёр бошем. Мо бояд ба Яҳува наздиктар шуда кори Салтанатро дар ҷои аввали ҳаётамон гузорем (Ваҳй 22:20). Зеро ҳаёт аз ин вобаста аст!
^ [1] Сархати 14. Ба китоби «Салтанати Худо ҳукмронӣ мекунад!» (рус.), боби 21-ум нигаред.