Марҳамат ба беҳтарин роҳи ҳаёт!
«Хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем» (РУМ. 14:8).
1. Исо дар бораи беҳтарин роҳи ҳаёт чиро таълим медод?
ЯҲУВА мехоҳад, ки мо ба роҳи беҳтарини ҳаёт равона шавем. Одамон роҳҳои гуногуни ҳаётро интихоб карда метавонанд, лекин танҳо як роҳ — роҳи беҳтарин аст. Ин роҳ — мувофиқи Каломи Худо зиндагӣ кардану аз Писари Ӯ, Исои Масеҳ таълим гирифтан аст. Исо пайравонашро таълим медод, ки Худоро дар рӯҳ ва ростӣ ибодат кунанд ва ба онҳо супориш дод, ки шогирд созанд (Мат. 28:19, 20; Юҳ. 4:24). Мувофиқи таълимоти Исо зиндагӣ карда, мо Яҳуваро хурсанд мекунем ва аз баракатҳои Ӯ баҳра мебарем.
2. Дар асри як бисёриҳо муносибати худро ба хабари Салтанат чӣ тавр нишон доданд ва пайравони «ин тариқат» будан чӣ маъно дошт?
2 Вақте ки «онҳое, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ моиланд», имон оварда, таъмид мегиранд, мо бо дили пур ба онҳо мегӯем: «Марҳамат ба беҳтарин роҳи ҳаёт!» (Аъм. 13:48, ТДН). Дар асри яки даврони мо ҳазорҳо одамон аз халқҳои гуногун ҳақиқатро қабул карданд ва таъмид гирифта, ба ҳама нишон доданд, ки ба Худо содиқанд (Аъм. 2:41). Он шогирдони аввал пайравони «ин тариқат» номида мешуданд (Аъм. 9:2; 19:23). Ин ном хеле муносиб буд, зеро онҳое ки пайравони Исо шуданд, бо тамоми ҳаёти худ нишон медоданд, ки ба Исои Масеҳ имон доранду ӯро пайравӣ мекунанд (1 Пет. 2:21).
3. Чаро ходимони Яҳува таъмид мегиранд ва таи даҳ соли охир чанд нафар таъмид гирифтанд?
3 Дар ин рӯзҳои охирзамон кори шогирдсозӣ босуръат пеш рафта истодааст ва ҳоло он дар зиёда аз 230 мамлакату минтақаҳо гузаронида мешавад. Дар давоми даҳсолаи охир зиёда аз 2 700 000 нафар ба Яҳува хидмат карданро азм намуданд ва ҳаёти худро ба Худо бахшида, таъмид гирифтанд. Ин ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта беш аз 5 000 нафар аст! Ин одамон дар асоси муҳаббат ба Худо, дониши аз Китоби Муқаддас гирифтаашон ва имон ба таълимоти он таъмидгириро азм намуданд. Таъмид — зинаи муҳими ҳаёти мо аст, зеро он аз оғози муносибатҳои наздик бо Яҳува шаҳодат медиҳад. Он ҳамчунин нишон медиҳад, ки мо эътимод дорем, ки Худо ба мо барои содиқона хидмат кардан кӯмак мекунад, ҳамон тавре ки Ӯ ба ходимони содиқи даврони пеш барои рафтан бо роҳи Ӯ кӯмак менамуд (Иш. 30:21).
Чаро таъмид гирифтан лозим аст?
4, 5. Баъзе баракатҳоеро, ки таъмид меорад, номбар кунед.
4 Шояд шумо дар бораи Худо дониш гирифтед, дар ҳаётатон дигаргунӣ даровардед ва ҳоло воизи таъмиднаёфта ҳастед. Чунин муваффақиятҳо сазовори таҳсинанд. Лекин оё шумо ҳаёти худро дар дуо ба Худо бахшидед ва таъмид гирифтан мехоҳед? Ба туфайли омӯзиши Китоби Муқаддас шумо акнун медонед, ки дар ҷои аввали ҳаёти шумо бояд ҷалол додани Яҳува бошад, на ин ки ҳузуру ҳаловат ва ҷамъ кардани неъматҳои моддӣ (Забур 148:11–13-ро бихонед; Луқ. 12:15). Лекин таъмид чӣ гуна баракатҳо меорад?
