Боби 15
Бунёди оилае ки Худоро эҳтиром мекунад
1–3. Чаро баъзе одамон мушкилиҳои бо ҳаёти занушавҳарӣ ва тарбияи фарзандон вобастабударо ҳал карда наметавонанд ва Китоби Муқаддас чӣ гуна барои ҳалли онҳо кӯмак мерасонад?
ТАСАВВУР кунед, ки фикри бино кардани хонае доред. Дар аввал замин мехаред. Бо шавқи зиёд, хаёлан онро месозед. Вале чӣ мешавад, агар асбобҳои лозима ва маҳорати сохтмониро надоред? Дар ин сурат талошҳои шумо беҳудаанд.
2 Бисёре аз онҳое, ки бо умеди сохтани оилаи хушбахт издивоҷ мекунанд, “асбобҳо” ва маҳорати лозимиро барои бунёди он надоранд. Андаке пас аз тӯй хусусиятҳои рафтори манфӣ зоҳир мешаванд. Занозанӣ ва муноқишаҳо чизи муқаррарие мегарданд. Вақте ки фарзандон ба дунё меоянд, падару модари ҷавон дармеёбанд, ки дониши онҳо дар бораи тарбияи фарзандон аз он чӣ ки дар бораи издивоҷ медонанд, чандон фарқе надорад.
3 Хушбахтона Китоби Муқаддас метавонад ёрии хубе диҳад. Принсипҳои он мисли асбобҳое ҳастанд, ки бо ёрии онҳо оилаи хушбахт бунёд кардан мумкин аст (Масалҳо 24:3). Биёед бубинем, ки чӣ гуна.
“АСБОБҲО” БАРОИ СОХТАНИ ОИЛАИ ХУШБАХТ
4. Чаро дар ҳамсарӣ мушкилиҳо ба вуҷуд меоянд ва дар Китоби Муқаддас чӣ гуна пандҳо дода шудаанд?
4 Ҳар қадаре ки ҳамсарон ба ҳамдигар муносиб набошанд ҳам, ба ҳар ҳол онҳо ҷаҳонро бо тарзҳои гуногун дарк мекунанд, ҳар яки онҳо кӯдакии худро дошт ва дар оилаи дигар тарбия ёфтаанд. Аз ин сабаб, мушкилиҳо пас аз издивоҷ бешубҳа ба вуҷуд меоянд. Онҳоро чӣ гуна ҳал бояд кард? Дар вақти сохтани хона коргарон аз рӯи нақшаи меъморӣ кор мекунанд. Онҳо ӯҳдадор ҳастанд, ки нишондодҳои меъморро ба инобат гиранд. Ҳамчунин дар Китоби Муқаддас меъёрҳои Худо барои сохтани оилаи хушбахт дода шудаанд. Биёед баъзе аз онҳоро муҳокима кунем.
5. Аҳамияти вафодориро Китоби Муқаддас чӣ гуна таъкид мекунад?
5 Вафодорӣ. Исо гуфт: «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад»a (Матто 19:6). Павлуси ҳавворӣ навишт: «Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад ва ҷойхоби он беайб; зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард» (Ибриён 13:4). Бинобар ин, шахсони издивоҷкарда бояд масъулияти хешро дар назди Худо ҳис кунанд ва ба ҳамсари хеш вафодор боқӣ бимонанд (Ҳастӣ 39:7–9).
6. Чӣ гуна вафодорӣ издивоҷро ҳифз мекунад?
6 Вафодорӣ издивоҷро ҳимоя мекунад ва ба он эътибор ва амният медиҳад. Ҳамсарони вафодор медонанд, ки ҳар чӣ пеш ояд, онҳо дастгири ҳамдигар хоҳанд буд (Воиз 4:9–12). Чӣ гуна фарқ доранд онҳо аз касоне ки пас аз носозии аввал никоҳашонро бекор мекунанд! Чунин касон фавран хулоса мекунанд, ки “ҳамсари муносибе интихоб накардаанд”, “ҳамдигарро дӯст намедоранд” ва роҳи ягона ёфтани каси дигар аст. Вале ин хулоса барои рушди ҳамсарон имконият намедиҳад. Баръакс, касони аҳдшикан ҳамин гуна мушкилотро ба сари ҳамсари нави худ меоранд. Агар шахс хонаи хубе дошта бошад, вале ногоҳ дарёбад, ки аз боми он мечакад, ӯ ҳатман дар паи таъмири бом мешавад. Вай ба хонаи дигар намекӯчад. Ба ҳамин сурат, иваз кардани ҳамсар — чораи ҳалкунандаи мушкилоти оилавӣ нест. Вақте ки мушкилиҳо пайдо мешаванд, дар фикри зудтар хотима додани издивоҷатон набошед, балки барои нигоҳ доштани он талош кунед. Чунин вафодорӣ издивоҷро эҳтиёт ва ҳифз намуда, онро нигоҳ медорад.
