Аз дуои пурмазмуни левизодагон ба худ дарс гиред
«Исми ҷалоли Туро... муборак хоҳанд хонд» (НАҲ. 9:5).
1. Дар бораи кадом ҷамъомади халқи Худо мо бештар хоҳем фаҳмид ва оиди кадом саволҳо мо бояд мулоҳиза кунем?
«БАРХЕЗЕД ва Худованд Худои худро аз азал то абад муборак бихонед». Бо ин суханони ҳаяҷонбахш левизодагон халқи Худоро даъват намуданд, ки бо ҳам ҷамъ омада, ба Яҳува дуо гӯянд. Ва он дуое, ки онҳо гуфтанд, яке аз дуоҳои дарозтарини Китоби Муқаддас мебошад (Наҳ. 9:4, 5). Ин ҷамъомади онҳо дар Ерусалим, соли 455 то эраи мо, рӯзи 24-уми моҳи ҳафтуми ибронӣ, яъне моҳи тишрӣ (сентябр-октябр) баргузор гашта буд. Аз ин мақола мо оиди ин ҷамъомад бештар хоҳем фаҳмид. Дар рафти муҳокима оиди саволҳои зерин фикр кунед: «Кадом одати хуби левизодагон ба он мусоидат кард, ки ин ҷамъомад бомуваффақият гузарад? Аз дуои пурмазмуни левизодагон ман барои худ чӣ дарс гирифта метавонам?» Биёед, аввал оиди баъзе воқеаҳое, ки то ин рӯзи махсус рӯй доданд, сухан ронем (Заб. 140:2).
МОҲИ МАХСУС
2. Исроилиён аз кадом ҷиҳат ба мо намунаи хуб мебошанд?
2 Як моҳ пеш аз ин ҷамъомади махсус, яҳудиён барқарор кардани деворҳои Ерусалимро тамом карданд (Наҳ. 6:15). Халқи Худо ин корро ҳамагӣ дар 52 рӯз ба охир расонданд ва сипас онҳо аз паи иҷрои ниёзҳои рӯҳонии худ шуданд. Барои ҳамин, дар рӯзи якуми моҳи нав, яъне моҳи тишрӣ, онҳо дар майдони шаҳр ҷамъ омаданд, то Эзро ва дигар левизодагонро, ки Каломи Худоро баланд хонда фаҳмонда медоданд, гӯш кунанд . Тамоми аъзоёни оила, аз он ҷумла кӯдакон, «аз субҳидам то нисфи рӯз» рост истода онҳоро гӯш мекарданд. Чӣ намунаи хуб мебошанд он исроилиён барои мо! Имрӯз дар бисёр ҷойҳо ҷамъомадҳои мо дар Толорҳои Салтанат ва дар баъзе ҷойҳо дар хонаҳои шахсӣ мегузаранд. Лекин, оё шумо баъзан пай мебаред, ки дар ҷамъомад ҳушатон ба дигар чизҳо парешон мешавад ва шумо дар бораи чизҳои камаҳамият фикр мекунед? Агар чунин бошад, пас бори дигар намунаи исроилиёни қадимро ба ёд оред. Онҳо рост истода бошанд ҳам, бодиққат гӯш медоданд ва оиди чизҳои шунидаашон мулоҳиза меронданд ва ҳатто аз дарк кардани он ки на ҳамеша ба Қонуни Худо итоат мекарданд, мегиристанд (Наҳ. 8:1–9).
3. Исроилиён ба кадом амр итоаткорона гӯш карданд?
3 Лекин, он рӯз рӯзи эътирофи гуноҳҳо набуд. Он рӯзи ид буд ва Яҳува мехост, ки халқаш хурсанд бошанд (Ад. 29:1). Аз ин рӯ, Наҳемё ба халқ гуфт: «Биравед, хӯрокҳои равғанин бихӯред ва шарбатҳо бинӯшед, ва ба онҳое ки чизе муҳайё накардаанд, ҳиссаҳо бифиристед, зеро ки имрӯз барои Худованди мо рӯзи муқаддас аст; ва ғамгин нашавед, чунки шод будан ба ҳузури Худованд қуввати шумост». Сазовори таҳсин аст, ки халқ ба ин амр итоат кард ва он рӯзро «хурсандии азиме» фаро гирифт (Наҳ. 8:10–12).
