Мо дар беайбии худ рафтор хоҳем кард!
«Валекин ман дар беайбии худ рафтор мекунам» (ЗАБ. 25:11).
1, 2. Айюб дар бораи беайбии худ чӣ гуфт ва суханони боби 31–уми китоби Айюб чиро нишон медиҳанд?
ЧУН имрӯз дар замонҳои қадим одамон аксар вақт аз тарозуи дупаллагӣ истифода мебурданд. Дар як паллаи тарозу чизҳои баркашидашавандаро мегузоштанду дар паллаи дигараш санги тарозуро. Халқи Худо бояд тарозу ва сангҳои дурустро истифода мебурд (Мас. 11:1).
2 Вақте ки Айюб, марди худотарс, зери ҳамлаҳои Шайтон қарор гирифт, ӯ гуфт: «Бигзор маро [Яҳува] бо тарозуи адл бисанҷад, ва беайбии маро бидонад» (Айюб 31:6). Айюб як қатор мавридҳоеро номбар кард, ки онҳо беайбии шахсро мавриди озмоиш қарор дода метавонанд. Худи Айюб ин озмоишҳоро бомуваффақият паси сар кард, ки инро боби 31–уми китоби Айюб нишон медиҳад. Намунаи хуби ӯ метавонад моро барангезад, ки монанди ӯ рафтор кунем ва бо азми қавӣ мисли Довуди забурнавис бигӯем: «Ман дар беайбии худ рафтор мекунам» (Заб. 25:11).
3. Чаро муҳим аст, ки ҳам дар чизҳои бисёр ва ҳам дар чизҳои андак ба Худо содиқ бошем?
3 Ба озмоишҳои сахт нигоҳ накарда, Айюб ба Худо содиқ монд. Баъзеҳо ҳатто гуфтанашон мумкин аст, ки ба чунин озмоишҳои сахт тоб оварда, беайбиро нигоҳ доштани Айюб ин як амали қаҳрамонона мебошад. Шояд мо айнан чунин озмоишҳоро аз сар нагузаронем. Лекин барои нишон додани беайбии худ ва дастгирӣ кардани ҳокимияти Худо мо бояд ҳам дар чизҳои андак ва ҳам дар чизҳои бисёр ба Ӯ содиқ бошем. (Луқо 16:10–ро бихонед.)
Покии ахлоқиро нигоҳ доштан муҳим аст
4, 5. Барои нигоҳ доштани беайбӣ Айюб аз кадом рафтор худдорӣ мекард?
4 Барои дар назди Яҳува нигоҳ доштани беайбӣ мо бояд мисли Айюб мувофиқи меъёрҳои ахлоқии Худо амал намоем. Айюб гуфт: «Бо чашмони худ аҳд бастаам, ки ба дӯшиза назар наандозам ... Агар дили ман ба зане фирефта шуда бошад, ва назди дари ёри худ камин гирифта бошам,— бигзор зани ман барои дигаре ос кунад, ва дигарон ба вай ҳамбистар шаванд» (Айюб 31:1, 9, 10).
5 Айюб азми қавӣ дошт, ки назди Худо беайбиашро нигоҳ дорад, аз ин рӯ, вай ба занон бо чашмони шаҳватомез наменигарист. Чун шахси зандор, ӯ ба занони бешавҳар таваҷҷӯҳи ношоиста зоҳир намекард ва бо занҳои мардони дигар муносибатҳои ошиқона намеҷуст. Дар Мавъизаи Болоикӯҳии худ Исо дар бораи ахлоқи ҷинсӣ суханони пуртаъсире гуфт, ки онҳоро ҳамаи нигаҳдорандагони беайбӣ бояд дар хотир доранд. (Матто 5:27, 28–ро бихонед.)
Ҳеҷ гоҳ ба каҷкорӣ даст назанед
6, 7. а) Чун дар мавриди Айюб, Худо барои муайян намудани беайбии мо чиро истифода мебарад? б) Чаро мо набояд каҷкор бошем ва ба макру фиреб даст занем?
