Пирони ҷамъомад ба шодмонии мо мадад мерасонанд
«Мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем» (2 ҚӮР. 1:24).
1. Павлус оиди масеҳиёни шаҳри Қӯринтус кадом хабарро шунида шод шуд?
СОЛИ 55-уми э. мо Павлуси ҳавворӣ дар шаҳри бандарии Трӯос қарор дошт, лекин ӯ то ба ҳол дар бораи аҳли ҷамъомади шаҳри Қӯринтус фикр мекард. Чанде пеш ӯ фаҳмид, ки дар байни бародарони он ҷо баҳсу мунозираҳо ба миён омадаанд ва ин ӯро хеле ғамгин кард. Барои ҳамин, ӯ аз ғамхории падарворона барои ислоҳ кардани онҳо нома навишт (1 Қӯр. 1:11; 4:15). Павлус ҳамчунин ҳамкораш — Титусро ба назди онҳо фиристод ва аз вай хоҳиш намуд, ки ба Трӯос омада дар бораи бародарон ба ӯ хабар биёрад. Ҳоло, баъд аз гузаштани якчанд моҳ, Павлус интизори он буд, ки Титус дар барои бародарони Қӯринтус хабар меорад. Лекин Титус наомад ва ин Павлусро ба ташвиш меовард. Акнун ӯ чӣ кор мекунад? Павлус ба киштӣ савор шуда ба Мақдуния рафт ва дар он ҷо онҳо вохӯрданд. Титус нақл кард, ки бародарон дар Қӯринтус маслиҳатҳои Павлусро қабул карданд ва дидори ӯро сахт интизоранд. Вақте ки Павлус ин хабари хушро шунид, ӯ «боз зиёдтар шод» шуд (2 Қӯр. 2:12, 13; 7:5–9).
2. а) Павлус ба Қӯринтиён оиди имон ва шодмонӣ чӣ навишт? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
2 Дере нагузашта Павлус ба Қӯринтиён номаи дуюмашро навишт. Ӯ ба онҳо гуфт: «На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед» (2 Қӯр. 1:24). Бо ин суханон Павлус чӣ гуфтанӣ буд? Ва пирони ҷамъомад аз ин суханон чӣ дарс гирифта метавонанд?
ИМОН ВА ШОДМОНИИ МО
3. а) Павлус бо суханони «шумо ба василаи имон устувор ҳастед», чӣ гуфтанӣ буд? б) Чӣ тавр имрӯз пирон ба намунаи Павлус пайравӣ мекунанд?
3 Павлус ба ду ҷониби муҳими ибодати мо ишора намуд — имон ва шодмонӣ. Дар алоқамандӣ бо имон ӯ навишт: «На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем... зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед». Бо ин суханон Павлус эътироф мекард, ки бародарони қӯринтӣ ба туфайли имони ба Худо доштаашон устувор буданд, на ба туфайли ӯ ё ягон шахси дигар. Барои ҳамин, Павлус лозим намедонист, ки имони бародаронро назорат кунад, ӯ ҳатто фикри инро намекард. Ӯ боварӣ дошт, ки ин масеҳиёни содиқ дуруст рафтор кардан мехоҳанд (2 Қӯр. 2:3). Имрӯз пирон ба намунаи Павлус пайравӣ мекунанд ва эътимод доранд, ки бародаронашон ба Худо имон доранд ва ба Ӯ аз нияти пок хизмат мекунанд (2 Тас. 3:4). Ба ҷои он ки барои ҷамъомад қоидаҳои қатъӣ муайян созанд, пирон ба принсипҳои Китоби Муқаддас ва дастуроти ташкилоти Яҳува такя мекунанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ бар имони бародарони худ ҳукмфармоӣ намекунанд (1 Пет. 5:2, 3).
4. а) Павлус бо суханони «мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем» чӣ гуфтанӣ буд? б) Чӣ тавр имрӯз пирон ба рӯҳияи Павлус пайравӣ мекунанд?