4. Сардорони оила чӣ кор карданд ва хусусияти муҳими ин иди Хаймаҳо дар чӣ буд?
4 Дар рӯзи дигар, ҳамаи сардорони қавм ҷамъ омаданд, то Қонунро дида бароянд ва дилпур бошанд, ки оё онҳо ба ҳамаи фармонҳои Худо итоат мекунанд ё не . Ҳангоми омӯхтани Қонун онҳо фаҳмиданд, ки дар моҳи ҳафтум, аз 15 то 22-юми моҳи тишрӣ бояд иди Хаймаҳо ва дар хотимаи он ҷамъомади идонае гузаронида шавад. Аз ин рӯ онҳо ба ин ид тайёрӣ диданро сар карданд . Ва ин ид чунон тантанавор гузашт, ки аз айёми Еҳушаъ то ин дам онро бо чунин шукӯҳ ҷашн нагирифта буданд ва дар он «шодмонии бағоят бузурге ба амал омад». Хусусияти муҳими ин иди Хаймаҳо дар он буд, ки Шариати Худо «ҳар рӯз, аз рӯзи якум то рӯзи охирин» дар пеши мардум хонда шуд (Наҳ. 8:13–18).
РӮЗИ ЭЪТИРОФИ ГУНОҲҲО
5. Пеш аз он ки левизодагон дуо гуфтанро оғоз намоянд, халқи Худо чӣ кор карданд?
5 Баъд аз ду рӯзи ин ид, барои исроилиён вақти он расид, ки дар якҷоягӣ гуноҳҳои худро эътироф кунанд. Ин рӯзи хӯрдану хурсандӣ кардан набуд. Баръакс, халқи Худо он вақт рӯза дошта, «палос дар бар ва хок бар сар» карданд. Дар ин рӯз низ, Қонуни Худо аз саҳар, қариб дар давоми се соат барои мардум хонда шуд. Баъди нисфирӯзӣ, онҳо «гуноҳҳоро эътироф намуда, Худованд Худои худро парастиш карданд» . Сипас левизодагон аз номи тамоми халқ ба Яҳува дуо гуфтанро оғоз намуданд (Наҳ. 9:1–4).
6. Барои дуои пурмазмун гуфтан ба левизодагон чӣ кӯмак кард ва мо аз онҳо чӣ дарс гирифта метавонем?
6 Левизодагон мунтазам Қонуни Худоро мехонданд. Ва ин ба онҳо кӯмак кард, ки ба гуфтани чунин дуои пурмазмун тайёр бошанд. Дар қисми аввали дуояшон онҳо корҳо ва хусусиятҳои Яҳуваро таъриф карданд. Дар қисми боқимондаи дуо, левизодагон такрору батакрор «марҳамати бузурги» Худоро қайд мекарданд ва равшан иқрор мешуданд, ки исроилиён ба чунин муносибати меҳрубонона сазовор набуданд (Наҳ. 9:19, 27, 28, 31). Аз левизодагон мо чӣ дарс гирифта метавонем? Мо бояд ҳар рӯз Каломи Худоро хонда, дар борааш мулоҳиза ронем. Ҳамин тавр, мо ба Яҳува мегузорем, ки бо мо сӯҳбат кунад. Сипас, вақте ки мо дуо мегӯем, мо барои гап задан бо Яҳува бисёр суханон пайдо мекунем ва дуоҳои мо пурмазмунтар хоҳанд буд (Заб. 1:1, 2).
7. Левизодагон аз Яҳува чиро хоҳиш карданд ва мо аз ин чиро меомӯзем?