6 Агар мо хоҳем, ки Худо моро шахси беайб ҳисобад, мо набояд ба каҷкорӣ даст занем. (Масалҳо 3:31–33-ро бихонед.) Айюб гуфт: «Агар бо роҳи ботил рафта бошам, ва пои ман сӯи макр шитофта бошад,— бигзор маро Худо бо тарозуи адл бисанҷад, ва беайбии маро бидонад» (Айюб 31:5, 6). Яҳува «бо тарозуи адл» ҳамаи одамонро месанҷад. Чун дар мавриди Айюб, Худо бо истифодаи меъёрҳои комили адолаташ муайян месозад, ки оё мо, чун ходимоне, ки ҳаёти худро ба Ӯ бахшидаем, бейбиро нигоҳ медорем ё не.
7 Агар мо ба каҷкорӣ ва макру фиреб даст занем, мо назди Худо беайбиамонро нигоҳ дошта наметавонем. Шахсони беайб «чизҳои махфии нангинро рад» мекунанд ва «макрро ба кор» намебаранд (2 Қӯр. 4:1, 2). Лекин чӣ мешавад, агар мо дар гуфтор ё рафторамон каҷкорӣ кунем, ки аз ин ҳамимонамон ба Худо нолаю зорӣ кунад? Ин хеле ғамовар мебуд! «Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд,— месуруд забурнавис,— Худовандо! Ҷонамро аз лабҳои дурӯғгӯй халосӣ деҳ, ва аз забони ҳилагар» (Заб. 119:1, 2). Дар хотир доштан лозим аст, ки Худо ба ботини мо нигоҳ карда, «дилҳо»–и моро имтиҳон мекунад, то муайян намояд, ки оё мо дар ҳақиқат беайбии худро нигоҳ медорем ё не (Заб. 7:9, 10).
Дар муносибат бо дигарон намуна бошед
8. Айюб бо дигарон чӣ гуна муомила мекард?
8 Барои нигоҳ доштани беайбӣ мо бояд ба Айюб, ки марди адолатманд ва фурӯтан буду нисбати дигарон таваҷҷӯҳ зоҳир мекард, пайравӣ намоем. Ӯ гуфт: «Агар ба даъвои ғулом ва канизи худ беэътиноӣ карда бошам, ҳангоме ки онҳо аз ман дод мехостанд,— пас, вақте ки Худо бархезад, чӣ кор хоҳам кард? Ва ҳангоме ки тафаққуд намояд, ба Ӯ чӣ ҷавоб хоҳам дод? Охир, Ӯ ки маро дар батн офаридааст, варо низ офаридааст, ва ҳар дуро Ягона дар раҳим ба вуҷуд овардааст» (Айюб 31:13–15).
9. Айюб дар муносибат бо ғуломонаш чӣ гуна хислатҳоро зоҳир менамуд ва Худо аз мо чӣ интизор аст?
9 Эҳтимол дар рӯзҳои Айюб дида баромадани корҳои судӣ аз амалиётҳои душвор иборат набуд. Чунин корҳо аз рӯи тартибу низом гузаронида мешуданд ва ҳатто ғуломон метавонистанд ба суд муроҷиат кунанд. Айюб бо ғуломонаш аз рӯи адолат ва меҳрубонона муносибат мекард. Агар мо дар беайбӣ рафтор кардан хоҳем, мо бояд чунин хислатҳоро зоҳир кунем, хусусан агар пири ҷамъомади масеҳӣ бошем.
Саховатманд бошед, на хасис
10, 11. а) Мо аз куҷо медонем, ки Айюб шахси саховатманд ва ба кӯмак тайёр буд? б) Суханони Айюб 31:16–25 ба мо кадом маслиҳати Китоби Муқаддасро, ки баъдтар навишта шуда буд, хотиррасон мекунанд?
10 Айюб шахси саховатманд буд ва ба кӯмаки дигарон тайёр буд, на ин ки худпарасту хасис. Ӯ гуфт: «Агар ... чашмони бевазанонро аз интизорӣ хаста карда бошам, ва луқмаи нони худро ба танҳоӣ хӯрда бошам, ва ятиме аз он нахӯрда бошад ... Агар касеро дида бошам, ки бе либос нобуд мешавад ... Агар дасти худро бар ятиме боло карда бошам ...— бигзор бозуи ман аз китфам ҷудо шуда афтад, ва соиди ман аз оринҷам бишканад». Ва Айюб беайбии худро нигоҳ дошта наметавонист, агар ӯ ба тилло ва зари холис мегуфт: «Ту пушту паноҳи ман ҳастӣ» (Айюб 31:16–25).