5 Вақте ки шумо худро ба Худо мебахшед, дар ҳаётатон мақсади арзанда пайдо мешавад. Ба ҷо овардани иродаи Худо ба шумо хушбахтӣ меорад (Рум. 12:1, 2). Рӯҳулқудси Яҳува дар шумо чунин хусусиятҳои ба Худо писанд, мисли осоиштагӣ ва имонро ба вуҷуд меорад (Ғал. 5:22, 23). Яҳува дуоҳои шуморо мустаҷоб мекунад ва кӯшишҳоятонро барои мувофиқи Каломи Ӯ зиндагӣ кардан баракат медиҳад. Хидмат ба шумо хурсандӣ мебахшад ва тарзи зиндагии ба Худо писанд умеди шуморо ба ҳаёти ҷовидонӣ қавӣ мегардонад. Ғайр аз ин, бо бахшидани ҳаёти худ ва таъмид гирифтанатон шумо нишон медиҳед, ки дар ҳақиқат яке аз Шоҳидони Яҳува будан мехоҳед (Иш. 43:10–12).
6. Таъмид аз чӣ шаҳодат медиҳад?
6 Бо бахшидани ҳаёти худ ба Худо ва таъмид гирифтанамон мо ба ҳама нишон медиҳем, ки ба Яҳува тааллуқ дорем. «Ҳеҷ яке аз мо барои худ зист намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемирад,— навиштааст Павлуси расул.— Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем» (Рум. 14:7, 8). Худо ба мо озодии ирода додааст; ин нишон медиҳад, ки Ӯ ҳар яки моро чун шахсият қадр мекунад. Вақте ки мо аз муҳаббат ба Худо бо роҳи ҳаёт рафтанро азм менамоем, мо дили Ӯро шод мегардонем (Мас. 27:11). Бо таъмиди худ мо ба ҳама нишон медиҳем, ки ҳаётамонро ба Худо бахшидем ва Яҳуваро чун Ҳокими худ интихоб намудем. Таъмиди мо шаҳодат медиҳад, ки мо дар саволи баҳсталаби бо ҳокимияти оламгири Яҳува алоқаманд тарафи Ӯро мегирем (Аъм. 5:29, 32). Яҳува бошад, дар навбати худ тарафи моро мегирад. (Забур 117:6–ро бихонед.) Таъмид ҳамчунин бароямон сӯи баракатҳои дигари рӯҳонии ҳозираву оянда роҳ мекушояд.
Аз бародарияти пурмуҳаббат баҳраварем
7–9. а) Исо ба шахсоне, ки аз ҳама чиз даст кашида, пайрави ӯ шуданд, чӣ гуфт? б) Ваъдаи Исо, ки онро мо дар Марқӯс 10:29, 30 мехонем, чӣ тавр иҷро шуда истодааст?
7 Петруси расул ба Исо гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; подоши мо чӣ хоҳад буд?» (Мат. 19:27). Петрус донистан мехост, ки ӯ ва дигар шогирдони Исоро чӣ гуна баракатҳо интизоранд. Бо он ки худро ба кори мавъизаи Салтанат пурра бахшиданд, онҳо фидокории калон зоҳир намуданд (Мат. 4:18–22). Исо дар ҷавоб ба онҳо чӣ гуфт?
8 Мувофиқи Инҷили Марқӯс, ки дар он низ ин суханони Исо оварда шудаанд, Исо қайд намуд, ки шогирдонаш қисми бародарияти рӯҳонӣ хоҳанд буд. Ӯ гуфт: «Касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад» (Марқ. 10:29, 30). Масеҳиёни асри як, ба монанди Лидия, Акило, Прискила ва Ғоюс аз ҷумлаи онҳое буданд, ки дари «хонаҳо»–и худро ба ҳамимонон мекушоданд ва ба онҳо, чӣ тавре ки Исо ваъда дода буд, «бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон» мешуданд (Аъм. 16:14, 15; 18:2–4; 3 Юҳ. 1, 5–8).
