Саховатмандӣ касро хушбахт мегардонад
«Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (АЪМ. 20:35).
1. Чӣ исбот мекунад, ки Яҳува саховатманд аст?
ПЕШ аз он ки Яҳува Оламро офарад, Ӯ танҳо худаш вуҷуд дошт. Лекин Ӯ фақат дар бораи Худ фикр накард, балки ба офаридаҳои соҳибақл — фариштагон ва одамон ҳаёт бахшид. Яҳува, ки «Худои хушбахт» аст, додани атоҳои некро дӯст медорад (1 Тим. 1:11; Яъқ. 1:17). Ва Худо мехоҳад, ки мо ҳам хушбахт бошем, барои ҳамин Ӯ ба мо саховатмандиро таълим медиҳад (Рум. 1:20).
2, 3. а) Барои чӣ саховатманд будан ба мо хурсандӣ меорад? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
2 Худо инсонро ба шабоҳати Худ офарид (Ҳас. 1:27). Яъне Яҳува моро тавре офарид, ки хислатҳои Ӯро зоҳир кунем. Мо дар ҳаёт ҳамон вақт хушбахту қаноатманд мешавем, агар мисли Яҳува дар бораи дигарон фикр кунем ва саховатманд бошем (Флп. 2:3, 4; Яъқ. 1:5). Чаро? Чунки Яҳува моро ҳамин тавр сохтааст. Нигоҳ накарда ба нокомилиамон мо метавонем ба саховатмандии Яҳува пайравӣ кунем.
3 Китоби Муқаддас чӣ тавр босаховат шуданро мефаҳмонад. Биёед аз Навиштаҳо доир ба ин мавзӯъ якчанд дарсро дида бароем. Мо аз ин мақола мефаҳмем, ки саховатманд будан ба мо ёрӣ медиҳад, ки розигии Худоро ба даст орем, супоришеро, ки Ӯ додааст иҷро кунем ва дар ҳаёт хушбахт бошем. Боз мефаҳмем, ки чаро инкишоф додани ин хислат муҳим аст.
ЧӢ ТАВР РОЗИГИИ ХУДОРО БА ДАСТ ОРЕМ?
4, 5. Яҳува ва Исо нисбати мо чӣ гуна саховатмандӣ зоҳир карданд ва чаро мо бояд ба онҳо пайравӣ кунем?
4 Яҳува мехоҳад, ки одамон ба хислатҳои Ӯ пайравӣ кунанд, барои ҳамин бо зоҳир кардани саховатмандӣ мо дили Яҳуваро шод мегардонем (Эфс. 5:1). Яҳува ҷисми моро ба таври аҷоиб офаридааст ва табиати бою зебо ато кардааст. Маълум, ки Ӯ хушбахт будани одамонро мехоҳад (Заб. 103:24; 138:13–16). Пас, вақте мо ба хушбахтии дигарон мусоидат мекунем, Яҳуваро ҷалол медиҳем.
5 Исо низ дар ҳаёташ бисёр саховатмандӣ нишон дода, барои мо намунаи комил гузоштааст. Ӯ гуфт: «Писари одам низ на барои он омад, ки ба вай хизмат кунанд, балки, барои он ки ба дигарон хизмат кунад ва ҷони худро барои фидияи бисёр касон диҳад» (Мат. 20:28). Аз ин рӯ Павлуси расул масеҳиёнро барангехт: «Ҳамон тарзи фикррониеро дошта бошед, ки Исои Масеҳ дошт... ӯ худро аз ҳама чиз маҳрум сохта, ба сурати ғулом даромад» (Флп. 2:5, 7). Хуб мебуд, то ҳар яки мо ба худ савол диҳем: Оё ман боз ҳам зиёдтар ба хислатҳои Исо пайравӣ карда метавонам? (1 Петрус 2:21-ро хонед.)
6. Бо овардани масал оиди марди сомарӣ Исо ба мо чиро таълим дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
6 Ба намунаи комили Яҳува ва Исо пайравӣ карда, мо розигии Яҳуваро ба даст меорем. Барои ин мо бояд дар бораи беҳбудии дигарон фикр кунем ва ба онҳо кӯмаки аз дастамон меомадаро расонем. Исо инро дар масал оиди марди сомарӣ равшан нишон дод. (Луқо 10:29–37-ро хонед.) Ӯ ба пайравонаш таълим дод, ки ба дигарон, новобаста аз он ки онҳо кистанд ва аз куҷоянд, дасти ёрӣ дароз кунанд. Оё дар хотир доред, ки барои чӣ Исо ин масалро нақл кард? Марди яҳудие аз ӯ пурсида буд: «Дигарон гуфта, кӣ дар назар дошта шудааст?» Аз ҷавоби Исо мо мефаҳмем, ки барои писанди Яҳува гаштан, мо бояд мисли он марди сомарӣ нисбати ҳама гуна одамон саховатманду некӯкор бошем.