11 Чунин ифодаҳои шоирона ба мо суханони зерини Яъқуби шогирдро хотиррасон мекунанд: «Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣ кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем» (Яъқ. 1:27). Мо ҳамчунин огоҳии зерини Исоро ба ёд меорем: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест». Сипас Исо дар бораи шахси сарватманди тамаъкоре, ки «пеши Худо сарвате» надошт, мисоле овард (Луқ. 12:15–21). Барои нигоҳ доштани беайбӣ мо набояд ба тамаъкорӣ ё чашмгуруснагӣ, ки гуноҳ аст, дода шавем. Тамаъкорӣ бутпарастӣ аст, зеро он чизе, ки шахси чашмгурусна сахт мехоҳад, диққати ӯро аз Яҳува дур мекунад ва ҳамин тавр ин чиз барои вай бут мегардад (Қӯл. 3:5). Беайбӣ ва чашмгуруснагӣ бо ҳам мувофиқат намекунанд!
Аз ибодати ҳақиқӣ дур нашавед
12, 13. Дар мавриди аз бутпарастӣ канорагирӣ кардан, Айюб чӣ намунае гузошт?
12 Нигаҳдорандагони беайбӣ аз ибодати ҳақиқӣ дур намешаванд. Айюб низ, аз он дур намешуд. Ӯ гуфта буд: «Агар бар офтоб назар андохта бошам, вақте ки тулӯъ менамуд, ва бар моҳ, вақте ки бо камоли дурахшонӣ гардиш мекард, ва дили ман ба таври ниҳонӣ фирефта шуда, даҳони ман дастамро бӯсида бошад, ки ин низ гуноҳи мансуб ба дорулқазост, зеро ки Худои Таолоро инкор менамудам» (Айюб 31:26–28).
13 Айюб чизҳои беҷонро парастиш намекард. Агар ҳангоми ба ҷисмҳои осмонӣ, масалан, моҳ назар кардан дили Айюб ба таври ниҳонӣ фирефта мешуду ӯ бо дастонаш чун рамзи парастиши бутҳо ба сӯи онҳо бӯсаҳои ҳавоӣ мефиристод, вай бутпарасти Худоро радкарда мешуд (Такр. Ш. 4:15, 19). Барои назди Худо нигоҳ доштани беайбиамон, мо бояд аз ҳамаи намудҳои бутпарастӣ канорагирӣ намоем. (1 Юҳанно 5:21–ро бихонед.)
Қасосгир ва рӯйбин набошед
14. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Айюб марди бадкина набуд?
14 Айюб бадкина ва бераҳм набуд. Вай медонист, ки ин хислатҳо ба одами беайб хос нестанд, зеро ӯ гуфт: «Агар аз мусибати душмани худ шодӣ карда бошам, ва аз ин ки вай бадӣ ёфтааст, ба ваҷд омада бошам ... ҳол он ки даҳони худро аз хато кардан нигоҳ дошта, бар ҷони вай лаънат нахостаам» (Айюб 31:29, 30).
15. Чаро аз мусибате, ки ба сари бадбинонамон меояд, хурсанд шудан нодуруст аст?
15 Айюби одил ҳеҷ гоҳ аз мусибате, ки ба сари бадхоҳони ӯ меомад, хурсандӣ намекард. Дар Масалҳо огоҳ карда мешавад: «Вақте ки душмани ту фурӯ ғалтад, шодӣ накун, ва ҳангоме ки вай ба нокомӣ дучор шавад, бигзор дили ту ба ваҷд наояд: мабодо Худованд инро бинад, ва ин дар назари Ӯ бад намояд, ва Ӯ ғазаби Худро аз вай бигардонад» (Мас. 24:17, 18). Яҳува метавонад дилҳоро хонад, аз ин рӯ, агар мо аз мусибати шахси дигар дар диламон хурсанд шавем, ӯ инро мебинад ва албатта, чунин рӯҳия ба Ӯ писанд нест (Мас. 17:5). Барои чунин рӯҳияамон Ӯ метавонад бо мо ба таври мувофиқ рафтор кунад, зеро Ӯ мегӯяд: «Интиқом ва подош назди Ман аст» (Такр. Ш. 32:35).
16. Ҳатто агар бой набошем ҳам, чӣ тавр мо меҳмоннавозӣ зоҳир карда метавонем?