9 Суханони Исо имрӯз дар миқёси бузургтар иҷро шуда истодаанд. Зери «амлок», ки онро пайравони ӯ тарк мекунанд, имконияти ба даст овардани даромад дар назар дошта шудааст ва аз он бисёриҳо, масалан миссионерон, аъзоёни оилаҳои Байт–Ил, ходимони барномаҳои байналхалқӣ ва дигарон бо омодагӣ даст мекашанд, то ки дар мамлакатҳои гуногун манфиатҳои Салтанатро пеш баранд. Бо мақсади оддитар гардондани ҳаёти худ бародарону хоҳарони зиёд хонаҳояшонро тарк карданд ва мо аз шунидани он ки чӣ тавр Яҳува ба онҳо ғамхорӣ мекунад ва чӣ тавр хидмат ба онҳо хурсандӣ мебахшад, шодем (Аъм. 20:35). Ғайр аз ин, Яҳува ҳама ходимони таъмидёфтаашро баракат додааст, ки қисми бародарияти умумиҷаҳонӣ бошанд ва дар ягонагӣ «аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро» биҷӯянд (Мат. 6:33).
Дар «паноҳгоҳ» паноҳ ёфтаем
10, 11. «Паноҳгоҳи Ҳаққи Таоло» чист ва чӣ тавр мо дар он паноҳ ёфта метавонем?
10 Бахшидани ҳаёти худ ба Худо ва таъмидгирӣ боз як баракати бебаҳо меорад, ки ин имтиёзи «дар паноҳгоҳи Ҳаққи Таоло» зиндагӣ кардан аст. (Забур 90:1–ро бихонед.) Ин «паноҳгоҳ» ҷои рамзиест, ки дар он шахс аз зарари рӯҳонӣ эмин асту бехатарӣ эҳсос мекунад. Дар бораи он паноҳгоҳ беимонон намедонанд ва дар он танҳо касоне, ки ба ҳама чиз бо чашмони Яҳува менигаранду ба Ӯ такя мекунанд, паноҳ ёфта метавонанд. Мувофиқи ваъдае, ки мо ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Худо дода будем, зиндагӣ карда ва комилан ба Яҳува такя намуда, мо дар асл ба Ӯ мегӯем: «Ӯ паноҳгоҳи ман аст ва қалъаи ман; Худои ман аст, ки ба Ӯ таваккал мекунам» (Заб. 90:2). Яҳува Худо паноҳгоҳи мо мегардад (Заб. 90:9). Оё чизи аз ин ҳам бештарро орзу карда метавонем?
11 Ба «паноҳгоҳи» Яҳува даромадани мо ҳамчунин маънои онро дорад, ки мо аз имтиёзи инкишоф додани муносибатҳои шахсӣ бо Ӯ баҳраварем. Бо бахшидани ҳаёти худ ба Худо ва таъмидгирӣ мо гӯё ба он «паноҳгоҳ» медароем. Баъд аз гузоштани ин қадамҳо мо муносибатҳоямонро минбаъд низ инкишоф медиҳем ва тавассути омӯзиши Китоби Муқаддас, дуоҳои самимӣ ва бо он ки пурра ба Худо итоат мекунем, ба Ӯ наздик мешавем (Яъқ. 4:8). Касе мисли Исо бо Яҳува муносибати наздик надошт; эътимоди Исо ба Офаридгор хеле устувор буд (Юҳ. 8:29). Биёед ҳеҷ гоҳ шубҳа накунем, ки Яҳува мехоҳад ва метавонад ба мо кӯмак намояд, то мо мувофиқи ваъдаи додаамон зиндагӣ кунем (Воиз 5:3). Неъматҳои рӯҳоние, ки Худо ба халқаш медиҳад, бечунучаро исбот мекунанд, ки Ӯ моро дар ҳақиқат дӯст медорад ва мехоҳад, ки мо ба Ӯ бомуваффақият хидмат кунем.
Биҳишти рӯҳониамонро қадр мекунем
12, 13. а) Биҳишти рӯҳонӣ чист? б) Чӣ тавр мо ба навомадагон кӯмак карда метавонем?
12 Бахшидани ҳаёти худ ба Худо ва таъмид ҳамчунин имконият медиҳад, ки дар биҳишти рӯҳонӣ зиндагӣ кунем. Он ҷо бародару хоҳарони рӯҳонӣ аз сулҳ бо Яҳува Худо ва бо ҳамдигар баҳраваранд (Заб. 28:11; Иш. 54:13). Ҳеҷ чиз дар ин ҷаҳон ба биҳишти рӯҳонӣ баробар шуда наметавонад. Беҳамто будани он хусусан дар анҷуманҳои байналхалқӣ аён аст. Ба ин анҷуманҳо бародарону хоҳарон аз халқияту миллатҳои зиёд ҷамъ меоянд ва байни онҳо сулҳу ягонагӣ ва муҳаббати бародарӣ ҳукмфармост.