7 Дар дуои худ левизодагон танҳо як чизро хоҳиш карданд. Дар қисми охири дуояшон онҳо гуфтанд: «Алҳол, эй Худои мо, эй Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин, ки аҳд ва марҳаматро нигоҳ медорӣ! Бигзор тамоми он азобу уқубате ки бар мо: бар подшоҳони мо, бар сарварони мо, ва бар коҳинони мо, ва бар анбиёи мо, ва бар падарони мо, ва бар тамоми қавми Ту аз айёми подшоҳони Ашшур то имрӯз омадааст, ба ҳузури Ту кам нанамояд» (Наҳ. 9:32). Бо ин, левизодагон барои мо намунаи хуб гузоштанд. Мо ҳам, вақте ки дуо мегӯем, пеш аз хоҳиш кардани чизе, бояд Яҳуваро ҳамд ва шукргузорӣ намоем.
ОНҲО НОМИ ПУРҶАЛОЛИ ХУДОРО МУБОРАК ХОНДАНД
8, 9. а) Левизодагон бо кадом суханони фурӯтанона дуояшонро оғоз намуданд? б) Кадом ду лашкари осмонро левизодагон дар дуояшон зикр карданд?
8 Ҳарчанд дуои левизодагон хеле зебо ва пурмазмун буд, онҳо фурӯтан буданд ва ҳис мекарданд, ки суханони онҳо ҳамди Яҳуваро ба он тавре ки Ӯ дар асл сазовор аст, пурра ифода карда наметавонанд. Аз ин рӯ, онҳо дар аввали дуояшон фурӯтанона чунин гуфтанд: «Исми ҷалоли Туро, ки аз тамоми баракот ва ҳамду сано болотар аст, муборак хоҳанд хонд!» (Наҳ. 9:5).
9 Сипас, онҳо дуои худро давом дода гуфтанд: «Танҳо Ту Худованд ҳастӣ, Ту осмон, фалакулафлок ва тамоми лашкари онҳоро, замин ва ҳар чиро, ки бар он аст, баҳрҳо ва ҳар чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ, ва Ту ба ҳамаи онҳо ҳаёт мебахшӣ, ва лашкари афлок ба Ту саҷда мекунад» (Наҳ. 9:6). Ин ҷо, левизодагон дар бораи баъзе чизҳои аҷибе, ки Яҳува офаридааст, зикр мекунанд. Ӯ осмонҳо ва «лашкари онҳоро», яъне галактикаҳову ситораҳои бешуморро офаридааст. Ӯ ҳамчунин тамоми мавҷудоти сайёраи зебои моро офарид ва имконпазир гардонд, ки дар он бисёр мавҷудоти зинда афзоиш карданро давом диҳанд. Левизодагон дар дуояшон инчунин дар бораи лашкари дигари осмонӣ сухан ронданд, ки онҳо фариштагони Худо мебошанд. Дар дуо онҳо чун «лашкари афлок» тасвир шудаанд (3 Подш. 22:19; Айюб 38:4, 7). Ин фариштагони фурӯтан иродаи Худоро иҷро карда, ба одамони нокомил, ки «вориси наҷот хоҳанд шуд», хизмат мекунанд (Ибр. 1:14). Фариштагон ба мо намунаи хеле хуб нишон медиҳанд, то мо низ имрӯз ба Яҳува дар фурӯтанӣ ва ягонагӣ чун лашкари хубтаълимёфта хизмат кунем (1 Қӯр. 14:33, 40).
10. Аз муносибати Худо бо Иброҳим мо чиро меомӯзем?