7. Худбин будан ё набудан чӣ тавр бо саволи баҳсталаб алоқаманд аст?
7 Боз як сабаби дигаре ҳаст, ки мо бояд сахӣ бошем ва дар бораи беҳбудии дигарон фикр кунем. Ин сабаб бо саволи баҳсноке, ки Шайтон дар боғи Адан бардошта буд, алоқаманд аст. Шайтон гуфт, ки агар Одаму Ҳавво ба Худо беитоатӣ карда, танҳо дар бораи худашон фикр кунанд, хушбахт мешаванд. Ҳавво ӯро гӯш карда, худбинона амал кард ва хост, ки мисли Худо бошад. Одам низ худхоҳона рафтор кард, чунки бештар ба Ҳавво писанд омадан хост, на ба Худо (Ҳас. 3:4–6). Ба ҳамаи мо равшан аст, ки оқибати рафтори онҳо ҳалокатовар буд. Бале, танҳо дар бораи худ фикр кардан, на хушбахтӣ, балки бадбахтӣ меорад. Вақте ки мо оиди беҳбудии дигарон фикр карда, саховатмандӣ зоҳир мекунем, роҳҳои Яҳуваро дастгирӣ мекунем.
ИҶРО КАРДАНИ СУПОРИШЕ, КИ ХУДО ДОДААСТ
8. Барои чӣ Одаму Ҳавво бояд дар бораи дигарон фикр мекарданд?
8 Ҳарчанд Одаму Ҳавво дар боғи Адан танҳо буданд, онҳо бояд дар бораи беҳбудии дигарон фикр мекарданд. Чаро? Яҳува ба онҳо супориш дод, ки заминро бо насли худ пур кунанд ва онро ба биҳишт табдил диҳанд (Ҳас. 1:28). Чуноне ки Офаридгор беҳбудии ҳар як офаридаи худро хоҳон аст, Одаму Ҳавво низ бояд оиди хушбахтии фарзандонашон, ки ҳоло ба дунё наомада буданд, фикр мекарданд. Яҳува интизор буд, ки Одаму Ҳавво бо насли афзудаистодаи худ ҳамкорӣ карда, тамоми заминро ба биҳишт табдил диҳанд. Ин дар ҳақиқат кори бузурге буд!
9. Чаро заминро ба биҳишт табдил додан, ба одамон хушбахтии зиёд оварда метавонист?
9 Барои заминро ба биҳишт табдил додан одамони комил бояд бо Яҳува зич ҳамкорӣ мекарданд. Онҳо супориши Худоро иҷро карда, ҳамин тавр ба оромии Худо дохил шуда метавонистанд (Ибр. 4:11). Танҳо тасаввур кунед, ки то чӣ андоза иҷрои ин супориш қаноатбахшу хурсандиовар мебуд! Бешубҳа, агар Одаму Ҳавво бар манфиати дигарон меҳнат мекарданд, ин ба онҳо баракатҳои зиёд меовард.
10, 11. Чӣ тавр мо супориши мавъизакунӣ ва шогирдсозиро иҷро карда метавонем?
10 Имрӯз Яҳува ба халқи худ вазифа додааст, ки мавъиза кунанд ва шогирд тайёр намоянд. Барои ин супоришро иҷро кардан, мо бояд самимона дар бораи беҳбудии дигарон фикр кунем. Ин корро танҳо ҳамон вақт давом дода метавонем, агар онро аз нияти дуруст, яъне аз муҳаббат ба Худо ва одамон иҷро кунем.
11 Дар асри як Павлус худаш ва дигар масеҳиёнро «ҳамкорони Худо» номид, зеро онҳо бо коштан ва об додани тухми ҳақиқат машғул буданд (1 Қӯр. 3:6, 9). Имрӯз низ агар мо вақту қувват ва дороии худро бо омодагӣ барои иҷрои супориши Яҳува сарф кунем, «ҳамкорони Худо» шуда метавонем. Ин дар ҳақиқат шарафи бузург аст!
12, 13. Дар бораи баракатҳое, ки кори шогирдсозӣ меорад, шумо чӣ мегуфтед?
