Нияти Яҳува ҳатман иҷро мешавад!
«Он чӣ гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард; он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард» (ИШ. 46:11).
1, 2. а) Яҳува ба мо чиро ошкор кард? б) Ишаъё 46:10, 11 ва 55:11 моро ба чӣ боварӣ мебахшад?
ДАР аввали Китоби Муқаддас чунин навишта шудааст: «Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид» (Ҳас. 1:1). Мо дар бораи бисёр офаридаҳои Худо, ба мисли кайҳон, рӯшноӣ ва қонуни ҷозиба маълумоти кам дорем (Воиз 3:11). Лекин дар бораи нияти Худо нисбати одамизод ва замин бошад, мо бисёр чизҳоро медонем, чунки худи Яҳува инро ба мо ошкор кард. Мо медонем Ӯ одамонро ба шабоҳати Худаш офарид ва мехост, ки онҳо аз ҳаёт дар замин баҳра баранд (Ҳас. 1:26). Онҳо бояд фарзандони Худо мешуданд ва Яҳува бошад, Падари онҳо.
2 Дар боби сеюми Ҳастӣ фаҳмонида шудааст, ки барои иҷрошавии нияти Яҳува монеае пайдо шуд (Ҳас. 3:1–7). Вале ин душворӣ ҳалшаванда буд. Чунки ягон чиз пеши роҳи Яҳуваро гирифта наметавонад (Иш. 46:10, 11; 55:11). Барои ҳамин мо боварӣ дошта метавонем, ки нияти аввалаи Худо ҳатман дар вақташ иҷро мешавад!
3. а) Кадом таълимоти муҳим барои фаҳмидани хабари Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад? б) Барои чӣ мо ҳоло ин таълимотро дида мебароем? в) Мо кадом саволҳоро муҳокима мекунем?
3 Бешубҳа, мо бо нияти Худо нисбати замин ва одамизод ва нақши асосии Исои Масеҳ дар иҷрошавии нияти Худо шинос ҳастем. Ин ҳақиқат таълимоти хеле муҳим аст ва шояд он аввалин таълимоте буд, ки ҳангоми сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас бо он шинос шудем. Акнун бошад, мо мехоҳем, ки одамони самимиро бо ин таълимоти муҳим шинос кунем. Ҳоло дар ин мақола ин таълимотро муҳокима карда кӯшиш мекунем, ки то ҳадди имкон одамони бисёрро ба Шоми ёдбуди Масеҳ даъват намоем (Луқ. 22:19, 20). Онҳое ки ба Шоми ёдбуд меоянд имконият доранд, ки дар бораи нияти Худо бисёр чизҳоро фаҳманд. Барои ҳамин дар ин якчанд рӯзи боқимонда пеш аз Шоми ёдбуд вақти он аст, ки мо дар бораи саволҳое фикр кунем, ки шавқи омӯзандагон ва дигар одамони самимиро ба ин маросими муҳим бедор месозад. Биёед се саволи зеринро дида бароем: «Нияти аввалаи Худо нисбати одамизод ва замин чӣ буд? Чаро нияти Яҳува амалӣ нагашт? Ва чӣ иҷрошавии нияти Худоро имконпазир гардонд?»
НИЯТИ АВВАЛАИ ХУДО ЧӢ БУД?
4. Чӣ тавр офаридаҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд?
4 Яҳува Офаридгори беҳамтост. Ӯ ҳама чизро ба дараҷаи олӣ офарид (Ҳас. 1:31; Ирм. 10:12). Мо аз зебоӣ ва тартибу низоме, ки дар табиат дида мешавад, чиро мефаҳмем? Табиатро аз назар гузаронида мебинем, ки ҳама офаридаҳои Яҳува нақши худро доранд. Мураккабии ҳуҷайраи одамизод, таваллудшавии кӯдак ё ғуруби зебои офтоб ин худ мӯъҷиза аст, ҳамин тавр не? Мо аз дидани ҳамаи ин ҳаловат мебарем, чунки Худо моро ҳамин хел офаридааст. (Забур 18:2 ва 103:23-ро хонед.)
5. Яҳува барои якҷоя ҳамкорӣ кардани офаридаҳояш чӣ кор кард?
