Саволҳои хонандагон
Китоби Муқаддас дар бораи пешгӯву пешбин будани Яҳува чиро ошкор месозад?
Китоби Муқаддас равшан месозад, ки Яҳува ояндаро пешгӯйӣ карда метавонад (Иш. 45:21). Дар он батафсилу ҳамаҷониба гуфта намешавад, ки ӯ ин корро чӣ тавр мекунад ё ба кадом андоза ояндаро пешгӯйӣ мекунад. Аммо ба мо якчанд чиз маълум аст.
Яҳува ҳеҷ маҳдудияте надорад, ғайр аз он маҳдудияте, ки бар худаш мегузорад. Хиради Яҳува поён надорад, аз ин рӯ ӯ ҳар чиро хоҳад, пешгӯйӣ карда метавонад (Рум. 11:33). Азбаски Яҳува худдории комил дорад, метавонад қарор кунад, ки чиро пешбинӣ мекунаду чиро не. (Бо Ишаъё 42:14 муқоиса кунед.)
Яҳува барои иҷрои хосташ ҳар корро карда метавонад. Чӣ тавр ин фикр бо пешбиниву пешдонии Яҳува алоқаманд аст? Дар Ишаъё 46:10 гуфта мешавад: «Ман оқибатро аз аввал ва чизеро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим пешгӯйӣ мекунам. Ман мегӯям: “Нияти ман амалӣ хоҳад шуд ва хости худро ба ҷо хоҳам овард”».
Пас, як сабаби ояндаро пешгӯйӣ карда тавонистани Яҳува дар ин аст, ки ӯ ҳар чиро хоҳад, ба амал оварда метавонад. Барои дуруст пешгӯйӣ кардани оянда ба Яҳува донистани оқибати коре муҳим нест, ҳамон тавре ки ба мо барои донистани охири филм онро пеш гардондан лозим аст. Яҳува метавонад қарор кунад, ки воқеае дар вақти муайян рӯй медиҳаду ҳангоми фаро расидани он вақт онро ба амал орад (2 Мӯсо 9:5, 6; Мат. 24:36; Кор. 17:31).
Ибораҳои «пешбинӣ намудам» ва «ният кардам» тарзи амали Яҳуваро нисбати воқеаҳои оянда тасвир мекунад (4 Подш. 19:25; Иш. 46:11). Ин ибораҳо дар забони асл бо калимае ҳамрешаанд, ки маънои «кӯзагар»-ро дорад (Ирм. 18:4). Ҳамон тавре ки кулоли моҳир як мушт лойро шакл дода, аз он кӯзаи зебое месозад, Яҳува низ вазъияту воқеаҳоро шакл медиҳад, то нияташ иҷро гардад (Эфс. 1:11).
Яҳува атои озодиеро, ки ба одамон додааст, эҳтиром мекунад. Ӯ барои ҳар як одам тақдир, насиб ва сарнавиште муқаррар накардааст; ӯ ҳамчунин одамони ростдилро ба коре тела намедиҳад, ки оқибаташ нобудӣ бошад. Яҳува одамонро ба роҳи рост даъват мекунад, аммо ихтиёр медиҳад, ки худашон роҳашонро интихоб кунанд.
Биёед ду мисолро дида бароем. Мисоли якум дар бораи сокинони шаҳри Нинве мебошад. Яҳува пешгӯйӣ кард, ки ба сабаби бадкорияш он шаҳр нобуд мешавад. Вале, вақте мардуми он тавба кард, Яҳува «аз фикраш гашт ва фалокатеро, ки ба сарашон оварданӣ буд, наовард» (Юнус 3:1–10). Мардуми Нинве атои озодии интихобашонро истифода бурда, ба огоҳии Яҳува гӯш доданду тавба карданд. Аз ин рӯ Яҳува, ҳарчанд нобудии онҳоро пешгӯйӣ карда буд, аз фикраш гашт.
Мисоли дуюм подшоҳ Куруш аст. Яҳува дар бораи Куруш пешгӯйӣ кард, ки ӯ яҳудиёнро аз асирӣ озод мекунаду фармон мебарорад, ки ибодатгоҳи Яҳува бозсозӣ шавад (Иш. 44:26–45:4). Подшоҳи Форс, Куруш, ин пешгӯйиро иҷро кард (Эзро 1:1–4). Аммо Куруш парастандаи Худои ҳақиқӣ нашуд. Яҳува Курушро барои иҷро кардани пешгӯйиҳояш истифода бурду дар масъалаи киро парастидан ихтиёрро ба дасти ӯ дод (Пнм. 21:1).
Мо фақат якчанд ҷониби пешбиниву пешдонии Яҳуваро дида баромадем. Ҳеҷ як инсон тамоми паҳлуҳои роҳҳои Яҳуваро дарк карда наметавонад (Иш. 55:8, 9). Аммо аз он чӣ Яҳува ба мо ошкор кардааст, имонамон меафзояду мо мебинем, ки ҳама корҳои Яҳува дурустанд, аз ҷумла вақте ӯ ояндаро пешгӯйӣ мекунад.