12 Вақту қуввати худро дареғ надошта, дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ иштирок кардан ҳаёти моро пурмазмун мегардонад. Инро бисёр бародарону хоҳароне, ки омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронанд, тасдиқ мекунанд. Вақте мо мебинем, ки омӯзандагонамон аз фаҳмидани ҳақиқат ба ҳаяҷон меоянд, мо низ бениҳоят хурсанд мешавем. Ва вақте ки онҳо рӯҳан пешравӣ мекунанд, ба ҳаёташон дигаргуниҳо медароранд ва ба дигарон мавъиза карданро сар мекунанд, ин барои мо дар ҳақиқат баракат аст. Ба ин монанд, вақте ки 70 шогирди Исо аз хизмати мавъиза натиҷаҳои хуб ба даст оварда, «шоду хурсанд» баргаштанд, Исо низ бисёр хушҳол шуд (Луқ. 10:17–21).
13 Воизон дар тамоми дунё аз дидани он ки хушхабар ба ҳаёти одамон таъсири хуб мерасонад, шодӣ мекунанд. Инро мисоли хоҳари муҷаррад, Аннаa нишон медиҳад. Ӯ хизматашро васеъ карда, ба Аврупои Шарқӣ, ки дар он ҷо ба воизон ниёзи калон ҳаст, кӯчид. Ӯ нақл мекунад: «Ин ҷо ба ман хеле маъқул аст, зеро дар ин ҷо шахсоне, ки Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан мехоҳанд, беҳад бисёранд. Хизмат бароям ҳаловатбахш аст. Баъди аз хизмат ба хона баргаштан, ман вақт надорам, ки ба ташвишҳои худам дода шавам. Чунки дар бораи омӯзандагонам ва ташвишу душвориҳои онҳо фикр мекунам. Ман барои онҳоро рӯҳбаланд кардан ва кӯмаки амалӣ расондан имконият меҷӯям. Дар ҳақиқат, “додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад”» (Аъм. 20:35).
14. Одамон хушхабарро нағз гӯш накунанд ҳам, аз донистани чӣ мо хурсандӣ мегирем?
14 Агар одамон мавъизаи моро гӯш накунанд ҳам, мо аз хизмат хурсандӣ мегирем, зеро ба онҳо имконият додем, ки хушхабарро шунаванд. Охир, супорише, ки мо имрӯз иҷро мекунем ба хизмати пайғамбар Ҳизқиёл монанд аст. Яҳува ба ӯ гуфт: «Суханони Маро ба онҳо бигӯй, хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд» (Ҳиз. 2:7; Иш. 43:10). Ҳарчанд баъзеҳо мавъизаи моро қадр намекунанд, Яҳува кӯшишҳои моро қадр мекунад. (Ибриён 6:10-ро хонед.) Як бародар рӯҳияи хеле хуб нишон дода чунин мегӯяд: «Мо мекорем, об медиҳем ва бо умед дуо мегӯем, ки Яҳува шавқи одамонро зиёд гардонад» (1 Қӯр. 3:6).
ЧӢ ТАВР ХУШБАХТИРО БА ДАСТ ОРЕМ?
15. Бисёр одамон ба саховатмандӣ чӣ тавр муносибат мекунанд ва оё ин бояд ба мо таъсир расонад?
15 Исо мехоҳад, ки мо саховатмандӣ зоҳир карда хушбахтӣ ба даст орем. Ба бисёр одамон саховатмандӣ бетаъсир намемонад. Исо гуфт: «Диҳед ва ба шумо медиҳанд: домани шуморо пур мекунанд, такон дода, зер карда, лабрез месозанд, зеро бо кадом андозае чен кунед, бо ҳамон андоза ба шумо чен мекунанд» (Луқ. 6:38). Албатта на ҳама аз саховатмандии мо миннатдор мешаванд. Лекин баъзеҳо ба қадри он мерасанд ва намунаи мо онҳоро бармеангезад, ки худашон низ саховатманд шаванд. Барои ҳамин, ҳатто ба назар чунин тобад, ки одамон дасткушод будани моро қадр намекунанд, биёед сахӣ буданро давом диҳем. Пешакӣ наметавон гуфт, ки як амали саховатмандонаи мо чӣ қадар натиҷаҳои хуб оварда метавонад.
16. Мо бояд бо кадом ният саховатмандӣ зоҳир кунем?