7. Чаро муошират барои баъзе ҳамсарон душвор аст ва чӣ тавр дар бар кардани «одами нав» метавонад ёрӣ диҳад?
7 Муошират. Масале аз Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бе машварат нақшаҳо вайрон мешаванд» (Масалҳо 15:22). Вале барои баъзе аз ҷуфтҳои ҳамсарӣ муошират кори душворест. Барои чӣ? Чунки талаботи одамон ба муошират гуногун аст. Ва натиҷа аксаран нофаҳмии сабабаш равшан ва дилхунукӣ аст. Тарбияти шахс низ метавонад нақше дошта бошад. Масалан, баъзеҳо дар оилаҳое ки дар онҳо байни падару модар ҳамеша мунозира ва хархаша буд, ба воя расидаанд. Ҳоло ки ба камол расидаанд ва оиладор шудаанд, намедонанд, ки чӣ гуна ба ҳамсари худ бо нармӣ оромона сухан гӯянд. Ба ҳар ҳол метавон коре кард, ки хонаи шумо «серҷанҷол» набошад (Масалҳо 17:1). Китоби Муқаддас таъкид мекунад, ки бояд ба «одами нав» мубаддал гардем, ки хашм, доду фарёд ва дашномро намепазирад (Эфсӯсиён 4:22–24, 31).
8. Дар вақти ба вуҷуд омадани муноқишаҳо чиро дар ёд бояд дошт?
8 Вақте ки ихтилофот ба амал меояд, шумо чӣ кор карда метавонед? Ҳангоми боло гирифтани асабоният беҳтар аст, ки ба андарзе ки дар Масалҳо 17:14 омадааст, гӯш диҳед: «Пеш аз он ки ҷанҷол авҷ гирад, онро тарк кун». Бале, шумо метавонед баҳсро мавқуф гузоред, то вақте ки ҳардуятон ором шавед (Воиз 3:1, 7). Дар ҳар ҳолат бикӯшед, ки «дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошед» (Яъқуб 1:19). Ҳадафи шумо бояд беҳбудии вазъият бошад, на ин ки ғолибият дар баҳс (Ҳастӣ 13:8, 9). Тавре сӯҳбат кунед ва калимаҳоро истифода баред, ки шумо ва ҳамсаратонро ором кунад (Масалҳо 12:18; 15:1, 4; 29:11). Муҳимтар аз ҳама, дар ҳолати ғазаб ва асабоният намонед — аз Худо ёрӣ ҷуста бо ҳамсари худ фурӯтанона дуо гӯед (Эфсӯсиён 4:26, 27; 6:18).
9. Чаро метавон гуфт, ки муошират дар дил оғоз мешавад?
9 Дар як масали Китоби Муқаддас омадааст: «Дили хирадманд даҳони ӯро доно мекунад ва бар лабҳои ӯ чарбгӯӣ меафзояд» (Масалҳо 16:23). Дар ҳақиқат, калиди муошират дар дил аст, на дар забон. Тарзи рафтори шумо бо ҳамсаратон чӣ гуна аст? Китоби Муқаддас масеҳиёнро ба «ҳамдард» будан даъват мекунад (1 Петрус 3:8). Оё метавонед чунин бошед, вақте ки ҳамсаратон бо сабабе сахт дар андӯҳу ташвиш аст? Агар чунин аст, шумо суханҳои даркориро хоҳед ёфт (Ишаъё 50:4).
10, 11. Чӣ гуна шавҳар метавонад андарзҳоеро, ки дар 1 Петрус 3:7 омадааст, ба кор бибарад?
10 Иззат ва эҳтиром. Ба шавҳарони масеҳӣ гуфта шудааст, ки бо ҳамсарони худ, ки «зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунанд ва онҳоро ... мӯҳтарам доранд» (1 Петрус 3:7). Эҳтиром ба зан маънои қадр кардани ӯро дорад. Шавҳаре ки бо зан «бомулоҳиза» рафтор мекунад, эҳсосот, қувват, фаросати ӯро ба назар мегирад ва шаъни занро эҳтиром мекунад. Ҳамчунин ӯ бояд биомӯзад, ки Йеҳӯва чӣ назаре дар бораи зан дорад ва чӣ гуна муносибатро нисбати зан аз дигарон талаб мекунад.