4 Павлус ҳамчунин қайд намуд: «Мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем». Бо ин суханон ӯ ба худаш ва ба ҳамкорони наздикаш ишора мекард. Мо инро аз куҷо медонем? Масалан, дар ин номааш Павлус ба ду ҳамкораш ишора намуда гуфт: «Мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯ [Исои Масеҳ]-ро мавъиза менамудем» (2 Қӯр. 1:19). Вақте ки Павлус дар номаҳояш оиди ҳамкоронаш менавишт, ӯ ҳамеша ба шахсоне ишора мекард, ки бо ӯ дар кори мавъиза ҳамкории зич доштанд. Апӯллӯс, Акило, Прискила, Тимотиюс, Титус ва дигарон аз қабили чунин шахсон буданд (Рум. 16:3, 21; 1 Қӯр. 3:6–9; 2 Қӯр. 8:23). Аз ин рӯ, бо суханони «мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем» Павлус қӯринтиёнро бовар кунонд, ки ӯ ва ҳамкоронаш мехоҳанд ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд, то тамоми ҷамъомад хурсандона ба Худо хизмат кунад. Имрӯз низ, пирони масеҳӣ чунин хоҳиш доранд. Пирон бо тамоми қувват ба бародарон кӯмак мекунанд, то онҳо «Худовандро бо шодӣ ибодат» намоянд (Заб. 99:2; Фил. 1:25).
5. Ба баъзе бародарону хоҳарон чӣ гуна савол дода шуд ва ҳангоми муҳокимаи ҷавоби онҳо мо бояд дар бораи чӣ фикр кунем?
5 Ба наздикӣ як гурӯҳ бародарону хоҳарони боғайрат, ки дар мамлакатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, даъват шуданд, ки ба саволи зерин ҷавоб диҳанд: «Кадом сухан ё рафтори пири ҷамъомад ба шумо хурсандии бештар меорад?» Ҳангоми дида баромадани ҷавоби ин гурӯҳи хоҳару бародарон фикр кунед, ки худи шумо ба ин савол чӣ тавр ҷавоб медодед. Беш аз ин, биёед дар бораи он мулоҳиза ронем, ки чӣ тавр мо дар ҷамъомадҳои худ ба рӯҳияи шодмонӣ мусоидат карда метавонемa.
«БА ПАРСИСИ МАҲБУБА... САЛОМ ГӮЕД»
6, 7. а) Яке аз роҳҳое, ки пирон ба намунаи Исо, Павлус ва дигар ходимони Худо пайравӣ карда метавонанд, кадом аст? б) Чаро вақте ки пир ба ҳамимонон бо номашон муроҷиат мекунад, ин хурсандии онҳоро зиёд мегардонад?
6 Бисёре аз бародарону хоҳарон мегӯянд, ки вақте пирони ҷамъомад ба онҳо таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир мекунанд, хурсандии онҳо аз ин зиёд мешавад. Яке аз роҳҳое, ки пирони ҷамъомад нисбати ҳамимонон таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир карда метавонанд, ин пайравӣ ба намунаи Довуд, Элиҳу ва Исо мебошад. (2 Подшоҳон 9:6; Айюб 33:1; Луқо 19:5-ро бихонед.) Ҳар яке аз ин ходимони Яҳува шахси дигарро бо номаш хонда ҳамин тавр ба ӯ таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекарданд. Павлус низ муҳимияти дар хотир доштан ва истифода бурдани номи ҳамимононро дарк мекард. Дар охири яке аз номаҳояш ӯ беш аз 25 нафар бародарону хоҳаронро бо номашон зикр намуда ба онҳо салом расонд. Яке аз онҳо Парсис ном хоҳаре буд, ки дар бораи ӯ Павлус чунин гуфт: «Ба Парсиси маҳбуба... салом гӯед» (Рум. 16:3–15).
7 Барои баъзе пирон дар хотир доштани номҳо душвор аст. Лекин, вақте ки онҳо барои дар ёд доштани номҳои бародарону хоҳарон кӯшиш мекунанд, онҳо бо ин гӯё ба ҳамимонон мегӯянд: «Шумо барои ман шахси муҳим ҳастед» (Хур. 33:17). Хурсандии бародарон махсусан он вақт зиёд мешавад, ки пирон ҳангоми вохӯриҳои ҷамъомад ба онҳо бо номашон муроҷиат карда ба шарҳдиҳӣ даъват мекунанд. (Бо Юҳанно 10:3 муқоиса кунед.)
Ӯ «ДАР КОРИ ХУДОВАНД БИСЁР ФАЪОЛ АСТ»
8. Яке аз роҳҳои муҳиме, ки Павлус ба намунаи Яҳува ва Исо пайравӣ менамуд, кадом аст?