16 Одамони дар ҳақиқат саховатманд дар ҷавоб чизеро интизор намешаванд. Исо инро дар назар дошта гуфт: «Вақте зиёфат медиҳӣ, камбағалон, маъюбон, лангон ва кӯронро таклиф кун ва ту хушбахт хоҳӣ буд, зеро онҳо чизе надоранд, ки ба ту подош диҳанд» (Луқ. 14:13, 14). Як нависандаи Китоби Муқаддас гуфт, ки «сахӣ баракат меёбад». Дигаре бошад, чунин гуфт: «Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад!» (Мас. 22:9; Заб. 40:2). Дар ҳақиқат, кӯмак расондан ба дигарон ба мо хурсандӣ мебахшад.
17. Баъзе роҳҳои зоҳир кардани саховатмандӣ кадоманд?
17 Павлус суханони Исоро иқтибос оварда гуфт: «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад». Лекин Павлус на танҳо додани чизҳои моддиро саховатмандӣ меҳисобид. Ӯ гуфт, ки вақте мо одамонро рӯҳбаланд мекунем, аз Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳем ва сустонро дастгирӣ мекунем, ин ҳам саховатмандӣ аст (Аъм. 20:31–35). Павлус бо намуна ва насиҳатҳои худ ба мо таълим дод, ки вақту қувватамонро барои дигарон дареғ надорем ва ба онҳо таваҷҷӯҳу муҳаббат зоҳир кунем.
18. Баъзе олимон дар бораи саховатмандӣ чӣ мегӯянд?
18 Олимоне, ки табиати инсониро тадқиқ мекунанд, муайян намуданд, ки одамони саховатманд хушбахтанд. Дар як мақола гуфта шудааст, ки «одамон баъди он ки барои дигарон ягон кори нек мекунанд, худро боз ҳам хушбахттар ҳис мекунанд». Олимон мегӯянд, ки вақте мо ба дигарон ёрӣ медиҳем, ҳаётамон пурмазмун ва мақсаднок мегардад. Барои ҳамин, баъзеи онҳо бисёр вақт маслиҳат медиҳанд, ки барои беҳтар кардани саломатӣ ва ба даст овардани хушбахтӣ, шахс бояд дар ташкилотҳои ба ҷомеа ёрирасон чун коргари ихтиёрӣ кӯмак расонад. Албатта он чизе ки олимон муайян карданд, барои мо ҳайратовар нест, чунки Офаридгори пурмуҳаббати мо, Яҳува, дар Каломаш кайҳо гуфта буд, ки додан аз гирифтан беҳтар аст (2 Тим. 3:16, 17).
ИНКИШОФ ДОДАНИ САХОВАТМАНДИРО ДАВОМ ДИҲЕД
19, 20. Чаро шумо саховатманд будан мехоҳед?
19 Дар ин ҷаҳон моро асосан одамоне иҳота мекунанд, ки манфиати худро аз беҳбудии дигарон боло мегузоранд. Барои ҳамин, нигоҳ доштани рӯҳияи саховатмандӣ ба мо душвор буда метавонад. Лекин Исо ду аҳкоми бузургтаринро номбар карда, гуфт, ки мо бояд Яҳуваро бо тамоми дили худ, ҷони худ, ақли худ ва қуввати худ дӯст дорем ва дигаронро мисли худ дӯст дорем (Марқ. 12:28–31). Дар ин мақола мо дида баромадем, ки агар шахс Яҳуваро дӯст дорад, вай ба Ӯ пайравӣ мекунад. Ҳам Яҳува ва ҳам Исо нисбати дигарон саховатманданд. Онҳо моро бармеангезанд, ки мо низ сахӣ бошем, зеро ин ба мо хушбахтии ҳақиқӣ меорад. Агар мо дар хизмати Худо ва дар муносибат бо одамон ин рӯҳияро зоҳир кунем, Яҳуваро ҷалол дода, ҳам ба худамон ва ҳам ба дигарон манфиат меорем.
20 Бешубҳа шумо аллакай кӯшиш карда истодаед, ки вақту қуввати худро барои дигарон, махсусан ба ҳамимонони худ, сарф кунед (Ғал. 6:10). Одамон одатан шахсони саховатманду дасткушодро дӯст медоранд ва онҳоро қадр мекунанд. Барои ҳамин, агар шумо саховатманд бошед, боз ҳам хушбахттар мешавед. Дар Масалҳо 11:25 гуфта шудааст: «Ҷони сахӣ пурфайз мешавад, ва касе ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад». Албатта, дар ҳаёт ва хизмати худ мо метавонем бо роҳҳои гуногун саховатмандӣ зоҳир кунем ва беҳбудии дигаронро аз манфиати худ боло гузорем. Баъзеи ин роҳҳоро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.
a Ном иваз шудааст.