16 Айюб шахси меҳмоннавоз буд (Айюб 31:31, 32). Шояд мо бою сарватманд набошем, лекин бо вуҷуди ин мо метавонем «дар меҳмоннавозӣ» бикӯшем (Рум. 12:13). Бо ягон хӯрдании оддӣ ҳам меҳмоннавозӣ кардан мумкин аст, зеро мо медонем, ки «таоми сабзавот дар ҷое ки муҳаббат бошад, беҳ аз гови охурӣ, ки бо он адоват бошад» (Мас. 15:17). Вақте ки мо ҳамроҳи бародар ё хоҳари рӯҳониамон дар фазои пурмуҳаббат якҷоя хӯрок мехӯрем, ин ҳатто хӯрдани хӯроки оддиеро бароямон хурсандиовар мекунад ва моро аз ҷиҳати рӯҳонӣ қавӣ мегардонад.
17. Чаро мо набояд гуноҳи ҷиддии худро пинҳон созем?
17 Аз афташ меҳмоннавозии Айюб ба дигарон таровати рӯҳонӣ мебахшид, зеро ӯ рӯйбин набуд. Ӯ ба одамони шарире, ки дар асри як ба ҷамъомад дохил шуда буданду «барои манфиат»–и худ ба дигарон писанд омадан мехостанд, монанд набуд (Яҳд. 3, 4, 16). Ҳамчунин Айюб аз тарси он ки дигарон гуноҳҳои ӯро фаҳмида, ӯро паст мезананд, ҷиноятҳои худро рӯпӯш намекард ва «гуноҳи худро дар синаи худ пинҳон» намедошт. Айюб тайёр буд, ки Яҳува вайро тафтиш намояд ва агар Худо дар ӯ айбе меёфт, вай тайёр буд, ки иқрор шавад (Айюб 31:33–37). Агар мо гуноҳи ҷиддие содир кунем, мо набояд бо мақсади нигоҳ доштани обрӯву эътибори худ онро рӯпӯш намоем. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки беайбиамонро нигоҳ доштан мехоҳем? — Бо он ки ба гуноҳи худ иқрор шавем, тавба кунем, кӯмаки рӯҳонӣ ҷӯем ва барои пӯшонидани зарари гуноҳи худ ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем (Мас. 28:13; Яъқ. 5:13–15).
Айюб тайёр аст, ки Яҳува ӯро доварӣ кунад
18, 19. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки Айюб ҳеҷ гоҳ аз меҳнати касе суиистифода намебурд? б) Агар нисбати Айюб айбе ёфт мешуд, ӯ ба чӣ тайёр буд?
18 Айюб марди боинсофу одил буд. Аз ин рӯ вай гуфта метавонист: «Агар замини ман аз дасти ман доду фарёд бардошта, ҷӯякҳои он якҷоя гириста бошад; Агар қуввати онро хӯрда бошам, бе он ки қиматашро адо кунам; ва агар ҷони соҳибони онро ба танг оварда бошам,— бигзор хорҳо ба ҷои гандум ва явшон ба ҷои ҷав бирӯяд» (Айюб 31:38–40). Айюб ҳеҷ гоҳ замини дигаронро кашида намегирифт ва аз меҳнати коргарони худ суиистифода намебурд. Мисли ӯ, мо бояд ҳам дар чизҳои андак ва ҳам дар чизҳои бисёр назди Яҳува беайбиамонро нигоҳ дорем.
19 Назди се дӯсташ ва ҳамчунин Елиҳӯи ҷавон Айюб сухан ронда, гуфт, ки ӯ чӣ гуна ҳаёт ба сар мебурд. Ӯ ҳаёти дар беайбӣ гузаронидаашро гӯё ба коғазе навишта, «имзо» монд ва гуфт, ки ҳар кӣ муқобили ӯ даъвое дошта бошад, бигзор баён кунад. Ва агар нисбати вай даъвогаре ёфт мешуд, Айюб тайёр буд, ки барои айби худ ҷазо гирад. Бо ин вай кори худро ба доварии Худо супорид ва қарори Ӯро интизор шуд. Ҳамин тавр «суханони Айюб хотима ёфт» (Айюб 31:35, 40).
Шумо беайбии худро нигоҳ дошта метавонед
20, 21. а) Чаро Айюб беайбии худро нигоҳ дошта тавонист? б) Чӣ тавр мо нисбати Худо муҳаббат инкишоф дода метавонем?