8 Павлус таваҷҷӯҳашро ҳамчунин бо он зоҳир менамуд, ки дигаронро самимона таъриф мекард. Ин боз як роҳи дигарест, ки тавассути он пирон шодмонии ҳамимононро зиёд мекунанд. Масалан, дар номаи худ ба ҷамъомади шаҳри Қӯринтус Павлус чунин гуфт: «Фахри ман аз шумо бузург аст» (2 Қӯр. 7:4). Ин суханони таҳсиномези ӯ, аз афташ, бародарону хоҳарони қӯринтиро хеле рӯҳбаланд сохтанд. Павлус дигар ҷамъомадҳоро низ, барои корҳои некашон таъриф карда буд (Рум. 1:8; Фил. 1:3–5; 1 Тас. 1:8). Баъди он ки Павлус дар номаи худ Парсисро зикр кард, ӯ дар борааш чунин гуфт: «[Ӯ] дар кори Худованд бисёр фаъол аст» (Рум. 16:12). Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки суханони Павлус барои ин хоҳари содиқ дилгармкунанда буданд. Бо таърифу таҳсин кардани дигарон Павлус ба намунаи Яҳува ва Исо пайравӣ менамуд. (Марқӯс 1:9–11; Юҳанно 1:47-ро бихонед; Ваҳй 2:2, 13, 19).
9. Чаро таъриф кардан ва таъриф шунидан ба шодмонии ҷамъомад мусоидат мекунад?
9 Имрӯз низ пирон мефаҳманд, ки барои ин ё он кори бародарон миннатдорӣ баён кардан муҳим аст (Мас. 3:27; 15:23). Ҳар боре, ки пири ҷамъомад чунин мекунад, ӯ гӯё ба бародаронаш мегӯяд: «Кори неки шумо аз назарам пинҳон намонд. Ман ба шумо ғамхорӣ мекунам». Ҳамимонон бешубҳа ба шунидани чунин суханони рӯҳбаландкунандаи пирон ниёз доранд. Хоҳаре, ки синну солаш аз 50 гузаштааст, фикри бисёриҳоро тасдиқ намуда чунин гуфт: «Ман дар ҷои корам суханҳои таҳсиномезро қариб ки намешунавам. Дар он ҷо фазои сард ва рақобатпарастӣ ҳукмрон аст. Аз ин рӯ, вақте ки пир маро барои ягон кори дар ҷамъомад кардаам таъриф мекунад, ин ба ман қуввату таровати зиёд мебахшад! Ман ҳис мекунам, ки Падари осмониам маро дӯст медорад». Бародаре, ки та́нҳо ду фарзандро тарбия мекунад ҳиссиёти ба ин монанд дорад. Якчанд вақт пеш, пири ҷамъомад ӯро самимона таъриф кард. Ин ба бародар чӣ тавр таъсир кард? Ӯ мегӯяд: «Суханони пир маро хеле рӯҳбаланд карданд!» Дар ҳақиқат, вақте ки пири ҷамъомад ҳамимононро самимона таъриф мекунад, онҳо аз ин рӯҳбаланд мешаванд ва хурсандиашон афзун мегардад. Ин дар навбати худ ба онҳо қувват мебахшад, ки дар роҳи ҳаёт роҳ рафтанро давом диҳанд ва хаста нашаванд (Иш. 40:31).
ҶАМЪОМАДИ ХУДОРО БИЧАРОНЕД
10, 11. а) Чӣ тавр пирон ба намунаи Наҳемё пайравӣ карда метавонанд? б) Чӣ ба пир кӯмак мекунад, ки ҳангоми хабаргирии аъзоёни ҷамъомад ба онҳо «атои рӯҳоние» тақдим намояд?
10 Боз бо кадом роҳи муҳиме пирон ба ҳамимонон таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир карда бо ин ба хурсандии ҷамъомад мусоидат менамоянд? Бо он ки онҳо дар дастгирӣ кардани рӯҳафтодагон ташаббускорӣ зоҳир мекунанд. (Аъмол 20:28-ро бихонед.) Бо чунин корашон пирон ба ходимони содиқи даврони пеш пайравӣ менамоянд. Масалан, аҳамият диҳед, ки вақте нозири содиқ, Наҳемё дид, ки бародарони яҳудиаш рӯҳафтода шудаанд, ӯ чӣ кор кард. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ӯ дарҳол бархоста онҳоро рӯҳбаланд кард (Наҳ. 4:14). Имрӯз низ пирон чунин рафтор кардан мехоҳанд. Онҳо ташаббускорӣ зоҳир намуда ба кӯмаки бародарону хоҳарон мешитобанд, то онҳо дар имон устувор бошанд. Ҳамин тавр барои шахсан рӯҳбаланд кардани бародарону хоҳарон чӯпонони ҷамъомад, агар шароит имкон диҳад, ба хонаҳои онҳо ташриф меоранд. Дар давоми чунин вохӯриҳо пирон мехоҳанд, ки ба онҳо «атои рӯҳоние» тақдим намоянд (Рум. 1:11). Чӣ ба пирон дар ин кор кӯмак мекунад?