11 Фарз мекунем, ки дар хона зарфи бисёр муфиде доред, ки хеле нозук аст. Оё бо он бо эҳтиёткории махсусе муносибат намекунед? Петрус дар ҳамин замина аз ибораи «зарфи заиф» истифода кард; ин қиёс бояд шавҳари масеҳиро водор кунад, ки ба ҳамсари худ бо ғамхориву меҳрубонӣ муносибат кунад.
12. Чӣ гуна зан метавонад эҳтироми худро нисбати шавҳараш зоҳир кунад?
12 Аммо Китоби Муқаддас ба зан чӣ андарзе медиҳад? Павлус навишт: «Зан бояд шавҳарашро ҳурмат кунад» (Эфсӯсиён 5:33, ТОН). Ҳамон тавре ки барои зан ҳис кардани он ки шавҳараш ӯро ҳурмат мекунад ва дӯст медорад, муҳим аст, барои шавҳар низ эҳсоси он ки ҳамсараш ӯро ҳурмат мекунад, муҳим аст. Зани эҳтиромгузор айбу хатоҳои шавҳари худро дар ҳама ҷой эълон намекунад, новобаста аз он ки ӯ масеҳист, ё не. Ӯ шавҳари худро дар танҳоӣ ё дар назди одамон таҳқир карда, шаъни ӯро паст намезанад (1 Тимотиюс 3:11; 5:13).
13. Чӣ гуна фикри худро метавон бо оромӣ баён кард?
13 Ин маънои онро надорад, ки зан фикри худро баён карда наметавонад. Агар чизе ӯро ташвиш медиҳад, ӯ метавонад боэҳтиромона онро иброз кунад (Ҳастӣ 21:9–12). Расонидани фикри даркориро ба шавҳар метавон ба партофтани тӯб ба сӯи ӯ ташбеҳ кард. Зан метавонад тӯбро оҳиста партояд, то шавҳар онро ба осонӣ бигирад, ё бо тамоми қувват ғурронад, то ки ӯ дард ёбад. Чӣ қадар беҳтар мебуд, агар ҳамсарон аз айбдоркунии ҳамдигар бо доду фарёд бигрезанд ва ба ҷои он бо меҳрубонӣ ва оромӣ сӯҳбат кунанд (Матто 7:12; Қӯлассиён 4:6; 1 Петрус 3:3, 4).
14. Дар сурате ки ҳамсаратон шавқи чандоне барои бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас надошта бошад, чӣ бояд бикунед?
14 Ҳамон тавре ки дидем, принсипҳои Китоби Муқаддас метавонанд ёрии бебаҳое бошанд дар сохтани оилаи хушбахт. Аммо агар ҳамсари шумо ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас шавқ надошта бошад, чӣ бояд бикунед? Ба ҳар ҳол, аз он ки чӣ гуна шумо нақши худро мувофиқи маърифати худоӣ иҷро мекунед, чизи зиёде вобаста аст. Петрус навишт: «Шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд» (1 Петрус 3:1, 2). Албатта, ин ба шавҳароне, ки занҳои онҳо нисбати Китоби Муқаддас беаҳмиятанд, низ тааллуқ дорад. Қатъи назар аз он ки ҳамсаратон чиро интихоб мекунад, бигузоред, ки принсипҳои Китоби Муқаддас аз шумо ҳамсари хубе созанд. Маърифати худоӣ ҳамчунин метавонад аз шумо падар ё модари хубе созад.
ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН МУВОФИҚИ МАЪРИФАТИ ХУДОӢ
15. Барои чӣ баъзан тарзҳои нодурусти тарбия аз насл ба насл мегузаранд ва чӣ гуна ин ҳалқаро метавон шикаст?