5 Яҳува аз муҳаббат ҳам барои табиат ва ҳам барои одамон қонун додааст, то ки якҷоя ҳамкорӣ кунанд (Заб. 18:8–10). Ҳама чиз дар Коинот мувофиқи нақши муқарраркардаи Худо амал мекунад. Масалан, ба туфайли қонуни ҷозиба дар замин атмосфера нигоҳ дошта шуда, пасту баландшавии оби баҳр идора карда мешавад. Бе қонуни ҷозиба ҳаёт дар замин имконнопазир мебуд. Қонунҳои муқарраркардаи Худо ба тартибу низом дар Коинот мусоидат менамояд. Ин нишон медиҳад, ки Худо нисбати инсоният ва замин ният дорад. Дар хизмат мо одамонро бо Офаридгори Коиноти зебо шинос карда метавонем (Ваҳй 4:11).
6, 7. Баъзе аз атоҳои Яҳува кадоманд?
6 Яҳува аз аввал мехост, ки одамизод дар рӯи замин то абад зиндагӣ кунад (Ҳас. 1:28; Заб. 36:29). Ӯ ба Одаму Ҳавво саховатмандона атоҳои гуногуну бебаҳоро дод, то аз ҳаёт ҳаловат баранд. (Яъқуб 1:17-ро хонед.) Ҳамчунин Яҳува ба онҳо озодӣ, қобилияти фикрронӣ ва аз дӯстиву муҳаббат баҳра бурданро дод. Офаридгор ба Одам тарзи дуруст рафтор карданро ёд дод. Одам ҳамчунин дар бораи ниёзҳои худ, ҳайвонот ва замин ғамхорӣ карданро ёд гирифт (Ҳас. 2:15–17, 19, 20). Яҳува ба Одаму Ҳавво қобилияти ҳис намудан, дидану шунидан, бӯй кардан ва чашиданро дод, то ки онҳо аз ҳаёт дар Биҳишт лаззат бурда тавонанд. Хулоса, аввалин ҷуфт имконияти беҳамто дошт, ки аз кори худ ҳаловат бурда чизҳои нав ба навро фаҳманд.
7 Худо боз чӣ ният дошт? Яҳува ба Одаму Ҳавво қобилият дод, ки фарзандони комилро ба дунё оварда заминро пур кунанд. Ӯ мехост, ки Одаму Ҳавво ва ҳамаи падару модарон фарзандони худро мисли Ӯ дӯст доранд. Замин бо ҳамаи боигариаш бояд хонаи доимии онҳо мешуд (Заб. 113:24).
ЧАРО НИЯТИ ЯҲУВА АМАЛӢ НАГАШТ?
8. Чаро Яҳува ба ҷуфти аввалин амри дар Ҳастӣ 2:16, 17 навишташударо дод?
8 Сад афсӯс, ки нияти Худо иҷро нашуд. Барои чӣ? Яҳува ба Одаму Ҳавво қонуни одие дод, то онҳо фаҳманд, ки озодиашон маҳдуд аст. Ӯ гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир; аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳас. 2:16, 17). Ба ин амр гӯш додани Одаму Ҳавво мушкил набуд, чунки онҳо ба фаровонӣ хӯрок доштанд.
9, 10. а) Шайтон Яҳуваро дар чӣ айбдор кард? б) Одаму Ҳавво чӣ кор карданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
9 Шайтон барои аз раҳ задани Ҳавво морро истифода бурд (Ҳастӣ 3:1–5-ро хонед; Ваҳй 12:9). Ӯ амри Худоро зери шубҳа гузошт. Бо ин суханонаш Шайтон чунин гуфтанӣ буд: «Магар аз рӯи хоҳишатон амал карда наметавонед?» Баъд аз ин вай рӯирост дурӯғ гуфт: «Не, нахоҳед мурд». Сипас Шайтон ба Ҳавво гуфт, ки ба Худо гӯш кардан лозим нест: «Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд». Шайтон бо ин гапаш гуфтанӣ буд, ки Яҳува баъзе чизҳоро аз онҳо пинҳон мекунад. Ғайр аз ин ӯ ваъдаи дурӯғ дод, ки онҳо «монанди Худо, орифи неку бад» хоҳанд шуд.