11 Пеш аз гузаронидани вохӯрӣ бо мақсади рӯҳбаландкунии ягон аъзои ҷамъомад пир бояд вақт ҷудо карда дар бораи он шахс фикр кунад. Масалан, ӯ метавонад аз худ бипурсад: «Он шахс бо кадом душвориҳо мубориза бурда истодааст? Барои рӯҳбаланд кардани ӯ ман чӣ гуфта метавонам? Кадом оят ё воқеаи Китоби Муқаддас ба вазъияти ӯ мувофиқ аст?» Агар пир дар бораи чунин саволҳо пешакӣ фикр кунад, он гоҳ сӯҳбати онҳо хушку холӣ неву, балки рӯҳбаландкунанда хоҳад буд. Вақте ки чӯпон бо аъзои ҷамъомад вомехӯрад, ӯ вайро ташвиқ мекунад, ки фикрҳояшро озодона баён кунад ва худаш бодиққат гӯш мекунад (Яъқ. 1:19). Хоҳаре мегӯяд: «Дидани он ки пир туро аз таҳти дил гӯш мекунад, хеле тасаллибахш аст» (Луқ. 8:18).
12. Дар ҷамъомад кӣ ба рӯҳбаландкунӣ ниёз дорад ва чаро?
12 Кӣ ба вохӯрие, ки чӯпонони масеҳӣ барои рӯҳбаланд кардани аъзои ҷамъомад мегузаронанд, ниёз дорад? Павлус пирони ҷамъомадро ташвиқ намуд, ки «нигаҳбони тамоми» рама бошанд. Бале, тамоми аъзоёни ҷамъомад, аз он ҷумла он воизон ва пешравоне, ки солҳои зиёд содиқона ба Худо хизмат мекунанд, ба рӯҳбаландкунӣ ниёз доранд. Барои чӣ онҳо ба дастгирии чӯпонони рӯҳонӣ мӯҳтоҷанд? Барои он ки баъзан шахсони рӯҳан баркамол низ, аз мушкилиҳое, ки дар ин ҷаҳони шарир ба сарашон меоянд, мондаву рӯҳафтода мешаванд. Барои фаҳмидани он ки чаро ҳатто чунин ходимони Худо баъзан ба кӯмаки ҳамимонон мӯҳтоҷанд, биёед воқеаи бо шоҳ Довуд рӯйдодаро дида бароем.
«АБИШОЙ... БА Ӯ ЁВАРӢ НАМУД»
13. а) Йишбии нубӣ аз кадом фурсати муносиб истифода бурда Довудро куштанӣ шуд? б) Ба туфайли чӣ Абишой тавонист, ки ба Довуд дасти ёрӣ дароз кунад?
13 Чанде пас аз ба тахти подшоҳӣ тадҳин шуданаш, Довуди ҷавон далерона бо Ҷолёт ном шахсе, ки аз насли Рофои бузургҷусса буд, ба ҷанг баромада ӯро кушт (1 Подш. 17:4, 48–51; 1 Вақ. 20:5, 8). Бо гузашти солҳо, ҳангоми бо фалиштиён ҷанг карданаш Довуд бо бузургҷуссаи дигаре рӯ ба рӯ шуд. Ӯ Йишбии нубӣ ном дошт ва аз авлоди Рофо буд (2 Подш. 21:16). Лекин ин дафъа қариб буд, ки бузургҷусса Довудро мекушт. Сабаби пайдо шудани ин хатар на дар он буд, ки Довуд далериашро аз даст дод, балки чӣ хеле ки Китоби Муқаддас мегӯяд, «Довуд монда шуд». Вақте Йишбии нубӣ хаставу беқувват будани шоҳро пай бурд, ӯ «хост, ки Довудро бикушад». Лекин, Абишой дарҳол «ба ӯ ёварӣ намуд, ва фалиштиро зада, кушт» (2 Подш. 21:15–17). Довуд аз чанголи марг раҳо шуд! То чӣ андоза Довуд миннатдор буд, ки Абишой аз ҳолати ӯ бохабар буд ва ҳангоми зери хатар будани ҳаёташ, дарҳол ба кӯмаки ӯ омад. Мо аз ин воқеа чӣ дарсе гирифта метавонем?