13 Биҳишти рӯҳонии мо — аз ҳолати ғамангези ҷаҳони имрӯза сахт фарқ мекунад. (Ишаъё 65:13, 14–ро бихонед.) Мо имтиёз дорем, ки хабари Салтанатро мавъиза карда, дигаронро ба биҳишти рӯҳонӣ даъват намоем. Боз як баракати дигар — ин имконияти дастгирӣ намудани шахсоне, ки нав ба ҷамъомад ҳамроҳ шудаанд ва ба онҳо омӯзондани кори мавъиза мебошад. Мисли Акило ва Прискила, ки «тариқи Худовандро ба ӯ [Апӯллӯс] дурустакак фаҳмонданд», мо зери ҳидояти пирон метавонем ба навомадагон кӯмак кунем, ки ин ҳам имтиёз аст (Аъм. 18:24–26).
Минбаъд низ аз Исо таълим мегирем
14, 15. Мо чӣ сабабҳо дорем, ки минбаъд низ аз Исо таълим гирем?
14 Мо сабабҳои зиёд дорем, то минбаъд низ аз Исо таълим гирем. То ба замин омаданаш Исо ҳазорсолаҳои бешумор ҳамроҳи Падараш меҳнат мекард (Мас. 8:22, 30). Ӯ медонист, ки роҳи беҳтарини ҳаёт — ин хидмат ба Худо ва шаҳодат дар бораи ҳақиқат аст (Юҳ. 18:37). Исо хуб мефаҳмид, ки агар вай роҳи дигари ҳаётро интихоб мекард, ӯ худхоҳона ва кӯтоҳандешона рафтор менамуд. Вай медонист, ки дар пеш ӯро озмоишҳои сахт ва марг интизоранд (Мат. 20:18, 19; Ибр. 4:15). Чун Намунаи ибрат ӯ ба мо нишон дод, ки чӣ тавр беайбии худро нигоҳ дорем.
15 Чанде пас аз таъмид гирифтанаш Исоро Шайтон ба васваса андохта, барангехт, ки роҳи беҳтарини ҳаётро тарк кунад, вале ин ба Шайтон муяссар нашуд (Мат. 4:1–11). Ин нишон медиҳад, ки қатъи назар аз он ки Шайтон чӣ кор мекунад, мо беайбиамонро нигоҳ дошта метавонем. Эҳтимол вай шахсонеро, ки ба таъмидгирӣ тайёрӣ мебинанд ва ҳамчунин навтаъмидгирифтагонро ба ҳолашон намонад (1 Пет. 5:8). Мо шояд бо мухолифати хешовандони наздик, ки аз ниятҳои нек амал мекунанд, вале дар бораи Шоҳидони Яҳува маълумоти нодуруст доранд, дучор шавем. Бо вуҷуди ин, чунин озмоишҳо ба мо имконият медиҳанд, ки ҳангоми ба саволҳо ҷавоб додан ё шаҳодат додан хусусиятҳои хуби масеҳиро ба монанди эҳтиром ва ҳалимӣ зоҳир кунем (1 Пет. 3:15). Ин гуна рафтори мо ба онҳое, ки моро гӯш мекунанд, таъсири мусбат дошта метавонад (1 Тим. 4:16).
Дар роҳи беҳтарини ҳаёт мемонем
16, 17. а) Дар Такрори Шариат 30:19, 20 кадом се талаботи асосӣ оварда шудаанд? б) Чӣ тавр Исо, Юҳанно ва Павлус суханони Мусоро тасдиқ карданд?
16 Тақрибан 1 500 сол пеш аз ба замин омадани Исо Мусо–пайғамбар исроилиёнро барангехт, ки роҳи беҳтарини ҳаётро интихоб кунанд. Ӯ гуфт: «Имрӯз осмон ва заминро ман пеши шумо ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаънатро ба шумо пешниҳод кардам; пас, ҳаётро ихтиёр намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ, Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, ба овози Ӯ гӯш диҳӣ ва ба Ӯ бичаспӣ» (Такр. Ш. 30:19, 20). Ҳарчанд исроилиён ба Худо содиқ намонданд, се талаботи асосие, ки Мусо барои зинда мондан номбар кард, тағйир наёфтаанд. Онҳоро Исо ва дигарон тасдиқ намуданд.