15 Доштани арра ё болға касро устои моҳир намесозад. Ҳамин тариқ, доштани фарзанд маънои онро надорад, ки шахс падар ё модари бомаҳорат аст. Падару модарон дониставу надониста аксаран фарзандони худро чунон тарбия медиҳанд, ки худ тарбия ёфтаанд. Ҳамин тавр усулҳои нодурусти тарбия аз насл ба насл мегузаранд. Як масали қадимии ибронӣ мегӯяд: “Падарон ғӯра хӯрдаанд, вале дандонҳои писарон кунд шудааст”. Вале Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки одам масъул нест, ки бо роҳи волидон равад. Ӯ метавонад роҳи дигареро, ки мувофиқи қонунҳои Йеҳӯва аст, интихоб кунад (Ҳизқиёл 18:2, 14, 17).
16. Чаро ғамхорӣ дар бораи оилаи худ муҳим аст ва ба он чӣ дохил мешавад?
16 Йеҳӯва аз падару модарони масеҳӣ интизор аст, ки барои фарзандонашон роҳбарияти лозимаро фароҳам оварда ва ба таври муносиб ғамхорӣ мекунанд. Павлус навишт: «Агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст» (1 Тимотиюс 5:8). Чӣ суханони пуртаъсире! Барои шахси худотарс саробонӣ, яъне ғамхорӣ дар бобати талаботи ҷисмонӣ, рӯҳонӣ, эҳсосии фарзандон — бартарӣ ва масъулияти бузург аст. Дар Китоби Муқаддас принсипҳое мавҷуданд, ки ба волидон барои муҳайё кардани шароити хуб барои инкишофи фарзандонашон ёрӣ медиҳанд. Ба баъзе аз онҳо таваҷҷӯҳ кунед.
17. Қонуни Худоро чӣ гуна метавон бар дили фарзандон гузошт?
17 Намунаи хуби ибрат бошед. Ба волидони исроилӣ амр шуда буд: «Онҳоро [суханони Худоро] ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо». Волидон бояд қонунҳои Худоро ба фарзандони худ меомӯхтанд. Ин ҳукм бо чунин гуфтаҳо оғоз мешуд: «Ва ин суханон, ки Ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад» (Такрори Шариат 6:6, 7). Бале, падару модарон наметавонанд ба фарзандон чизеро бидиҳанд, ки худ надоранд. Агар хоҳед, ки қонунҳои Худо дар дили фарзандони шумо нақш банданд, пеш аз ҳама онҳо бояд дар дили шумо нақш банданд (Масалҳо 20:7; қиёс кунед Луқо 6:40).
18. Чӣ гуна Йеҳӯва ба падару модарҳо намунаи олиҷаноби ибратро дар зоҳир сохтани муҳаббат гузоштааст?
18 Муҳаббати худро зоҳир кунед. Дар вақти таъмиди Исо Йеҳӯва эълон кард: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ; ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст» (Луқо 3:22). Ҳамин тавр Йеҳӯва Писари худро қадрдонӣ карда, илтифоти хешро зоҳир намуд ва ба муҳаббати худ бовар кунонд. Баъдтар Исо ба Падари худ гуфт: «Маро пеш аз таъсиси ҷаҳон дӯст доштӣ» (Юҳанно 17:24). Бинобар ин, шумо чун падару модарони худотарс муҳаббати худро дар гуфтор ва амал ба фарзандони худ нишон диҳед ва ҳар чӣ бештар чунин бикунед. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки «муҳаббат обод мекунад» (1 Қӯринтиён 8:1).
19, 20. Ба насиҳати дурусти фарзандон чӣ дохил мешавад ва волидон аз Йеҳӯва чиро меомӯзанд?
19 Фарзандони худро насиҳат кунед. Китоби Муқаддас аҳамияти насиҳати муҳаббатомезро таъкид мекунад (Масалҳо 1:8). Волидоне, ки ба масъулияти насиҳатдиҳии худ имрӯз хунукназарона муносибат мекунанд, фардо ҳатман бо оқибатҳои андӯҳовари он рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Аммо волидонро огоҳ бояд намуд, ки аз ҳад нагузаранд. Павлус навишт: «Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд» (Қӯлассиён 3:21). Волидон бояд аз танбеҳи беохири фарзандон, хатоҳои онҳоро гаштаву баргашта гуфтан ва кӯшишҳои онҳоро паст задан канорагирӣ кунанд.
20 Йеҳӯва Худо, Падари осмонии мо барои тарбияи дуруст намуна аст. Дар вақти ҷазо додан ӯ ҳаргиз аз ҳад намегузарад. «Туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод»,— гуфт Худо ба халқи худ (Ирмиё 46:28). Волидон дар ин ҷиҳат бояд ба Йеҳӯва пайравӣ намоянд. Танбеҳе, ки аз ҳудуди оқилона берун аст ва мақсади аввалаи ислоҳу ҳидоятро гум мекунад, бешубҳа фарзандонро ба хашм меорад.