20 Айюб беайбии худро нигоҳ дошта тавонист, зеро Худоро дӯст медошт ва Яҳува низ ӯро дӯст медошту ба вай кӯмак мекард. Айюб ба Худо гуфт: «Ҳаёт ва эҳсон ба ман ато кардаӣ, ва тафаққуди Ту рӯҳи маро нигаҳбонӣ намудааст» (Айюб 10:12). Ҳамчунин Айюб нисбати дигарон муҳаббат зоҳир менамуд, зеро медонист, ки ҳар касе ки муҳаббати садоқатмандонаро аз дигар одамон дареғ медорад, тарси Худои Қодирро рад мекунад (Айюб 6:14). Нигаҳдорандагони беайбӣ ҳам Худо ва ҳам одамонро дӯст медоранд (Мат. 22:37–40).
21 Мо муҳаббати худро нисбати Худо чӣ тавр инкишоф дода метавонем? — Агар ҳар рӯз Каломи Ӯро хонда, мулоҳиза кунем, ки чизи хондаамон дар бораи Яҳува ба мо чиро ошкор мекунад. Дар дуои самимӣ мо метавонем Яҳуваро ҳамду сано гӯем ва барои меҳрубоние, ки нисбати мо зоҳир мекунад, миннатдорӣ баён намоем (Фил. 4:6, 7). Мо метавонем Яҳуваро дар суруд ситоиш кунем ва бо халқи Ӯ мунтазам муошират намуда, соҳиби баракатҳо гардем (Ибр. 10:23–25). Ғайр аз ин, муҳаббати мо ба Худо зиёд мегардад, агар мо дар хизмат иштирок кунем ва «наҷоти Ӯро рӯз ба рӯз башорат» диҳем (Заб. 95:1–3). Ҳамин тавр мо мисли забурнавис беайбиамонро нигоҳ дошта метавонем. Ӯ месуруд: «Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст; ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам» (Заб. 72:28).
22, 23. Аз кадом ҷиҳат фаъолияти мо ба фаъолияти касоне, ки дар гузашта беайбиашонро нигоҳ медоштанд, монанд аст?
22 Дар тӯли асрҳо Яҳува ба нигаҳдорандагони беайбӣ супоришҳои гуногун месупурд. Масалан, Нӯҳ киштӣ сохт ва «воизи адолат буд» (2 Пет. 2:5). Еҳушаъ ибни Нун исроилиёнро ба Замини ваъдашуда бурд ва сабаби муваффақиятҳои ӯ дар он буд, ки «рӯзу шаб» «китоби шариат»–ро мехонд ва мувофиқи он амал менамуд (Еҳ. 1:7, 8). Масеҳиёни асри як шогирд тайёр мекарданд ва барои омӯхтани Навиштаҳо мунтазам ҷамъ мешуданд (Мат. 28:19, 20).
23 Мо ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунем ва беайбиамонро нигоҳ медорем, агар адолатро мавъиза кунем, шогирд тайёр кунем, маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор барем ва дар вохӯриҳои ҷамъомаду анҷуманҳо бо ҳамимонон ҷамъ оем. Ҳамаи ин ба мо кӯмак мекунад, ки далер бошем, аз ҷиҳати рӯҳонӣ қавӣ бошем ва иродаи Худоро бомуваффақият иҷро кунем. Ва иҷрои иродаи Худо ва нигоҳ доштани беайбӣ барои мо аз ҳад душвор нест, зеро ба мо Падари осмониамон ва Писари Ӯ кӯмак мекунанд (Такр. Ш. 30:11–14; 3 Подш. 8:57). Ғайр аз ин, мо аз дастгирии тамоми бародарият баҳраварем, ки аъзоёни он низ беайбиашонро нигоҳ медоранд ва Яҳуваро чун Ҳокими Олии худ эҳтиром мекунанд (1 Пет. 2:17).
Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?
• Мо бояд ба меъёрҳои ахлоқии Яҳува чӣ гуна муносибат кунем?
• Хусусан кадом хислатҳои Айюб ба шумо маъқуланд?
• Мувофиқи суханони дар Айюб 31:29–37 навишташуда Айюб чӣ гуна рафтор мекард?
• Чаро мо метавонем беайбиамонро назди Худо нигоҳ дорем?
[Tасвир дар саҳифаи 29]
Айюб беайбиашро назди Яҳува нигоҳ дошт. Мо ҳам инро карда метавонем!
[Tасвир дар саҳифаи 32]
Мо беайбии худро нигоҳ дошта метавонем!