17 Якум, мо бояд «Худованд Худои худро дӯст» бидорем. Бо он ки мувофиқи принсипҳои одилонаи Худо рафтор мекунем, мо муҳаббатамонро ба Ӯ нишон медиҳем (Мат. 22:37). Дуюм, мо бояд ба овози Яҳува гӯш диҳем ва Каломи Ӯро омӯзему ба аҳкоми Ӯ итоат намоем (1 Юҳ. 5:3). Барои ин мо бояд мунтазам ба вохӯриҳои масеҳӣ, ки он ҷо Китоби Муқаддас муҳокима карда мешавад, ташриф орем (Ибр. 10:23–25). Сеюм, мо бояд ба Яҳува «бичаспем». Қатъи назар аз ҳама гуна озмоишҳо, биёед ҳамеша ба Худо имон дошта бошем ва ба Писари Ӯ пайравӣ намоем (2 Қӯр. 4:16–18).
18. а) Соли 1914 дар «Бурҷи дидбонӣ» оиди ҳақиқат чӣ гуфта шуда буд? б) Имрӯз ба нури ҳақиқат мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?
18 Чӣ баракатест мувофиқи ҳақиқати Китоби Муқаддас зиндагӣ кардан! Соли 1914 дар «Бурҷи дидбонӣ» чунин фикри муҳим қайд шуда буд: «Оё мо халқи хушбахт ва муборак нестем? Оё Худои мо Худои содиқ нест? Агар касе чизи беҳтареро донад, бигзор онро қабул кунад. Агар касе аз шумо ягон вақт чизи беҳтаре ёбад, умедворем, ки ӯ инро ба мо мегӯяд. Мо ҳеҷ чизи беҳтареро, ки ақаллан ба нисфи он чизи неки дар Каломи Худо ёфтаамон баробар шуда тавонад, намедонем... Ягон забон ё қалам осоиштагӣ, хурсандӣ ва баракатеро, ки дониши дақиқ дар бораи Худои ҳақиқӣ ба дилу ҳаёти мо бахшидааст, тасвир карда наметавонад. Ҳақиқати Китоби Муқаддас, ки ба мо хирад, адолат, қувват ва муҳаббати Худоро кушодааст, талаботи ақлу дили моро пурра қонеъ мегардонад. Мо дигар чизеро намекобем. Ғайр аз аниқтар фаҳмидани хабари беҳамтои дар Китоби Муқаддас навишташуда мо хоҳиши дигаре надорем». («Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми декабри соли 1914, саҳифаҳои 377–378, англ.) Мо имрӯз низ барои нури рӯҳонӣ ва ҳақиқат миннатдорем. Илова бар ин, ҳоло мо сабабҳои бештаре дорем, то аз роҳ рафтан «дар нури Худованд» хурсанд бошем (Иш. 2:5; Заб. 42:3; Мас. 4:18).
19. Чаро касоне, ки ба талабот барои таъмид мувофиқат мекунанд, набояд дар гузоштани ин қадам таъхир намоянд?
19 Агар шумо «дар нури Худованд роҳ» рафтан хоҳед, вале то ба ҳол дар дуо ҳаёти худро ба Худо набахшидед ва таъмид нагирифтед, таъхир накунед. Ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то ба талаботи Китоби Муқаддас барои таъмид мувофиқат кунед. Таъмид — имконияти олиҷанобест барои нишон додани он ки мо ба Худо ва Масеҳ барои ҳама корҳои баҳри мо кардаашон миннатдорем. Ба Яҳува аз ҳама чизи қимматбаҳо — ҳаёти худро пешкаш кунед. Нишон диҳед, ки шумо иродаи Худоро ба ҷо овардан мехоҳед: ба Писари Ӯ пайравӣ намоед (2 Қӯр. 5:14, 15). Бешубҳа, ин беҳтарин роҳи ҳаёт аст!
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Таъмиди мо чиро нишон медиҳад?
• Ба Худо бахшидани ҳаёти худ ва таъмид чӣ гуна баракатҳо меорад?
• Чаро аз Исо таълим гирифтан ин қадар муҳим аст?
• Чӣ кӯмак мекунад, ки мо дар роҳи беҳтарини ҳаёт бимонем?