10 Одаму Ҳавво бояд интихоб мекарданд, ки Яҳуваро гӯш кунанд ё Шайтонро. Лекин онҳо Шайтонро гӯш карда ба исёни ӯ ҳамроҳ шуданд. Бо ин корашон онҳо Яҳуваро чун Падар рад карда аз паноҳгоҳи Ӯ дур шуданд (Ҳас. 3:6–13).
11. Чаро Яҳува ба гуноҳи Одаму Ҳавво чашм напӯшид?
11 Одаму Ҳавво гапи Яҳуваро гӯш накарда комилиро аз даст доданд. Ғайр аз ин муносибати онҳо бо Яҳува вайрон шуд, чунки Ӯ тоқати дидани бадиро надорад ва аз бадкорӣ нафрат мекунад (Ҳаб. 1:13). Агар Яҳува ба гуноҳи Одаму Ҳавво чашм мепӯшид, сулҳу ягонагии фариштаҳову насли ояндаи Одамро зери хатар мегузошт. Ғайр аз ин агар Худо нисбати гуноҳи Одаму Ҳавво чора намеандешид аз боварӣ мебаромад. Лекин Яҳува ба меъёрҳои муқарраркардааш содиқ аст ва ҳеҷ гоҳ онҳоро поймол намекунад (Заб. 118:142). Доштани озодӣ маънои онро надошт, ки Одаму Ҳавво қонуни Яҳуваро вайрон карда метавонанд. Оқибат ҷуфти аввалин барои беитоатиаш мурд ва ба хок баргашт, ки аз он гирифта шуда буд (Ҳас. 3:19).
12. Бо насли Одам чӣ шуд?
12 Баъд аз хӯрдани мева Одаму Ҳавво дигар аъзои оилаи Яҳува буда наметавонистанд ва Худо онҳоро аз боғи Адан пеш кард. Онҳо дигар ба боғи Адан баргашта наметавонистанд (Ҳас. 3:23, 24). Яҳува гузошт, ки Одаму Ҳавво оқибати қарори нодурусташонро чашанд. (Такрори Шариат 32:4, 5-ро хонед.) Азбаски инсон нокомил шуд, вай пурра хислатҳои Офаридгорро инъикос карда наметавонист. Одам на танҳо ояндаи худро барбод дод, балки ба наслаш нокомилӣ ва маргро мерос дод (Рум. 5:12). Ҳамчунин ӯ насли худро аз ҳаёти абадӣ маҳрум кард. Акнун Одаму Ҳавво ва наслашон фарзандони комил ба дунё оварда наметавонистанд. Аз давраҳои Одаму Ҳавво Шайтон то ҳол одамонро гумроҳ мекунад (Юҳ. 8:44).
ФИДИЯ ОҚИБАТИ ГУНОҲИ ОДАМРО БАРТАРАФ МЕКУНАД
13. Яҳува нисбати одамизод чӣ ният дорад?
13 Яҳува ба гуноҳи Одам нигоҳ накарда то ҳол одамизодро нағз мебинад. Новобаста аз исёни Одаму Ҳавво насли онҳо бо Яҳува муносибати наздик инкишоф дода метавонад. Худо намехоҳад, ки онҳо муранд (2 Пет. 3:9). Барои ҳамин Яҳува дарҳол баъд аз исёни ҷуфти аввалин мувофиқи меъёрҳои муқарраркардаи худ чора андешид, то ки одамон бо Ӯ дӯстиро барқарор кунанд. Чӣ тавр Яҳува ин нияти худро амалӣ гардонд?
14. а) Мувофиқи Юҳанно 3:16 Яҳува барои комил гардондани одамизод чӣ кор кард? б) Бо шавқмандон кадом саволро дида баромадан мумкин аст?
14 Юҳанно 3:16-ро хонед. Баъзе одамоне ки ба Шоми ёдбуд даъват мешаванд, шояд ин оятро аз ёд донанд. Вале онҳо намедонанд, ки чӣ тавр қурбонии Исо ҳаёти абадиро имконпазир мегардонад? Мо ҳангоми маъракаи даъваткунӣ, дар рӯзи Шоми ёдбуд ва баъд аз он имконият дорем, ки ба ин савол ба одамони самимӣ ҷавоб диҳем. Одамон аз фаҳмидани он ки фидия хираду муҳаббати Яҳуваро нишон медиҳад, дар ҳайрат мемонанд. Боз кадом чизҳои муҳимро мо дар бораи фидия ба одамон фаҳмонда метавонем?