21. Чӣ гуна волидон метавонанд муайян кунанд, ки танбеҳи онҳо то кадом андоза натиҷабахш аст?
21 Волидон чӣ гуна метавонанд муайян кунанд, ки танбеҳи онҳо то чӣ андоза натиҷабахш аст? Онҳо метавонанд аз худ бипурсанд: “Танбеҳ ба фарзандам чӣ гуна таъсир кард?” Танбеҳ бояд дарсе бошад. Кӯдак бояд фаҳмад, ки барои чӣ танбеҳ мегирад. Волидон ҳам бояд оқибатҳои танбеҳи худро пешбинӣ кунанд. Албатта, қариб ҳама кӯдакон вақте ки онҳоро ҷазо медиҳанд, хафа мешаванд (Ибриён 12:11). Вале чораҳои ислоҳкунанда ҳеҷ гоҳ набояд кӯдакро тарсонанд ё дар ӯ эҳсоси онро, ки ӯ радкардашуда ё ислоҳнашаванда аст, ба вуҷуд оранд. Йеҳӯва пеш аз ҷазои халқи худ гуфт: «Натарс ... зеро Ман бо ту ҳастам» (Ирмиё 46:28). Бале, чораҳои ислоҳкунанда бояд тавре анҷом ёбанд, ки фарзанди шумо эҳсос кунад, ки шумо ӯро дӯст медоред ва пуштибонаш ҳастед.
«ПАНДҲОИ ХИРАДМАНДОНА»-РО БИОМӮЗЕД
22, 23. Чӣ гуна метавонед пандҳои хирадмандонаро барои сохтани оилаи хушбахт дарёбед?
22 Мо метавонем аз Йеҳӯва миннатдор бошем, ки Ӯ “асбобҳо”-и даркориро барои барпо кардани оилаи хушбахт фароҳам овардааст. Вале фақат дар ихтиёр доштани ин асбобҳо кофӣ нест. Мо бояд истифодаи дурусти онҳоро биомӯзем. Масалан, бинокореро мегирем, ки навакак дуруст истифода бурдани асбобҳоро ёд гирифт. Мумкин аст ҳатто баъзе аз онҳоро нодуруст истифода барад. Эҳтимоли зиёд аст, ки ниҳоят ин ба сифати кори ӯ таъсир мерасонад. Ҳамин тавр, ҳоло мумкин аст шумо норасоиҳоеро дидед, ки дар оилаи шумо ҷой доранд. Баъзеи онҳо шояд дар оилаи шумо реша давондаанд ва тағири онҳо душвор аст. Ба ҳар ҳол панди Китоби Муқаддасро бигиред: «Хирадманд бишнавад ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад [«пандҳои хирадмандона ёбад», ТОН]» (Масалҳо 1:5).
23 Шумо бо идомаи аз худ кардани маърифати худоӣ пандҳои хирадмандонаро хоҳед ёфт. Ба принсипҳои Китоби Муқаддас, ки ба оила дахл доранд, аҳамият диҳед ва агар лозим бошад, ислоҳот ба амал оваред. Масеҳиёни таҷрибадореро, ки ҳамчун ҳамсар, падар ё модари хуб намуна ҳастанд, мушоҳида кунед. Бо онҳо сӯҳбат кунед. Муҳимтар аз ҳама, дар дуо мушкилиҳоятонро ба Йеҳӯва гӯед (Забур 54:23; Филиппиён 4:6, 7). Ӯ метавонад ба шумо барои сохтани оилаи хушбахте, ки ба Ӯ эҳтиром мегузорад, ёрӣ диҳад.
[Эзоҳ]
a Tибқи Китоби Муқаддас ягона далел барои ҷудо шуда дубора издивоҷ кардан — «зино», яъне алоқаи ҷинсии берун аз ҳалқаи издивоҷ аст (Матто 19:9).
ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД
Вафодорӣ, муошират, иззат ва эҳтиром чӣ гуна ба хушбахтии ҳамсарӣ меорад?
Чӣ гуна падару модарон метавонанд ба фарзандон муҳаббати хешро нишон додаву собит кунанд?
Барои насиҳати дурусти фарзандон чӣ гуна омилҳо мавҷуданд?
[Тасвири саҳифаи 147]