10 Левизодагон дар давоми дуояшон оиди муносибате, ки Худо бо Абром дошт, қайд карданд. Нигоҳ накарда ба он ки ӯ 99-сола ва занаш Соро безурёт буд, Яҳува ба ӯ ваъда дод, ки насли ӯро афзун мегардонад. Худо номи ӯро ба Иброҳим, ки маънояш «падари халқҳои бисёр» аст, иваз намуд (Ҳас. 17:1–6, 15, 16). Яҳува ҳамчунин ба Иброҳим ваъда дод, ки насли ӯ замини Канъонро мерос мегирад. Одамон бисёр вақт ваъдаи додаи худро фаромӯш мекунанд, аммо Яҳува ҳамеша гуфтаашро иҷро мекунад. Левизодагон ҳақ будани ин суханонро дар дуояшон чунин зикр карданд: «Ту Он Худованд Худо ҳастӣ, ки Абромро баргузидӣ, ва ӯро аз Ур-Касдим берун овардӣ, ва ба ӯ исми Иброҳимро додӣ. Ва дили ӯро ба ҳузури Худ амин ёфта, бо ӯ аҳд бастӣ, ки замини канъониён[ро]... ба насли ӯ бидиҳӣ; ва қавли Худро ба ҷо овардӣ, зеро ки Ту одил ҳастӣ» (Наҳ. 9:7, 8). Биёед мо ҳам ба Худои одил пайравӣ намуда, ҳамеша ба ваъдаи додаи худ вафо кунем (Мат. 5:37).
НОМБАР КАРДАНИ КОРҲОИ АҶИБИ ЯҲУВА
11, 12. Фаҳмонед, ки номи Яҳува чӣ маъно дорад ва чӣ тавр инро муносибати Ӯ бо насли Иброҳим нишон медиҳад?
11 Маънои номи Яҳува чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад». Ин ба он ишора мекунад, ки Худо қадам ба қадам амал карда, ба иҷрошавии ваъдаҳояш сабаб мегардад. Намунаи хуби инро дар тарзи муносибати Яҳува ба насли Иброҳим, ки ғуломи Миср буданд, дидан мумкин аст. Дар он вақт, озод шудани халқ ва дар Замини ваъдашуда зиндагӣ кардани онҳо ба назар ғайриимкон метофт. Лекин Худо қадам ба қадам амал намуда, ваъдаашро иҷро намуд ва ҳамин тавр худаш исбот кард, ки Ӯ ба номи беҳамто ва бузурги худ, Яҳува, сазовор аст.
12 Дар дуои худ левизодагон баъзе корҳоеро, ки Яҳува барои халқи худ карда буд, қайд намуданд: «Мусибати падарони моро дар Миср дидӣ, ва фарёди онҳоро назди баҳри Қулзум шунидӣ. Ва бар фиръавн, бар ҳамаи ғуломони ӯ ва бар тамоми қавми замини ӯ аломот ва мӯъҷизот зоҳир намудӣ, зеро медонистӣ, ки бар падарони мо ситам мекарданд, ва барои Худ исм пайдо кардӣ, чунон ки имрӯз низ маълум аст. Ва баҳрро пеши онҳо пора кардӣ, ва онҳо андаруни баҳр ба хушкӣ гузаштанд, ва таъқибкунандагони онҳоро дар умқҳои баҳр, мисли санге дар оби чуқур, андохтӣ». Сипас онҳо дуои худро давом дода, корҳои дигареро, ки Яҳува барои халқаш карда буд, зикр намуданд: «Ту канъониёнро, ки сокинони он замин буданд, пеши онҳо мағлуб намуда, бо подшоҳонашон ва қавмҳои он замин ба дасти онҳо супурдӣ... Ва [онҳо] шаҳрҳои истеҳкомдор ва замини ҳосилхезро мусаххар карданд, ва хонаҳои пур аз ҳар гуна неъмат, обанборҳои дар сахра кандашуда, токзорҳо, боғҳои зайтун ва дарахтони мевадори сершуморро мерос гирифтанд; ва ба туфайли некӯии бузурги Ту хӯрда, сер ва фарбеҳ шуданд ва лаззат бурданд» (Наҳ. 9:9–11, 24, 25).