15. Исо аз Одам бо чӣ фарқ мекард?
15 Яҳува одами комилро чун фидия дод. Ин одами комил бояд ба Яҳува вафодор мемонд ва тайёр мебуд, ки ҷони худро барои одамони гунаҳкор диҳад (Рум. 5:17–19). Яҳува ҳаёти аввалин офаридаи рӯҳониашро ба батни духтари бокира гузаронид (Юҳ. 1:14). Ҳамин тавр Исо мисли Одам инсони комил шуд. Вале нисбат ба Одам, Исо мувофиқи меъёрҳое, ки Яҳува аз одами комил талаб мекард, то охир зиндагӣ кард, ҳатто дар зери озмоишҳои душвортарин ҳам.
16. Чаро фидия атои бебаҳост?
16 Чун одами комил Исо одамизодро аз гуноҳу марг озод карда метавонист. Исо он чиро, ки Одам карда натавонист иҷро кард, яъне то охир ба Яҳува вафодор ва итоаткор монд (1 Тим. 2:6). Фидияи Исо барои «бисёр касон» — мардону занон ва кӯдакон ҳаёти абадиро имконпазир сохт (Мат. 20:28). Он барои амалӣ гаштани нияти Худо нақши муҳимро мебозад (2 Қӯр. 1:19, 20). Фидия барои ҳаёти абадӣ ба ҳамаи одамони содиқ умед мебахшад.
ЯҲУВА АВВАЛИН ШУДА ҚАДАМ ГУЗОШТ
17. Ба туфайли фидия чӣ имконпазир шуд?
17 Яҳува чизи гаронбаҳояшро барои мо чун фидия дод (1 Пет. 1:19). Ӯ гузошт, ки Писари ягоназодаш барои мо ҷонашро фидо кунад, чунки Ӯ моро сахт дӯст медорад (1 Юҳ. 4:9, 10). Гуфтан мумкин аст, ки Исо ҷойи падари аввалинамон, яъне Одамро гирифт (1 Қӯр. 15:45). Исо ба мо на танҳо ҳаёти абадӣ, балки имконияти ба оилаи Яҳува баргаштанро дод. Ба шарофати қурбонии Исо Яҳува моро ба оилаи Худ чун одилон қабул мекунад. Лаҳзае фикр кунед, ки чӣ тавр ҳама одамони содиқ комил мешаванд, оё ин ба мо беандоза хурсандӣ намеорад? Он вақт дар байни қисми осмонӣ ва заминии оилаи Яҳува ягонагии пурра мешавад ва одамон фарзандони Худо мегарданд (Рум. 8:21).
18. Кай Яҳува бар ҳама ҳоким мешавад?
18 Исёни Шайтон ба муҳаббати Яҳува нисбати одамизод ва ба содиқ мондани одамони нокомил ба Яҳува таъсир накард. Бо фидияи Исо Яҳува ба одамон кӯмак мекунад, ки пурра одил шаванд. Тасаввур кунед, ки зиндагӣ чӣ гуна мешавад, вақте ҳама ба Исо имон оварда соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегарданд! (Юҳ. 6:40). Яҳува бо муҳаббату хиради беандозааш нияти аввалаашро амалӣ гардонда одамизодро ба комилӣ бармегардонад. Он гоҳ Падари мо Яҳува «кулл дар кулл», яъне бар ҳама ҳоким мешавад (1 Қӯр. 15:28).
19. а) Миннатдорӣ барои фидия моро ба чӣ бармеангезад? (Ба чорчӯбаи «Ҷустуҷӯи одамони самимиро давом диҳед» нигаред.) б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
19 Миннатдорӣ барои фидия моро бармеангезад, ки ба одамон дар бораи манфиати ин атои бебаҳо, ки онҳо ҳам аз он баҳра бурда метавонанд, гап занем. Одамон бояд донанд, ки Яҳува ба воситаи фидия ба онҳо умед ба ҳаёти абадӣ медиҳад. Ғайр аз ин фидия манфиати бештаре дорад. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр фидия ба саволҳое, ки Шайтон дар боғи Адан бардошт, ҷавоб медиҳад.