14. а) Чӣ тавр мо душвориҳои ҷолётмонандро мағлуб карда метавонем? б) Чӣ тавр пирон ба дигарон кӯмак карда метавонанд, ки аз нав хурсандӣ эҳсос намоянд ва қувваташонро барқарор кунанд? Мисол оред.
14 Дар саросари ҷаҳон мо, чун халқи Яҳува, нигоҳ накарда ба душвориҳое, ки Шайтон ва пайравонаш дар роҳи мо мегузоранд, хизмати худро давом медиҳем. Баъзе аз мо бо душвориҳои «бузургҷусса» рӯ ба рӯ мешавем, лекин пурра ба Яҳува такя карда мо бо чунин «Ҷолётҳо» далерона мубориза мебарем ва бар онҳо ғолиб меоем. Аммо баъзан мо аз ин гуна муборизаҳои дурудароз хаставу рӯҳафтода мешавем. Дар ин ҳолат мо беқувват мегардем ва душвориҳое, ки мо пештар бомуваффақият паси сар мекардем, моро ба осонӣ мағлуб карда метавонанд. Дар чунин мавридҳо ба туфайли дастгирии саривақтии пир мо метавонем аз нав хурсандӣ ба даст орем ва қувватамонро барқарор кунем. Бисёриҳо инро дар худ ҳис карданд. Масалан, хоҳари пешраве, ки синну солаш аз 60 гузаштааст, мегӯяд: «Якчанд вақт пеш, ман худро на он қадар нағз ҳис мекардам ва кори мавъиза маро монда мекард. Пире хастагиамро пай бурда назди ман омад. Мо дар асоси Китоби Муқаддас сӯҳбат кардем ва муоширати мо рӯҳбаландкунанда буд. Ман маслиҳатҳои ӯро ба кор бурдам ва ин ба ман ёрдам кард». Ӯ илова мекунад: «Чӣ нишонаи меҳрубонӣ буд рафтори он пир, ки сустии маро пайхас карда ба ман дасти ёрӣ дароз намуд!» Бале, донистани он ки пирон ба мо ғамхорӣ мекунанд ва чун Абишой, ки ба кӯмаки Довуд шитофт, ҳамавақт ба кӯмаки мо тайёранд, рӯҳбаландкунанда аст.
«МУҲАББАТИ ЗИЁДЕРО, КИ НИСБАТ БА ШУМО ДОРАМ, ДАРК НАМОЕД»
15, 16. а) Барои чӣ ҳамимонон Павлусро дӯст медоштанд? б) Чаро мо пирони ғамхору меҳрубонро дӯст медорем?
15 Пири ҷамъомад будан меҳнати зиёдро талаб мекунад. Баъзан пирон шабҳои бедорхобӣ кашида дар бораи аъзоёни ҷамъомад бо дуо фикр мекунанд ё ба онҳо кӯмаки рӯҳонӣ мерасонанд (2 Қӯр. 11:27, 28). Лекин ба ҳар ҳол, пирон ин масъулияти худро пурра ва бо хурсандӣ иҷро мекунанд, чӣ тавре ки Павлус мекард. Ӯ ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт навишт: «Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод» (2 Қӯр. 12:15). Дар ҳақиқат, муҳаббат ба бародаронаш Павлусро бармеангехт, ки вақту қуввати худро пурра барои қавӣ гардонидани онҳо сарф кунад. (2 Қӯринтиён 2:4-ро бихонед; Фил. 2:17; 1 Тас. 2:8). Ана барои чӣ бародарон Павлусро ин қадар дӯст медоштанд! (Аъм. 20:31–38).
16 Имрӯз мо низ пирони масеҳиро дӯст медорем ва дар дуоҳои шахсиамон барои ин атоҳо ба Яҳува миннатдорӣ баён мекунем. Онҳо ба мо таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир карда хурсандии моро афзун мекунанд. Мо аз вохӯрӣ бо чӯпонон, ки барои рӯҳбаланд кардани мо пешбинӣ шудааст, болу пар мегирем. Беш аз ин, мо миннатдорем, ки онҳо дар вақти тангӣ ҳамеша ба кӯмаки мо тайёранд. Бале, пирони меҳрубону ғамхор дар ҳақиқат ба шодмонии мо мадад мерасонанд.
a Ба ин бародарону хоҳарон ҳамчунин саволи зерин дода шуд: «Кадом хислатро шумо дар пирон аз ҳама бештар қадр мекунед?» Аксарият чунин ҷавоб доданд: «Ба ҳама дастрас будани онҳо». Ба қарибӣ дар яке аз шумораҳои ин маҷалла мо дар бораи ин хислати муҳим бештар хоҳем фаҳмид.