13. Чӣ тавр Яҳува ба халқи Исроил аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғамхорӣ намуд, аммо халқ чӣ гуна рафтор кард?
13 Худо барои амалӣ гардондани ваъдаҳои худ, боз бисёр корҳои дигаре кардааст. Масалан, баъди аз Миср озод шудани исроилиён Яҳува ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғамхорӣ карда, барояшон қонунҳо дод ва чӣ тавр ибодат карданро ёд дод. Левизодагон дар дуояшон гуфтанд: «Бар кӯҳи Сино фурӯд омадӣ, ва бо онҳо аз осмон сухан рондӣ, ва қонунҳои барҳақ, дастурҳои рост, фароиз ва аҳкоми некӯ ба онҳо додӣ» (Наҳ. 9:13). Яҳува мехост халқи худро таълим диҳад, то онҳо чун ворисони Замини ваъдашуда ба доштани исми муқаддаси Ӯ сазовор бошанд, вале ба дастуроти Яҳува итоат кардани исроилиён дер давом накард. (Наҳемё 9:16-18-ро бихонед.)
ИСРОИЛИЁН БА ИСЛОҲКУНӢ НИЁЗ ДОШТАНД
14, 15. а) Чӣ тавр Яҳува меҳрубонона дар бораи халқи гунаҳкораш ғамхорӣ мекард? б) Мо аз ин тарзи муносибати Худо бо халқаш чиро меомӯзем?
14 Дар дуои левизодагон оиди ду гуноҳи исроилиён зикр шудааст. Онҳо ба ин гуноҳҳо дарҳол баъди он даст заданд, ки дар кӯҳи Сино ваъда доданд, ки ба Қонуни Худо итоат мекунанд. Бинобар ин, онҳо ба марг сазовор буданд. Аммо Яҳува ба онҳо раҳм карда, оиди ниёзҳои онҳо ғамхорӣ карданро давом медод. Левизодагон барои ин некиҳояш Яҳуваро ҷалол дода гуфтанд: «Ту, бар ҳасби марҳамати бузурги Худ, онҳоро дар биёбон тарк накардӣ... Ва чил сол... ба онҳо ғизо додӣ — ба чизе эҳтиёҷ надоштанд; либоси онҳо кӯҳна нашуд, ва пойҳои онҳо варам накард» (Наҳ. 9:19, 21). Имрӯз, Яҳува инчунин оиди ниёзҳои мо ғамхорӣ мекунад, то мо ба Ӯ содиқона хизмат карда тавонем. Биёед ҳеҷ гоҳ ба ҳазорҳо исроилиёне, ки аз пушти беитоатӣ ва норасоии имонашон дар биёбон мурданд, монанд набошем. Дар асл, намунаи бади онҳо «барои тарбияти мо навишта» шудааст (1 Қӯр. 10:1–11).
15 Афсӯс, исроилиёне, ки ба Замини ваъдашуда даромаданд ба Яҳува содиқ намонданд. Онҳо ба худоёни канъониён ибодат карданро оғоз намуданд, ки ин корҳои бадахлоқона ва ҳатто ба қурбонӣ овардани фарзандонашонро дар бар мегирифт. Аз ин сабаб Яҳува роҳ дод, ки халқҳои ҳамсоя қавми баргузидаи Ӯро азоб диҳанд. Лекин, вақте ки онҳо тавба мекарданд, Яҳува онҳоро раҳмдилона мебахшид ва аз дасти душманонашон наҷот медод. Ва чунин ҳолат «дафъаи бисёр» такрор мешуд. (Наҳемё 9:26–28, 31-ро бихонед.) Левизодагон ба Яҳува гуфтанд: «Солҳои бисёр ба онҳо сабурӣ намудӣ, ва бо Рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи Худ онҳоро таъкид кардӣ, вале онҳо гӯш надоданд, ва Ту онҳоро ба дасти қавмҳои кишварҳо супурдӣ» (Наҳ. 9:30).
16, 17. а) Вақте ки исроилиён аз нав ба Яҳува беитоатӣ карданд, дар натиҷа чӣ рӯй дод? б) Исроилиён чиро эътироф карданд ва оиди чӣ ваъда доданд?
16 Ҳатто баъди аз асирии Бобил баргаштан исроилиён боз ба Яҳува беитоатиро оғоз намуданд. Дар натиҷа чӣ рӯй дод? Инро левизодагон дар давоми дуои худ қайд намуданд: «Инак, мо имрӯз ғуломон ҳастем, ва дар замине ки ба падарони мо додӣ, то мева ва неъмати онро бихӯрем, инак, мо дар он ғуломон ҳастем. Ва ҳосилоти фаровони худро он барои подшоҳоне меоварад, ки онҳоро Ту ба сабаби гуноҳҳои мо бар мо гузоштаӣ, ва... мо ба тангии азиме гирифтор ҳастем» (Наҳ. 9:36, 37).
17 Оё левизодагон гуфтанӣ буданд, ки Худо бо роҳ додани чунин тангӣ нисбати халқаш беадолатона рафтор кард? Албатта не! Левизодагон эътироф карданд: «Ту дар тамоми он чизҳое ки ба сари мо омадааст, одил ҳастӣ, зеро ки барҳақ амал кардаӣ, ва мо гуноҳкор ҳастем» (Наҳ. 9:33). Сипас, левизодагон дуои самимонаи худро бо ваъдаи ҷиддӣ, ки минбаъд халқ ба Қонуни Худо итоат хоҳад кард, ба анҷом расонданд. (Наҳемё 9:38-ро бихонед; Наҳ.10:29) Онҳо ваъдаи халқро ба ҳуҷҷате навиштанд ва онро 84 нафар пирони Исроил имзо карданд (Наҳ. 10:1–27).
18, 19. а) Барои наҷот ёфта, дар дунёи нави Худо зиндагӣ кардан, ба мо чӣ кор кардан лозим аст? б) Дар бораи чӣ дуо гуфтанро мо бояд давом диҳем ва чаро?
18 Мо барои наҷот ёфтан ва дар дунёи нави одилонаи Яҳува зиндагӣ кардан, ба роҳнамоӣ ва ислоҳкунии Ӯ ниёз дорем. «Оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад?»,— гуфта буд Павлуси ҳавворӣ (Ибр. 12:7). Агар мо роҳнамоии Яҳуваро қабул кунем ва содиқона хизмат карданро давом диҳем, бо ин мо нишон медиҳем, ки мехоҳем Ӯ моро тарбия кунад. Ва ҳангоми содир кардани ягон гуноҳи ҷиддӣ, агар мо ҳақиқатан тавба кунем ва фурӯтанона чораҳои ислоҳкунандаи Яҳуваро қабул намоем, мо боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ моро мебахшад.
19 Ба қарибӣ, Яҳува корҳоеро мекунад, ки онҳо назар ба корҳое, ки дар вақти аз Миср наҷот додани исроилиён кард, боз ҳам бузургтар хоҳанд буд. Он гоҳ ҳар як кас хоҳад донист, ки Ӯ то чӣ андоза Худои бузург аст (Ҳиз. 38:23). Ва чӣ тавре ки халқи қадимаи Ӯ Замини ваъдашударо мерос гирифтанд, ҳамин тавр ҳамаи масеҳиёне, ки чун ходимони содиқи Яҳува истодагарӣ мекунанд, ҳаётро дар дунёи нави одилонаи Худо мерос хоҳанд гирифт (2 Пет. 3:13). Барои дидани иҷрошавии ин умеди олиҷаноб, биёед дар бораи муқаддас шудани номи пурҷалоли Худо дуо гуфтанро давом диҳем. Дар мақолаи навбатӣ дуои дигареро дида мебароем ва мефаҳмем, ки барои ҳозир ва то абад баракати Худоро соҳиб шудан чӣ кор кардан лозим аст.